ВАҲДАТ РАМЗИ ФАРҲАНГСОЛОРИВУ ТАҲАММУЛПАЗИРИ МИЛЛАТИ ТОҶИК

Муаллиф: Мирзоев Ҳабибҷон

Расм

   Ваҳдати миллӣ ҳамчун падидаи нодири даврони соҳибистиқлолии кишвар барои сарҷамъ намудани миллати дар ҳоли парокандашавӣ қарордоштаи тоҷик ва аз вартаи нестӣ раҳоӣ бахшидани давлати навини тоҷикон нақши басо бузургро иҷро кард.

Эмомалӣ Раҳмон

 

   Созишномаи умумӣ - санади наҷоти миллат, кишвар ва давлати мо   натиҷаи музокироти қариб чорсолаи байни тоҷикон, мулоқоту машваратҳои роҳбарони давлат ва Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин, заҳмати ҳайатҳои музокиракунанда, кӯшиши кишварҳои нозир ва мусоидати созмонҳои байналмилалӣ буд. Дар таърихномаи ҳар миллат саҳифаҳои сабақомӯз ва пурарзише ҳастанд, ки аз икдоми нек ва хирадмандона ба нафъи халқу Ватан башорат медиҳанд ва барои наслҳои оянда ҳамчун чароғи ҳидоят хизмат мекунанд. Чунин саҳифаи заррин ва сарнавиштсоз барои миллати тоҷик рӯзи ба имзо расидани Созишномаи умумӣ дар бораи барқарор кардани сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон мебошад, ки 27 июни соли 1997 дар Маскав ба имзо расид ва пайёми ҷонбахше буд аз фарорасии сулҳи деринтизор.  Ба ин рӯз саҷда гузоштан ва ихлос бастани мардуми мо бесабаб нест. Зеро халқе, ки бар асари найрангу фитнаангезии душманони дохилию хориҷӣ гирифтори ҷанги хонумонсӯз гардид, фарзандонашро талаф дод, ранҷ кашид, азоби раҳдурии Ватанро чашид, ба қадри сулҳу салоҳ мерасад.

Сулҳу субот ва ризоияти миллӣ ба халқи тоҷик ба осонӣ муяссар нашудааст. Барои расидан ба ин рӯзи фирӯз моро лозим омад, ки роҳи тӯлонии ноҳамворро тай намоем, монеаҳои сангинро аз миён бардорем ва мушкилоти гаронро паси сар кунем.

   Ҳар гоҳе сухан аз боби замина ва омилҳои сулҳи сарнавиштсоз меравад, андешаҳо гуногун мешаванд, ҳар касе кӯшиш мекунад, ки воқеияту ҳақиқатеро ошкор ё баён намояд. Вале, воқеият ин аст, ки Асосгузори сулҳуваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон   Эмомалии Раҳмон дар яке аз мусоҳибаҳои худ изҳор дошта буданд: “Омили асосии расидан ба сулҳ дар Тоҷикистон аз ниҳод ва замири халқи тоҷик бархоста, ба тафаккури созандаву иродаи шикастнопазир, фитрати баланду дустнавозии азалии ин мардум вобаста аст”.

Воқеан ҳам инъиқоди Созишномаи истиқрори сулҳ дар сарзамини тоҷикон муҳимтарин ва муассиртарин омили расидан ба ваҳдати миллист. Ваҳдате, ки тайи зиёда аз бист сол ҷомеаи тозабунёди мо марҳила ба марҳила онро тай карда истодааст. Тайи ин чанд сол ҷомеаи мо тавонистааст, ки дастовардҳои хотирмонеро дар роҳи дастёбӣ ба ризоияту ваҳдати миллӣ соҳиб шавад. Чун ба ин чанд соли душвори бунёдкориву созандагӣ назар мекунем, мебинем, ки чи гуна давлати Тоҷикистон тавонист монеаҳои зиёдеро пушти сар кунад.

Барқарор шудани сулҳҳу субот ва ризоияти миллӣ дар сарзамини мо истиқлолияти Тоҷикистонро боз ҳам устувор гардонд, нури умед ба дили мардум роҳ ёфт. Ҳосил шудани созиш ва эътимоди тарафайн, барқарор гардидани сулҳу субот барои дар муддати нисбатан кӯтоҳ, гузаронидани як қатор чорабиниҳои муҳими сиёсӣ дар роҳи бунёди ҷомеаи воқеан демокративу ҳуқуқбунёд шароити мусоид фароҳам овард. Муҳимтар аз ҳама, нерӯҳои гуногуни сиёсӣ дар Тоҷикистон пурра дарк намуданд, ки сулҳ ва истиқлолият бузургтарин дастовардҳои миллат ҳастанд ва дар баробари ин ду неъмати бебаҳо манфиатҳои маҳдуди ҳизбӣ, гурӯҳӣ, маҳаллӣ ва ғайра мақоми дуввумдараҷа доранд.

 Раҳои бахшидани кишвар аз бӯҳрони шадиди иқтисодӣ, гузоштани заминаи устувор барои таъмини рушди иқтисодӣ, бунёди зерсохторҳои энергетикӣ ва коммуникатсионӣ, аз ҷумла роҳу нақбҳо, хатҳои баландшиддати интиқоли барқ, зеристгоҳҳои барқӣ, рушди бомароми саноату кишоварзӣ, соҳибкорӣ ва бахши хусусӣ, бунёди даҳҳо ҳазор гектар боғу токзор аз ҷумлаи дастовардҳои назарраси ин марҳала мебошанд.

Сохтмон ва таъмиру таҷдиди ҳазорҳо мактабу кӯдакистон ва муассисаҳои тиббӣ, қомат афрохтани даҳҳо кохи фарҳангу китобхонаву варзишгоҳ ва умуман, дигаргун гардидани симои шаҳру ноҳияҳо ва шароити зисти сокинони онҳоро имрӯз ҳар фарди огоҳи кишвар чун ойина дар пешорӯи худ мебинад. Зикр бояд кард, ки иншооти бузурги бо заҳмати аҳлонаи мардум бунёдгардида на танҳо аҳаммияти иқтисодиву иҷтимоӣ, балки нақши бузурги милливу сиёсӣ низ доранд.

Зеро маҳз тавассути бунёди зерсохторҳои коммуникатсионӣ мо Тоҷикистони амалан чандпораро ба сарзамини воҳид табдил додем. Ба имзо расидани Созишномаи умумӣ дар бораи баркарор кардани сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Точикистон аҳамияти бузурги байналхалқӣ низ дорад. Мақоми Тоҷикистон дар сиёсати минтақавӣ ва байналхалқӣ хеле боло рафт. Имрӯз Тоҷикистон иштирокчии фаъоли беш аз 50 созмонҳои бонуфузи байналхалқиву минтақавӣ мебошад ва дар ҳалли масоили умдаи минтақавиву байналмилалӣ бо ташаббусҳои созанда саҳми худро мегузорад.

Тоҷикистон иштирокчии фаъоли иттиҳодҳои ҳамгароии минтақавиву байналхалқӣ – ИДМ, СҲШ, ЕврАзЭС, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Созмони ҳамкории Исломӣ, Созмони аҳднономаи амнияти дастаҷамъӣ буда, пайваста талош ба он дорад, ки тавассути тавсеаи ин ҳамкориҳо масоили пешомади иқтисодиву сиёсиро ҳал намояд ва ҳамзамон барои рафъи хатароти анъанавию ғайрианъанавии имрӯзаи байналмилалӣ иттиҳоди кишварҳои манфиатдорро таъмин намояд. Тавре ки бармеояд, таъиноти муҳими сиёсати хориҷии кишвар фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди босуръати иқтисодӣ ва таҳкими иқтидори дохилии кишвар аст.

Ин хадаф стратегияи санҷида, ҳамақониба асоснок ва дорои механизмхои муассири робитаҳову ҳамкории фаъол бо хама кишварҳо ва субъектҳои муносибатҳои байналхалқиро тақозо дорад. Он ба пешбурди сиёсати дарҳои кушода бо ҳама кишварҳо ва субъектҳое, ки бо мамлакати мо нияти ҳамкории беғаразона ва ҷавобгуй ба манфиатҳои тарафайн доранд густариш медиҳад.

Дар маҷмуъ, сиёсати санҷида ва мутавозини хориҷӣ, мавқеи равшану устувор дар мубориза бар зидди ифротгарои, бунёдгароӣ, терроризм, кочоқи маводи мухаддир, экстремизм, ва тахдиду хатархои дигари глобалӣ, ширкати амалӣ ва масьулона дар ҳалли масъалаҳот мухимтарини умумиинсонӣ ва омилҳои дигар сабаб шуданд. ки Тоҷикистон узви фаъол ва соҳиэҳтироми ҷомеаи ҷаҳонӣ гардад. Ин дастоварди бузурги миллӣ ва таърихӣ мебошад.

Бояд тазаккур дод, ки дар ин марҳила нерӯҳои гуногуни сиёсӣ дар Тоҷикистон пурра дарк намуданд, ки сулҳ ва истиқлолият бузургтарин дастовардҳои миллат ҳастанд ва дар баробари ин ду неъмати бебаҳо манфиатҳои маҳдуди ҳизбӣ, гуруҳӣ, маҳаллӣ ва ғайра мақоми дуввумдараҷа доранд. Осоиши халқ, рушди давлат, тахкими пояҳои истиқлолият ва ваҳдати миллӣ, обрӯии байналхалқии мо, пеш аз ҳама ба таъмини волоияти қонун дар саросари мамлакат вобаста мебошад. Фаъолияти тамоми ташкилотҳои давлатию ғайридавлатӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ, муассисаҳои динӣ, умуман ҳар як шаҳрванд бояд фақат дар чорчӯбаи конститутсия сурат гирад. Танҳо дар ҳамин ҳолат, мо метавонем ҷомеаи воқеан демократию мутамаддин бунёд намоем ва сазовори чунин ҷомеа бошем.

Мардуми тоҷик пас аз он, ки фоҷиаи сахти миллиро паси сар кард, ба шинохти хастии хеш рӯ овард, зарурати ваҳдати миллӣ ва ҳифзи якпорчагии давлати миллиро беш аз пеш дарк намудааст. Ин сарчашмаи асосӣ ва омили муҳимтарини расидан ба ваҳдати миллист. Ҳамзамон мо, аҳли зиё устодону донишҷӯён ҳамчун қишри соҳибмаърифат ва пешбарандаи ҷомеа бояд бо камоли масъулият дарк намоем, ки расидан ба ваҳдати миллӣ амали якрӯзаву дурӯза нест, маҳилаи давомдорест ва майл ба он рафъи авомили гуногуни ҳоло дар ҷомеа вуҷуд доштаро талаб мекунад.

Барои он, ки дар ҷомеа ваҳдат бошад, лозим аст, ки худшиносии мардум боло равад. Яъне, лозим аст, ки мо худро нек бишносем, аз гузаштаҳою имрӯзи худ огоҳ бошем ва бар ояндаи худ биандешем. Барои ин мебояд, ки сатҳи донишу маърифати мардум баланд бошад. Барои ин лозим аст, ки системаи маориф ва илму фарҳанги муосиру пешрафта дошта бошем ва сифати «сармояи инсонӣ»-ро беҳтар созем. Барои ин лозим аст, ки илму техника ва иқтисод пешрафт кунад, самарабахшии кор ва даромади мардум боло равад. Барои ин лозим аст, ки мардум аз ҳуқуқу озодиҳои бештар бархӯрдор бошанд, фасоду девонсолорӣ аз миён бардошта шавад, дар ҷомеа адолати иҷтимоӣ ва қавонини хирадпазир ва рафтори нек ҳукмфармо гардад. Барои ин лозим аст, ки назму низоми иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсии кишвар на танҳо дар сухан, балки амалан ислоҳ гардад ва сиёсатҳои давлат бар пояи адолат устувор бошад. Зеро дар ҷое, ки адолату ростӣ набошад, дар ҷое, ки дуруғгуиву риё ва зуроварӣ ривоҷ ёбад, дар он ҷо ваҳдат намешавад.

Метавон гуфт, ки ваҳдати миллӣ метавонад чун идеологияи ҷомеаи навбунёд пазируфта, дар роҳи боло бурдани ҳуввияти миллӣ ва таҳкими давлатдории миллии тоҷикон хидмат намояд.

Осоиши халқ, рушди давлат, таҳкими пояҳои истиқлолият ва ваҳдати миллӣ, обрӯи байналхалқии мо, пеш аз ҳама ба таъмини волоияти қонун дар саросари мамлакат вобаста мебошад, Фаъолияти тамоми ташкилотҳои давлатию ғайридавлатӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва созмонҳон ҷамъиятӣ, муассисаҳои динӣ, умуман ҳар як шаҳрванд бояд фақат дар чорчӯбаи конститутсия сурат гирад. Танҳо дар ҳамин ҳолат, мо метавонем ҷомеаи воқеан демократию мутамаддин бунёд намоем ва сазовори чунин ҷомеа бошем.

Устуворшавии арзишҳои демократӣ ва ниҳодҳои демократӣ, бо такя ба фаъол гардонии амал ва мавқеи созмонҳои ҷамъиятӣ, созмонҳои ғайриҳукуматӣ, такмилу тақвияти механизми таъсири ҷомеа ба шахс ва рафтори ӯ, тарбияи маърифати баланди сиёсии шаҳрвандон ва санъати идораи ҷомеа, тарбияи ҷавонон дар рӯҳи арзишҳои меҳанпарастӣ ва эҳтиром доштани мероси маънавии ниёгон, устуворшавии адолати иҷтимоӣ василаҳои воқеии расидан ба ваҳдати миллианд

Ваҳдати миллӣ моҳият ва арзишҳои худро дошта, ба қадр, мӯҳтаво ва асолати он расидан худ кори муқаддас ва бузург мебошад. Чуноне Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштаанд: «Ваҳдат рамзи воқеӣ ва ҷавҳари фалсафаи сулҳофарӣ, фарҳангсолориву таҳаммулпазири миллати тоҷик ва таҷассумгари иттиҳоду ҳамбастагии тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад».

     Дар таъмини ваҳдати ҷомеа албатта нақши сарвари кишвар   Эмомалӣ Раҳмон бориз аст. Замоне, ки Эмомалӣ Раҳмон ба сари қудрат омаданд, Тоҷикистон ба ҷанги таҳмилии дохилӣ гирифтор буд ва кишварро хавфи нобудӣ таҳдид мекард, мардум ба гуруснагиву нодорӣ ва ҷангу ҷидол рӯбарӯ буд. Эмомалӣ Раҳмон дар навбати аввал бо таҳаммул ва дарки дурусти воқеаҳо дар пайи сафару гуфтушунид бо раҳбарони давлатҳои дахлдор дар қазияи ҷанги кишвари мо шуда, бо гурўҳҳо ва нерўҳои мухталиф ва ҷангандаи дохилӣ рў ба рў гардида, музокира карданд, сулҳ баста роҳро барои эҷоди сулҳ боз намуданд. Имрӯз ҳар узви ҷомеа эътироф мекунад, ки барқарор шудани сулҳу субот ва ризоияти миллӣ дар кишвари мо истиқлолияти Тоҷикистонро устувор гардонд ва амнияти мардуми кишварро таъмин кард.

  Ваҳдати миллӣ мавзӯи баҳсу мунозираҳои назарӣ набуда, балки амри воқеии таърихи навини тоҷикон аст. Маҳз ваҳдати миллӣ ҳачмун омили муайянкунандаи роҳи пешрафти Тоҷикистон арзишҳо ва афзалиятҳои ҷомеаи тоҷикро шакл дод ва қавитар гардонд ва гузашта аз ин, пояи устувори давлатдории тоҷикон гардид. Рушан аст, ки муҳимтарин омили ваҳдат – ишқу алоқа ба Ватан, ба забону фарҳанг аст. Албатта мардуми мо чунин дилбастагиро доранд.  Ҳамзамон, дарки ин маънӣ лозим аст, ки ҳар яки мо фарзанди як миллат ва як сарзамин ҳастем ва ҳар як ваҷаби хоки Ватан ва ҳамаи афроди ҷомеа барои мо ба мисли падару модар ва хоҳару бародар азизанд. Беҳуда нест, ки ҳоло таҷрибаи сулҳу оштии миллии мо мавриди омӯзишу истифодаи созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва ҷомеаи башарӣ қарор дорад.

Бо гузашти солҳо мо амиқан дарк кардем, ки ваҳдати миллӣ омили муҳимтарини рушди ҷомеа, шарти асосии пешрафти иқтисод ва иҷтимоиёту фарҳанги мардуми мо ба ҳисоб меравад. Мо бояд дар мафкураи мардум арзишу ормонҳоеро ҷой диҳем, ки таҷассумгари ҳадафҳои созанда бошанд ва на танҳо омили таҳкимбахши суботи сиёсӣ, балки воситаи муҳимми ҳимояи рукнҳои давлатдорӣ дар кишвар қарор гиранд. Маҳз ба ҳамин хотир, миллати тоҷик ҳифзи истиқлолият ва ваҳдати миллиро аз ҷумлаи рисолатҳои инсонии худ мешуморанд. Чунончи дар суханронии худ ба монисибати рӯзи Ваҳдати миллӣ Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рашт (26.06.2019) қайд мекунанд: “Имрӯз бисёр зарур аст, ки мо андешаи сулҳу ваҳдатро ҳамчун рукни боэътимоди истиқлолият ба яке аз ғояҳои давлатдории миллӣ табдил диҳем ва онро миёни наврасону ҷавонон ҳамчун шарти асосии бақои амнияти ҷомеа ва пойдории давлат васеъ тарғиб кунем.”

 

Мирзоев Ҳабибҷон

ходими калони илмии Шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

БОЗГАШТ