Муаллиф: Мирзоев Ҳабибҷон
Ваҳдати миллӣ ҳамчун падидаи нодири даврони соҳибистиқлолии кишвар барои сарҷамъ намудани миллати дар ҳоли парокандашавӣ қарордоштаи тоҷик ва аз вартаи нестӣ раҳоӣ бахшидани давлати навини тоҷикон нақши басо бузургро иҷро кард. (Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон.)
Созишномаи умумӣ санади наҷоти миллат, кишвар ва давлати мо буда, натиҷаи музокироти қариб чорсолаи байни тоҷикон - мулоқоту машваратҳои роҳбарони давлат ва Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин, заҳмати ҳайатҳои музокиракунанда, кӯшиши кишварҳои нозир ва мусоидати созмонҳои байналмилалӣ мебошад. Дар таърихномаи ҳар миллат саҳифаҳои сабақомӯз ва пурарзише ҳастанд, ки аз икдоми нек ва хирадмандона ба нафъи халқу Ватан башорат медиҳанд ва барои наслҳои оянда ҳамчун чароғи ҳидоят хизмат мекунанд. Чунин саҳифаи заррин ва сарнавиштсоз барои миллати тоҷик рӯзи ба имзо расидани Созишномаи умумӣ дар бораи барқарор кардани сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон мебошад, ки 27 июни соли 1997 дар Маскав ба имзо расид ва паёми ҷонбахше буд аз фарорасии сулҳи деринтизор. Ба ин рӯз арҷ гузоштан ва ихлос бастани мардуми мо бесабаб нест. Зеро халқе, ки бар асари найрангу фитнаангезии душманони дохилию хориҷӣ гирифтори ҷанги хонумонсӯз гардид, фарзандонашро талаф дод, ранҷ кашид, азоби раҳдурии Ватанро чашид, ба қадри сулҳу салоҳ мерасад.
Сулҳу субот ва ризоияти миллӣ ба халқи тоҷик ба осонӣ муяссар нашудааст. Барои расидан ба ин рӯзи фирӯз моро лозим омад, ки роҳи тӯлонии ноҳамворро тай намоем, монеаҳои сангинро аз миён бардорем ва мушкилоти гаронро паси сар кунем.
Ҳар гоҳе сухан аз боби замина ва омилҳои сулҳи сарнавиштсоз меравад, андешаҳо гуногун мешаванд, ҳар касе кӯшиш мекунад, ки воқеияту ҳақиқатеро ошкор ё баён намояд. Вале, воқеият ин аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз мусоҳибаҳои худ изҳор дошта буданд: Омили асосии расидан ба сулҳ дар Тоҷикистон аз ниҳод ва замири халқи тоҷик бархоста, ба тафаккури созандаву иродаи шикастнопазир, фитрати баланду дӯстнавозии азалии ин мардум вобаста аст.
Воқеан ҳам инъиқоди Созишномаи истиқрори сулҳ дар сарзамини тоҷикон муҳимтарин ва муассиртарин омили расидан ба ваҳдати миллист. Ваҳдате ки тайи зиёда аз бист сол ҷомеаи тозабунёди мо марҳала ба марҳала онро тай карда истодааст. Тайи ин чанд сол ҷомеаи мо тавонист, ки дастовардҳои хотирмонеро дар роҳи дастёбӣ ба ризоияту ваҳдати миллӣ соҳиб шавад. Чун ба ин чанд соли душвори бунёдкориву созандагӣ назар мекунем, мебинем, ки чи гуна давлати Тоҷикистон тавонистааст монеаҳои зиёдеро пушти сар кунад.
Баркарор шудани сулҳу субот ва ризоияти миллӣ дар сарзамини мо истиқлолияти Тоҷикистонро боз ҳам устувор гардонида, нури умед ба дили мардум роҳ ёфт.
Ҳосил шудани созиш ва эътимоди тарафайн, барқарор гардидани сулҳу субот барои дар муддати нисбатан кӯтоҳ гузаронидани як қатор чорабиниҳои муҳими сиёсӣ дар роҳи бунёди ҷомеаи воқеан демокративу ҳуқуқбунёд шароити мусоид фароҳам овард.
Муҳимтар аз ҳама, нерӯҳои гуногуни сиёсӣ дар Тоҷикистон пурра дарк намуданд, ки сулҳ ва истиқлолият бузургтарин дастовардҳои миллат ҳастанд ва дар баробари ин ду неъмати бебаҳо манфиатҳои маҳдуди ҳизбӣ, гурӯҳӣ, маҳаллӣ ва ғайра мақоми дувумдараҷа доранд.
Раҳои бахшидани кишвар аз буҳрони шадиди иқтисодӣ, гузоштани заминаи устувор барои таъмини рушди иқтисодӣ, бунёди зерсохторҳои энергетикӣ ва коммуникатсионӣ, аз ҷумла роҳу нақбҳо, хатҳои баландшиддати интиқоли барқ, зеристгоҳҳои барқӣ, рушди бомароми саноату кишоварзӣ, соҳибкорӣ ва бахши хусусӣ, бунёди даҳҳо ҳазор гектар боғу токзор аз ҷумлаи дастовардҳои назарраси ин марҳала мебошанд.
Сохтмон ва таъмиру таҷдиди ҳазорҳо мактабу кӯдакистон ва муассисаҳои тиббӣ, қомат афрохтани даҳҳо кохи фарҳангу китобхонаву варзишгоҳ ва умуман, дигаргун гардидани симои шаҳру ноҳияҳо ва шароити зисти сокинони онҳоро имрӯз ҳар фарди огоҳи кишвар чун ойина дар пешорӯи худ мебинад.
Зикр бояд кард, ки иншооти бузурги бо заҳмати аҳлонаи мардум бунёдгардида, на танҳо аҳаммияти иқтисодиву иҷтимоӣ, балки нақши бузурги милливу сиёсӣ низ дорад. Зеро маҳз тавассути бунёди зерсохторҳои коммуникатсионӣ мо Тоҷикистони амалан чандпораро ба сарзамини воҳид табдил додем.
Ба имзо расидани Созишномаи умумӣ дар бораи баркарор кардани сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Точикистон аҳамияти бузурги байналхалқӣ низ дорад.
Аз ҳама муҳимаш, ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон чун ба давлате, ки бо роҳи демократӣ пеш меравад, эътимоди ҷиддӣ баст, ташкилоту созмонхои бонуфузи байналхалқӣ, аз ҷумла Бонки умумиҷаҳонӣ, Фонди байналмилалии асъор, Бонки Осиё, Бонки исломии тараққиёт ва ғайра ҳамкориро бо мо ривоҷ дода истодаанд.
Мақоми Тоҷикистон дар сиёсати минтақавӣ ва байналхалқӣ хеле боло рафт. Имрӯз Тоҷикистон иштирокчии фаъоли беш аз 50 созмонҳои бонуфузи байналхалқиву минтақавӣ мебошад ва дар ҳалли масоили умдаи минтақавиву байналмилалӣ бо ташаббусҳои оламшумулӣ ва созанда саҳми худро мегузорад.
Тоҷикистон иштирокчии фаъоли иттиҳодҳои ҳамгароии минтақавиву байналхалқӣ – ИДМ, СҲШ, ЕврАзЭС, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Созмони ҳамкории Исломӣ, Созмони аҳднономаи амнияти Дастаҷамъӣ буда, пайваста талош ба он дорад, ки тавассути тавсеаи ин ҳамкориҳо масоили пешомади иқтисодиву сиёсиро ҳал намояд ва ҳамзамон барои рафъи хатароти анъанавию ғайрианъанавии имрӯзаи байналмилалӣ иттиҳоди кишварҳои манфиатдорро таъмин намояд. Имрӯз ҳама эътироф доранд, ки танҳо Тоҷикистон тавонист бо туфайли сиёсати воқеъбинона ва прагматикии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалии Раҳмон дар муқобили Ҷунбиши Толибон, Давлати бо ном Исломӣ ва гурӯҳҳои террористиву экстремистии байналхалқӣ мавқеи устувор ва босубот ишғол намояд ва дар рафъи ин вабо ба мардуми азияткашидаи афғон ва ҳам ҷомеаи байналмилалӣ кӯмаки воқеии худро расонад.
Тавре ки бармеояд, таъиноти муҳими сиёсати хориҷии кишвар фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди босуръати иқтисодӣ ва таҳкими иқтидори дохилии кишвар аст.
Ин хадаф стратегияи санҷида, ҳамаҷониба асоснок ва дорои механизмҳои муассири робитаҳову ҳамкории фаъол бо ҳама кишварҳо ва субъектҳои муносибатҳои байналхалқиро тақозо дорад. Он ба пешбурди сиёсати дарҳои кушода бо хама кишварҳо ва субъектҳое, ки бо мамлакати мо нияти хамкории беғаразона ва ҷавобгӯй ба манфиатҳои тарафайн доранд, густариш медиҳад.
Дар маҷмуъ, сиёсати санҷида ва мутавозини хориҷӣ, мавқеи равшану устувор дар мубориза бар зидди ифротгароӣ, бунёдгароӣ, терроризм, қочоқи маводи мухаддир, экстремизм ва тахдиду хатарҳои дигари глобалӣ, ширкати амалӣ ва масьулона дар ҳалли масъалаҳои муҳимтарини умумиинсонӣ ва омилҳои дигар сабаб шуданд, ки Тоҷикистон узви фаъол ва соҳибэҳтироми чомеаи ҷаҳонӣ гардад. Ин дастоварди бузурги миллӣ ва таърихӣ мебошад.
Бояд тазаккур дод, ки дар ин марҳила неруҳои гуногуни сиёсӣ дар Точикистон пурра дарк намуданд, ки сулҳ ва истиклолият бузургтарин дастовардҳои миллат ҳастанд ва дар баробари ин ду неъмати бебаҳо манфиатҳои маҳдуди ҳизбӣ, гурӯҳӣ, маҳаллӣ ва ғайра мақоми дувумдараҷа доранд. Осоиши халқ, рушди давлат, таҳкими пояҳои истиқлолият ва ваҳдати миллӣ, обрӯи байналхалқии мо, пеш аз ҳама ба таъмини волоияти қонун дар саросари мамлакат вобаста мебошад. Фаъолияти тамоми ташкилотҳои давлатию ғайридавлатӣ, ҳизбхои сиёсӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ, муассисаҳои динӣ, умуман ҳар як шаҳрванд бояд фақат дар чорчӯбаи Конститутсия сурат гирад. Танҳо дар ҳамин ҳолат, мо метавонем ҷомеаи воқеан демократию мутамаддин бунёд намоем ва сазовори чунин ҷомеа бошем.
Мардуми тоҷик пас аз он ки фоҷиаи сахти миллиро паси сар кард, ба шинохти ҳастии хеш рӯ овард, зарурати ваҳдати миллӣ ва ҳифзи якпорчагии давлати миллиро беш аз пеш дарк намудааст. Ин сарчашмаи асосӣ ва омили муҳимтарини расидан ба ваҳдати миллист. Ҳамзамон, мо аҳли зиё, устодону донишҷӯён ҳамчун қишри соҳибмаърифат ва пешбарандаи ҷомеа бояд бо камоли масъулият дарк намоем, ки расидан ба ваҳдати миллӣ амали якрӯзаву дурӯза нест , марҳилаи давомдорест ва майл ба он рафъи авомили гуногуни ҳоло дар ҷомеа вуҷуд доштаро талаб мекунад
Барои он ки дар ҷомеа ваҳдат бошад, лозим аст, ки худшиносии мардум боло равад. Яъне лозим аст, ки мо худро нек бишносем, аз гузаштаҳою имрӯзи худ огоҳ бошем ва бар ояндаи худ биандешем. Барои ин мебояд, ки сатҳи донишу маърифати мардум баланд бошад. Барои ин лозим аст, ки системаи маориф ва илму фарҳанги муосиру пешрафта дошта бошем ва сифати «сармояи инсонӣ»-ро беҳтар созем. Барои ин лозим аст, ки илму техника ва иқтисод пешрафт кунад, самарабахшии кор ва даромади мардум боло равад. Барои ин лозим аст, ки мардум аз ҳуқуқу озодиҳои бештар бархурдор бошанд, фасоду девонсолорӣ аз миён бардошта шавад, дар ҷомеа адолати иҷтимоӣ ва қавонини хирадпазир ва рафтори нек ҳукмфармо гардад. Барои ин лозим аст, ки назму низоми иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсии кишвар на танҳо дар сухан, балки амалан ислоҳ гардад ва сиёсатҳои давлат бар пояи адолат устувор бошад. Зеро дар ҷое ки адолату ростӣ набошад, дар ҷое ки дурӯғгӯиву риё ва зӯроварӣ ривоҷ ёбад, дар он ҷо ваҳдат намешавад.
Метавон гуфт, ки ваҳдати миллӣ метавонад чун идеологияи ҷомеаи навбунёд пазируфта дар роҳи боло бурдани ҳуввияти миллӣ ва таҳкими давлатдории миллии тоҷикон хидмат намояд.
Имрӯз падидаи ваҳдати миллӣ мавзӯи баҳсу мунозираҳои назарӣ набуда, балки амри воқеии таърихи навини тоҷикон аст. Маҳз ваҳдати миллӣ омили муайянкунандаи роҳи генералии пешрафти Тоҷикистон гардида, арзишҳо ва афзалиятҳои ҷомеаи тоҷикро шакл дод ва қавитар гардонид ва гузашта аз ин пояи устувории давлатдории тоҷикон шудааст.
Осоиши халқ, рушди давлат, таҳкими пояҳои истиқлолият ва ваҳдати миллӣ, обрӯи байналхалқии мо, пеш аз ҳама ба таъмини волоияти қонун дар саросари мамлакат вобаста мебошад. Фаъолияти тамоми ташкилотҳои давлатию ғайридавлатӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ, муассисаҳои динӣ, умуман ҳар як шаҳрванд бояд фақат дар чорчӯбаи Конститутсия сурат гирад. Танҳо дар ҳамин ҳолат, мо метавонем ҷомеаи воқеан демократию мутамаддин бунёд намоем ва сазовори чунин ҷомеа бошем.
Устуворшавии арзишҳои демократӣ ва ниҳодҳои демократӣ, бо такя ба фаъолгардонии амал ва мавқеи созмонҳои ҷамъиятӣ, созмонҳои ғайриҳукуматӣ, такмилу тақвияти механизми таъсири ҷомеа ба шахс ва рафтори ӯ, тарбияи маърифати баланди сиёсии шаҳрвандон ва санъати идораи ҷомеа, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи арзишҳои меҳанпарастӣ ва эҳтиром доштани мероси маънавии ниёгон, устуворшавии адолати иҷтимоӣ василаҳои воқеии расидан ба ваҳдати миллианд
Ваҳдати миллӣ моҳият ва арзишҳои худро дошта, ба қадр, муҳтаво ва асолати он расидан худ кори муқаддас ва бузург мебошад. Чуноне Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштаанд: «Ваҳдат рамзи воқеӣ ва ҷавҳари фалсафаи сулҳофарӣ, фарҳангсолориву таҳаммулпазирии миллати тоҷик ва таҷассумгари иттиҳоду ҳамбастагии тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад.»
Дигар ҷиҳати ваҳдати миллии мо ягонагии ҷомеаи Тоҷикистон, таҳаммулпазирӣ нисбат ба дигар ақаллиятҳои миллӣ ё ба таври дигар шаҳрвандоне мебошад, ки решаҳои этникии худро ҳамчун намояндаи фарҳанги дигар миллатҳо эҳсос мекунанд. Тавре ки бармеояд, дар Тоҷикистон ақаллиятҳои миллӣ аз ҳамаи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ бархурдоранд ва ҳеҷ монеаи сунъие барои онҳо вуҷуд надорад. Яъне дар сатҳи муносиботи байни ақаллиятҳои миллии сокини кишварамон фазои мусоиди ваҳдатофаре ҳукмрон аст. Ҷиҳати сеюми ваҳдати миллӣ, ки аз ин гуфтаҳо бармеояд, гуфтугӯи фарҳангҳо ва таҳаммулпазирии онҳо дар доираи як давлати миллӣ ба ҳисоб меравад. Аслан худи мавҷудияти як умумияти фарҳангии гурӯҳҳои гуногуни этникӣ, ки дар Тоҷикистон ба вуҷуд омадааст, натиҷаи ҳамин рӯҳияи таҳаммулгароии миллати мо аз тарафи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон амалӣ кардани сиёсати ваҳдати миллӣ мебошад.
Ормонҳои миллати мо чун озодӣ, истиқлолият, ватандӯстиву инсондӯстӣ, озодфикриву илмдӯстӣ, ваҳдати милливу дӯстии байни миллатҳо, таҳаммулгароиву фарҳангофарӣ аз он ғояҳо ва омилҳое мебошанд, ки метавонанд устувории ҷомеаи моро таъмин намоянд.
Дар таъмини ваҳдати ҷомеа, албатта нақши сарвари кишвар, аниқтараш пешвои ҷомеа муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бориз аст. Замоне ки Эмомалӣ Раҳмон ба сари қудрат омаданд, Тоҷикистон ба ҷанги таҳмилии дохилӣ гирифтор буд ва кишварро хавфи нобудӣ таҳдид мекард, мардум ба гуруснагиву нодорӣ ва ҷангу ҷидол рӯбарӯ буд. Эмомалӣ Раҳмон дар навбати аввал бо таҳаммул ва дарки дурусти воқеиятҳо дар пайи сафару гуфтушунид бо раҳбарони давлатҳои дахлдор дар қазияи ҷанги кишвари мо шуда, бо гурӯҳҳо ва нерӯҳои мухталиф ва ҷангандаи дохилӣ рӯ ба рӯ гардида, музокира карданд ва роҳро барои эҷоди сулҳ боз намуданд. Имрӯз ҳатто камназартарин узви ҷомеа эътироф мекунад, ки барқарор шудани сулҳу субот ва ризоияти миллӣ дар кишвари мо истиқлолияти Тоҷикистонро устувор гардонд ва амнияти мардуми кишварро таъмин кардааст.
Бояд гуфт, ки барқарор намудани равобит бо кишварҳои дуру наздик бар пояи манфиати миллату кишвар аз самтҳои афзалиятнок барои ҳар давлате мебошад. Раиси Ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон бо дарки амиқи масъала ин қаринаро дар муносибати кишвар бо давлатҳои хориҷӣ ба роҳ монд. Барои мисол, коршиносон ва донишмандон равобити ҳасанаи Тоҷикистонро бо кишварҳои зиёде, минҷумла Россия, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Эрон, Афғонистон ва садҳо кишварҳои дигар, ки воқеан ба кишвари мо ғараз надоранд ва хостори равобити солим ҳастанд, аз ҷумлаи муваффақиятҳои ӯ медонанд. Бо кӯшишу талоши Асосгузои сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои нав андешида шуда; роҳҳои иртиботӣ бо кишварҳои дигар боз мешаванд, нақшаҳои бузург пайиҳам дар кишвар амалӣ мегарданд.
Дастёбӣ ба идораи тамомияти арзӣ ва мавзунияти манфиатҳои иҷтимоӣ тавассути таҳияи роҳи сиёсие муяссар мешавад, ки тамоили пешрафти сиёсати ҷаҳонӣ ва ниёзҳои гурӯҳҳои мухталифи ҷомеаро ба назар бигирад. Метавон гуфт, ки эҷоди созиш ва эътимоди тарафҳои даргир дар ҷанги дохилӣ, базудӣ барқарор шудани сулҳу субот, барои дар муддати кӯтоҳ баргузор кардани як қатор чорабиниҳои муҳими сиёсӣ дар роҳи бунёди ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд шароити мусоид фароҳам овард.
Президенти Тоҷикистон аз рӯзҳои нахуст таъйиноти муҳими сиёсати хориҷии кишварро дар фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди босуръати иқтисодӣ ва таҳкими иқтидори дохилии мамлакат медиданд. Ин ҳадаф стратегияи санҷидашуда, ҳамаҷониба асоснок ва дорои механизмҳои муассири робитаҳову ҳамкории фаъол бо ҳама кишварҳо ва субъектҳои равобити байналмилалро тақозо дошт. Он ба пешбурди сиёсати дарҳои кушода бо ҳама кишварҳо ва субъектҳое, ки бо мамлакати мо нияти ҳамкории беғаразона доранд, мусоидат мекунад.
Татбиқи роҳи сиёсӣ ба механизми хосе такя мекунад, ки фарогири низоми усулу равиш ва услуби ҳалли вазифаҳои гузошташуда аст. Пас, Пешво на танҳо идея ва барномаро пешниҳод мекунад, балки механизми татбиқи онро тавассути қабули қарорҳои сиёсӣ ва таъмини захираҳо таҳия ва татбиқ месозад. Ба роҳбарияти давлату ҳукумат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар шуд, ки дар муддати кӯтоҳ мақомоти маҳаллии ҳокимиятро барқарор намуда, тартиботи қонуниро дар шакли нисбатан беҳтар ҷорӣ кунад, фаъолияти вазоратҳо, идораю кумитаҳои давлатро ба низом оварад. Дар натиҷа, халқ бовар кард, ки ҳукумат устувор шудааст ва қодир аст, амният, пешрафт ва беҳбуди ҷомеаро таъмин кунад. Қисмати аъзами пешниҳодоти сарвари кишвар на танҳо хислати барномавӣ доранд, балки бо механизму василаҳои мушаххаси расидан ба ҳадаф мусаллаҳ ҳастанд.
Фаъолияти самаранок ва инкишофи иқтисоди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бе татбиқи чорабиниҳои вусъатбахши иштироки ҷумҳурӣ дар тақсими байналмилалии кор чи аз роҳи инкишофи муносибатҳои иқтисоди хориҷӣ ва чи аз тариқи инкишофи равандҳои ба ҳамгароӣ нигаронидашуда имконпазир намебуд.
Бо дарназардошти ин, Ҳукумати Тоҷикистон пайваста кӯшиш мекунад, ки рушди босуботи соҳаҳои афзалиятдори иқтисодиёт, ба вижа энергетика таъмин карда шавад.
Ҳадафи давлати Тоҷикистон бо иҷрои ин тарҳҳо таъмини рушди устувори иқтисодӣ буда, нақшаҳои ҳукумат амалан дар доираи чор ҳадафи стратегӣ: таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва босуръат саноатикунонии кишвар тарҳрезӣ шуда ва батадриҷ амалӣ мешаванд.
Имрӯз барои ҳама равшан аст, ки ҳадафҳои номбурда, ҳамчунин ҳимояи манфиатҳои миллӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, барқарории суботи сиёсиву иҷтимоӣ ва таҳкими ваҳдати миллӣ, муайянкунандаи самтҳои фаъолияти Президент, Маҷлиси Олӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, сохторҳои худидораи маҳаллӣ, корхонаву муассисаҳои давлативу ғайридавлатӣ, инчунин ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошанд.
Акнун падидаи ваҳдати миллӣ мавзуи баҳсу мунозираҳои назарӣ набуда, балки амри воқеии таърихи навини тоҷикон аст. Маҳз ваҳдати миллӣ ҳачмун омили муайянкунандаи роҳи генералии пешрафти Тоҷикистон арзишҳо ва афзалиятҳои ҷомеаи тоҷикро шакл дод ва қавитар гардонд ва гузашта аз ин, пояи устувори давлатдории тоҷикон гардид. Рӯшан аст, ки муҳимтарин омили ваҳдат – ишқу алоқа ба Ватан, ба забону фарҳанг аст. Албатта мардуми мо чунин дилбастагиро доранд. Вале он аксаран аз ҳадди қавму маҳал фаротар намеравад. Барои ваҳдати миллӣ ин кам аст. Ҳамчунон дарки ин маънӣ лозим аст, ки ҳар яки мо фарзанди як миллат ва як сарзамин ҳастем ва ҳар як ваҷаби хоки Ватан ва ҳамаи афроди ҷомеа барои мо ба мисли падару модар ва хоҳару бародар азизанд. Беҳуда нест, ки ҳоло таҷрибаи сулҳу оштии миллии мо мавриди омӯзишу истифодаи созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва ҷомеаи башарӣ қарор дорад.
Бо гузашти солҳо мо амиқан дарк кардем, ки ваҳдати миллӣ омили муҳимтарини рушди ҷомеа, шарти асосии пешрафти иқтисод ва иҷтимоиёту фарҳанги мардуми мо ба ҳисоб меравад. Мо бояд дар мафкураи мардум арзишу ормонҳоеро ҷой диҳем, ки таҷассумгари ҳадафҳои созанда бошанд ва на танҳо омили таҳкимбахши суботи сиёсӣ, балки воситаи муҳимми ҳимояи рукнҳои давлатдорӣ дар кишвар қарор гиранд. Маҳз ба ҳамин хотир, миллати тоҷик ҳифзи истиқлолият ва ваҳдати миллиро аз ҷумлаи рисолатҳои инсонии худ мешуморанд. Чунончи дар суханронии худ ба муносибати рӯзи Ваҳдати миллӣ Пешвои миллат дар ноҳияи Рашт (санаи 26-06-2019) қайд мекунанд. “Имрӯз бисёр зарур аст, ки мо андешаи сулҳу ваҳдатро ҳамчун рукни боэътимоди истиқлолият ба яке аз ғояҳои давлатдории миллӣ табдил диҳем ва онро миёни наврасону ҷавонон ҳамчун шарти асосии бақои амнияти ҷомеа ва пойдории давлат васеъ тарғиб кунем.”
ҲАБИБҶОН МИРЗОЕВ
номзади илмҳои таърих,
устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон