Ваҳдат-заминаи пешрафт ва шукуфоии миллат

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

   Имрӯз падидаи ваҳдати миллӣ мавзӯи баҳсу мунозираҳои назариявӣ набуда, балки амри воқеии таърихи навини тоҷикон аст. Маҳз ваҳдати миллӣ омили муайянкунандаи роҳи асосии пешрафти Тоҷикистон гардида, арзишҳо ва афзалиятҳои ҷомеаи тоҷикро шакл дод, қавитар гардонд ва гузашта аз ин пояи устувори давлатдории тоҷикон гардид.    Ваҳдати миллӣ замина ва решаҳои аслии худро аз чунин саҳифаи заррин ва сарнавиштсоз барои миллати тоҷик-рӯзи ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон дарёфт, ки 27 июни соли 1997 дар Маскав ба имзо расид ва он аз фарорасии сулҳи деринтизор пайёми ҷонбахше медод. Ҳосил шудани созиш ва эътимоди тарафайн, барқарор гардидани сулҳу субот, дар муддати кӯтоҳ гузаронидани як қатор чорабиниҳои муҳими сиёсӣ дар роҳи бунёди ҷомеаи демокртиву ҳуқуқбунёд шароити мусоид фароҳам овард. Муҳимтар аз ҳама, нерӯҳои гуногуни сиёсӣ дар Тоҷикистон пурра дарк намуданд, ки сулҳ ва истиқлолият бузургтарин дастоварди миллат аст ва дар баробари ин ду неъмати бебаҳо манфиатҳои маҳдуди ҳизбӣ, гурӯҳӣ, маҳаллӣ ва ғайра мақоми дуввумдараҷа доранд.
   Мардуми тоҷик пас аз он ки фоҷиаи сахти миллиро паси сар кард, ба шинохти ҳастии хеш рӯ овард, зарурати вахдати миллӣ ва ҳифзи якпорчагии давлати миллиро беш аз пеш дарк намуд. Ин сарчашмаи асосӣ ва омили муҳимтарини расидан ба ваҳдати миллист. Ҳамзамон, ҳар як фард бояд дарк намояд, ки расидан ба ваҳдати миллӣ амали якрӯзаву дурӯза нест, марҳилаи давомдорест ва расидан ба он рафъи авомили гуногунро талаб мекунад.
   Устуворшавии арзишҳои демократӣ ва ниҳодҳои демократӣ, бо такя ба фаъолгардонии амал ва мавқеи созмонҳои ҷамъиятӣ, созмонҳои ғайриҳукуматӣ, такмилу тақвияти механизми таъсири ҷомеа ба шахс ва рафтори ӯ, тарбияи маърифати баланди сиёсии шаҳрвандон ва санъати идораи ҷомеа, тарбияи ҷавонон дар рӯҳи арзишҳои меҳанпарастӣ ва эҳтиром доштани мероси маънавии ниёгон, устуворшавии адолати иҷтимоӣ василаҳои воқеии расидан ба ваҳдати миллианд. Ваҳдати миллӣ метавонад чун идеологияи ҷомеаи навбунёд пазируфта, дар роҳи боло бурдани ҳуввияти миллӣ ва таҳкими давлатдории миллии тоҷикон хидмат намояд.
   Равшан аст, ки муҳимтарин омили ваҳдат – ишқу алоқа ба Ватан, ба забону фарҳанг аст. Албатта мардуми мо чунин дилбастагиро доранд. Вале он аксаран аз ҳадди қавму маҳал фаротар намеравад. Барои ваҳдати миллӣ ин кам аст. Ҳамчунин, дарки ин маънӣ лозим аст, ки ҳар яки мо фарзанди як миллат ва як сарзамин ҳастем ва ҳар як ваҷаби хоки Ватан ва ҳамаи афроди ҷомеа барои мо ба мисли падару модар ва хоҳару бародар азизанд.
   Ваҳдати миллӣ моҳият ва арзишҳои худро дошта, ба қадр, мӯҳтаво ва асолати он расидан худ кори муқаддас ва бузург аст. Чуноне Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштаанд: «Ваҳдат рамзи воқеӣ ва ҷавҳари фалсафаи сулҳофарӣ, фарҳангсолориву таҳаммулпазири миллати тоҷик ва таҷассумгари иттиҳоду ҳамбастагии тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад».
   Дигар ҷиҳати ваҳдати миллии мо ягонагии ҷомеаи Тоҷикистон, таҳаммулпазирӣ нисбат ба дигар ақаллиятҳои миллӣ ё ба таври дигар шаҳрвандоне мебошанд, ки решаҳои этникии худро ҳамчун намояндаи фарҳанги дигар миллатҳо эҳсос мекунанд. Тавре, ки бармеояд, дар Тоҷикистон ақаллиятҳои миллӣ аз ҳамаи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ бархурдоранд ва ҳеҷ монеаи сунъие барои онҳо вуҷуд надорад. Яъне дар сатҳи муносиботи байни ақаллиятҳои миллии сокини кишварамон фазои мусоиди ваҳдатофаре ҳукмрон аст. Ҷиҳати сеюми ваҳдати миллӣ, ин гуфтугӯи фарҳангҳо дар доираи як давлати миллӣ ба ҳисоб меравад. Аслан худи мавҷудияти як умумияти фарҳангии гурӯҳҳои гуногуни этникӣ, ки дар Тоҷикистон ба вуҷуд омадааст, натиҷаи рӯҳияи таҳаммулгароии миллати мо аз тарафи Пешвои миллат амалӣ кардани сиёсати ваҳдати миллӣ мебошад.
   Ормонҳои миллати мо чун озодӣ, истиқлолият, ватандӯстиву инсондӯстӣ, озодфикриву илмдӯстӣ, ваҳдати милливу дӯстии байни миллатҳо, таҳаммулгароӣ аз омилҳое мебошанд, ки метавонанд устувории ҷомеаи моро таъмин намоянд.
   Дар таъмини ваҳдати ҷомеа албатта нақши Сарвари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бориз аст. Замоне ки Эмомалӣ Раҳмон ба сари қудрат омаданд, Тоҷикистон ба ҷанги таҳмилии дохилӣ гирифтор буд ва кишварро хавфи нобудӣ таҳдид мекард, мардум ба гуруснагиву нодорӣ ва ҷангу ҷидол рӯбарӯ буд. Сардори давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар навбати аввал бо таҳаммул ва дарки дурусти воқеиятҳо дар пайи сафару гуфтушунид бо раҳбарони давлатҳои дахлдор, бо гурӯҳҳо ва нерӯҳои мухталиф ва ҷангандаи дохилӣ рӯ ба рӯ шуд, музокира кард, сулҳ баст ва роҳро барои эҷоди сулҳ боз кард. Имрӯз ҳатто камназартарин узви ҷомеа эътироф мекунад, ки барқарор шудани сулҳу субот ва ризоияти миллӣ дар кишвари мо истиқлолияти Тоҷикистонро устувор гардонд ва амнияти мардуми кишварро таъмин кардааст.
   Бояд гуфт, ки барқарор намудани равобит бо кишварҳои дуру наздик бар пояи манфиати миллату кишвар аз самтҳои афзалиятнок мебошад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарки амиқи масъала ин қаринаро дар муносибат бо давлатҳои хориҷӣ ба роҳ монд. Барои мисол, коршиносон ва донишмандон равобити ҳасанаи Тоҷикистонро бо кишварҳои зиёде, мисоли Россия, ИМА, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Хитой, Эрон, Афғонистон ва садҳо кишварҳои дигар, ки воқеан ба кишвари мо ғараз надоранд ва хостори равобити солим ҳастанд, аз ҷумлаи муваффақиятҳои ӯ медонанд. Бо кӯшишу талоши Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои нав андешида шуда, роҳҳои иртиботӣ бо кишварҳои дигар боз мешаванд, нақшаҳои бузург ба оҳистагӣ дар кишвар амалӣ мегарданд.
   Дастёбӣ ба идораи тамомияти арзӣ ва мавзунияти манфиатҳои иҷтимоӣ тавассути таҳияи роҳи сиёсие муяссар мешавад, ки тамоили пешрафти сиёсати ҷаҳонӣ ва ниёзҳои гурӯҳҳои мухталифи ҷомеаро ба назар бигирад. Метавон гуфт, ки эҷоди созиш ва эътимоди тарафҳои даргир дар ҷанги дохилӣ, базудӣ барқарор шудани сулҳу субот, дар муддати кӯтоҳ баргузор кардани як қатор чорабиниҳои муҳими сиёсӣ дар роҳи бунёди ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд шароити мусоид фароҳам овард.
   Бо устувории сулҳ ва ризоияти миллӣ ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон чун ба давлате, ки роҳи демократиро масири пешрафти худ интихоб кардааст, эътимод қоил шуд, ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ, аз ҷумла СММ, САҲА, ИДМ, СҲШ, СҲИ, Бонки умумиҷаҳонӣ, Фонди байналмилалии асъор, Бонки Осиёии рушд, Бонки исломии рушд ва дигар субъектҳои фаъоли байналхалқӣ ба Тоҷикистон дасти кӯмак ва ҳамкорӣ дароз карданд.
   Мақоми кишвар дар сиёсати минтақавӣ ва байналхалқӣ хеле пеш рафт. Тоҷикистон иштирокчии фаъоли созмонҳои ҳамгироии минтақавиву байналхалқӣ чун ИДМ, СҲШ, ЕврАзЭС, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Созмони Ҳамкории Исломӣ буда, пайваста талош ба он дорад, ки тавассути тавсеаи ин ҳамкориҳо масоили пешомади иқтисодиву сиёсиро ҳал кунад ва ҳамзамон барои рафъи хатароти имрӯзаи байналмилалӣ иттиҳоди кишварҳои манфиатдорро таъмин намояд. Имрӯз ҳама эътироф кардаанд, ки танҳо Тоҷикистон тавонист бо туфайли сиёсати воқеъбинона ва прагматикии Эмомалӣ Раҳмон дар муқобили ДОИШ, Ҷунбиши Толибон ва гурӯҳҳои террористии байналхалқӣ мавқеи устувор ва босубот ишғол намояд ва дар рафъи ин мушкил ба мардуми ҳамҷавори Афғонистон ва ҳам ҷомеаи байналмилалӣ кӯмаки воқеии худро расонад.
   Президенти Тоҷикистон аз рӯзҳои нахуст таъйиноти муҳими сиёсати хориҷии кишварро дар фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди босуръати иқтисодӣ ва таҳкими иқтидори дохилии мамлакат медид. Ин ҳадаф стратегияи санҷидашуда, ҳамаҷониба асоснок ва дорои механизмҳои муассири робитаҳову ҳамкории фаъол бо ҳама кишварҳо ва субъектҳои равобити байналмилалро тақозо дошт. Он ба пешбурди сиёсати дарҳои кушода бо ҳама кишварҳо ва субъектҳое, ки бо мамлакати мо нияти ҳамкории беғаразона доранд, мусоидат мекунад.
   Татбиқи роҳи сиёсӣ ба механизми хосе такя мекунад, ки фарогири низоми усулу равиш ва услуби ҳалли вазифаҳои гузошташуда аст. Пас, Пешвои миллат на танҳо идея ва барномаро пешниҳод мекунанд, балки механизми татбиқи онро тавассути қабули қарорҳои сиёсӣ ва таъмини захираҳо таҳия ва татбиқ месозанд. Ба Эмомалӣ Раҳмон муяссар шуд, ки дар муддати кӯтоҳ мақомоти маҳаллии ҳокимиятро барқарор намуда, тартиботи қонуниро дар шакли нисбатан беҳтар ҷорӣ кунанд, фаъолияти вазоратҳо, идораю кумитаҳои давлатро ба низом оваранд. Дар натиҷа, халқ бовар кард, ки ҳукумат устувор шудааст ва қодир аст, амният, пешрафт ва беҳбуди ҷомеаро таъмин кунад. Қисмати аъзами пешниҳодоти сарвари кишвар на танҳо хислати барномавӣ доранд, балки бо механизму василаҳои мушаххаси расидан ба ҳадаф мусаллаҳ ҳастанд.
   Таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол шоҳид аст, ки дар лаҳзаҳои тақдирсоз Сардори давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд таваҷҷӯҳи ҷомеаро ба масоили муҳимтарин равона кунанд ва онҳоро ба ҳалли ин масоил ҳидоят намоянд: мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккил, терроризм, қочоқи маводи мухаддир, паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар ҷомеа, танзими расму оинҳои миллӣ, даъват ба сохтмонҳои азими аср – нерӯгоҳҳои бузурги кишвар, сохтмони роҳҳои оҳан, нақбҳои Истиқлол, Шар-Шар ва монанди инҳо бо ширкати фаъоли мардуми кишвар ба даст омадааст. Суханрониву муроҷиатҳои Пешвои миллат ба мардуми кишвар ҳамеша аз ҷониби ҷомеаи Тоҷикистон дастгирӣ ва ҳамовозии воқеӣ меёбад, чун ин тадбирҳо саривақтӣ, самимона ва ба дарки воқеияти имрӯза баён шудаанд.
   Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарк карданд, ки бузургтарин монеа дар роҳи худшиносиву ваҳдати миллат фақр аст. Зеро ҳар ҷо ки фақр аст, дар он ҷо ақибмондагӣ, бемаърифатӣ, ҷаҳлу фасод, бедодгарӣ, ихтилоф миёни манофеи табақоти ҷомеа ҳаст ва дар чунин шароит низоъу нифоқ ҳам боло мегирад. Ҳар ҷо, ки иқтисод таназзул кунад, фақр густариш меёбад, фарҳанг ва арзишҳои маънавиву ахлоқӣ беқадр мешаванд ва фасоду табоҳӣ авҷ мегирад. Нобаробариҳои иҷтимоӣ амиқтар мегарданд ва барои мардуми фақир роҳ ба сӯи маърифат баста мешавад. Ин ҳама аз ҷумлаи омилҳои ваҳдаткуш мебошанд. Маҳз дарки ҳамин маънӣ мақомоти роҳбариро ба қабули Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ овард.
   Сарвари давлат на танҳо дар соҳаи сиёсат ва идораи давлат ба пешравиҳои назаррас муваффақ гаштанд, балки тавонистанд заминаи устувори иктисодиёти миллиро гузошта, барои устувории муносибатҳои бозаргонӣ ва иқтисодиёти озод роҳ кушоянд. Силсилаи тадбирҳои ҳукумат дар боби боло бурдани иқтисоди хурду калон ва кишоварзӣ шаҳодати ҳоланд. Дар муддати кутоҳ барқарор сохтан ва аз ҳоли харобӣ берун кардани иқтисодиёт дар шароити бӯҳрони амиқи иқтисодиву молиявии аз даврони шуравӣ ва ҷанги дохилӣ ба меросмонда, кори осон набуд.
   Бо дарназардошти ин, Ҳукумати Тоҷикистон пайваста кӯшиш мекунад, ки рушди босуботи соҳаҳои афзалиятдори иқтисодиёт, ба вижа энергетика таъмин карда шавад. Дар доираи ин ҳадафҳо солҳои охир дар кишвар нерӯгоҳи барқи обии «Помир-1» ва 26 нерӯгоҳи хурди барқӣ ба истифода дода шуда, тибқи шартномаҳои сармоягузорӣ бо ширкатҳои Русия ва Эрон сохтмони иншооти бузурги гидроэнергетикӣ, аз ҷумла НБО-и "Роғун", "Сангтӯда-1" ва "Сангтӯда-2" пурра ва кисман мавриди истифода қарор гирифтааст. Мавриди зикр аст, ки дар сурати татбиқи амалии дурнамои рушди соҳаи энергетикаи Тоҷикистон то соли 2025 дар кишвар ҳамасола зиёда аз 80 миллиард киловатт-соат нерӯи барқ истеҳсол хоҳад шуд.
   Барои таъмини пурраи эҳтиёҷоти дохилии кишвар бо қувваи барқ ва содироти он ба кишварҳои минтақа дар баробари сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обӣ, инчунин ба бунёди инфраструктураи интиқоли он аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад. Дар ин бобат сохтмони хатти интиқоли барқи «Ҷануб-Шимол», ки маблағи иҷрои он 550 миллион сомониро ташкил медиҳад, анҷом шуда, ҳамчунин дар ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалии молиявӣ ба иҷрои лоиҳаи сохтмони хатҳои интиқоли барқи Роғун-Кобул-Ҳирот-Машҳад ва Роғун-Кобул-Исломобод суръат бахшида мешавад. Дар маҷмуъ, барои рушди соҳаи энергетика дар мамлакат бо дарназардошти ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ зиёда аз 5 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст. Истифодаи самараноки маблағҳо ва татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ имкон медиҳанд, ки истиқлолияти энергетикии Тоҷикистон таъмин карда шавад.
   Барои аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани Тоҷикистон сохтмони роҳу пулҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумат мебошад. Кушода шудани роҳи мошингарди Кӯлоб-Хоруғ-Кулма-Қароқурум, нақби "Истиқлол", панҷ пул дар марзи миёни Тоҷикистону Афғонистон, таҷдиди роҳи Душанбе-Қӯрғонтеппа-Кӯлоб, инчунин идомаи босуръати таҷдиди шоҳроҳи Душанбе-Нуробод-Ҷиргатол-Саритош дар самти раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва рушди иқтисодии кишвар дастовардҳои муҳим мебошанд.
   Ҳадафи давлати Тоҷикистон бо иҷрои ин тарҳҳо, таъмини рушди устувори иқтисодӣ буда, нақшаҳои ҳукумат амалан дар доираи се ҳадафи стратегӣ-таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ тарҳрезӣ шуда ва батадриҷ амалӣ мешаванд.
   Имрӯз барои ҳама равшан аст, ки ҳадафҳои номбурда, ҳамчунин ҳимояи манфиатҳои миллӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, барқарории суботи сиёсиву иҷтимоӣ ва таҳкими ваҳдати миллӣ, муайянкунандаи самтҳои фаъолияти Президент, Маҷлиси Олӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, сохторҳои худидораи маҳаллӣ, корхонаву муассисаҳои давлативу ғайридавлатӣ, инчунин ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошанд.
   Акнун падидаи ваҳдати миллӣ мавзӯи баҳсу мунозираҳои назарӣ набуда, балки амри воқеии таърихи навини тоҷикон аст. Маҳз ваҳдати миллӣ ҳачмун омили муайянкунандаи роҳи пешрафти Тоҷикистон арзишҳо ва афзалиятҳои ҷомеаи тоҷикро шакл дод, қавитар гардонд ва гузашта аз ин, пояи устувори давлатдории тоҷикон гардид. Бигзор, Тоҷикистон ҳамеша маъвои сулҳу оромӣ, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва пешрафту ободӣ бошад!
Ҳабибҷон МИРЗОЕВ,
корманди Институт
    Адабиёти истифодашуда:
  1. Медоуз Д. Х., Медоуз Д. Л., Рендерс Й. За пределами роста: предотвратить глобальную катастрофу, обеспечить устойчивое будущее.-М., 1994.
  2. Акилова М. Интеграция Республики Таджикистан в процессе глобализации // Ученые записки Худжанского государственного университета им. Академика Б. Гафурова. Гуманитарные науки. Выпуск № 1 (29) 2012.
  3. Самиев Х. Пешвои миллат. Лидер нации. The leader of nation. // маҷмуаи Пешвои миллат. Душанбе, 2016. с.124 142.
  4. Самиев Х. «Сулҳи тоҷикон ва ҳофизаи таърихии мо».- // Маҷмуаи «Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими ваҳдати миллӣ». Душанбе, 2017 с. 31 36.
  5. Самиев Х. Сулҳи тоҷикон ва ҳофизаи таърихии мо. // Ба қуллаҳои дониш, 21.06.2017, 1112 (1418), с.4-5.
  6. Самиев Х. Сулҳи тоҷикон ва ҳофизаи таърихии мо. Khovar.tj. 27 июни соли 2017.
  7. Х. Самиев. Пешвои вохид ва чомеаи муттахид. Паёми Донишгохи миллии Точикистон, 2011, 4(68). сс.256-262
  8. Самиев Х. Истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон - омили муҳими расидан ба ваҳдати миллӣ, Ваҳдат, Давлат, Президент. (Иншои ваҳдат). Душанбе, 2007. ҷ. VI. сс.148-156.
  9. Нуриддинов Р.Ш., Нуриддинов Ф. Р. Модернизация как алтернатива гибели государства, или некоторые особенности модернизационных процессов в Таджикистане// Вестник ТНУ.
 
 

БОЗГАШТ