Ваҳдати миллӣ- асоси сулҳу амният

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

 Имрӯз ҳар як сокини кишварро таассуроти гуворо ба истиқболи 21-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ фаро гирифтааст. Ба таърих ва саргузашту сарнавишти миллати тоҷик назар афканда, аз дастовардҳо ва бурду бохти он ёдовар шудан зарур ва ҳатмӣ аст. Имрӯз бояд тамоми мардуми кишвар, махсусан наслҳои ҷавон мероси бузурги маънавӣ ва фарҳангии ниёгонамон арҷгузорӣ карда, ин неъмати олӣ - иттиҳоду ягонагӣ, ҳамзистиву осоиштагии миллиро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намоянд. Зеро ғояҳои олии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, ки саросари ҷомеаи моро имрӯзҳо торафт бештар фаро мегирад, ормони азалӣ ва ҷамъиятии халқи бунёдкори мо маҳсуб мешавад.

  Бо татбиқи ҳарчӣ бештари ғояҳои миллӣ ва созандагӣ пояҳои давлатдории миллии мо ҳамон андоза мустаҳкам гардида, боиси болоравии камолоти маънавии мардум ва ҷомеа мегардад. Ба шарофати саъю кўшиши пайваста ва ҳаракатҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ғояи ваҳдати миллӣ ба яке аз самтҳои сиёсати доимии давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон табдил ёфт. Он баҳри рушди минбаъдаи сиёсати дохиливу хориҷии давлати тозаистиқлоли тоҷикон, интихоби самтҳои дурусти рушди минбаъдаи кишвар, таъмини амнияти дохиливу хориҷӣ ва ниҳоят барои имрўзу фардои халқу миллати мо заминаҳои мустаҳкам ба вуҷуд овард. Fояи ваҳдати миллӣ, ки решааш сулҳу амният аст, назар ба иқтисодиёт ва сатҳи моддии рӯзгори мардум пеш рафт ва оммаҳои халқро бештар фаро гирифт. Фуру нишонидани ҷангии дохилӣ ва ҳифзи якпорчагии мамлакат қадами ҷиддие ба суи Ваҳдати миллӣ буд.

    27 июни соли 1997 дар Кремл шартномаи «Созишномаи умумӣ дар бораи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон», ки дар байни Ҳукумати Тоҷикистон ва мухолифин  ба имзо расид. Дар бораи аҳамияти Созишнома Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд кардаанд: «Созишномаи умуми аз лиҳози аҳамияти фавқулоддаи худ бо Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Точикистон дар як радиф меистад. Агар Эъломия ба Тоҷикистон ба таври расми истиқлол ва соҳибихтиёри ато карда бошад, пас Созишнома сулҳу суботро дар сарзамини мо таъмин сохт».

  Инчунин, дар як суханрони хеш Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд карда буданд, ки мо ҳамеша бояд ҳушёр бошем, ки ба дасисаҳои гуногун ва фиреби ҷонибҳои бегона дода нашавем. Мо бояд ба қадри сулҳу суботи кишвари азизамон расида, Ваҳдати миллиро ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз намоем. Чунки раванди ҷаҳонишави нишон медиҳад, ки вазъи дохили бархе аз давлатҳои дунё ноором аст, ки сабаби асоси дасисабози давлатҳои абарқудрат мебошад. Мо низ дар чашми давлатҳои абарқудрат дар канор нестем, чунки онҳо низ хоҳони ноором сохтани ваҳдат, сулҳу субот ва якпорчагии Тоҷикистони азиз мебошанд.  Аз ин рӯ, тамоми мардуми кишвар, ба хусус ҷавонон бояд ба қадри якпорчагии Тоҷикистони азиз расида, зираки сиёси хешро ҳифз намоянд.

     Рузибоиён Нодирпур 

корманди Институт

БОЗГАШТ