ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – САРҶАМИИ МИЛЛАТ

Муаллиф: Махмедов Муҳаммадҷон

Расм

        Рӯзи Ваҳдати миллӣ як рӯзи бузург буда, он на танҳо барои ба хотир овардани воқеаҳои муҳими таърихии кишварамон, балки таваҷҷуҳи тамоми шаҳрвандони кишварамонро ба аҳамияти ваҳдату иттиҳод равона  менамояд.  Дар ҳақиқат, Ваҳдати миллӣ аст, ки сулҳу субот, оромиву осоиштагӣ, пешрафту тараққиёт, ободии давлату миллат ва зиндагии шоистаи мардум таъмин аст. Ваҳдат оғози ҳамаи созандагиву ободкориҳо, ибтидои суботи сиёсиву иҷтимоӣ, некӯаҳволии рӯзгори ободу осудаи мардум ва эҳёи худшиносию худогоҳӣ ва роҳ ба сӯйи фардои дурахшон аст.

         Худи калимаи “ваҳдат” беҳтарин неъмат барои  кулли инсоният буда, он тамоми некию хубиҳои дунёро дар худ таҷассум намудааст. Зеро танҳо бо будани ваҳдат душворию  монеаҳо паси сар мешаванд. Рӯзгори мардум рӯ ба беҳбудӣ мениҳад ва халқ орому осуда зиндагӣ менамояд.

  Ваҳдати миллӣ барои ҷомеаи устувор ва шукуфон аҳамияти ҳалкунанда дорад, зеро он имкон медиҳад, ки барои ноил шудан ба ҳадафҳои муштарак амалҳои дастаҷамъӣ анҷом дода шаванд.

Бо шарофати Пешвои миллат ҳоло давлати мо дар самти тараққиёт  қадамҳои устувор гузошта, аз рӯи бисёр нишондиҳандаҳо дар минтақа пешсаф мебошад. Иқтисодиёти Тоҷикистон  рӯз то рӯз  усутвор ва рақобатпазир шуда, мо ба кишвари содиркунанда табдил гардидем. Истихроҷи тиллову нуқра, алюминий ва маъданҳои гуногун, истеҳсоли молҳои ниёзи мардум  камтарин дастовардҳои истиқлолият мебошанд.

Ваҳдати миллӣ падидаи нодири даврони соҳибистиқлолии кишвар буда, рамзи баҳамоӣ, сарҷамъӣ ва иттиҳоду ягонагӣ мебошад, ки пирӯзии фарҳанги сулҳ ва ақлу заковати солими миллати солору хирадманд ва сулҳпарвари тоҷикро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ мекунад.Имрӯз дарахти сулҳу ваҳдати тоҷикон меваҳои шаҳдборе ба бор овардааст.

Ин дастоварди нодири миллат, ҳоло ба ҳайси ҷузъи таркибии суннати таҳаммулгароӣ дар пешрафти ҳаёти сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварамон нақши бузург дорад.Имрӯз кишвари мо аз файзу баракати ваҳдати миллӣ дар шоҳроҳи рушди устувор қарор дошта, сатҳу сифати зиндагӣ, маърифату ҷаҳонбинӣ ва эҳсоси худшиносиву ифтихори миллии ҳамватанони мо торафт таҳкиму густариш меёбад.

         Бо шарофати дастовардҳои кишварамон, аз ҷумла Ваҳдати миллӣ,ки бе восита заҳмати шабонарузии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, имрӯзҳо озмунҳои илмӣ ташкил карда шуда, тамоми хурду бузурги мардуми Тоҷикистон метавонанд  дар он иштирок намоянд. Мақсади озмунҳои зикршуда, боло бурдани маърифати ҳуқуқӣ, дарки арзишҳои миллӣ, эҳтиром ва посдоштани ҷашнҳои миллӣ аз қабили ваҳдати миллӣ мебошад.

         Ваҳдати миллӣ, ки имрӯз дар сар то сари кишвар ҳукмфармост,ин пеш аз ҳама барои рушди  иттифоқи тамоми шаҳрвандон, сарфи назар аз миллату дину мазҳаб,тарҳрезии иқтисодии ягонаи барои ҳамаи қишрҳои ҷомеа манфиатбахшро таъмин намудааст.Бешубҳа, ваҳдати миллӣ барои мо дастоварди ниҳоят пурарзиш, шарти асосии некуаҳволии халқамон ва таҳкурсии боэътимоди пешрафту ободии Ватани маҳбубамон мебошад.

  Пешвои миллат муҳтарам Э        момалӣ Раҳмон дар баромадҳои хеш қайд менамоянд,ки  ваҳдату ҳамбастагӣ ба сифати кафили пешрафти ҷомеа бояд пайгирона минбаъд низ ҳамчун мафкураи давлатӣ сармашқи фаъолияти кулли ниҳодҳои расмию ғайрирасмии ҷомеа эътироф карда шавад.

Бояд гуфт, ки ваҳдат, ҳамчун падидаи нодири иҷтимоӣ, як ҷузъи муҳим ва ногусастании фарҳанг ва ҳаёти иҷтимоии мардуми тоҷикро ташкил медиҳад.Худи ин дастовард яъне ваҳдати миллӣ далели давлати босубот будани Тоҷикистон мебошад.

         Қайд кардан бамаврид аст,ки сулҳу ваҳдати миллӣ истилоҳе ҳастанданд,ки  ин ҳамеша дилчаспу дилнишин ва бо лаҳни шево садо дода, бевосита шунавандаро ба амиқ фикр кардан ва ба тафаккури аниқ водор месозад.

Махмедов Муҳаммадҷон 

ходими хурди илмии шуъбаи Аврупои

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои

Осиё ва Аврупои АМИТ

 

БОЗГАШТ