ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - САРЧАШМАИ СУЛҲУ ЯГОНАГӢ ВА ХУШБАХТИИ ИМРӮЗУ ФАРДОИ ТОҶИКОН

Муаллиф: Воҳидова Санавбарбону

Расм

«Ваҳдат барои мо як вожа ва калимаи оддӣ нест, балки номаи тақдири мо, шарти пешрафти кишварамон ба сӯйи ояндаи ободу осуда ва муҳимтар аз ҳама кафили сарҷамъиву хушбахтии имрӯзу ояндаи халқамон аст».

Эмомалӣ Раҳмон

   Вақте ки мо ба оинаи таърихи навини Тоҷикистон назар меандозем, мебинем, ки сулҳу суботи тоҷикон ба осонӣ ба даст наомадааст. Воқеан, аз аввали солҳои 90-уми қарни гузашта то ноил гардидан ба ваҳдати миллӣ Тоҷикистони соҳибистиқлол гирифтори ҷанги шаҳрвандӣ гардида, дар он рӯзҳо бенизомиву бетартибӣ ҳукмфармо, меъёрҳои қонунҳои давлат зери по шуда, бесарусомониву ҷинояткорӣ қариб дар ҳама соҳаҳои иҷтимоӣ шакли муташаккилонаро гирифта буд. Дар ин марҳила, бисёре аз фарди Тоҷикистон Ватанро тарк карда, ба дигар кишварҳо фирор намудаанд.

   Аз ҷумла, ман даъватнома доштам ба Донишгоҳи Ҳумболди Олмон, шавҳарам даъватнома доштанд ба Донишгоҳи Михаил Ломоносови шаҳри Маскав. Мо ба ҳеҷ куҷо нарафтем, гуреза ҳам нашудем, бо тамоми мардуми Тоҷикистон азият кашидем. Илова бар ин, дар ин раванди фазои ҷангӣ дар яке аз хиёбонҳои шаҳри Душанбе 30 нафар қумандонҳои ниқоби сиёҳ пушида, моро бо тиру туфанг таъқиб намуданд. Дар натиҷа моро аз нақлиёти “камаз” фароварданд. Пас аз он шавҳарам гуфтанд, ки ман Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Тоҳиров Фозил Тоҳирович ҳастам. Баъдан яке аз қумандонҳо ӯро шинохта, хушбахтона моро раҳо кард, ки то ҳанӯз ин лаҳзаҳои мудҳиш аз ёдам намеравад.

   Он вақт ман бо оилаам дар хиёбони Айнӣ зиндагӣ мекардам. Баъди кор дар хонаамон тирҳоро дарёфт мекардем. Оинаамон мисли ғалбер шуда буд. Дар хиёбон садои тиру туфанг хело даҳшатноку шадид буд. Бинобар ин пеш гирифтани роҳи сулҳ ва ваҳдати миллӣ барои Тоҷикистон дар он рӯзҳои вазнин кори осон набуд. Ба бахти мо, як сиёсатмадори дурандешу  хирадманд амсоли  Президенти  кишварамон муҳтарам  Эмомали Раҳмон дар шароити мураккаби муноқишаи ҷанги шаҳрвандӣ давлатдории тоҷиконро аз парешонӣ ва парокандагӣ ҳифз карда тавонистанд.

   Ҳамин тариқ, Ваҳдати миллӣ ва тарғибҳои ғояҳои сулҳпарварии ӯ буд, ки Тоҷикистон дар арсаи минтақа ва байналмилалӣ дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ эътибору манзалати хоса пайдо намуд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин хусус гуфтаанд, ки «Ваҳдати миллӣ ҳамчун падидаи нодири даврони соҳибистиқлолии кишвар барои сарҷамъ намудани миллати дар ҳоли парокандашавӣ қарордоштаи тоҷик ва аз вартаи нестӣ раҳоӣ бахшидани давлати навини тоҷикон нақши басо бузургро иҷро кард». Зеро дар натиҷаи ҷанги шаҳрвандӣ зиёда 150 ҳазор инсонҳо ҷони худро аз даст додаанд. Кӯдакон бе сарпараст монданд. Дар лаҳзаҳои ҳассос ва мушкил Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бахти тоҷикон шахсияти адолатпарвар, меъмори сулҳу субот, шахсияти оқилу доно тоҷиконро ҳифз карда тавонистанд.

   Пеш аз он ки мо дар фазои сулҳу субот зиндагӣ кунем, чи қадар гуфтушунидҳо ва созишномаҳо дар Қазоқистон, Теҳрон, Маскав шуда гузаштаанд, ки билохира 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расонида шуд. Ин санади муҳими таърихӣ ва фаромушношуданӣ дар кишвари маҳбуби мо моро аз вартаи ҳалокат ва нобудӣ наҷот дод. Воқеан ҳам ин ҳуҷҷат, сарчашмаи сулҳу ягонагӣ, ваҳдату якдилӣ ва ҳамдигарфаҳмию рафоқати мардуми тоҷик ба ҳисоб меравад. Зеро, дар ин рӯзи пурфайзи таърихӣ ормони чандинсолаи халқи азияткашидаи тоҷик ба воқеият пайваст, яъне дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия Созишномаи умумӣ дар бораи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид, ки бо ҳамин ба ҷанги бародаркушӣ миёни фарзандони миллат хотима гузошта шуд ва сулҳи бебозгаштро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вуҷуд овард.

   Ногуфта намонад, ки ташваббуси навбатии сулҳпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии хеш дар мубоҳисаҳои 79-уми умумии Маҷмааи умумии СММ барои ҳалли низоъҳо ва барқарорсозии сулҳу субот дар сайёра пешниҳод намуданд, ки қатъномаи махсуси СММ “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” қабул карда шавад.

   Ҳамин тариқ, ташаббуси ҷаҳонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бевосита аз таҳкими сулҳу субот ва амнияту оромӣ дар минтақа ва ҷаҳон гувоҳӣ медиҳад. Ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати кишвари сулҳдӯсту сулҳофар дар арсаи ҷаҳон боз ҳам баланд гашт ва шинохта шуд. Ин шаҳодати он аст, ки дар ҳақиқат мактаби дипломатияи сулҳи тоҷикон дар тақвият ёфтани нақш ва симои мусбати кишвар дар ҷаҳон хело бузург аст. Имрӯз Тоҷикистон бо сайю кушишҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи ҷаҳон ҳамчун кишвари пешбарандаи сиёсати хориҷии сулҳҷӯёнаву созанда эътироф шуда, кишвари мо дар асоси ҳамин мафҳум бо ҳамаи давлату созмонҳо ҳамкории судмандро ба роҳ мондааст. Аз ин лиҳоз, мо боварӣ дорем, ки ташаббуси навбатии Президенти мо “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” тавассути қатъномаи махсуси СММ аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ва қабул карда мешавад ва сулҳу суботро дар ҷаҳон пойдор месозад.

   Ногуфта намонад, ки воқеаи муҳими таърихӣ ин аст, ки дар сарҷамъ намудани Ваҳдати миллӣ ва иттиҳоду ягонагӣ муҳтарам Пешвои миллат нақши мондагор ва пурарзиш гузоштанд. Саҳми Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои баргардонидани гурезагон ниҳоят назаррас ва тақдирсоз мебошад.

   Вобаста ба ин Ҷумҳурии соҳибистиқлоли азизи мо дар марҳилаи сифатан нави рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ қарор дорад ва ба кишвари дорои низоми муосири муносибатҳои бозоргонӣ, иқтисоди миллии рушдёбанда ва фазои мусоид барои нақшаҳои бузурги пешрафту созандагӣ табдил ёфтааст.

Вале дар хусуси нақши як санади муҳими ҳуқуқӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авфи иштирокчиёни муқовимати сиёсӣ ва низомӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» махсус бояд қайд кард.

Маҳз дар асоси Қонуни зикршуда иштирокчиёни муқовимати сиёсӣ ва низомӣ аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод гардида, парвандаҳои ҷиноятӣ ва дигар маводи таъқибӣ доир ба онҳо қатъ карда шуданд.

Дигар ин, ки бо назардошти аҳамиятти масъалаҳои ҳуқуқӣ дар музокироти байни тоҷикон дар сохтори Комиссияи оштии миллӣ бахши махсус – зеркомиссия оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ таъсис дода шуд, ки вазифаи асосии он таҳияи механизмҳои амалӣ намудани масъалаҳои ҳуқуқии Созишномаи умумӣ буд.

Тағйироту иловаҳо, ки ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда мешуданд, таҳия ва мувофиқа гардида, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маъқул дониста, тавассути Парламенти кишвар ба раъйпурсии умумихалқӣ гузошта шуданд.

Омӯзиши таҷрибаи сулҳи тоҷикон аҳамияти байналмилалӣ низ дорад, зеро он яке аз мавзӯъҳоест, ки дар давоми даҳсолаи охир дар маркази диққати мутахассисони дунё, аз қабили сиёсатшиносон, низоъшиносон ва умуман сиёсатмадорону ҷомеаи башарӣ дар кишварҳои гуногуни олам қарор дорад.

Ва чунон, ки эътироф шудааст, таҷрибаи сулҳофарини тоҷикон дар ҳалли низоъҳои дохилии миллӣ дар нуқтаҳои гуногуни сайёра ҳамчун намуна истифода шуда метавонад.

Бо гузашти солҳо мо аҳамияти таърихии ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз, қиммати сулҳу субот ва Ваҳдати миллиро бештар дарк ва қадр намоем.

Дар марҳилаи ҳозира, ки мардуми шарифи Тоҷикистон бо эҳсоси гарми ватандӯстиву ватанпарастӣ ва хештаншиносиву ифтихори миллӣ созандагиву ободкориро ҳадафи муқаддаси худ қарор додааст, тамоми дастоварди Тоҷикистонро бо мавҷудияти суботи сиёсиву ҷамъиятӣ ва Ваҳдати миллӣ вобаста медонем.

Ҳамин тариқ, Сулҳи ба дастомада бояд ҳамеша дастури амал барои зиндагӣ ва фаъолияти шаҳрвандони Ҷумҳурӣ бошад.

Моро зарур аст, ки Сулҳу ваҳдатро дар шуур ва қалби наслҳои оянда бо як меҳру муҳаббат парвариш намоем, то ин ки онҳо низ саҳми арзандаи хешро содиқона дар рушду нумуи кишвари маҳбубамон гузоранд.

Маҳз аз баракати сулҳу суббот ва Ваҳдати миллӣ дар саросари кишвари тозаистиқлол падидаҳои навро фароҳам овард. Имрӯз шукргузор аз он ҳастем, ки Ваҳдати миллӣ сарчашмаи сулҳу ягонагӣ ва хушбахтии имрӯзу фардои тоҷикон боқӣ мемонад.

Дар ҳақиқат, сарбаландона иброз медорем: Тоҷикистон ба пеш!

 

Санавбарбону Воҳидова

сарходими илмии Шуъбаи ИДМ-и

Институти омӯзиши масъалаҳои

давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

 доктори илмҳои таърих, профессор

БОЗГАШТ