ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – ТАҲКИМБАХШИ ҲАЁТИ ОСОИШТА

Муаллиф: Холиқова Шоира

Расм

Таҳкиму тақвияти ваҳдати миллӣ ва ҳифзи сулҳу амнияти кишвар барои мо вазифа ва рисолати муқаддасу муқаддами умумимиллӣ ва умумихалқӣ мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

   Истиқрори сулҳ ва таъмини ваҳдати миллӣ яке аз дастовардҳои бузург ва нодиртарини халқи тоҷик дар охири садаи ХХ мебошад. Маҳз 27 - уми июни соли 1997 дар Кремли шаҳри Маскав дар нӯҳумин музокироти сулҳ миёни тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон – раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Саид Абдуллоҳи Нурӣ - раҳбари Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро ба тасвиб расониданд. Бо ҳамин ба ҷанги панҷсолаи дохилӣ хотима бахшида шуд. Аз ин пас дар ин санаи таърихӣ ҳамасола дар саросари Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо Рӯзи ваҳдати миллӣ ва ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ботантана ва шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил карда мешавад.

   Бояд зикр кард, ки 6-уми ноябр то 2-юми декабри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он тақдири миллати минбаъдаи халқи тоҷик ба рузнома гузошта шуд. Иҷлосияи XVI -уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тољикистон дар таърихи давлатдории минбаъдаи халқи тоҷик нақши бузург дошта, дар саҳифаҳои таърихи халқамон бо номи «Иҷлосияи тақдирсоз»  сабт карда шудааст. Зеро он ба ибтидои ваҳдати миллӣ ва барпо намудани сулҳу субот дар Тоҷикистон замина гузошт. Дар толори маҷлисгоҳ чунин суханҳо сабт шуда буданд: «Вакилони мардумӣ! Шумо ба ин ҷо барои он омадаед, ки хунрезиро манъ кунед. Дар сарзамини Тоҷикистон бояд сулҳ тантана кунад!». Дар он лаҳзаҳои хеле вазнин ва хассос на ҳар кас ҷуръат мекард, ки роҳбарии кишвари ҷангзада ва валангорро ба ӯҳда гирад. 19 ноябри соли 1992 ҷаласаи Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон якдилона ба вазифаи Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмонро пешбарӣ ва интихоб намуд. Раиси тозаинтихоб аз минбари баланди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханҳои зеринро ба забон меоварад: «Ман ба хонадони шумо сулҳ меорам ва то охирин фирории иҷборӣ ба Ватан барнагардад, осуда нахоҳам буд!» ва инчунин илова менамояд, ки «Ман барои амну амонии халқу Ватани азизам ҳозирам ҷони худро қурбон кунам!». Муроҷиатҳои Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олӣ ба гурезагон, ба парламентҳои Россия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, Қонун дар бораи авф, ки рӯзи 26 ноябри соли 1992 ба имзо расонида шуд, танҳо як ҳадафи муқаддас - таъмини сулҳу оромиро дар сарзаминамон ифода мекард. Минбаъд Иҷлосияи шонздањуми Шӯрои Олӣ барои барқароршавии сулҳ нақши муассир бозида, барои рушди ҳаёти сиёсиву иктисодӣ ва иҷтимоии халқамон заминаҳои мусоидро фароҳам оварда, маракаи «оши оштиро» эълон намуд.

Агар саҳифаҳои таърихро назар афканем мебинем, ки шиддат гирифтани оташи ҷанги шаҳрвандӣ, ҳисороти ҷонию молӣ, зиёд шудани шумораи гурезагон ба амнияти минтақа хатар эҷод намуда, ҳар лаҳза хавфи аз байн рафтани Тоҷикистони тозаистиқлол ва давлатдории навини тоҷик бештар мегашт. Дар ин лаҳзаҳои ҳассос тарафҳои муқобил хуб дарк карданд, ки бояд манфиатҳои миллиро аз хусуматҳои шахсӣ болотар,  кинаву адоватро нисбати якдигар дур гузоранд ва сари мизи музокирот ба ҳам оянд. Ин раванд ногузир будани оштии миллиро вусъат бахшид. Дар ҷараёни ҷанги дохилӣ 1992-1997 ҳудуди 150 ҳазор нафар кушта ва беш аз 1 миллион нафар муҳоҷир шуданд. Зарари иқтисодии ин ҷанг дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 10 миллиард доллари амрикоиро ташкил дод. Мардуми Тоҷикистон хуб дарк намуд, ки танҳо дар фазои сулҳу ваҳдати миллӣ давлати тозаистиқлоли хешро метавон устувор ва  ҳифз намуд. Ба имзо расонидани «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон»  мамлакатро аз таҳдиди нестшавӣ ва мардуми тоҷикро аз парешониву  парокандашавӣ нигоҳ дошт.

Мусаллам аст, ки то лахзаи имзо шудани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ халқи тоҷик марҳилаи ниҳоят вазнин ва пурпечутобро тай намуд. Дар ин марҳилаи тақдирсоз Ҳукумати Тоҷикистон ва мухолифин пеш аз ҳама бо дарки масъулияти таърихӣ дар назди наслҳои имрӯзу оянда ва бо назардошти манфиатҳои бунёдии миллату давлат бо  ҳам омада, барои таъмини сулҳу оромӣ, ваҳдати миллӣ, ҳар чи зудтар ба Ватан баргардонидани гурезаҳо ва сарҷамъ намудани миллат талошу фидокориҳо  мекарданд. Илова бар он ба воқеаҳои даҳшатовари Тоҷикистон Созмони Миллали Муттањид низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Раиси Шӯрои амнияти СММ 30 октябри соли 1993 изҳороти зеринро ироа менамояд: «Шӯрои амният бо нигаронии ҷиддӣ вазъияти Тоҷикистонро баррасӣ мекунад. Дар натиҷа ҳалокати одамон ва зарари моддии зиёде расида истодааст. Вазъияти Тоҷикистон амнияти тамоми минтақаро зери хавф мондааст. Шӯрои амнияти СММ тарафҳои даргирро даъват мекунад, ки амалиётњои ҳарбиро қатъ карда, ихтилофотро бо роҳи осоишта ҳал кунанд».

Ҳамин тариқ, 5 апрели соли 1994 дар ҳузури нозирон ва рӯзноманигорон дар яке аз маҷлисгоҳҳои вазорати корҳои хориҷии Россия гуфтушуниди аввалини сулҳи тоҷикон оғоз ёфт. Дар кушодашавии расмии гуфтушуниди тоҷикон Ливид Бото – намояндаи СММ дар Тоҷикистон, инчунин як зумра намояндагон аз Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Эрон, Россия, Чин, Англия иштирок доштанд. Музокироти сулҳи тоҷикон байни  ҳукумат ва мухолифин дар якчанд давр амалӣ карда шуд:

  1. аз 5-ум то 19-уми апрели соли 1994 дар шаҳри Москва;

  2. аз 18-ум то 28-уми июни соли 1994 дар шаҳри Теҳрон;

  3. аз 20-уми октябр то 1-уми декабри соли 1994 дар шаҳри Исломобод;

  4.  аз 22-юми май то 2-юми июни соли 1995 дар шаҳри Алма-Ато;

  5. аз 30-юми ноябр то 23-юми декабри 1995 дар шаҳри Ашқобод;

  6. аз 4-ум то 19-уми январи соли 1997 дар шаҳри Теҳрон;

  7. аз 26-уми феврал то 8-уми марти соли 1997 дар шаҳри Москва;

  8.  8-18-уми апрел, 21-29-уми майи соли 1997 дар шаҳри Теҳрон;

  9.  27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Маскав Ҳукумат ва мухолифин намояндаи махсуси Дабири кулли СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Г.Д.Меррем ба “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” имзо гузоштанд.

Бояд зикр кард, ки дар соли 1996 байни тарафҳо ягон гуфтушунид ба вуқуъ напайваст. Танҳо 10-11-уми декабри соли 1996 Сардори давлат ва роҳбари мухолифин Саид Абдуллоҳи Нурӣ дар Хустдеҳи Афғонистон мулоқоти тақдирсозе ба анҷом расониданд. Дар он вақт гуруҳҳои толибон аксар минтақаҳои Афғонистонро ба даст гирифта буданд. Ҳукумати ҳамонвақтаи Афғонистон бо сарварии Бурҳониддин Раббонӣ ва сипаҳсолор Аҳмадшоҳи Масъуд, ки бо толибон мубориза мебурданд, барои бе ягон мамониа баргузор гардидани ин вохӯрӣ кӯшиданд, ки амнияти онҳоро таъмин намуданд, ки он кори саҳл набуд.

Инак, бо гузашти вақт захмҳои ҷанг шифо ва харобаҳои ҷанг обод ёфта бошанд ҳам, рузҳои сахту  талх ва даҳшату фоҷиаангези он,  ки ҷони садҳо ҳазор нафарро аз задан монданд,  миллионҳо нафари дигарро овораву бехонумон кард фаромӯш нашудааст ва ҳаргиз фаромӯш нахоҳад шуд. Қалби модарони фарзандгумкарда ҳанузам барои доғи ҷигарбандаш меноладу месузад. Мавлоно Ҷалодиддини Балхӣ барҳақ гуфтааст, ки:

Баъди навмедӣ басе уммедҳост,

Аз паси зулмот басе хуршедҳост.

Музокироти сулҳи тоҷикон ҳарчанд,  ки роҳи мушкил ва тӯлониро аз сар гузаронид, меваи ширинро ба бор овард. Дар ҷараёни музокирот, ки зиёда аз 40 моҳ давом ёфту тарафҳо беш аз 20 маротиба сари мизи музокира нишастанд ва зиёда аз 40 ҳуҷҷати барои давлат ва миллати тоҷик муҳиму тақдирсозро ба имзо расониданд.

Бояд тазаккур дод, ки таҳлили ҷанги шаҳрвандӣ ва таҷрибаи сулҳи тоҷикон бори дигар собит менамояд, ки ба тарбияи насли наврас ва ҷавонон эътибори ҷиддӣ бояд дод, онҳоро дар рӯҳияи ваҳдату ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ тарбия ва роҳнамоӣ намуд. Аз ин лиҳоз омили асосии ҷашн гирифтани санаҳои таърихии кишварамон, аз ҷумла Ваҳдати миллӣ дар он зоҳир мегардад, ки мардуми Тоҷикистон, хусусан насли ҷавон ҳамеша аз  он бохабар бошанд. Донистану омухтани таъриху фарҳанги миллати худ, таҷрибаву сабақҳои гузаштаву имрӯзаи таърихи худ василаест, ки неъмати бебаҳо ва муқаддас – Ваҳдати Миллиро пос дорему ягонагии миллату давлатамонро ҳифз ва арҷгузорӣ намоем. Расидан ба сулҳу ба даст овардани оромиш роҳи осон набуд. Вале мардуми шарафманди тоҷик тавонист ин неъмати бебаҳоро ба даст орад ва ба аҳли ҷомеаи ҷаҳонӣ, кишварҳои дӯсту ҳамсоя бори дигар собит созад, ки мо - тоҷикон халқи сулҳофару хайрхоҳ ва соҳибтамаддуну бофарҳанг ҳастем.

Ҳамин тарик, нобасомониҳои солҳои 90-уми асри гузашта имтиҳони навбатии таърих ва озмоиши сарнавиштсозе буданд, ки мардуми Тоҷикистон аз сар гузаронид. Таҷрибаи сулҳи Тоҷикистон ба ҷаҳониён нишон дод, ки хиради азалии миллати тоҷик, ифтихору худшиносии миллии у афзалтар аз ҳама гуна манфиатҳои маҳаллӣ, қавмиву ҳизбӣ мебошад. Созишномаи умумии Истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима дод, ваҳдати ҷовидонаи мардуми шарифи Тоҷикистонро бунёд намуда, ба таҳкими истиқлолияти кишвар заминаи боэътимод гузошт ва миллатамонро аз худкушиву нобудшавӣ раҳо сохт.

Хулоса, дар барқароршавӣ ва пойдории сулҳи тоҷикон ҷидду ҷаҳди Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон намунаи дарси ибрат ва хештаншиносӣ мебошад.  Рисолати сулҳофарӣ ва талошҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боис шуд, ки музокироти миёни тоҷикон дар мӯҳлати нисбатан кӯтоҳ ба анҷом расад. Маҳз ба шарофати фарҳангу оинҳои таҳаммулгароии аҷдодиамон фарзандони фарзонаи миллати азизамон тавонистанд, ки Истиқлолияту Озодӣ, Асолату Ҳувият ва Ваҳдати Миллиро бо ҷасорату матонат ва фарҳанги баланди мардумсолорӣ барпо ва ҳифз намоянд.

Шоира Холиқова

ходими пешбари илмии шуъбаи

Шарқи Миёна ва Наздики

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои

 Осиё ва Аврупои АМИТ

номзади илмҳои филология

БОЗГАШТ