ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ТАҲКИМБАХШИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ

Муаллиф: Холиқова Шоира

Расм

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ТАҲКИМБАХШИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ

Бо ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола рӯзи Ваҳдати миллиро бо як ҷаҳон шодиву нишот ва шаҳомати хос ҷашн мегирад. Бояд қайд намуд, ки Ваҳдати миллӣ дар таърихи навини давлатдории миллати тоҷик бозёфти арзишмандтарин буда, он барои амалӣ гардидани ормонҳои миллати мо заминаи воқеӣ гузошт. Ин ҷашн моро бори дигар аз пайомадҳои ҷанги шаҳрвандӣ, ки дар таърихи давлатдории тоҷикон як ҳаводиси нанговар ва мудҳиш мебошад, хотиррасон менамояд. Ҷаҳду талош, ҷонбозиву фидокориҳои фарзандони фарзонаи миллат, махсусан сарвари давлат - Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки дар таърихи 27- уми июни соли 1997 дар шаҳри Москав дар шоҳидии намояндагони як қатор мамлакатҳои ҷаҳон, аз он ҷумла Федератсияи Русия, Эрон ва намояндаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расонида шуд. Ин марҳилаи нав ва тақдирсозро дар саҳифаи таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол боз намуд. Аз ин пас зиддияту ихтилоф ва муноқишаҳои дохилии Тоҷикистон хотима ёфтанд ва миллати парешону овора аз нав сарҷамъ омада, баҳри ободии мамлакат ва ояндаи гулгулшукуфон то имрӯз меҳнат ва талош менамояд.

Имрӯз мардуми шарафманди Тоҷикистон Ваҳдати миллиро дар баробари Истиқлоли давлатӣ неъмати бебаҳо ва муқаддас шуморида дар арсаи байналмилалӣ худро ҳамчун миллати сулҳдӯст, фарҳангпарвар, тамаддунофар ва созандаю бунёдкор муаррифӣ карда тавонистанд, ки боиси ифтихори халқи тоҷик мебошад. Воқеан ҳам, заминаи асосии Ваҳдати миллӣ пеш аз ҳама ин хиради азалии мардуми худогоҳу ватанпарвар ва саъю талошҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, халқи тоҷикро дар масири таърих ҳамчун миллати куҳанбунёд, бонангу номус, бохираду адолатхоҳ, бунёдкору заҳматкаш шиносонд. Бо ҳамин таҳаммулпазирӣ ва хислатҳои накуву созанда ҷомеаи ҷаҳониро водор сохт, ки ҷумҳурии тозаистиқлоли моро эътироф намоянду эҳтиром гузоранд.

Ҷашни Ваҳдати миллӣ барои наслҳои ҷавон хотиррасон менамояд, ки бар ивази чӣ қадар азобу машаққат дар кишвар сулҳу субот барқарор гардида, минбаъд барои устувор нигоҳ доштани он пайваста бояд талош намуд. Дар ҷараёни ҷанги шаҳрвандӣ, ки баҳори соли 1992 ба вуқуъ пайваст, ҳудуди 150 ҳазор нафар халқи тоҷик кушта, бисёр ҳамватанони мо бехонаву дар ва ҳазорон нафар кӯдакону наврасон ятим монданд ва беш аз 1 миллион нафар муҳоҷир шуданд. Зарари иқтисодии ин ҷанг дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 10 миллиард доллари амрикоиро ташкил дод. Барои ноил шудан ба чунин дастоварди тақдирсоз Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши калидӣ бозид. Яъне заминаҳои пойдори фароҳам овардани роҳи минбаъдаи рушди ҳаёти миллатамон ҳануз дар Иҷлосияи XVI-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи ноябри соли 1992 дар қасри Арбоби ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид, гузошта шуд. Дар ин Иҷлосия Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тамоми неруи ҷавон ва созандаи худ ба халқи тоҷик муроҷиат намуда, чунин изҳор менамоянд: “То даме, ки силоҳро нагузорему сулҳу оромиро дар сарзамини худ барқарор насозем ва ба меҳнати созанда шуруъ накунем, ҳеч гуна кумаку мусоидати кишварҳои дигар вазъияти моро беҳтар карда наметавонад. То охирин гурезаҳои иҷбориро ба Ватан барнагардонам, худро орому осуда ҳис карда наметавонам ва тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва дар ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии Ватани азизамон содиқона хизмат мекунам”.

Воқеан ҳам, барои баргардонидани гурезаҳои тоҷик аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон сарвари давлат ҷони худро дар хатар гузошт. Дар ҳамон давра касе аз зинда мондан ва ба чунин комёбиҳо расиданро тасаввур карда ҳам наметавонист. Маҳз бо азми қавӣ ва хоҳишу талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мусолиҳаи миллӣ ва гуфтушуниди байни тоҷикон шуруъ шуд. Сиёсати оқилона, дурандешӣ, қатъият, садоқат ва сулҳхоҳии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боис шуд, ки дар кишварамон суботу амният ва сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ барқарор гардад.

Аз ин рӯ, фаромуш набояд кард, ки пешрафту пирӯзиҳои то ба имрӯз бадастомадаи кишвари азизамон бо шарофати соҳибистиқлолӣ ва Ваҳдати миллӣ буда, ҳифзи дастовардҳои Истиқлолият, таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар як фарди худшиносу ватандӯст ва баномус мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хар як вохуриву баромадҳояшон доимо таъкид менамоянд, ки “Ҳар як фарди бедордили ҷомеа, ҳар як шаҳрванди бонангу номуси Тоҷикистон, ки барояш Ватан ва сарзамини аҷдодӣ қадру манзалат дорад, бояд сулҳу ваҳдатро чун гавҳараки чашм ҳифз карда, барои ободиву пешрафти кишвар ҷаҳду талош намояд”. Дар ин ҷода ва дастрасӣ ба мусолиҳаи миллӣ ҳусни ният, садоқат, ватанхоҳӣ ва миллатдӯстии Пешвои миллат, мухтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле беназир мебошад. Зеро раванди сулҳи тоҷикон рӯйдоди душвор, вале муҳими сиёсие буд, ки сарнавишти миллати тоҷикро муайян намуда, заминаи муттаҳидӣ ва якпорчагии онро фароҳам сохт. Бо ҳамин ба ҷанги панҷсолаи дохилӣ хотима дода шуда, давлатдории тоҷикон аз вартаи нестшавӣ наҷот ёфт.

Бояд қайд кард, ки Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муттаҳидсозандаи миллати тоҷик барои беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум, ободии Ватан ва ояндаи давлати соҳибистиқлоламон заминаи мусоид фароҳам овард. Дар ин хусус Пешвои миллат, мухтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии мамлакат чунин қайд карда буданд: «Арзиши муқаддасу таърихӣ ва омили муҳимтарини ҳамаи дастовардҳои миллати мо баъди Истиқлолияти давлатӣ, бешубҳа, ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ мебошад.Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон роҳи рушду такомули минбаъдаи кишварро равшан сохт. Нақши созандаи сулҳу ваҳдат махсусан дар самти таҳким ва такмили давлатдорӣ, ки амалан заминаҳои зарурии ҳифзи истиқлолияти миллӣ, тамомияти арзии кишвар, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро таъмин мекунанд, возеҳ зоҳир гардид».

Имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлол зина ба зина ба дастовардҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмӣ ва фарҳангӣ ноил гашта, дар арсаи байналмилалӣ мақом ва ҷойгоҳи хоси худро пайдо кардааст ва ҳамчун давлати соҳибихтиёр ва узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ манфиатҳои миллии худро ҷасурона ҳифз менамояд. Маҳз баъди ба даст овардани Истиқлолият Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналхалқӣ худро ҳамчун давлати фаъол муаррифӣ намуд. Аъзогӣ дар созмонҳои байналмилалӣ ба кишвари мо имкониятҳои васеъро фароҳам овардааст, то ин ки дар фаъолияти ин созмонҳо фаъолона ширкат варзад, сиёсати дохилӣ ва хориҷии худро шакл диҳад ва муносибати худро нисбат ба ҳалли масъалаҳои мубрам ва ҷаҳони муосир озодона иброз дорад. Ташаббус ва пешниҳодоти мухталифи кишвари мо нисбати ҳалли масъалаҳои гуногун аз тарафи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ҷонибдорӣ карда мешаванд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки Тоҷикистон дар асоси амалӣ намудани сиёсати хориҷӣ дар арсаи ҷаҳонӣ ҷойгоҳ ва мавқеи худро соҳиб гардидааст.

Ваҳдати миллӣ ва Истиқлоли давлатӣ боис шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳон ҳамчун кишвари созандаву ташаббускор дар ҳалли масоили ҷаҳонӣ ва таъсиргузор дар танзими равандҳои сиёсии минтақа шиносанду эътироф намоянд. Бо истифода аз сиёсати «дарҳои кушода» бо мақсади таъмини амнияти устувор ҷиҳати пешгирӣ аз хатарҳои афзояндаи ҷаҳони муосир пайваста робитаҳои дипломатии худро бо кишварҳои дуру наздик васеъ менамояд. То инчониб кишвари мо бо беш аз 180 давлати ҷаҳон муносибатҳои дипломатии худро дар асоси принсипҳои ҳуқуқи байналмилалӣ барқарор намуда, барои бартараф намудани масоили мухталиф, аз ҷумла дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонии сайёра ташаббусҳои созандаро пешниҳод мекунад ва пайваста мекушад, ки барои таъмини амнияти минтақавӣ, дар ҳалли мушкилоти ҷаҳон ва ҷомеа мавқеи устувор ва калидиро ишғол намояд.

Пушида нест, ки дар шароити имрӯза ҳифзи суботи сиёсӣ ва таъмини сулҳу ваҳдат аз он вобаста мебошад, ки амнияти иттилоотии давлат дар кадом вазъ қарор дорад ва то кадом сатҳ қодир аст, ки таҳдиду хатарҳои навро пешбинӣ намуда, оромии ҷомеаро таъмин карда тавонад. Таҳдиду хатарҳои бавуҷудомада омили бесуботкунандаи ҷомеа ва заифгардонандаи пояҳои давлатдорӣ мебошанд. Дар муқобили Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби созмону ташкилотҳои экстремистию террористӣ паҳн намудани ҳар гуна иттилооти носаҳеҳ ва иғвобарангез пайваста роҳандозӣ карда мешавад. Ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои манъшуда тавассути таблиғот ва ташвиқоти идеологияи радикалӣ ба амнияти миллии мамлакат таъсири манфӣ мерасонад. Яъне тарғибу ташвиқи чунин ғояҳо аз ҳар тараф ба сохтори конститутсионии давлат, суботи сиёсӣ ва амнияти миллӣ таҳдид менамояд. Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҷеъ ба ин масъалаи ташвишовари ҷомеа- афзоиши хатари терроризм ва экстремизм дар ҳар баромадашон таъкид менамоянд, ки «Авзои сиёсии сайёра ҳоло бисёр ноорому бесубот ва боиси ташвишу нигаронии ҷиддии ҷомеаи ҷаҳон гардидааст. Кушишҳои азнавтақсимкунии ҷаҳон, мусаллаҳшавии бошитоб, қудратталабӣ, бархурди манфиатҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва ҷиноятҳои киберӣ торафт шиддат гирифта, ҷаҳонро ба марҳалаи нави ҷанги сард кашонидаанд ва имрӯз баъзе сиёсатмадорону коршиносон ҳатто доир ба хатари ҷанги сеюми ҷаҳон ҳарф мезананд». Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки барои пешгирии зуҳуроти номатлуб ва воридшавии мафкураи бегона мутаҳид шуда, барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва давлат ҷавононро дар руҳияи худогоҳию хештаншиносӣ, ҳисси дӯст доштани Ватан, эҳтиром ба арзишҳои миллию давлатӣ, ҳимояи марзу буми ватани азизамон тарбия намоем ва баҳри пойдории забону таърих ва фарҳанги миллиамон кушиш ба харҷ диҳем.

Мавриди зикр аст, ки Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз равандҳои иттилоотии ҷаҳонӣ дар канор буда наметавонад. Дар шароити кунунӣ ҷавонон, ки ҳамчун неруи асосии пешбарандаи ҷомеа маҳсуб меёбанд, бояд ҳамеша аз таҳдиду хатарҳои чаҳони муосир хабардор бошанд, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллиро пос доранд. Зеро ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва таъмини амнияти кишвари азизамон вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад. Инчунин, ҷавонон бояд зиракии сиёсиро аз даст надода, барои ҳифзи Истиқлолияти давлати худ ва пойдории Ваҳдати миллӣ, ки то чӣ андоза бо азобу машаққат ба даст омадааст, доимо тайёр бошанд. Зеро ҳушёрӣ, бедории миллат - кафолати озодиву осоиштагии мамлакатамон мебошад. Барҳак, мо танҳо ва танҳо бо роҳи ваҳдат, иттиҳоду ягонагӣ, якдигарфаҳмӣ истиқлоли кишварамонро муҳофизату пойдор, ваҳдати миллиамонро устувор ва якпорчагии марзи меҳани аҷдодии худро ҳифз карда метавонем.

Ҳамин тариқ, дар такя ба сабақҳои таърих ва хиради мардуми фарҳангсолори тоҷик, талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми соҳибмаърифату сулҳҷӯи моро зарур аст, ки боз ҳам зери парчами ваҳдату ягонагии миллат ба ҳам омада, барои пойдории давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва пешрафти ҳаёти сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии ватани маҳбубамон - Тоҷикистони азиз саҳми арзанда гузорем.

Холиқова Шоира,

нозади илмҳои филология,

ходими пешбари илмии шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

БОЗГАШТ