"Як камарбанд-як роҳ" дар Осиёи Марказӣ: мушкилоти амниятӣ ва ҳалли онҳо

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

  Шоҳроҳи  абрешим–як масири пайвасткунандаи Шарқ ва Ғарб буд, ки дар таърихи кишварҳои Осиёи Марказӣ аҳамияти махсусро касб намудааст. Ин роҳ сабаби пайдоиши бисёр шаҳрҳои беназир, ёдгориҳои таърихӣ, гумрук ва ҳатто давлатҳо шудааст. Шоҳроҳи  абрешим–аз асри II п.а.м. то асри XV мелодӣ арзи вуҷуд кардааст. Чунин ном гирифтани он рамзӣ аст. Вожаи «Шоҳроҳи абрешим» (Great silk road) танҳо дар охири асри XIX пас аз нашри китоби таърихшинос Фердинанд Рихтгофен таҳти унвони «Хитой» ба илм ворид карда шуд. Азбаски матоъҳои абрешимии Хитой, махсусан атлас, ё худ шоҳӣ, ки яке аз молҳои асосии тоҷирон ба ҳисоб мерафт, минбаъд аз тарафи тадқиқотчиён номи «Шоҳроҳи  абрешим» - ро гирифт.
  Оғози робитаҳои мутақобилан судманди мардуми Чин ва халқҳои Осиёи Марказиро роҳбарияти Ҷумҳурии Мардумии Чин чунин шарҳ медиҳанд: Зиёда аз 2100 сол пеш фиристодаи сулолаи Хан бо номи Чжан Тзян бо рисолати сулҳ ва дӯстӣ ба Осиёи Марказӣ ду маротиба сафар карда буд. Маҳз ҳамин сафарҳо ба равобити дӯстонаи Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ замина гузошта, Роҳи Абрешимро аз Шарқ ба Ғарб, аз Осиё ба Аврупо боз карданд [4]. Яъне аз ин гуфтаҳо бармеояд, ки Осиёи Марказӣ минтақаи калидии Шоҳроҳи  абрешим будааст ва худи мардуми Чин мавқеи муассир доштани халқҳои Осиёи Марказиро дар рушди ин роҳ инкор намекунад.
  Оғози фаъолияти Шоҳроҳи  Абрешим ба соли 138 п.а.м. рост меояд, вақте ки Императори Хан У-ди, дипломат ва стратеги худ Чжан Тзянро барои бастани шартномаҳои ҳарби бо қабилаҳои сакоӣ-кушонӣ (чинӣ –юэчжи) мефиристад. Ин қабилаҳо ҳанӯз дар даврони аввалин ҳуҷумҳо ба самти ғарб, яъне ба минтақаи ҳозираи Осиёи Марказӣ ҳаракат карда буданд. Зимни сафар Чжан-Тзян аз пойтахти Хан мустақиман ба самти Осиёи Марказӣ раҳсипор мешавад [1. с.46]. Аз паси ӯ дар ин масир корвонҳо бо абрешим ба Ғарб рафтанро оғоз намуданд. Дар Чин низ молҳо аз баҳри Миёназамин, Шарқи Наздик ва Миёна ва Осиёи Марказӣ пайдо шуданд. Минтақаи Осиёи Маркази дар ин роҳ мавқеи аҳамиятнок дошт. Халқҳои Осиёи Марказӣ, хусусан суғдиён ва бохтариён, ки бешубҳа  роҳнамои ҳар ду ҷониб буданд, дар пайванди ду тамаддуни бузург - Ғарб ва Шарқи Дур нақши барҷаста доштанд.
  Чи тавре ки аз сарчашмаҳо бармеояд дар ташаккул, вусъат ва инкишофи ин роҳи афсонавии савдои ҷаҳонӣ гузаштагони халқи тоҷик (бохтариён, суғдиён, сакоиҳо, тахориён, помириён ва ғайра) саҳми сазовор гузоштаанд. Ин ҳисса бо миқёс ва умқи худ аз саҳми хитоиҳо, эрониҳо, юнониҳо, румиҳо, арабҳо ва халқҳои дигар бе шакку шубҳа кам нест [1. с.5]. Яъне агар фаъолияти халқи тоҷикро дар ташаккулёбии Шоҳроҳи бузурги абрешим ба дигар халқҳо муқоиса намоем, нисбатан назаррас аст. Чунки халқи тоҷик дар минтақаи транзитии роҳ қарор дошт ва маҳсулоти асосии ин роҳ аз минтақаи Осиёи Марказӣ гирифта мешуд. Вобаста ба макони ашёи хоми “Роҳи абрешим” будани Осиёи Марказӣ ва  равшантар гардидани саҳми халқҳои Осиёи Марказӣ дар ин роҳ баъзе аз сарчашмаҳоро қайд кардан ба маврид аст.
  Аслан гирем, пеш аз он ки “Шоҳроҳи  абрешим” пайдо шавад, дар минтақаи Осиёи Марказӣ роҳҳои тиҷоратии дигар низ мавҷуд буданд. Тавассути ин роҳҳо халқи тоҷик ба Аврупову Африқо, ба Шарқи Миёнаву Наздик ва Шарқи Дур молу маҳсулотро содирот ва воридот мекарданд. Ин масъаларо коршиноси соҳа Мамадазимов Абдуғанӣ дар китоби худ “Великий шелковый путь. История становления, расцвета и распада” чунин асоснок намудааст: Роҳи абрешим аз сифр ташаккул наёфтааст, ин роҳи тиҷорати ҷаҳонӣ ҳадди аққал вориси панҷ роҳи тиҷоратии минтақавӣ буд:
  1. Роҳи лоҷувардӣ;
  2. Роҳи нефритӣ;
  3. Роҳи шоҳона;
  4. Роҳи скифо-саккоиҳо;
  5. Роҳ аз Бохтар то Ҳиндустон[1. с.5].
  Ҳамчунин донишмандони хориҷи кишвар низ дар бораи роҳҳои тиҷоратии то мелодӣ дар Осиёи Марказӣ таҳқиқотҳо анҷом додаанд. Масалан яке аз онҳо бостоншиноси машҳури рус Сарианиди В. И. оид ба фаъолият дар нимаи аввали ҳазораи I п.а.м хабар медиҳад: Дар замонҳои қадим лоҷувард дар Бадахшон истихроҷ мешуд ва тавассути хатсайри лоҷувардӣ, ба Эрону Байнаннаҳрайн, Сурия, Миср ва дигар кишварҳои ҳамсоя интиқол дода мешуд [1. с.5].
  Дар асри V п.а.м. ба Чини қадим ворид гардидани лоҷувард оғоз шуд, аммо дар он ҷо таваҷҷуҳи васеъ пайдо накард, чунки дар он ҷо аз замонҳои қадим то имрӯз маъдани дигари қимматбаҳо–нефрит  бартарият дошт [1. с.5]. Ин гувоҳӣ аз он медиҳад, ки маҳсулотҳои қимматбаҳои Чин низ он замон аз Осиёи Марказӣ бароварда мешуд ва тавассути роҳи минтақавӣ ба Чин ворид мешуданд. Дар ин вақт ҳоло роҳи абрешим вуҷуд надошт ва мардумони Осиёи Марказӣ тавассути роҳҳои минтақавии худ тиҷоратро ба роҳ монда буданд.
  Ин ва дигар сарчашмаҳо гувоҳи он ҳастанд, ки халқҳои Осиёи Марказӣ ҳамчун мардуми бумии минтақа дар рушд ва ташаккули “Роҳи Бузурги Абрешим” нақши аввалиндараҷаро бозидаанд. Чунки, ҳануз пеш аз пайдоиши “Роҳи бузурги абрешим” халқҳои минтақа ба тиҷорат машғул буданд ва дар интиқоли молу маҳсулотҳо аз Чин ба Аврупо муваффақ гаштаанд. 
  Аммо баъд аз пайдо шудани роҳҳои баҳрӣ  “Роҳи бузурги абрешим” моҳияти худро аз даст дод. Дар асри XXI тибқи талаботи рӯзафзуни ҷаҳони муосир ин роҳ аз нав эҳё гардид. Бо назардошти аҳамияти таърихӣ ва мавқеи муассири минтақаи Осиёи Марказӣ, ташаббуси “Эҳёи роҳи бузурги абрешим” аввалин бор маҳз дар ҳамин минтақа ироа гардид. Ғояи ташаккули “Камарбанди иқтисодии роҳи абрешим” аз ҷониби Роҳбарияти Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин, бори аввал зимни суханронӣ дар Донишгоҳи Назарбоеви Остона ҳангоми сафари давлатӣ ба Қазоқистон моҳи сентябри соли 2013 садо дод [3]. Ташаббуси Ҷумҳурии Халқии Хитой аз ҷониби сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дастгирӣ ёфт ва қайд карда шуд‚ ки амалишавии ин лоиҳа дар рушди соҳаи иқтисодии ҳар як кишвар нақши калонро хоҳад бозид.
  Тавре Си Ҷинпин қайд намуд, Чин ва кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ як ҳадафи умумии стратегӣ доранд, ки ин рушди устувори иқтисодиёт, шукуфоӣ ва қудрати давлатҳо мебошад. Роҳбари Чин ба зарурати "тавсеаи ҳамаҷонибаи ҳамкориҳои амалӣ" ва "табдил додани афзалиятҳои муколамаи сиёсӣ, наздикии ҷуғрофӣ ва ҳамбастагии иқтисодӣ ба манфиати ҳамкорӣ, рушди устувор, эҷоди ҷомеаи мусоид барои манфиатҳои тарафайн ва муштарак"-ро таъкид намуд [3]. Дар ин робита, Си Ҷинпин истифодаи моделҳои нави ҳамкориро дар Авруосиё ва кӯшиши муштаракро барои ташаккули “Камарбанди иқтисодии роҳи абрешим” даъват кард ва барои ин панҷ тадбири заруриро пешниҳод намуд:
  Якум, таҳкими ҳамкориҳои сиёсии давлатҳо бо мақсади мусоидат ба ҳамгироии иқтисодии минтақавӣ;
  Дуюм, суръатбахшии сохтмони шабакаи ягонаи роҳ, ки ба ташкили хатсайри нақлиётӣ аз Уқёнуси Ором то баҳри Балтика имкон медиҳад;
  Сеюм, таҳкими равобити тиҷоратӣ ва ҳамкориҳои сармоягузорӣ тавассути таҳияи нақшаи рафъи монеаҳои гуногун бо мақсади баланд бардоштани суръат ва сифати амалиёти иқтисодӣ дар минтақа;
  Чорум, тавсеа додани истифодаи пули миллӣ дар ҳисоби амалиёти ҷорӣ ва сармоявӣ, ки хароҷоти нақдро коҳиш диҳад, системаи молиявии кишварро аз хатарҳо муҳофизат намояд ва рақобатпазирии иқтисоди минтақаро баланд бардорад;
  Панҷум, таҳкими ҳамкориҳои гуманитарӣ, мусоидат ба ҳамдигарфаҳмӣ ва дӯстии халқҳо бо мақсади "заминаи иҷтимоӣ барои рушди ҳамкориҳои минтақавӣ" [3]. Барои кишварҳои Осиёи Марказӣ лоиҳаи пешниҳоднамудаи Ҷумҳурии Халқии Хитой метавонад ба таври кофӣ бурднок бошад. Ин лоиҳа имконият медиҳад‚ ки фазои иқтисодии Авруосиё ба вуҷуд оварда шавад. Бо ҳамин мақсад Ҷумҳурии Халқии Хитой имрӯзҳо қадамҳои устувори худро баҳри рушди муносибатҳо бо кишварҳои ин минтақа гузошта истодааст.
  Моҳи октябри соли 2013, дар ҷараёни сафари худ ба кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, роҳбари Ҷумҳурии Мардумии Чин ба кишварҳои аъзои АСЕАН идеяи сохтмони муштараки “Роҳи баҳрии абрешими асри XXI”-ро пешниҳод намуд. Ҳарду ташаббус–“Камарбанди иқтисодии шоҳроҳи абрешим” ва “Роҳи баҳрии абрешими асри XXI”- ба консепсияи умумии стратегии Ҷумҳурии Халқии Хитой бо номи "Як камарбанд-як роҳ" муттаҳид карда шуданд, ки имрӯз яке аз самтҳои асосии сиёсати иқтисодӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин муайян месозад.
  Чуноне, ки аз таърих ва воқеият бармеояд, сохтмони "Як камарбанд-як роҳ" бо Осиёи Марказӣ робитаи зич дорад. Ҳанӯз аз замонҳои қадим Осиёи Марказӣ дар маҷмӯъ вазъи суботи иҷтимоию сиёсиро нигоҳ медорад ва барои сохтмони “Як камарбанд-як роҳ” шароити хуб фароҳам меорад. Аммо дурнамои амнияти минтақа барои амалишавии ин лоиҳаи чинӣ ҳанӯз номуайян аст [2]. Бо назардошти таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, имруз натанҳо дар минтақаи Осиёи Марказӣ, балки дар тамоми ҷаҳон масъалаи амниятӣ муташанниҷ гардидааст. Чунин вазъият тамоми кишварҳоро водор месозад, ки барои рушд ва шукуфоӣ пеш аз ҳама иқтидори амниятии худро мустаҳкам намоянд. Аксарияти кишварҳо бо истифода аз зарфиятҳои молиявии худ, барои таҳкими амният чораандешиҳо намудаанд. Аммо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ масъалаи амният зери суол мемонад.
 
  1. Мушкилоти асосии амният дар Осиёи Марказӣ ва роҳҳои таъмини он
  Бо назардошти таҳдиду хатарҳои ғайрианъанавии ҷаҳони муосир ва “Бозии бузург”  дар минтақа, масъалаҳое ҳастанд, ки амнияти минтақаро халалдор намуда, ба оромию суботи он таҳдид мекунанд. Таҳдиду хатарҳои амниятӣ ба амалишавии лоиҳаҳои стратегӣ монеа эҷод мекунанд. Лоиҳаҳои бузургӣ стратегӣ дар кишварҳои минтақа бо сармоягузориҳои хориҷӣ амалӣ мегарданд. Сармоягузорони хориҷӣ зимни амалӣ намудани лоиҳаҳои стратегии худ аввалан ба масоили амниятӣ диққат медиҳанд. Таъмин набудани амният ва амалӣ нагаштани лоиҳаҳои стратегӣ ба пешрафти кишварҳои минтақа монеъ мешавад. Мушкилотҳои асосии амният инҳо мебошанд:
  1.Тавсеаёбии гурӯҳҳои экстремистӣ ва терористӣ. Қисми боқимондаи нерӯҳои “Давлати Исломӣ” мунтазири фурсати террористӣ ҳастанд. Террористони бозгаштаи таҷовузкор аз Сурия ва Ироқ дар минтақаи Осиёи Марказӣ махфиёна амал мекунанд ва шумораи қувваҳои террористии маҳаллӣ меафзояд. Ба ғайр аз ин, дар Афғонистон аллакай гурӯҳи терористии Толибон ба сари қудрат омад, ки ин имконияти хубе барои тавсеаи гурӯҳҳои ифротӣ ва террористӣ мегардад. Ҳамчунин пайравони чунин гурӯҳҳои ифротӣ дар минтақа дар ҳоли сар боло кардан ҳастанд.
  Нишондодҳои омории расмӣ дар бораи инкишофи зуҳуроти ифротгароёна дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфтаҳои болоро исбот мекунанд. Тибқи маълумоти омории Вазорати корҳои дохилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, агар дар соли 2010 дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ як ҳолати ташкилёбии ҷамъияти ифротӣ ба қайд гирифта шуда бошад, пас ин теъдод дар солҳои 2011-3, 2012–8, 2013–9, 2014–43 ададро ташкил додааст [5]. Ҳамзамон нишондодҳои омори расмӣ нисбат ба рақамҳои воқеӣ хеле пасттар аст, зеро бисёр амалҳои гурӯҳҳои мазкур аз назар пинҳон мемонанд.
  2.Таъсири афкорҳои гуногуни манфии иҷтимоӣ. Андешаҳои зидди ҷаҳонишавӣ ва протексионизм, ки популизм, сепаратизм ва миллатгароӣ дар соҳаи савдо бо он алоқаманданд, ба тамоми ҷаҳон таъсири амиқ гузошта, ба амнияти минтақавӣ таъсир мерасонанд. Чунин андешарониҳо дар миёни мардумони минтақа аллакай паҳн гашта, таъсири манфии худро гузоштааст. Гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, тақлид ба фарҳангӣ бегона ва кӯчиши мағзҳо натиҷаи он мебошанд. Барои мисол, тибқи иттилои расмӣ шумораи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оғози нооромиҳо дар Сурия ва Ироқ ба ҳудуди 2000 мерасид, ки миёни онҳо занону кӯдакон низ буданд.
  Дар мавриди тақлид ба фарҳанги бегона ҳақ ба ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки зимни суханронии хеш бахшида ба Рӯзи модарон 7 марти соли 2020 дар робита ба ин масъала таъкид намуданд: “Мехоҳам таваҷҷуҳи модарону бонувони муҳтарамро бори дигар ба масъалаи риояи расму ойинҳои миллӣ, аз ҷумла тарзи либоспӯшӣ, хусусан, дар ноҳияҳои атрофи пойтахти мамлакат ҷалб намоям. Тақлид ба либоспӯшии бегона, яъне бегонапарастӣ нишонаи возеҳи бефарҳангиву бемаърифатӣ ва гузашта аз ин, ҷаҳолат аст ва оқибати хуб надорад”.
  Вобаста ба масъалаи фирори мағзҳо метавон гуфт, ки “тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилии Русия, танҳо дар соли 2020, зиёда 63 ҳазору 389 нафар тоҷикистониён шаҳрвандии Русияро ба даст овардаанд. Аз рӯи ҳисоботҳо ба ҳисоби миёна ҳар рӯз 174 тоҷикистонӣ шаҳрванди Русия шудааст [8]. Ҳамаи ин шаҳрвандоне, ки рафтанд бо мақсади пайдо намудани шароити хуби зиндагӣ ва истифодаи қобилиятҳои хеш рафтанд. Дар сурате, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба чунин мутахасисон ниёз дорад.
  3. Ихтилофоти сарҳадӣ боиси низоъҳои низомӣ мешаванд. Баҳсҳои минтақавӣ ва муноқишаҳои қавмии марзӣ пурра бартараф карда нашудаанд. Дар ин шароити беназир, имконияти ба муноқишаҳои ҳарбӣ табдил ёфтани баҳсҳои ҳудудӣ ва муноқишаҳои қавмӣ ба таври назаррас афзоиш ёфт. Қариб ҳама кишварҳои минтақа бо якдигар масъалаҳои ҳалношудаи сарҳадӣ доранд. Гарчанде ин кишварҳо ба СҲШ аъзо ҳастанд ва яке аз вазифаҳои ин созмон-ҳалли масъалаҳои сарҳади миёни кишварҳои аъзо мебошад. Масалан танҳо дар натиҷаи низоъҳои сарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон аз соли 2014 то 2022 – аз ҷониби Тоҷикистон 30 нафар кушта ва 132 нафар ҷароҳат бардоштанд. Аз ҷониби Қирғизистон бошад 37 нафар кушта ва 219 нафар маҷруҳ шуданд [6].
  4. Нооромии иҷтимоӣ ва ноустувории сиёсӣ. Дар ҳоле ки кишварҳои Осиёи Марказӣ таҳкими қудрат ва такмили идораро идома медиҳанд, номуайянӣ ба монанди интиқоли қудрат, фасод, адолати иҷтимоӣ ва экстремизм ҳамчунон вуҷуд доранд[2]. Воқеаҳои аввали моҳи январи соли 2022 дар Ҷумҳурии Қазоқистон бо мақсади иваз намудани ҳокимият мисоли равшантарин мебошад. Чунки пайдарҳам иваз шудани ҳокимият, яъне ваъдаҳои солҳои тӯлонӣ дар бораи ҷилавгирӣ аз фасод ва беҳбуди хадамоти иҷтимоӣ дар зиндагии рӯзмарраи қазоқҳо тағйироти чашмрасе наоварданд. Дар Ҷумҳурии Қирғизистон зуд-зуд иваз шудани ҳокимият тавассути инқилоб ба устувории давлат халадор месозад. Ҷумҳурии Туркманистон бо нигарониҳои амнияти ғизоӣ ва сару садоҳо дар бораи норозигӣ ва вазъи иҷтимоӣ аз ҷумла коҳиши субсидияҳо дар соли 2019 барои молҳои асосӣ ва коммуналӣ мубориза мебарад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ солҳои тӯлонӣ қувваҳои террористиву экстремистӣ пинҳонӣ фаъолият бурда, оқибат соли 2015 хостанд, ки даст ба табаддулот зада, ҳокимиятро иваз намоянд. Аммо хушбахтона муваффақ нашуданд.

  5. Экспансияи Чин. Яке аз проблемаҳои таъхирнопазире, ки коршиносон ба он таваҷҷуҳ мекунанд, ин пайгирии қувваи кории Чин аз сармоягузории Чин мебошад. Баробари сармоя, ворид шудани қувваи кории чинӣ ба нафъи кишварҳои Осиёи Марказӣ нест. Чунки дар худи минтақа захираҳои фаровони меҳнатӣ вуҷуд доранд. Ғайр аз он, бо назардошти тактикаи Чин оид ба содироти қувваи корӣ ба лоиҳаҳои инфрасохторӣ, чунин ба назар мерасад, ки танҳо Чин аз болои лоиҳаҳо, молҳо, хизматрасониҳо ва сармоя, назорат менамояд. Илова бар ин Чин мавқеи демографӣ ва геополитикии худро дар кишварҳои қад-қади масир васеъ менамояд.
 
  II.Сабабҳои асосии мушкилоти таъмини амниятӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ.
  Ин мушкилотҳои таъмини амниятӣ панҷ сабаби асосӣ доранд:
  1. Масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ. Душвориҳои иқтисодӣ заминаи мушкилоти гуногуни таъмини амниятӣ мебошанд. Пайдоиши пандемияи Covid-19 ба рушди иқтисодӣ халали ҷиддӣ расонд. Дар ин раванд кишварҳои минтақа сарҳадҳои худро бастанд, ки ин сабабгори коҳиши ҳамкориҳои иқтисодӣ гардид. Афзоиши нархҳо ва бекорӣ мушкилоти иқтисодиро шадидтар ва норозигии иҷтимоиро ба вуҷуд оварданд. Пеш аз пандемия низ болоравии нархҳо, бекорӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ ва нобаробарии иҷтимоӣ вуҷуд дошта, аммо вазъият шадидтар гардид.
  2. Рақобати қудратҳои бузург. Лоиҳаҳои муосири ҷаҳонӣ байни худ барои ин ё он минтақа рақобат мекунанд то ба ҳадаф расанд. Имрӯз барои фазои геополитикии Осиёи Марказиро ба даст даровардан байни қудратҳои ҷаҳонӣ‚ рақобат рафта истодааст. Лоиҳаи пешниҳод намудаи Ҷумҳурии Халқии Хитой низ як роҳи ба даст овардани ин фазо мебошад. Осиёи Марказӣ барои Иёлоти Муттаҳида як минтақаи муҳим барои пешбурди стратегияи боздошти зидди Чин аст. Русия Осиёи Марказиро минтақаи манфиатҳои ҳаётан муҳими худ мешуморад. Чин дар дурнамои дарозмуддат Осиёи Марказиро ҳамчун минтақаи ҳукмронии худ ва ҳамчун манбаи захираҳои табиӣ ва энергияи арзон меҳисобад. Ҳадафи Иттиҳоди Аврупо ин интиқоли захираҳои энергетикӣ аз Осиёи Марказӣ бидуни убур аз ҳудуди Россия мебошад. Сиёсатмадорони Туркия андешаи таъсиси давлати бузурги турктаборонро дар сар парварида, Осиёи Марказиро қисми таркибии он меҳисобанд. Эрон ҳам кӯшиш дорад бо рушди тиҷорат, лоиҳаҳои нақлиётӣ, таблиғоти мазҳабӣ ва қаробати фарҳангӣ бо Тоҷикистону Афғонистон дар минтақа таъсиргузор бошад. Ҳоло иқтисоди Покистон бо суръати баланд дар ҳоли рушд аст, ашёи хоми минтақа таваҷҷуҳи ин кишварро ба худ ҷалб кардааст. Стратегияи Ҳиндустон ба пайдо намудани ҷойгоҳ дар иқтисоди давлатҳои минтақа равона гардида таваҷҷуҳи асоси ба ҳамкориҳо дар соҳаи истихроҷи нафт, неруи барқ ва маъаданкорӣ нигаронида шудааст. Яъне ба ҳам омехтани қувваҳои гуногун дар минтақа ноустувориро зиёд мекунад.
  3. Шаклҳои нави рақобат. Рақобати рақамӣ шакли нави рақобат шудааст. Гурӯҳҳои ифротӣ Интернетро барои ҳамлаҳои идеологӣ ва паҳн кардани маълумот дар бораи ҳамлаҳои хушунатомез ва террористӣ истифода мебаранд, ки дар афзоиши оташ нақш доштанд. Технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ ба ташкилотҳои экстремистиву террористӣ имкон фароҳам овардаанд, ки идеология ва ғояҳои тарсафкании худро паҳн намоянд. Кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин самт заиф ҳастанд ва дар муқобили дахолату таъсир осебпазиранд.
  4. Мушкилоти гумрукӣ. Мушкилоти гумрукӣ баъзан ба фасод ва ихтилофоти сиёсӣ байни кишварҳо рабт дорад. Барои кишварҳои Осиёи Марказӣ зарур аст, ки стратегияи нигоҳдории тавозун, таҳияи лоиҳаҳои алтернативии нақлиётро идома диҳанд. Зеро ин имкон медиҳад, ки роҳҳои иловагии ворид шудан ба бозорҳои Осиёро фароҳам созад ва дувум, барои ҷилавгирӣ аз хатарҳое чун вобастагии иқтисодӣ аз як қудрати бузургро бартараф мекунад.
  5. Фирори мағзҳо. Инқилоби саноатӣ ҳамчун мавзӯи мубрам дар миёни элитаи сиёсии кишварҳои Осиёи Марказӣ маъруф аст, аммо кишварҳои минтақа сармояи инсонии худро аз даст дода истодаанд. Падидаи ташвишовар он аст, ки бисёре аз ҷавонони эҷодкор ва қобилиятнок дар кишвари худ дурнамоеро намебинанд ва ба самтҳои мухталиф мераванд то дар дигар низомҳои сиёсию иқтисодӣ татбиқи “қобилият”-и худро пайдо намоянд. Ҳамин тариқ мушкилоти ҷиддии тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ аз нигоҳи татбиқи ислоҳоти иқтисодӣ, нарасидани мутахассисони соҳибихтисос хоҳад буд. Ҳарчанд ки то ин вақт шаҳрвандони минтақа ба Федератсияи Россия муҳоҷират мекарданд, аммо имрӯз на барои муддати муайян ба муҳоҷират мераванд, балки барои иқомати доимӣ раҳсипор ҳастанд. Дар зинаи муҳоҷират бошад кишварҳои Аврупо ва Осиёи Шарқӣ бо пешниҳод намудани имкониятҳои нави кор ва фаъолият, инчунин маоши муносиб шаҳрвандони минтақаро ба худ ҷалб намудаанд. Вобаста ба ин масъала нишондодҳои омориро дар боло овардем.
 
III. Роҳҳои ҳалли мушкилоти амниятӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ.
  1. Пандемия ва тандурустӣ. Чин бояд ҳамкориҳои тиббӣ ва тандурустиро бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар заминаи таъминот, технология, кадрҳо ва таҷриба тақвият диҳад. Кишварҳои Осиёи Марказӣ низ бояд ба ҳалли мушкилоти пандемия аҳамияти ҷиддӣ дода, аз сояи он раҳо шуда барои чунин ҳолатҳо дар оянда такягоҳи худро мустаҳкам намоянд.
  2. Ҳамгироии иқтисодӣ. Ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ҳарчи бештар мусоидат карда шавад, яъне ҳарчи зудтар барқарорсозии иқтисодиёт баъд аз пандемияи коронавирус ба анҷом расонида шавад. Дар ҳоле ки ҳамсоягони минтақавӣ аз қабили Русия, Чин дар баробари пандемия иқтисоди худро рушд доданд. Аммо кишварҳои минтақа аз ин ҷараён қафо монданд. Мушкилоти иқтисодиро бартараф кардан лозим.
  3. Идоракунии давлатӣ. Таҳкими идоракунии миллӣ дар ҳар як кишвар. Аз як тараф бояд сиёсати муносиб барои рафъи ихтилофоти эҳтимолии иҷтимоӣ пеш бурда шавад. Аз тарафи дигар, бояд ба амнияти миллӣ аҳамият дода, аз воридшавии идеологияҳо дар ҳар як кишвари минтақа ҷилавгирӣ намудан лозим. Чин метавонад ба кишварҳои Осиёи Марказӣ дар такмили идоракунӣ дар асри рақамӣ кӯмак расонад. Чунки Чин дар ин самт таҷрибаи ғанӣ дорад. Хусусияти ташкилоти сиёсии ҷамъияти имрӯзаи Хитой ба формулаи универсалии тараққиёти мутаносиб, ки дар доираи маданияти анъанавии сиёсии мутеъ инкишоф ёфта, асос ёфтааст: «ҳокими комилан хирадманд — амалдорони поквиҷдон — одамони нек».
  4. Созмонҳои минтақавӣ???. Барои таъмини амният, кишварҳои минтақа дар доираи созмонҳои гуногун аз қабили СААД, САҲА, СҲШ ҳамкорӣ доранд. Давлатҳои аъзо бо такя ба сатҳи баланди эътимоди мутақобила, барои таъмини амният, субот ва ҳамсоягии нек, дустӣ ва ҳамкории ба ҳамдигар фоидабахш дар минтақа саъй менамоянд. Аммо мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар ҷаласаҳо ва нишастҳо намояндагони давлатҳои аъзо масъалаҳои марзиро мавриди баррасӣ қарор намедиҳанд. Қудратҳои ҷаҳонӣ бошанд барои пешгирии хатар ва таъмини амният бо кишварҳои минтақа ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи амниятиро тақвият медиҳанд. Яъне кишварҳои ҷаҳон низ кӯшиш доранд то амният дар минтақа таъмин бошад, чунки амнияти ҷаҳон аз амнияти минтақа вобастагии калон дорад. Қайд кардан ба маврид аст, ки ба ғайр аз лоиҳаи чинии "Як камарбанд-як роҳ" инчунин лоиҳаҳои стратегии дигар кишварҳо низ дар минтақа амалӣ гардида истодаанд. Онҳо низ ба мушкилоти амниятӣ рӯ ба рӯ ҳастанд. СҲШ бояд Эъломияи Бишкекро риоя намояд ва дар идоракунии амният ҳамкорӣ намояд. Моҳияти Эъломияи Бишкек аз он бармеояд, ки дар он кишварҳои аъзо масъалаи таъмини амният ва ҳамкорӣ дар ин соҳаро ҷиддӣ баррасӣ намудаанд. Аз ҷумла дар Эъломия чунин омадааст: СҲШ иштирокчии бонуфуз ва масъулиятноки низоми муосири муносибатҳои байналмилалӣ буда, иштироки худро дар талошҳо барои таъмини сулҳу амният афзоиш дода, пайваста ҷонибдори ҳалли низоъҳои байналмиллалӣ ва минтақавӣ мебошад. Ин амалҳо бо воситаҳои осоиштаи сиёсӣ ва дипломатӣ, ки дар асоси принсипҳои баробарӣ, эҳтироми соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ ва дахолат накардан ба корҳои дохилии давлатҳо, даст кашидан аз истифодаи қувва ва таҳдиди истифодаи он амалӣ карда мешавад [9].
  1. Ҳалли масоили сарҳадӣ. Баҳсҳои сарҳади миёни кишварҳои минтақа, бояд ки дар доираи СҲШ баррасӣ шаванд. Барои он ки яке аз вазифаҳои калидии ин созмон махсусан ҳал намудани масъалаҳои сарҳадӣ мебошад. Яке аз сабабҳои асосии таъсисёбии созмон низ ҳамин буд. Ҳанӯз дар давраи ҳукмронии худ Иттиҳоди Шуравӣ натавонист, ки масоили сарҳадии худро бо Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳал намояд. Баъд аз пошхӯрии Иттиҳоди Шуравӣ, дар ҳудудҳои бо ҶМЧ сарҳаддошта давлатҳои нави мустаъқил ба миён омаданд. Аз ҷониби дигар Федератсияи Россия, ки ҳамчун давлати алоҳида дар баробари ҶМЧ ба низоми нави муносибатҳои байналмилалӣ яъне-низоми бисёрқутбӣ ворид гардиданд. Дар ин сурат акнун ҶМЧ қудрати алоҳида буд, ки ин алакай ҳалли масоили сарҳадиро мушкил мегардонд. Дар натиҷа давлатҳо ба тавофуқ расиданд, ки барои ҳалли масоили сарҳадӣ ва дигар масъалаҳо, таъсис додани чунин як созмон (СҲШ) мувофиқи мақсад мебошад. Агар кишварҳои Осиёи Марказӣ барои ҳамкории муштарак ба ин созмон ҳамроҳ шуда бошанд, пас кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ (Ҳиндустон ва Покистон) маҳз барои такякоҳ пайдо намудан, ҳамроҳ шуданд, то ин ки дар низоъҳои сарҳадӣ ғолиб бароянд.
  2. Рақобат. Осиёи Марказӣ ба яке аз объектҳои муборизаҳои манфиатҳои геостратегӣ ва геополитикии абарқудратҳои глобалӣ  ва  минтақавӣ табдил ёфт, ки байни худ  дар  муборизаи шадид  қарор  дошта, манфиатҳои миллии онҳо на танҳо миёни худ, балки ба манфиатҳои ҳаётан муҳими кишварҳои Осиёи Марказӣ ва принсипҳои бунёдии сиёсати хориҷии давлатҳои ин минтақа мутобиқат намекунанд. Чин бояд кӯшиш намояд, ки ҳамоҳангсозии стратегиро дар асоси манфиатҳои муштарак бо қудратҳои бузург ва минтақавӣ ба роҳ монад. Кишварҳои Осиёи Марказӣ низ бояд дар ҳолатҳои зарурӣ вокуниш нишон диҳанд. Набояд иҷозат дод, ки Осиёи Марказӣ ба арсаи рақобати қудратҳои бузург мубаддал гардад.
  3. Ҳифзи сарҳадот. Чин бояд ба кишварҳои минтақа дар самти ҳифзи сарҳадот ва таҳкими амният кӯмакҳоро афзоиш диҳад. Чуноне ки дар Эъломияҳои СҲШ қайд гардидаанд, машқҳои низомӣ дар доираи созмон натиҷаҳои хуб медиҳад. Машқҳои низомии зерин аз ҷумлаи чунин натиҷагириҳост:
  1. Мирная миссия — 2005
  2. Мирная миссия — 2007
  3. Мирная миссия — 2009
  4. Мирная миссия — 2010
  5. Мирная миссия — 2012
  6. Мирная миссия — 2014
  7. Мирная миссия — 2016
  8. Мирная миссия — 2018
  9. Мирная миссия — 2020
  10. Мирная миссия — 2021
  11. Машқҳои низомии хадамоти махсус ва мақомотҳои қудратӣ:
  • “Тянь-Шань — 2 — 2011”;
  • “Восток - Антитеррор-2012”;
  • “Казыгурт - Антитеррор-2013”;
  • “Восток - Антитеррор-2014”;
  • “ЦентрАзия - Антитеррор-2015”;
  • “Тяньшань-3 – 2017”;
  • “Сотрудничество-2019”.

  Хулоса. Консепсияи чинии "Як камарбанд-як роҳ" бо тамоюлоти давр, бо назардошти вазъи кунунии ҷаҳон таҳия гардидаст. Пас аз буҳрони молиявии ҷаҳонӣ соли 2008, вазъ дар Авруосиёи муосир тағйир ёфт. Чунин ба назар мерасад, ки иқтисодиёти Осиёи Шарқӣ босуръат рушд мекунад, дар ҷануб-он идома дорад, дар Осиёи Марказӣ-каме қафо мондааст, дар Ғарб бошад вазъи иқтисодиёт мураккаб боқӣ мемонад. Аврупо яке аз минтақаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ тараққикардаи ҷаҳон мебошад, аммо дар зери таъсири манфии буҳрон монда, суръати рушди иқтисодии он суст мегардад. Бо назардошти ин ҳама, вазифаи ташаббуси “Як камарбанд-як роҳ” маҳз дар он аст, ки тавассути ҳамкориҳои бисёртарафа бояд потенсиали рушди иқтисодӣ дар Авруосиё маҳфуз бударо кушод, ва дар даврони ҷаҳонишавӣ фаъолиятро дар асоси манфиати тарафайн амалӣ сохт.
  Ин лоиҳаи чинӣ ҳадафи калидӣ дорад, ки он барқарорсозии иқтисодиёти дохилӣ ва хориҷиро муайян намуда, талаботи рушди ҳам кишварҳои аъзо ва ҳам худи Хитойро қонеъ мегардонад. Иқтисоди Ҷумҳурии Мардумии Чин беш аз 30 соли рушди босуръатро таҷриба гузаронда, ба давраи нав ворид шуд: сохтори истеҳсолот таҷдиди назарро тақозо мекунад ва модели рушдро аз сар гузаронида, ниёз ба тағйирот дорад. Барои рафъи мушкилоти ҷойдошта Чин бояд дар ҳамкорӣ бо кишварҳои ҷаҳон кушода буданро идома дода, дар якҷоягӣ лоиҳаи “Як камарбанд-як роҳ”-ро амалӣ созад. Ташабуси чинии "Як камарбанд-як роҳ" платформаи кушодае аст дар саросари ҷаҳон, барои рушди иқтисодӣ ва таҳаммулпазирӣ барои ҳама гуна кишвар ва ташкилот хизмат мекунад.
  Қисмати асосии лоиҳаи “Як камарбанд-як роҳ” ин минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад. Масъалаи амнияти минтақаи Осиёи Марказӣ барои амалишавии лоиҳаи чинӣ яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа ҳам барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҳам барои ҶМЧ мебошад. Аммо иқтидори кишварҳои минтақа барои ҳифзи сарҳадот кофӣ нест. Бо назардошти он ки минтақа бо қудратҳои ҷаҳонӣ аз ҷумла Россия ва Чин сарҳад дорад ва аз тарафи дигар сарҳади тӯлони бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дорад, маҳз ин омил хавфи хатарро зиёд мекунад. Дар ин замина мусоидати ҷиддии Ҷумҳурии Мардумии Чин барои таҳкими амнияти минтақаи Осиёи Марказӣ аз вазифаҳои аввалиндараҷаи стратегӣ ба шумор меравад.
 
Адабиёт:
  1. Абдугани Мамадазимов. Великий шелковый путь. История становления, расцвета и распада. Душанбе, 2014 г.-384 стр.
  2. Han Haojie-"The Belt and Road" in Central Asia: Security Challenges and Solutions.
  3. Выступление председателя КНР Си Цзиньпина в Назарбаев Университете // Газета "Жэньминь жибао" он-лайн. 7 сентября, 2013. URL: http://russian. people.com. cn/95197/8392674.html., санаи дастрасӣ 15.02.2022.
  4. Выступление Председателя КНР Си Цзиньпина в Назарбаев университете (полный текст) (fmprc.gov.cn)-санаи дастрасӣ 24.01.2022.
  5. Дисертатсия Статистические данные МВД РТ за 2010-2014 г.
  6. Сабабҳо ва омилҳои низои Тоҷикистону Қирғизистон – нигоҳ аз Душанбе (nuqta.info). Санаи муроҷиат 12.03.2022.
  7. Ф.Т. Кукеева, Д.К. Жекенов, А.К. Ордабаев, А.М. Абдикамал- Проблемы реализации инициативы «Пояс и путь» в странах Центральной Азии. (articlekz.com)-26.10.2021.
  8. “Фирори мағзҳо”: сабаб ва оқибат - Фараж (farazh.tj)-санаи дастрасӣ02.02022.
  9. Эъломияи Бишкек- СҲШ, 14 июня 2019.
 
Талбаков Саидаҳтам Исроилович
ходими хурди илмии
шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқӣ
 
 
 

БОЗГАШТ