Таҷрибаи 20-солаи Олмон оид ба барқарорсозии энергия

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

Дар охири солҳои 1990-ум Олмон аввалин кишваре шуд, ки доираи васеи чораҳоро оид ба ҷорӣ ва дастгирии манбаъҳои барқароршавандаи энергия пешниҳод кард. Ин тадбирҳо лоиҳаи бо номи “Energiewende” ё “Energy Pivot” яъне (гузариши энергетикӣ) номида мешаванд, ба кишварҳои дигар, ки баъдтар механизмҳои дастгирии энергияи барқароршавандаро ҷорӣ карданд ва онҳое, ки то ҳол ин корро накардаанд, фаҳмиши арзишманд дод.
Аллакай дар соли 2000 Олмон «Қонун дар бораи манбаъҳои барқароршавандаи энергия»-ро ҷорӣ кард, ки он барои онҳое, ки энергияи ғайримарказонидашуда  истеҳсол карда, онро ба шабакаи умумӣ таъмин мекарданд, дастгирии иловагии молиявиро фароҳам овард, ки барои ин онҳо ҷузъи махсуси тарифро гирифтанд.
Муваффақияти асосии барномаи “Energiewende” дар он аст, ки ҳиссаи энергияи барқароршаванда дар истеъмоли умумии нерӯи барқ ​​аз 3,4% дар солҳои 1990 то ба 50 %  соли 2020 расидааст. Қисми боқимондаи қувваи электрикӣ асосан аз ангишт ва газ истеҳсол карда мешавад.
Чунин ба назар мерасад, ки тамоми ҷомеа дар ин барнома иштирок мекунанд. Тақрибан 85-90% шаҳрвандони Олмон аз гузариш ба шаклҳои тозатари энергия ҷонибдорӣ мекунанд.
Барои Олмон минбаъд хам катъиян аз ангишт баровардан зарур аст, ки ин на танҳо азхуд намудани манбаъҳои барқарор шавандаи энергия, балки ҳалли проблемаи бо кор таъмин намудани тамоми минтақаҳоро талаб мекунад. Ҳукумат айни замон ба гази табиӣ ҳамчун пул аз ангишт ва нерӯи ҳастаӣ ба энергияи барқароршаванда назар мекунад. Ҳамин тариқ, лоиҳаи «Северный поток-2» (Nordstream 2), сарфи назар аз камбудиҳои ошкораш амалӣ мешавад. Лоиҳаҳои ин миқёс ҳадди аққал 30 сол амал мекунанд, ки имкони расидан ба ҳадафи партовҳои газҳои гулхонаӣ то соли 2050-ро истисно мекунанд. Агар мо хоҳем, ки ба ҳадафҳои иқлимӣ ва энергетикии худ ноил шавем, мо бояд ҳоло аз гази табиӣ даст кашем.
«Стратегияи сабз», ки Ҳукумати Олмон ҳадафи то соли 2040 ба  100%  гузаштани тамоми саноати барқи Олмонро ба манбаъҳои барқароршавандаи энергия эълон кард.
Дар нимсолаи аввали соли 2020 дар Олмон барои аввалин бор аз нерӯи офтоб, шамол, об ва биомасса назар ба нерӯгоҳҳои барқи атомӣ ва нерӯгоҳҳои ҳароратӣ бо ангишт бештар нерӯи барқ ​​тавлид шудааст. Ҳиссаи қувваи барқ ​​аз ҳисоби офтоб, шамол, биомасса ва об 50 фоизро ташкил дод. Бо вуҷуди ин, то соли 2030 Олмон нақша дорад, ки саҳми «барқи сабз»-ро дар тавозуни энергетикӣ ба 65% расонад. Ба ин ҳадаф танҳо ба шарте расидан мумкин аст, ки гузариш ба манбаъҳои алтернативии энергия бо суръати тез сурат гирад
Пас аз садамаи 11 марти соли 2011 дар нерӯгоҳи ҳастаии “Фукушимаи” Ҷопон, Ангела Меркел, садри аъзами Олмон, ки худ як физики варзида аст, ба амнияти нерӯи ҳастаӣ эътимоди худро аз даст дод. Ҳукумати Олмон  тасмим гирифт, ки то охири соли 2022 аз нерӯи ҳастаӣ даст кашад ва инчунин то охири соли 2038 ҳама нерӯгоҳҳои бо ангишт коркунандаро баста кунад. Дар баробари таваҷҷуҳ ба тадриҷан қатъ кардани муҳаррикҳои дарунсӯзӣ ба нафъи мошинҳои электрикӣ, ҳаҷми энергия аз манбаъҳои барқароршаванда бояд босуръат зиёд карда шавад.
То соли 2030 ҳиссаи энергия аз манбаъҳои барқароршаванда бояд ба 65 дарсад бирасад. Дар баробари ин бояд аз чор се хиссаи хачми иловагии кувваи электр аз хисоби турбинахои шамол хосил карда шавад.
Вақте ки Олмон пеш меравад, мо аз тамошои он омӯхта метавонем, ки  барномаи “Energiewende”  сарвати дониш ва таҷрибаи тайи 20 соли охир ҷамъшударо истифода мебарад ва ба ин васила барои дигар кишварҳо роҳи кӯтоҳтареро фароҳам меорад, ки ба инқилоби  энергетикии худ шурӯъ мекунанд.

Ашуров Маъруф,
ходими хурди илмии
Шуъбаи Аврупо ва Амрикои
Институти Осиё ва Аврупои АМИТ
 
Сарчашмаҳои истифодашуда
  1. 20-летний эксперимент Германии в области энергетического поворота как урок для других странhttps://bankwatch.org/blog/20-letnij-eksperiment-germanii-v-oblasti-energeticheskogo-povorota-kak-urok-dlya-drugih-stran?lang=ru
  2. С начала 2021 года ветрогенераторы в ФРГ были загружены лишь на 20 процентов Виталий Кропман, https://www.dw.com/ru/s-nachala-2021-goda-vetrogeneratory-v-frg-byli-zagruzheny-lish-na-20-procentov/a-59574376
  3. «Зеленая стратегия» Германии, Мария Кутузова https://nangs.org/news/renewables/zelenaya-strategiya-germanii
  4. Зеленая энергетика в Европе обогнала обычную, Иван Овсов https://lenta.ru/news/2021/01/26/green_energy/
  5. Доля «зеленой» энергетики в Германии превысила 50% Автор:А. Шевченко, Источник : Neftegaz.RU
 
 
 
 

БОЗГАШТ