Забони давлатӣ ва андешаи миллӣ (мулоҳизоте куллӣ дар заминаи Рӯзи забони давлатӣ)

Муаллиф: Нозим Нурзода

Расм

Забони гушода чу омад падид,

Шуд он бандҳоро саросар калид.

Фирдавсӣ

     Забон муҳимтарин воситаи робитаи байни инсонҳост ва ҳамчун падидаи иҷтимоӣ тайи таърихи зиндагии башарӣ муносбатҳои ичтимоиро ба танзим даровардааст. Ба сухани дигар, забон василаи баёни фикру андеша аст ва андеша ифодагари моҳияти инсон дар идомаи ҳастӣ мебошад. Имконоти дохилизабонӣ ва муҳитҳои фарҳангӣ ва маданӣ ба забон ва соҳибони он қудрат ва тавонмандӣ мебахшанд ва дар баробари мушкилоти гуногуни зиндагӣ муқовиматпазир месозанд. Ин нуқтаи назарро мо дар забони миллӣ – забони тоҷикӣ, ки мақом ва ҷойгоҳи давлатӣ касб кардааст, метавонем татбиқ кунем.

      Масъалаи дигаре, ки қудрат ва тавонмандии забонро маълум менамояд, масъалаи пайвандии забон ва андеша аст. Андеша, аз ҷумла андешаи миллӣ забон ва мутаносибан, забон андешаи миллиро неруманд месозанд. Заъфи яке аз ин ду падида ё ба истилоҳи фалсафӣ, феномен, боиси зуҳури зарфиятҳои маҳдуди фикрӣ, эҷодӣ, фарҳангӣ, ҳунарӣ, ахлоқӣ ва амсоли инҳо дар баданаҳои иҷтимоӣ мегардад ва миллатро ба мушкилоти зиёди моддию маънавӣ мувоҷеҳ месозад. Аз ин ҷост, ки баробарӣ ва таодули ин ду феномен тавозунро дар муносиботи иҷтимоӣ нигоҳ медорад ва роҳи бурузи буҳронҳои ахлоқӣ, фикрӣ, илмӣ, фарҳангиро мебандад. Бо таваҷҷуҳ ба ин, иқтидори забон ва андеша иқтидори миллат ва давлат талаққӣ мешавад ва агар дар пушти забон ақлу дониш бошад, он забон оянда ва тавонмандии муаррифии боистаю шоистаи миллатро дар арсаи байналмилалӣ дошта метавонад. Ба ин мазмун шоир ишорат мекунад:

               Қудрати ақл аст пушти ин забон,

               Ин забон з-андеша мегирад тавон.

     Дар робита ба масъалаи забони давлатӣ ва сохтмони андешаи миллӣ зиёд гуфта ва навиштаанд ва масъалаи мазкур ҳанӯз дар солҳои шастуму ҳафтодум ва бахусус, нимаи дуюми солҳои ҳаштодуми садаи бист, ки халқи тоҷик дар ҳудуди давлати Шуравӣ зиндагӣ мекард, мавриди радду бадалҳои мутааддид қарор гирифта буд. Вазъи мавҷудаи забони тоҷикӣ дар қаламрави давлатдории Шӯравӣ гувоҳи он буд, ки интеллигенсияи ватанӣ, бавижа зиёиёни миллӣ дар пайи таҳкиму тақвият бахшидани забони миллӣ гомҳои устувор бардоштанд. Саъю талош ва пофишориҳои зиёиёни миллӣ боиси он гардид, ки забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ касб кард ва нуфузашро дар баробари забони муқтадири замон – забони русӣ ҳифз намуд. Иқдоми зиёиёни миллӣ, ки бо андешаи миллӣ ба саҳнаи баҳсу мунозираҳои забонӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ ворид гардиданд, сазовори таҳсину офарин аст.

     Воқеан, нимаи дуюми солҳои ҳаштодуми садаи бист марҳилаи ҳассоси набардҳои маърифатӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва фикрӣ маҳсуб меёбад ва андешамандону зиёиёни тоҷик назири устодон Муҳаммадҷон Шакурӣ, Лоиқ Шералӣ, Тоҳири Абдуҷаббор, Бозор Собир, Муъмин Қаноат, Гулрухсор, Акбари Турсон, Бӯринисои Бердӣ, Дорои Дӯст, Мирзо Боқӣ ва дигарон дар он марҳилаи ҳассоси таърихӣ баҳри покию беолошишӣ ва ҷойгоҳи муносиб касб кардани забони миллӣ қувваи зиёд харҷ карданд. Дар он замон мақолаи устод Муҳаммадҷон Шакурӣ таҳти унвони «Забони миллӣ ғамхории махсус хоҳон аст» (дар Рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ» санаи 25 ноябри соли 1988 ба табъ расида буд), масоили марбут ба забон ва андешаи миллиро ба сатҳи давлатӣ бардошт ва дар фазои маънавӣ ва сиёсии мамлакат баҳсҳоеро ба миён овард (ниг.: Шакурӣ Муҳаммадҷон. Зиндагиномаи худнавишт. Дар китоби: Меҳрнома (Ҷашнномаи ҳаштодсолагии устод Муҳаммадҷон Шакурӣ. Таҳия ва танзими Валӣ Самад. –Душанбе: Ройзании фарҳангии Ҷумҳурии исломии Ирон дар Тоҷикистон, 1385. –С.24-27). Ҳамчунин мақолаи Тоҳири Абдуҷаббор бо номи «Муҳити зист ва забон», ки соли 1989 таълиф ёфтааст, ба масоили ҷавҳарӣ иртибот мегирифт ва муаллиф мақоми забони миллиро дар муоширати сиёсӣ, мафкуравӣ, фикрӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ зарур дониста буд (дар ин замина муфассалтар таваҷҷуҳ шавад ба китоби: Дарси хештаншиносӣ. /Маҷмӯи мақолаҳо. Мураттиб А. Маҳмадназар. –Душанбе: Ирфон, 1989. -272 с.). Дар зимн, мақолаи «Забони пайванди аслҳо ва наслҳо»-и устод Акбари Турсон, ки аз пешгомони ҳаракати равшанфикрии миллӣ маҳсуб меёбад, дар шинохти аслу ҳувияти тоҷикӣ ва забони миллӣ ҳамчун манбаи муътамад хидмат мекунад (ниг.: Турсунзод Акбар. Забони пайванди аслҳо ва наслҳо. Дар китоби: Тоҷикон дар масири таърих. /Таҳқиқ ва тадвини Мирзо Шукурзода. –Теҳрон: Муассисаи интишороти байналмилалии Алҳудо, 1384. -С.399-415). Дар ин радиф метавон аз мақолаи муфассали адабиётшиноси маъруфи тоҷик, устоди равоншод Худоӣ Шариф «Забони миллӣ ва имконоти фикрӣ» (муфассалтар ниг.: Худоӣ Шарифов. Забони миллӣ ва имконоти фикрӣ. Дар китоби: Меҳрнома (Ҷашнномаи ҳаштодсолагии устод Муҳаммадҷон Шакурӣ. Таҳия ва танзими Валӣ Самад. –Душанбе: Ройзании фарҳангии Ҷумҳурии исломии Ирон дар Тоҷикистон, 1385. –С.99-134) ёдоварӣ кард. Баҳсу талошҳои донишмандону зиёиёни миллӣ роҳро барои мақоми давлатӣ касб кардани забони тоҷикӣ ҳамвор сохт ва оқибат 22 июли соли 1989 забони тоҷикӣ мақом ва ё статуси давлатӣ гирифт. Дар ин робита, Қонуни забони РСС Тоҷикистон ба тасвиб расид. Акнун пешорӯйи ҳамзабонон ва интеллигенсияи ватанӣ ҳадафи ҷиддӣ – ташаккул ва рушди забони давлатӣ ва ниҳоятан, сохтмони андешаи миллӣ қарор гирифт. Корҳои зиёдеро дар ин масир анҷом додан зарур буд ва комиссия ва мақомоти марбутаи давлатӣ ҷиҳати таҳкими раванди татбиқи Қонуни забони тоҷикӣ -- Комиссияи татбиқи Қонуни забон ва Бунёди забони форсӣ-тоҷикӣ таъсис ёфт. Мутаассифона, шикасти давлати Шуравӣ ва ба ҷанги шаҳрвандӣ даргир шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми барнома ва нақшаҳои татбиқи Қонуни забони давлатӣ ва ба дунболи он, сохтмони андешаи миллиро дар қаламрави ҷумҳурӣ нақше бар об кард.

      Ҷангу даргириҳо, ки муддати панҷ сол тул кашид, на танҳо иқтисоду иҷтимоиёти мамлакат, балки маънавиёту зеҳниёти мардуми ҷумҳуриро хароб кард ва буҳронҳои паёпайро дар муҳитҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба вуҷуд овард. Забон, чуноне ки медонем, офаранда ва барандаи фарҳанги миллӣ аст. Манобеъ ва мадорики гузашта шаҳодат медиҳанд, ки фарҳанги миллӣ тайи таърихи тулонӣ ҳамеша таҳти тасаллути аҷнабиён қарор дошт. Қатъи назар аз он ки забони миллӣ дар натиҷаи «бориши барзиёди сели андеша ва фарҳанги бегона» ва ситезу ситамҳои бардавоми бегонагон ҷисман ва руҳан бемадор шуда буд, аз рӯйи қудрат ва тавон бори гарони фарҳанги бумиро баркашонд. Аммо, мутаассифона, ҷомеаи миллӣ, ғолибан бар хилофи ҷуръату ҷасорати миллию инсонии Закариёи Розӣ, Ибни Сино, Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Носири Хусрав ва соири бузургони миллӣ, бар асари ҷаҳолатписандӣ ва хурофотпарастӣ дар масири бегонасолорӣ иқдом бардошт ва ба қавли устод Лоиқ:

    Мо на онем, ки сад чашми ҷаҳонбин дорем,

    Мо ҳамонем, ки ду чашми даҳонбин дорем

 – ҷодаи тираву норӯшани бегонасолориро тайи асрҳои мутааддид паймуд (ниг.: Шакурӣ Муҳаммадҷон. Хуросон аст ин ҷо. –С.19). «Ду чашми даҳонбин доштан» нишони камхирадӣ, камандешӣ, кӯрзавқӣ, сатҳинигарӣ, нодурандешӣ ва таҷрибанописандии мардум аст, ки сарнавишташро бо зулму ситам ва ҷаҳлу разолат даромехта, роҳҳои бунбастиро интихоб намудааст. Агар либоси фарҳанг бо хирад, ростӣ, адолат ва ҷуръату ҷасорат пероста шуда бошад, сарнавишти неку сазовор ӯро интизор аст, дар акси ҳол, дар қолаби фарҳангҳои бегона ва тамаддуни аҷнабӣ зиндагӣ мекунад ва ҳамеша дар ҳолатҳои хатарнок сар ба паноҳи бутҳои фарҳангҳои бегона бурда, дар нобасомониҳо аз онҳо мадад меҷӯяд. Саранҷоми бад доштан аз бехирадӣ, беҳавсалагӣ, саҳлангорӣ, бетаваҷҷуҳӣ, бепарвоӣ ва беинсофии сардамдорони миллӣ ва мардумӣ сарчашма мегирад, ки Ҳаким Фирдавсӣ ҳанӯз дар замони худ ин нуктаи калидиро дар муносиботи фарҳангӣ ва иҷтимоӣ таъкид карда буд:

           Ба Яздон, ки гар мо хирад доштем,

           Куҷо ин саранҷоми бад доштем?  

        Хушбахтона, ҷаҳолату хурофоти қишрҳои фурсатталаби сиёсӣ ва иҷтимоӣ, ки мунҷар ба ҷанги бемаънии шаҳрвандӣ гардид, бо пирӯзии ақли солим поён ёфт. Аз соли 1997 то имрӯз зиёда аз 26 сол аст, ки дар фазои амну осоиштагӣ зиндагӣ мекунем ва дар ростои забон ва андешаи миллӣ ҳам корҳои зиёд анҷом ёфтаанд. Лекин ҳанӯз мушкилот дар ин самт ҷой доранд ва ба таври бояду шояд ҳаллу фасл нагардидани мушкилот ва масоили марбута буҳронҳои маънавӣ, фикрӣ ва идеологии ҷиддиеро дар пай доранд.

      Давраи соҳибистиқлолӣ масъулияти ҳарчи бештарро назди соҳибони забон, зиёин ва фарҳангиёни миллӣ мегузорад. Махсусан, дар масъалаи андешаи миллӣ ҷиддӣ бояд таваҷҷуҳ кард. Аз ҳама муҳим, эҳсоси масъулиятшиносии ҳар фарди ҷомеаи соҳибистиқлол аз андешаи миллӣ сарчашма мегирад. Ба назари муҳаққиқон, андешаи миллии тоҷикон қадимтарин зуҳуроти мафкуравии инсон буда, аз фарҳанги бузурги ориёӣ ибтидо гирифта, ба воситаи он ба арсаи тамаддуни ҷаҳонӣ ворид шудааст (ниг.: Самиев А.Ҳ. Андешаи миллӣ – фалсафаи Ваҳдат ва эҳёи Тоҷикистон. Дар китоби: Назария ва методологияи ваҳдати миллӣ. –Душанбе: Дониш, 2007. –С.35). Забон ва андешаи миллӣ (манзур забони давлатӣ – тоҷикӣ аст) аз бомдоди зуҳури ақвоми иронитабор бо халқи тоҷик ҳамқисмат ва ҳамсафар будааст. Агар сухан атрофи ҷуғрофиёи ин забон ва паҳнои арзию тулии он равад, бегумон, таассуроти донишманди бузурги иронӣ, устод Саид Нафисӣ пеши назар меояд, ки минтақаи мо-тоҷиконро муфтахирона «Сарзамини поки ниёконам» унвон кардааст (ниг.: Нафисӣ Саид. Сарзамини поки ниёконам. Дар китоби: Тоҷикон дар масири таърих. /Таҳқиқ ва тадвини Мирзо Шукурзода. –Теҳрон: Муассисаи интишороти байналмилалии Алҳудо, 1384. –С.37-40). Маҳз ин минтақаи таърихӣ, ки Хуросонаш меноманд, ҳамзабононро ҷамъ намудааст ва густариши забону фарҳанги миллиро ба манотиқи дигар ва ҷуғрофиёи паҳновар мусоидат кардааст.

        Ба таври куллӣ, андешаи миллӣ натиҷаи зуҳуроти ҳувияти маънавии миллат буда, шарти асосии ҳастию суботи миллат ва олами мафкуравии он мебошад, ки дар заминаи фаҳму дарки манофеи асосии миллӣ ташаккул ёфта, ҷавҳари ҳастии миллат ва вазифаҳои сарнавиштсози онро дар масири таърих ифода мекунад. Ин аст, ки андешаи миллӣ восита ва шакли бақои маънавӣ ва ҳифозати миллат, руҳи ӯ, умеду орзуҳо ва ормонҳояш барои ояндаи нек мебошад. Маҳз андеша ва тафаккури милллат муносибати онро, чи ба фарҳанги миллӣ ва чи ба фарҳангҳои умумибашарӣ муайян сохта, роҳро барои рушду такомули инсон, ҷомеа ва давлати миллӣ ҳамвор месозад (ниг.: Самиев А.Ҳ. Андешаи миллӣ – фалсафаи Ваҳдат ва эҳёи Тоҷикистон. Дар китоби: Назария ва методологияи ваҳдати миллӣ. –Душанбе: Дониш, 2007.-С.38). Тарбияи маънавӣ, ки дар сохтмони андешаи миллӣ нақши калидӣ дорад, аз мушаххасоти муҳимми давлатдорӣ дар таърихи ватанӣ маҳсуб мешудааст. Муҳаққиқи иронӣ Алӣ Сомӣ таъкид мекунад, ки Модҳо, Порсҳо ва Ҳахоманишиҳо дорои сифоти ахлоқӣ, малакоти фозила ва тарбияти саҳеҳ буда, тамоми ақшори иҷтимоӣ, хоссатан насли ҷавонро ба роҳи тарбияти баданию руҳӣ раҳнамун месохтанд (ниг.: Ризоӣ Абдуазим. Таърихи даҳҳазорсолаи Эрон. Ҷилди аввал. -Теҳрон, 1368. -С. 260)Аз ҷумла падари таърих Ҳеродот дар аҳди Ҳахоманишҳо ба илму фарҳанг пайванд будани мардуми форсу тоҷикро хотирнишон сохта, дар руҳияи хирадварзӣ, инсонсолорӣ ва ростгӯйӣ тарбия намудани ҷавонони иронитаборро аз асолатҳои ин хонадони таърихӣ донистааст (ниг.: Ҳеродот. Таворих. -Теҳрон (бидуни соли нашр). -С. 99-101). Агар Искандари Мақдунӣ осори илмӣ ва фарҳангии аҳди Ҳахоманиширо ба коми оташ намекашид (ниг.: Пирниё Ҳасан. Эрони бостон. -Теҳрон, 1362. -С. 37), масоили зиёди фарҳангӣ ва маърифатӣ ошкор мегардид, ки воқеияти забон ва андешаи миллии замонро дар худ таҷассум менамуд.

        Ҳамин тариқ, баҳси худро сари мавзуи “Забони давлатӣ ва андешаи миллӣ” метавон дар чанд нуктаи муқаддимотӣ хулосабандӣ кард:

    1.Забони форсии дарии тоҷикӣ аз бомдоди зуҳур то ба имрӯз ҳадафи сохтмони андешаи миллиро дошта ва дунбол мекунад. Ин забон дар имтидоди асру қарнҳои гуногун забони илму хирад, забони сиёсат буда, тавассути он бостонитарин китоби башарӣ «Авасто» китобат шудааст. «Авасто» китобест, ки дар баробари фарогирии масъалаҳои муҳими ҳаётӣ, ҳамчунин барои огоҳӣ ва созмондиҳии андешаи миллӣ тартибу таҳияву тадвин шудааст.

  1. Тайи таърихи инсонӣ на ҳама забонҳо тавони созмон додани фикр ва андешаи миллиро доштаанд, вале аз оғоз забони форсӣ - тоҷикӣ ба ин ҳадафи калидӣ мутамоил буд. «Авасто» ҳамчун хирадномаи миллӣ дар созмонёбии андешаи миллӣ нақши асосӣ доштааст. Дар Ясна, ҳоти 31, бандҳои 17 ва 19 вазифаи марди доно ва гушодазабон дар созмон додани андеша ва он ҳам андешаи солим ва орӣ аз таассубу хурофот муайян ва мушаххас шудааст (ниг.: Авесто. Гузориш ва пажӯҳиши Ҷалили Дӯстхоҳ. Душанбе, 2001. –С. 71-75).

      3.Муссалам аст, ки забон яке аз нишонаҳои асосии миллат маҳсуб шуда, ба василаи он сарнавишти таърихӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии миллӣ тайи таърихи зиндагӣ навишта мешавад. Давраи нави ташаккулу таҳаввули забони миллӣ ба замони давлатдории Сомониён иртибот мегирад. Замони салтанати Сомониён забони миллӣ таҳкиму густариш ёфта, амирони хирадпарвари Сомонӣ раванди таъсири саросарии забони порсии дарии тоҷикиро дар қаламрави давлат ҷиддӣ назорат мекарданд ва бад-ин тариқа, дар ташаккули забон ва андешаи миллӣ дар давраи дигари таърихӣ саҳми бориз гирифтанд. Дар он давра доираи нуфузи забони арабӣ, ки ба сифати забони дину сиёсат ва илму фарҳанг мутадовил буд, ҳадафмандона маҳдуд гардида, забони порсӣ (дарии тоҷикӣ) ба забони илму маърифат бадал шуд, то ҷое ки бо амри Мансур ибни Нуҳи Сомонӣ (961-984) китоби машҳури «Тафсири кабири Табарӣ» ба забони порсӣ тарҷума гардид (ниг.: Малоирӣ М. Таърих ва фарҳанги Ирон дар даврони интиқол аз асри Сосонӣ ба асри исломӣ. -Ҷилди аввал. Теҳрон, 1372. -С.138).  Фақеҳони миллатпарасти замони Сомониён бо дастури амири Сомонӣ ва бар мабнои ривоёти шаръӣ собит намуданд, ки «забони биҳиштиён форсӣ аст… ва забонест, ки барои нахустин бор бо он забон бо Парвардигор сухан гуфта шудааст» (ниг.: Толеъ Ҳушанг. Таърихи тамаддун ва фарҳанги Ирони куҳан. -Теҳрон, 1383. –С.252- 253). Ин ҷуръат ва ҷасорати арзанда дар рушди забони миллӣ дар асри Х хеле муассир буда, раванди сохтмони андешаи миллиро таҳким бахшидааст. Шоирону адибони барҷастаи давра устод Рӯдакӣ, Шаҳиди Балхӣ, Абӯшакури Балхӣ, Кисоии Марвазӣ ва Фирдавсӣ бо андешаи миллӣ ба майдони адабу фарҳанг ворид гардида, забони порсӣ-тоҷикиро дар баробари забони арабӣ устувор намуданд. Дар раъси раванди созмондиҳии андешаи миллӣ Ҳаким Фирдавсӣ қарор дошт ва ҳақиқати амр ин аст, ки дар қаламрави кишварҳои ҳамзабон то имрӯз мақоми Фирдавсӣ дар ташаккули андеша ва бедории миллӣ ҳамчунон побарҷост. Вақте ки ӯ нидои «Забони гушода чу омад падид, Шуд он бандҳоро саросар калид» дардод, мардуми ҳавзаи форсизабононро мухотаб қарор дода, аз ҳамватанон тавассути забони буррою гиро ҳал намудани мушкилоти иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фикрии ҷомеаро хостор буд. Воқеан, забони миллӣ дар замони Сомониён гушода (буррою гиро) буд ва боиси ба вуҷуд омадани мероси гаронмояи илмӣ ва фарҳангӣ гардид.

  1. Забони миллӣ механизми зинда аст, он бояд доимо дар ҷараёни зиндагии иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ фаъол бошад. Фаъолнокии забон дар ҷараёни муоширати саросарӣ ба иттиҳоди миллии қишру ниҳодҳои иҷтимоӣ ва бавижа, фарҳангӣ сахт бастагӣ дорад. Дар сурати камфаъол будани неруҳои зеҳнӣ ва ниҳодҳои иҷтимоию фарҳангӣ (ин вазъ дар Тоҷикистони кунунӣ боиси нигаронист), ташаккул, рушд, таҳаввул ва тавсеаи андешаи миллӣ дар гумон аст. Дар замоне ки боди даҳшатноки хурофоту таассуб ва афкори ғаразноки аҷнабӣ тавассути сиёсати тамаддунӣ ва глобалӣ фазои моро печонидааст, зарурати баҳамоӣ ва иттиҳоди неруҳои аклонию фарҳангӣ ар мабнои забон ва андешаи миллӣ пеш омадааст. Ин заруратро метавон ба унвони зарурати таърихӣ талаққӣ кард.
  2. Раванди ҷаҳонишавӣ, дар баробари манфиат, зарари ҷиддӣ низ ба бор меоварад. Он фарҳангҳои камзарфиятро, ки дар асоси забони миллӣ тайи асрҳои тӯлонӣ сохта шудаанд, тадриҷан аз байн мебарад ва империяи фарҳанги нерумандро иҷборан таҳмил менамояд. «Зулми фарҳангӣ» (таъбири Франс Фанон) -и қудратҳои ҷаҳонӣ дар раванди ҷаҳонишавӣ ногузир аст, бинобар ин илоҷи воқеаро пеш аз вуқӯъ бояд дарёфт, то минбаъд дер нашавад. Илоҷи воқеа, ба назари мо, иттиҳоди неруҳои зеҳнӣ ва ақшори фарҳангӣ-маърифатӣ мебошад (неруҳои зеҳнӣ ва маърифатии мо, ба сабаби ҷур наомадани манофеъ ва мафкураву ақоид бо ҳам созгор нестанд, дар ҳоле ки ниҳодҳои илмии мамолики пешрафта манофеи миллиро на дар ақидаю мавзеъгирию мавқеъгирӣ, балки дар иттиҳоди забонӣ ва муҳимтар аз ин, дар маърифати миллӣ-мардумӣ мебинанд, ки ин таҷриба барои мо сахт омӯхтанист), ки нигахдорандаи забони миллӣ дар маҳдудаи мушаххаси забонию замонию маконӣ маҳсуб меёбанд.

        6.Ҷаҳони имрӯз ҷаҳони иттилооти беҳудуд ва фановарию нерумандии техникист. Дар ин фазою муҳити иртибототӣ забон ва миллиятҳое устувору побарҷо мемонанд, ки дар масири иттилоту фоноварии муосир қарор дошта бошанд, аз пешравию тараққиёти илмҳои иҷтимоӣ – инсоншиносӣ ва умуман, улуми мутадовил басароҳат огоҳ бошанд, комёбию муваффақиятҳои улумро дар ҳамаи сатҳҳои иҷтимоӣ ба забони миллӣ ва давлатӣ тавсеа, густариш ва интишор диҳанд ва ба сатҳи огоҳии иҷтимоӣ расонанд. Бо таваҷҷуҳ ба ин, Ҳукумат ва тамоми ниҳодҳои фарҳангӣ ва маърифатии ҷомеаи моро зарур аст, ки дар ин самт тадбирҳои мушаххас андешанд ва забони миллиро ба сатҳи забони сиёсат, илм, ахлоқ ва билохира фарҳанги миллӣ бардоранд.

      7.Таҷрибаи талхи таърихро дар робита бо шикасту ноҷуриҳои миллӣ аз ёд набояд баровард. Забони миллӣ дар тули таърих таҷриботи зиёд андӯхта, феълан имкони мутаваққиф кардани таҳоҷуми идеологӣ ва фарҳангии бегонаро дорад. Дар ин замина, рӯшанфикрону зиёиёни муосир бо истифода аз имконоти зеҳнӣ, забони муқаввои миллӣ ва истиқлоли сиёсӣ, метавонанд ҷараёни бедории фикрии ҷомеаи тоҷикиро дар шароити ҷаҳонишавӣ таҳким бахшида, ба ин восита забон ва миллатро аз газанди рӯзгор ва таҳмилоти фарҳанги ғаразноки берунӣ эмин доранд.

             Рӯзи забони давлатӣ ба кулли ҳамватанони гиромӣ муборак бод!

Нозим Нурзода

пажуҳишгар

БОЗГАШТ