Муаллиф: Салимов Акбар
Пас аз барҳам хӯрдани давлати абарқудрати Иттиҳоди Шӯравӣ вазъи геополитикӣ дар Осиёи Марказӣ тағйир ёфта ва боиси ба миён омадани кишварҳои нави мустақил дар минтақа гардид. Пас аз давлати дунявӣ эълон гардидани кишварҳои нави соҳибихтиёр, тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дин аз давлат ҷудо ҳисобида шуда[1], мувофиқи қонунгузории амалкунандаи давлатҳои дунявӣ, дин ба корҳои давлатӣ дахолат намекунад.
Бо вуҷуди қанот паҳн намудани падидаҳои нави исломӣ дар Осиёи Марказӣ ҳанӯз ба онҳо аломати (унвони) хосе гузошта нашудааст. Истилоҳҳои истифодашаванда дар мисоли “эҳё”, “эҳёи ислом”, “аз нав исломсозӣ”, “дуюмбора исломсозӣ”, паҳншавии “тундгароӣ” то ҳол дар байни муҳаққиқон баҳсҳои доманадоре ба вуҷуд овардааст. Бештари баҳсҳо дар атрофи масъалаи оё эҳёи Ислом дар Осиёи Марказӣ натиҷаи рушди мустақилонаи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маънавии минтақа аст ва ё аз хориҷ ворид карда шудааст, идома дорад.
Дар соли 1991 Раёсати уламои мусулмонони Мовароуннаҳр, ки ба он аз бахшҳои уламои мусулмонони кишварҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Қирғизистон ва Қазоқистон шомил буданд ба кори худ анҷом бахшида, дар натиҷа дар кишварҳои нави мустақил муфтиёти алоҳида таъсис додаанд. Амалан тамоми муфтиёти навтаъсис мазҳаби суннии Ҳанафияро ҷонибдорӣ намуда, аз тарафи онҳо риояи талаботи қонунгузорӣ зоҳир мегардид [2].
Дар давраи Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 фишор аз болои табақаи рӯҳониёни динӣ, аз ҷумла дар минтақаи Осиёи Миёна ва Қазоқистон заиф гардида буд, чунки он замон табақаҳои мухталифи ҷомеа дар ақибгоҳ таҳти шиори “Ҳама барои фронт, ҳама барои ғалаба” шабу рӯз заҳмат мекашиданд. Дар ин самт аҳли дин низ ҳукумати Шӯравиро дастгирӣ менамуданд.
Бовариву эътимод нисбат ба қишри рӯҳониён то ба дараҷае расида буд, ки Ҳукумати Шӯравӣ дар соли 1943 Раёсати уламои мусулмонони Осиёи Миёна ва Қазоқистонро таъсис дод. Иқдоми таъсиси раёсати мазкур аз ҷониби уламои динии Ӯзбекистон, ки соли 1943 ба Ҳукумати Шӯравӣ барои гирифтани иҷозати гузаронидани ҷаласаи умумии Осиёи Миёна бо мақсади таъсис додани созмони динӣ дархост карда буд, сурат гирифт. Ҳукуматдорон боварӣ доштанд, ки баробари иҷозати фаъолияти динии таҳти назорати Ҳукумат буда, метавонад аз болои он назорат кунад ва пеши роҳи ҳаргуна зуҳуроти номатлубро гирад [3].
Дар соли 1971 Раёсати уламои мусулмонон тавонист иҷозати дар шаҳри Тошкент кушодани Институти исломии ба номи Имом ал-Бухорӣ, ки барои идомаи таълимоти динӣ пас аз хатми мадраса ба роҳ монда шуда буд, гирад [4]. Институти мазкур пурра ба тайёр намудани кадрҳои соҳаи дин, дар мисоли имомхатибон, муддаррис-диншиносон ва диншинос-муҳаққиқон машғул аст. Дар замони шӯравӣ баробари фаъолияти расмии сохторҳои динӣ рӯҳониёни ғайрирасмӣ низ дар кишварҳои Осиёи Миёна дар шакли давраву гурӯҳҳои ғайриошкоро фаъолона амал менамуданд. Рӯҳониёни ғайрирасмӣ маросимҳои диниро анҷом дода, аз низоми фанни фиқҳ таълим медоданд. Барои аксарияти мардуми мусалмон баромадҳои намояндагони расмии рӯҳониён, сатҳи пасти дониши динии онҳо, дурӣ аз мардум ва ғайраҳо писанд намеомад ва дар чунин ҳолатҳо мардум фирефтаи чоплусӣ ва макру найранги рӯҳониёни ғайрирасмие шуданд, ки таълимоти исломро дар хориҷи кишвар гирифта буданд ва бо ҳар роҳу васила худро ба мардум наздик карда, ақидаҳои ифротии худро ташвиқу тарғиб мекарданд. Мардум барои дарёфти ҷавоб ба саволҳои худ ба назди чунин рӯҳониёни ифротӣ муроҷиат менамуданд.
Дар солҳои 90-уми асри ХХ теъдоди зиёди шаҳрвандони кишвар ба мамлакатҳои мусулмонии Шарқи Миёна ва Наздик сафар намуда, дар муассисаҳои динии он кишварҳо маълумоти динӣ гирифтаанд. Ҳамзамон, аз ҷониби ҳаракату созмонҳои мухталифи ифротгарову тундгаро ҷалб гардида, ҳангоми ба ватан баргаштан даст ба тахрибкориву ташвиқоту тарғиботи идеологияи ба ҷомеаи мо бегона мезаданд. Ҳамчунин бархе аз муҳассилине, ки дар хориҷи кишвар маълумоти динӣ ба даст оварда буданд, дар масоҷиди кишвар ба ҳайси имомхатибон ва дигар вазифаҳо фаъолият намуда, дар пайи ҷалб ва раҳгум задани шаҳрвандон гардиданд. Пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ фазои холии идеологӣ дар кишварҳои нави мустақили Осиёи Марказӣ ба вуҷуд омад. Эмиссарҳои хориҷӣ аз кишварҳои мусулмонӣ, ки таҳти таъсири хадамоти махсуси кишварҳои абарқудрат қарор доштанд, ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ташриф оварда, бо истифода аз тамоми усулҳои фаъолияти тахрибкорӣ барои ҷойгир намудани нуфуз ва амалӣ намудани аҳдофи геополитикии худ, аз қабили паҳн намудани адабиёти диниву тарғиботӣ, сармоягузорӣ дар бунёди масоҷид, таъмини моддиву маънавии қишрҳои гуногуни ҷомеа, асосан рӯҳониён, нақши бориз гузошта буданд.
Баробари ин, дар раванди ба даст овардани соҳибистиқлолӣ, дар кишварҳои алоҳидаи Осиёи Марказӣ созмону гурӯҳҳои хислати исломи тундгаро дошта пайдо гардиданд, ки дар интихоб ва бунёди давлати дунявӣ ақидаву амали мухолиф доштанд. Вале таърихи пайдоиши ҳаракатҳои сиёсии исломӣ аз он гувоҳӣ медиҳад, ки дар Осиёи Марказӣ, асосан дар Тоҷикистон ва Ӯзбекистон он ҳанӯз пеш аз пош хӯрдани давлати Шӯравӣ ба таври пинҳонӣ дар шакли гурӯҳҳову ҷамъияти алоҳида фаъолият доштааст Дар замони ба истилоҳ “бозсозӣ” аъзои гурӯҳҳои динӣ дар таъсис додани созмону гурӯҳҳои динӣ-сиёсӣ фаъолона иштирок намуда, аз ҷониби элитаҳои минтақавӣ дар мубориза барои ба даст овардани ҳокимият ва нуфуз истифода мешуданд [5].
Шикасти коммунизм ва фазои холии ақидатӣ дар миқёси кишварҳои пасошӯравӣ сабаби бозгашт ба сарчашмаи арзишҳои миллӣ гардид ва чунин амал бешак дар эҳёи анъанаҳои исломӣ намудор буд. Дар як муддати кӯтоҳ сохтмони масҷидҳои нав тарҳрезӣ гардида, масоҷиди нав оғози фаъолият намуданд. Ба манотиқи кишварҳои Осиёи Марказӣ гурӯҳҳои уламои диние, ки дар мактабҳои исломии хориҷа таҳсил дида буданд ворид гашта, ҳаракату гурӯҳҳои нави исломиро бо дастгирии ҳамаҷонибаи хадамоти махсуси кишварҳои мусулмонии Шарқ ва Ғарб, инчунин кӯмаки созмону ҳаракатҳои ифротиву тундгаро таъсис доданд. Аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии Тоҷикистон омили исломӣ дар ҳудуди кишвар ба яке аз масъалаҳои мубрам ва баҳсноки гурӯҳҳои мухталифи сиёсӣ табдил ёфта буд.
Исломгароӣ ҳамчун тафсири сиёсикунонидашудаи муқаррароти ҷудогонаи Қуръон ва Суннат буда, ба Тоҷикистон ҳанӯз то замони тезутунд гардидани вазъият дар ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ дар заминаи мушкилоти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва байни миллатҳо дар охири солҳои 80-ум ва ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта ворид гардидааст. Ҳатто дар замони муборизаи фаъол алайҳи дин дар Тоҷикистон тарғиботи пинҳонии динӣ дар шакли “давраҳо”- гурӯҳи пӯшидаи диндорон, ки дар назди “домулло”-устоди рӯҳонии худ таълимоти ғайрирасмии динӣ мегирифтанд, фаъолияти худро нигоҳ доштааст [6].
Дар натиҷаи чунин муҳорибаҳои идеологӣ дар мадди аввал пайдо гардидани чеҳраҳои рӯҳониёни ғайрирасмӣ мебошанд, ки дар ҷомеа сазовори эътирофи умум гардидаанд. Қорӣ Муҳаммадҷон Рустамов бештар бо тахаллуси Мавлавии Ҳиндустонӣ машҳур буда, яке аз рӯҳонии вақт ва донандаи илми фиқҳ ба шумор мерафт.
Мувофиқи далелҳо, Қорӣ Муҳаммадҷон дар муддати фаъолияти мударрисии худ дар давоми солҳои 50-80-уми асри ХХ зиёда аз 200 шогирд омода намудааст, ки дар байни онҳо бунёдгузорони самтҳои мухталифи ислом: муҷаддадия, ваҳҳобия ва акрамия, инчунин роҳбарони ташкилоту созмонҳои исломии Осиёи Марказӣ, ба монанди ташкилоти террористӣ-экстремистии ҳизби наҳзати исломӣ (собиқ ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон), Ҳаракати исломии Ӯзбекистон ва ғайра мебошанд[7].
Баъд аз таъсис додани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта намояндагони собиқ қозиёт ва муфтиёти ҷумҳурӣ дар кори наҳзат фаъолона иштирок намудаанд. Самтгирӣ ба ҳифзи арзишҳои мазҳабӣ ва насби минбаъдаи онҳо дар сиёсати давлатӣ ба фаъолони ҲНИТ ва дигар шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки бо онҳо дар ҳамбастагӣ қарор доштанд, имкон дод то дастгирии мусаллаҳонаи собиқ муҷоҳиддини афғон (тоҷиктаборон) ва аз як қатор кишварҳои мусулмонӣ гирифтани маблағро дошта бошанд.
Роҳбарони ҲНИТ оид ба таърихи таъсиси ҳизб ва дурнамои он ба таври ошкоро сухан мегуфтанд. Аз ҷумла, Саид Абдулло Нурӣ роҳбари ҲНИТ нақл намудааст, ки замони ҷавон буданаш аз хориҷа дастурҳои пурарзиш гирифтааст ва дар соли 1975 ташкилоти пинҳонии ҷавононро таъсис додааст. Инчунин, роҳбари расмии ҲНИТ Муҳаммадшариф Ҳимматзода иброз намудааст, ки ҳизб зиёда аз 25 ҳазор ҷангӣ дорад ва барои зада гардонидани ҳамагуна мухолифат омодааст [8].
Чи тавре ки М. Муртазин дар мақолаи худ таҳти унвони “Таджикистан: Победа над исламизмом?” гуфтаҳои муҳаққиқони рус М. Бушкова ва Д. Микулскийро овардааст: “Ақидаву ғояҳои исломгароёни аввалини тоҷик ба идеологияи сиёсатикунонидашудаи салафиҳо-тундгароёни мухталиф ва идеологҳои ҳаракати “Ихвон-ул-муслимин” ба монанди Сайид Қутб ал-Банно ва ғ. наздикӣ доштааст” [9].
Қобили зикр аст, ки таҳлили муҳаққиқи тоҷик Назиров Н.Д. тасдиқи гуфтаҳои олимони рус аст, ки дар солҳои 70-уми асри ХХ ба роҳҳои гуногун аз мамлакати арабии Миср асарҳои роҳбарони харакати “Ихвон-ул-муслимин” Сайид Қутб ал-Банно, Муҳаммад Қутб ва А. Маудудӣ ба водии Фарғонаи Ӯзбекистон оварда мешуданд. Роҳбарони ҳаракатҳои исломӣ дар минтақаи зерин таҳти таъсири адабиёти мазкур ташкилоти исломии “муҷаддадия”-ро таъсис дода, дар байни диндорон зери пардаи дини ислом фаъолияти динӣ-сиёсӣ, яъне сиёсатикунонии исломро пеша намуда буданд.
Дар соли 1978 бошад, асарҳои роҳбарони ҳаракати “Ихвон-ул-муслимин” ба водии Вахши Тоҷикистон оварда шуданд, ки дар ин ҷо бо роҳи нусхабардорӣ миқдорашонро зиёд намуда, миёни ҳамақидаҳояшон паҳн менамуданд. Фаъолияти диндорони тоҷик, ки то соли 1977 мехостанд дини исломро аз ғурриҳо тоза намоянд, пас аз мутолиаву шиносоӣ бо адабиёти воридгардида дар соли 1978 фаъолияти динӣ-сиёсии худро барои сохтани ҷомеаи исломӣ замина гузоштанд. Идеяи “азнавсозӣ” сиёсатикунонии Ислом дар солҳои 70-уми асри ХХ ба водии Вахши Тоҷикистон бо мусоидати шиносоии пешвоёни “муҷаддадия” бо С. Нурӣ, ки аз шогирдони мавлавӣ Муҳаммадҷон Рустамов (Мавлавии Ҳиндустонӣ) дар ш. Душанбе буданд, ворид гардидааст. Ҳамон солҳо сокини шаҳри Қурғонтеппа Муҳаммадҷон Ғуфронов дар ш. Андиҷони Ӯзбекистон зери дасти аллома Раҳматулло таълимоти динӣ гирифта, пас аз бозгашт ба ш. Қурғонтеппа ҳамроҳ бо С. Нурӣ ва дигар рӯҳониён ба тарғибу ташвиқи идеяи сиёсикунонии ислом саҳм гузоштаанд [10].
Дар соли 1993 вақте, ки мухолифин дар шаҳри Душанбе аз ҷониби неруҳои ҳукуматӣ ва фронти халқӣ шикаст мехӯрад, роҳбарони мухолифин С. Нурӣ ва А. Тураҷонзода ба кишвари ҳамсоя Афғонистон фирор мекунанд. Ҳамзамон, ҳангоми муҳоҷират, яъне қарор доштан дар Афғонистон, нуфузи қувваҳои хориҷии исломӣ ба ҲНИТ ба таври назаррас афзоиш меёфт, ки бо назардошти манфиатҳои идеологӣ ва сиёсии худ, онро аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ фаъолона дастгирӣ мекарданд. Дар натиҷа, С.А. Нурӣ таҳти таъсири мардуми ҳамфикри афғони қавмии тоҷикаш, мафтуни Инқилоби эронӣ гашта буд ва чунин мешумурд, ки дар Тоҷикистон низ чунин як инқилоб бояд сурат гирад, дар ҳоле ки иттифоқчии ҳизби ӯ А. Тураҷонзода ҷонибдори таъсиси як давлати исломии суннӣ буд, ки идеологҳои “Ихвон-ул-муслимин” пешниҳод карда буданд [11].
Дар солҳои 70-уми асри гузашта дар кишварҳои шӯравии Осиёи Марказӣ насли нави рӯҳониён ба воя расида буданд, ки аксарияти онҳо соҳиби таълимоти динии ғайрирасмӣ буда, дар раванди сиёсатикунонии ислом ва ё “эҳёи ислом” саҳми хоса доштанд. Ақидаву ғояҳои бегона дар ҷомеаи мо дар заминаи адабиёте, ки характери ифротиву тундгаро доранд, дар мисоли асарҳои ҳаракати “Ихвон-ул-муслимин” (фаъолияташ мамнӯъ дар Тоҷикистон) ва дигар созмону ҳаракатҳои тундгаро бо мақсади сиёсикунонии ислом, аз байн бурдани давлати дунявӣ ва бунёди давлати исломӣ мебошанд, ворид гардидаанд.
Ғавғои исломгароён, рӯҳониён ва дигар диндорон, ки дар атрофи муносибатҳои дину давлат сурат мегирад, асосан на барои ҳифзи дину арзишҳои миллӣ, балки барои ба даст овардани мансаби идоракунанда дар соҳаи дин, ба ин васила нуфуз ва талаби худро дар ҷомеа ва давлат ҷойгир намудан мебошад.
Яке аз омилҳои асосии ҳодисаҳои нангини солҳои 90-уми асри гузашта, аз ҷумла “Баҳманмоҳи хунин”-и моҳи феврали соли 1990 ва заминагузории он барои ба миён овардани ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, маҳз талоши бархе аз уламои кишвар, хусусан саркардагону пайравони наҳзатиёни ифротии қудратталаб буд, ки барои исломикунонии ҷомеаи кишвар аз хориҷа дастгирии ҳамаҷониба мегирифтанд [12].
Бо дар назардошти гуфтаҳои боло, усули асосии нигоҳдошти ҷомеаи Тоҷикистони ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ ва ягонаро дар ба эътибор нагирифтани фарҳангу идеология, мазҳабу равияҳои динии ба ҷомеаи мо бегона, ки талоши пайвастани динро бо сиёсат ва мақсади бунёди давлатӣ исломӣ дорад, дидан мумкин аст. Имрӯз моро зарур аст барои нигоҳдошти сохти давлати дунявӣ дар минтақа ва дар Тоҷикистон барои рушди ҷомеа талошҳо намуда, ҳушёриву зиракии сиёсиро барои таъмини сулҳу субот дар Тоҷикистон аз даст надиҳем.
Салимов А.Ҳ., корманди Институти Осиё ва Аврупои АМИТ
[1] Конститутсияи ҶТ моддаи 8. аз 06.09.1994. “Нашриёти Ганҷ”, Душанбе, 2016, С.135
[2] Белоглазов А.В. Влияние ислама на политические процессы в Центральной Азии: учеб. пособие. Казань: Казан. ун-т, 2013, С. 294
[3] Белоглазов А.В. Влияние ислама на политические процессы в Центральной Азии:учеб. пособие. Казань: Казан. ун-т, 2013, С. 294
[4] Ҳамон ҷо.
[5] Поляков К.И. Исламский экстремизм в Центральной Азии. – М.: Институт востоковедения РАН, 2014, 136 с.
[6] Муртазин М. Таджикистан: победа над исламизмом?. Россия и новые государства Евразии, М.,2018, № 2, С. 109-129.
[7] Олимов С., Шохуморов С. Исламские интеллектуалы в Центральной Азии ХХ в. “Восток (Oriens)”, М., 2003, № 6, С. 33–47.
[8] Одинаев С., Назаров В., Нурахмедов З. Движущие силы(партии) терроризма в Центральной Азии. От Д. Намангони до М. Кабири. 30.10.2013. (Источник Центр-Азия) https://centrasia.org/newsA.php?st=1296420300
[9] Муртазин М. Таджикистан: победа над исламизмом? Россия и новые государства Евразии, 2018, № 2, С. 109-129.
[10] Назиров Н.Д. Проблемы политического ислама и конфликты в государствах Центральной Азии. Диссертация на соискание ученой степени кандидата политических наук. Душанбе, 2017, С.46-47
[11] Муртазин М. Таджикистан: победа над исламизмом? Россия и новые государства Евразии, 2018, № 2, С. 109-129.
[12] Мулломухтор М. “Баҳманмоҳи хунин” найранги ифротиёни наҳзатӣ буд. Ҷумҳурият, № 31, 11.02.2020. https://jumhuriyat.tj/index.php?art_id=39704