Муаллиф: ИОМДОА
Тоҷикистон яке аз Ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ буда, пойтахти он шаҳри Душанбе мебошад. Дар Конфронси байналмилалӣ роҷеъ ба осор ва зиндагии шоир номдору тоҷик Камоли Хуҷандӣ зери унвони «Камоли Хуҷандӣ: ташаккули адабиётшиносӣ ва равобити адабӣ», ки дар 28-29 октябри соли 2016 дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, яке аз иштирокдорон будам.
Дар ин кишвар номи Исмоили Сомонӣ бештар вохурдан мумкин аст. Пас аз истиқлолият ба даст овардани ин кишвар аксарияти номҳои шахсиятҳои маъруфи Иттиҳоди шуравӣ ба номҳои шахсиятҳои маъруфи тоҷик табдил карда шуданд. Исмоили Сомонӣ, яке аз подшоҳони маъруфи давлати Сомониён ба шумор рафта, пули миллии ин кишвар ба номи сомонӣ гузошта шудааст. Бинобар маълумоти сачашмаҳои таърихӣ шаъну шарафи давлати Сомониён замоне ба авҷи худ расид, ки тамаддуни исломӣ ҳамон замон низ ҷаҳоншумул буд. Давлати Сомониён дар он замон дар самти тиҷорат ва рушди саноати абрешимӣ, саноати маъдан, кишоварзӣ ва зироъаткори маълуму машҳур буд.
Шаҳри Хуҷанд ҳамчун шаҳри қадима дар Шоҳроҳи абрешим ҷойгир аст. Ин шаҳр баъд аз пойтахти Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, дуюмин шаҳри бузург шуморида мешавад. Зимистони шаҳри Хуҷанд нисбатан сард буда, роҳҳои пурпечутоб дар байни кӯҳҳо дошта ва дар миёни ин шаҳр дарёи Сирдарё (Сайҳун) мегузарад, ки ба шаҳр зебоиҳои дигар зам мекунад. Боғҳо ва мақбараи Камоли Хуҷандӣ, ки бо намунаи меъмории хос сохта шудааст, яке аз маконҳои машҳури ин шаҳр ба шумор меравад. Инчунин масҷиди ба номи шайх Муслиҳиддин бо ҳунарҳои миллии кандакоришуда, ки аз ҳунарҳои волои ин мардум дарак медиҳад, инчунин шахсияти машҳури шайх Муслиҳиддин чун асари таърихӣ ва ҳунару меъмории бостонии ин кишвар арзёби мешавад. Бояд гуфт, ки хондани хутбаи намози ҷумъа ба забони арабӣ маро бештар мутаассир кард.
Қобили зикр аст, ки ҳадафи сафари ман ба ин кишвар ҷашнвораи Камолиддин Масъуди Хуҷандӣ буд, ки яке аз бузургтарин шоирони аҳли тасаввуф ва ирфон ба шумор меравад. Осор ва ашъори пурмуҳтавои Камоли Хуҷандӣ саропо ишқи илоҳӣ ва ирфониву тасаввуфист, ки дар баробари ғазалҳои бузургтарин шоирони адабиёти форс ба мисли Саъдии Шерозӣ ва Ҳофизи Шерозӣ меистад.
Камоли Хуҷандӣ дар асри VIII ҳиҷрӣ дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст, ки дар адабиётҳои илмӣ бо номи Мовароуннуҳр зикр шудааст. Мавсуф дар сини наврасӣ ҷиҳати таҳсили илм ба шаҳри Тошканд рафтааст. Баъд аз он ба Маккаи мукаррама барои адои фаризаи ҳаҷ сафар кардааст. Дар аснои бозгашт аз Маккаи мукаррама ба Табрез рафта, дар дарбори подшоҳ Ҳусайн ал-Ҷалоирӣ хидмат кардааст.
Камоли Хуҷандӣ бо хислатҳои ҳамида ва парҳезкорӣ сазовори эҳтироми Амир Мироншоҳ писари Темур гардидааст. Вақте, ки ҳокими Қипчоқ бисёре аз олимонро ҳамроҳаш гирифта буд, Камоли Хуҷандӣ низ дар миёни онҳо буд. Камоли Хуҷандӣ дар шаҳри Сарой, пойтахти Қипчоқ муддати чаҳор сол зиндаги кард ва маълум нест, ки зиндагии ӯ дар ин ҷо ихтиёрӣ буд ё маҷбурӣ. Бинобар маълумоти сарчашмаҳои таърихӣ шоир дар охирҳои умри хеш гушанишинӣ карда, аз олам гузаштааст. Баъд аз вафоти шоир дар ҷойи гушанишӣ кардааш як бурёи дурушту фарсударо пайдо карданд, зеро ба ғайр аз ризоии Худованди мутаол чизи дигаре аз зиндаги талаб надоштааст.
Девони шоири бузург Камоли Хуҷандӣ аз ғазалҳои суфиёна, мақтаъҳо ва рубоиёт иборат аст.
Шоири бузурги суфӣ Абдурраҳмони Ҷомӣ ҷое ишора кардааст, ки қисмате аз шеъри Камоли Хуҷандӣ осон ва қисмате душворфаҳманд. Бино ба ахбори баъзе сарчашмаҳо, орифон зикр кардаанд, ки суҳбат бо Камоли Хуҷандиро аз қироати шеъраш беҳтар медонанд ва ҳамчунин, шунидани шеъри Ҳофизи Шерозиро аз суҳбаташ беҳтар мешуморанд.
Камоли Хуҷандӣ дар васфи Паёмбари ислом Муҳаммад (с) мегӯяд:
Эй маҳи рухсори ту матлаъи субҳи яқин,
Ғошияи кибриёт шаҳпари Рӯҳу-л-амин.
Ойинадори рухат оризи моҳи тамом,
Такягаҳи минбарат пояи чархи барин.
Тору пуди ашъори Камоли Хуҷандӣ мисли ҳарир зебо аст. Бо ин ҳама бузургӣ мавсуф ягона шоири мардуми тоҷик нест. Чунки ҳангоми бозгашт аз шаҳри Хуҷанд ба сӯи пойтахти ин кишвар шаҳри Душанбе, мо дар шаҳри Панҷакент оромгоҳи шоири дигари тоҷик Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва табиби машҳур Абӯалӣ Ибни Синоро дар шаҳри Душанбе зиёрат кардем. Тоҷикистон хеле табиати дилкаше дошта, дар баландтарин қулла ҷойгир аст ва куҳҳои осмонбус Тоҷикистонро дар оғуш гирифтааст. Куҳҳои сарбафалаккашидаи барфпуш ба ҳусни афсунии ин диёр ҳусни дигаре зам кардааст. Бояд гуфт, ки ин куҳҳои барфпӯш сарчашмаи боигарии оби ин кишвар маҳсуб мешавад. Барфҳо ва пиряхҳо об шуда, ба рӯдхонаҳои зебо табдил меёбанд ва овози шаршараҳои дилнишин дар гуша ва канори мавзеъҳои ин кишвар ҳамчун овои гушнавоз ба рӯҳу ҷон сафо мебахшад.
Ҳангоми сафар ба шаҳри Хуҷанд дар шаҳри Истаравшан моро шоирдухтарон истиқбол намуданд, ки аз насл ва шаҷараи олимони бузурги ислом аз қабили Форобӣ, Берӯнӣ, Ибни Сино, Имом Бухорӣ, Тирмизӣ, Замахшарӣ ва аз шоирон Рудакӣ, Камоли Хуҷандӣ мебошанд.
Қобили зикр аст, ки мардуми ин кишвар табиати волои меҳмоннавозӣ дошта, соҳиби анъанаву фарҳанги фарогири тамаддуни ориёӣ дар Хуросони бузург буда, мардуми Мисрро ҳамчун рамзи ал-Азҳари шариф дӯст медоранд. Аслан мардуми тоҷик пайравони аҳли суннат мебошанд.
Мардуми тоҷик мардуми меҳнатдӯст буда, кишоварзӣ яке аз самтҳои муҳимтарини фаъолияти онҳо ба ҳисоб меравад. Зимни суҳбат бо ин мардум барало эҳсос мешавад, ки онҳо мардуми бофарҳанг таҳсилкарда мебошанд, ки қисмате аз онҳо забони арабиро медонанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон, кишвари рӯдхонаҳои Сайҳун ва Ҷайҳун аст, ки ҳамчун биҳишти рӯи замин кишвари кариму зебо буда нақши бузурги таърихӣ дорад.
Аксарияти ин мардум табиати шоирӣ доранд, ки фитрати шеърдонӣ аз ниёгони онҳо сарчашма мегирад. Аз кадом байти шеърие, ки оғоз мекардам онҳо онро ба охир мерасонданд. Аз Худованд дуогӯи он ҳастам, ки олимони ин кишвар, ки дар рушду густариши илму маърифат саҳм гузоштаанд ва роҳро ба суи машъали тамаддуни инсонӣ боз намудаанд, ки як замон ҷаҳон дар торикӣ қарор дошт, равшанӣ андохтанд, раҳмату мағфират намояд.
Рифъат Абдуллоҳ Сулаймон,
мудири шуъбаи забонҳои шарқи
Донишгоҳи Канали Сувейси ҶМА,
Тарҷумаи Абдулҳалим Одинаев,
корманди Институт
Сарчашма:
http:// https://www.masress.com/ahram/1565638