НАЦИОНАЛЬНАЯ АКАДЕМИЯ НАУК ТАДЖИКИСТАНА

ИНСТИТУТ ИЗУЧЕНИЯ ПРОБЛЕМ СТРАН АЗИИ И ЕВРОПЫ

Ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Покистон дар самти энергетика (с.2007-2011)

Автор: Кудратов Комрон

Ҳамкориҳои мутақобилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Покистон пас аз барқарор гардидани муносибатҳои дипломатӣ ба марҳилаи сифатан нави рушди худ ворид гардид. Ҳанӯз соли 1992 Ҷумҳурии Исломии Покистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар бахши энергетика ба имзо расониданд, ки мувофиқи он интиқоли 1000 мегаватт ба Покистон ва бунёди хати баландшиддати интиқоли барқ тавассути Афғонистон ба нақша гирифта шуда буд. Дар марҳилаи солҳои 1992-2007 дар рушди ҳамкориҳои гидроэнергетикӣ мулоқотҳо ва гуфтушнидҳои роҳбарияти олии ду кишвар нақши назаррас гузоштааст. Дар ин марҳила метавон вохӯриҳои бевоситаи сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Покистон Муҳаммад Навоз Шариф (4 июли соли 1993, дар меҳмонхонаи «Конрад»-и Истамбул), бо Президенти Покистон (23 марти соли 1997, дар шаҳри Исломобод), бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон Гавҳар Аюбхон (20 июни соли 1997), бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Покистон Абдул Саттор 12 апрели соли 2002 вазири молияи Покистон Шавкат Азиз 13 майи соли 2004 дар Исломообод, 6 июли соли 2005 дар Остона), бо Президенти Покистон Парвиз Мушарраф (22 апрели соли 2005 дар Индонезия, 7 декабри соли 2005 дар шаҳри Маккаи Арабистони Саудӣ) бо вазири хоҷагии обу энергетикаи Ҷумҳурии Исломии Покистон Лиёқат Алӣ Ҷатой (30 марти соли 2005) бо Раиси сенати Ҷумҳурии Покистон Муҳаммад Миан Сумро (26 июни соли 2006)-ро ёдовар шуд.

НАЗАД