НАЦИОНАЛЬНАЯ АКАДЕМИЯ НАУК ТАДЖИКИСТАНА

ИНСТИТУТ ИЗУЧЕНИЯ ПРОБЛЕМ СТРАН АЗИИ И ЕВРОПЫ

ҲАМКОРИҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ҶУМҲУРИИ ҚИРҒИЗИСТОН ДАР СОҲАИ ФАРҲАНГ

Автор: Давлиёрова Сафаргул

Ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷумҳурии ба мо дӯсту бародар ва ҳамсояву ҳамсарҳад Ҷумҳурии Қирғизистон дар тамоми ҷабҳаҳои сиѐсӣ, фарҳангӣ, дипломатӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ густариш ѐфтаанд. Аз ҷумла, баргузории Рӯзҳои фарҳангии ҳар ду ҷумҳурӣ, созмондиҳии чорабиниҳои гуногуни милливу мусиқӣ, намоишҳо, конференсияҳои илмиву амалии байналхалқӣ, симпозиуму машваратҳо бо иштироки намояндагони илм, фарҳанг ва зиёиёни эҷодкор ба ҳукми анъана даромадаанд. Тавре маълум аст, халқҳои тоҷик ва қирғиз аз замонҳои қадим ҳудудан ба ҳамдигар наздик буда, дар як сарзамин ҳаѐт ба сар мебаранд ва аз ҳамон давраҳо бо тоҷикон ҳамсоягии наздик ва доду гирифт доранд. Таҳлили равобити фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон нишон дод, ки ҳарду давлат дар таҳким ва рушди равобити байнидавлатӣ дар соҳаи фарҳанг ҳамеша ҳавасманд мебошанд. Бо соҳибистиқлол гардидани ҷумҳуриҳо мазмун ва мундариҷаи ин ҳамкориҳо боз ҳам ғанӣ гардида, ба манфиати ҳар ду кишвар равона шудаанд, ки барои пешрафти соҳаҳои фарҳанги ду ҳамсоя кишвар заминаи муфид хоҳад гузошт. Дар ибтидои асри XXI замина ва муҳтавои ин ҳамкорӣ ғанӣ гардида, ба нафъи ҳарду кишвар нигаронида шудааст. Дар маҷмуъ рушди ҳамкориҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистонро рушдёбанда арзёбӣ намудан ба маврид аст. Дар мақола мухтасар аз соҳаҳои ташаккули ҳаѐти фарҳангӣ ва равобити адабии халқҳои тоҷику қирғиз сухан меравад.

НАЗАД