НАЦИОНАЛЬНАЯ АКАДЕМИЯ НАУК ТАДЖИКИСТАНА

ИНСТИТУТ ИЗУЧЕНИЯ ПРОБЛЕМ СТРАН АЗИИ И ЕВРОПЫ

Ҷашни Сада бозгӯи ёдгори қадимӣ ва таърихии халқи тоҷик

Автор: Давлиёрова Сафаргул

Эҳёи ҷашни Сада ва дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ намудани ойинҳои бостони халқи тоҷик аз қабили Наврӯз, Тиргон, Меҳргон ва Сада дар таҳкими худшиносию худогоҳии миллии халқи тоҷик, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ, тарбияи наврасону ҷавонон дар руҳияи меҳру садоқат ба сарзамини аҷдодӣ, ватан, модар заминаи устувор мегузорад. Бо ифтихору сарбаланди метавон зикр намуд, ки «Ҷашни Сада» ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарият ворид гардид. Дар воқеъ эҳёю баргузории ҷашни Сада дар сатҳи байналмилалӣ бозгӯи ёдгори қадимӣ ва таърихии халқи тоҷик маҳсуб меёбад. Ин бори дигар шаҳодати он аст, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол ба қатори кишварҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ворид гардида, ҷой ва мавқеи муносиби худро пайдо намуда, дар барқарориву устувории сулҳу амнияти байналмилалӣ саҳми босазою арзанда мегузорад.

НАЗАД