Автор: Кудратов Комрон
Чи гунае, ки ба мо маълум аст 15 январи соли ҷорӣ раисҷумҳури Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён бо сафари давлатӣ ба Тоҷикистон ташриф меоранд ва дар ин бора ҳам дафтари матбуотии ВКХ-и Ҷумҳурии Исломии Эрон ва ҳам дафтари матбуотии ВКХ-и Тоҷикистон иттилоъ дода буданд ва он имрӯзҳо дар ҳолати амалӣ гардидан қарор дорад. Тоҷикистон сиёсати хориҷии худро аз рӯйи сиёсати “дарҳои кушода” амалӣ мекунад, ки он имрӯзҳо ба сиёсати бисёрсамта табдил ёфтааст. Аз ин дидгоҳ, Ҷумҳурии Тоҷикистон манфиатдори равобит бо ҳамаи қудратҳои хостори ҳамкории мутақобилаи судманд Тоҷикистон мебошад. Эрон низ дар ин самт дар сиёсати хориҷии муосири Тоҷикистон ҷойгоҳи хоса дорад ва густариши ҳамкориҳо ба нафъи ҳарду кишвар аст.