НАЦИОНАЛЬНАЯ АКАДЕМИЯ НАУК ТАДЖИКИСТАНА

ИНСТИТУТ ИЗУЧЕНИЯ ПРОБЛЕМ СТРАН АЗИИ И ЕВРОПЫ

Таблиғоти терроризм ва ифротгароӣ дар шабакаи Интернет

Автор: Салимов Акбар

Шабакаи ҷаҳонии Интернет дар ҷаҳони муосир ба як воситаи бемаҳдуди муошират ва табодули иттилоот миёни одамон табдил ёфтааст, ки бешак бартарии дастрасии аудиторияи васеъ дар гӯшаҳои мухталифи дунёро дорад. Аммо Интернет дар пасманзари паҳлӯҳои мусбати истифодааш, мавриди таваҷҷуҳи созмонҳои террористӣ ва ифротгаро низ ҷиҳати пиёда намудани мақсадҳои ғаразнок қарор гирифтааст. Дар шароити ҷомеаи дигаргуншавандаи муосир масъалаи таблиғоти терроризм ва экстремизм дар фазои бемаҳдуди Интернет нигаронкунанда ва актуалӣ боқӣ мондааст. Дар даҳсолаҳои охир раванди таҳдиду хатарҳои терроризму ифротгароӣ тариқи шабакаи Интернет дар фазои иттилотӣ мушоҳида мегардад. Ҳадафи асосии фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ ва ифротгаро дар Интернет таблиғи идеологияи террористӣ ва ифротгароӣ, тарсондани ҷомеа, паҳн кардани маълумоти бардурӯғ ҷиҳати барангехтани кинаву адовати динӣ-мазҳабӣ ва нажодӣ, инчунин ҷалби аъзоёни нав ба сафи чунин ташкилот аз ҳисоби ҷавонон, ки қишри осебпазири ҷомеаро ташкил медиҳанд, мебошад. Ҳамин тавр, тайи солҳои охир созмонҳои террористӣ ва ифротгаро дар тамоми шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ устуворона мавқеъ пайдо намуда, онро ҳамчун василаи асосии паҳн кардани ғояҳои худ ошкоро ва пинҳонӣ мавриди истифода қарор додаанд.

НАЗАД