НАЦИОНАЛЬНАЯ АКАДЕМИЯ НАУК ТАДЖИКИСТАНА

ИНСТИТУТ ИЗУЧЕНИЯ ПРОБЛЕМ СТРАН АЗИИ И ЕВРОПЫ

Ташаккули тарбияи солими ҷавонон дар шароити ҷаҳонишавии замони муосир

Автор: Давлиёрова Сафаргул

Дар шароити зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир таълиму тарбияи солими ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ ва баланд бардоштани ҳисси худшиносии онҳо мавзӯи мубрами рӯз маҳсуб ёфта, тақозо менамояд, ки ҷавонони асри 21-ро, ки асри пешрафту тараққиёти илм, техника, технологияи муосиртарин мебошад, дар руҳияи ҳисси баланди худшиносию худогоҳии миллӣ тарбия намуд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тарбияи солими ҷавонон ва фаъолияти озодонаи онҳо тамоми шароитҳои мусоидро фароҳам намудааст. Ҷавонони худшиноси замони Истиқлолро дар шароити ҷаҳонишавии замона мебояд, ки аз ин неъмати бебаҳо манфиат бардошта, донишҳои замонавиро аз худ намуда, дар ҳифзи манфиатҳои волои миллию давлатӣ ва марзу буми Тоҷикистони азиз саҳми арзандаи хешро гузоранд.

НАЗАД