НАЦИОНАЛЬНАЯ АКАДЕМИЯ НАУК ТАДЖИКИСТАНА

ИНСТИТУТ ИЗУЧЕНИЯ ПРОБЛЕМ СТРАН АЗИИ И ЕВРОПЫ

ОСИЁИ ҶАНУБУ ШАРҚӢ: ШИНОХТИ ВАЗЪИ ДИНӢ ВА МАЗҲАБӢ

Автор: Кудратов Комрон

Омӯзиши масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва фарҳангии равандҳои геополитикӣ ва интегратсионии кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ дар замони муосир бо дар назардошти манфиатҳои миллӣ, ҳадафҳои стратегӣ ва геополитикии давлатҳои калидии минтақа, қувваҳои таъсирбахши минтақавӣ, вижагиҳои хоси иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ амри зарурӣ гардидааст. Дар асари таҳқиқотии мазкур таваҷҷӯҳи хоса ба он дода мешавад, ки омилҳои фарҳангӣ ва динӣ-мазҳабӣ дар кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ба манфиатҳои миллии давлатҳои ин минтақа чӣ таъсире доранд ва барои рушди сиёсӣ, иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва фарҳангии ин давлатҳо чӣ паёмаде хоҳанд дошт. Дар ин замина оид ба вазъи кунунӣ ва дурнамои сиёсати дохилӣ ва хориҷии динӣ-мазҳабии кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ва таъсири омилҳои динӣ-мазҳабӣ ба он таҳқиқот бурда мешавад. Таҳқиқоти мазкур дар асоси омӯзиши сарчашмаҳои муҳими илмӣ, маводҳои мӯътамад, васоили умум, пурсишҳои коршиносӣ дар Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон амалӣ гардонида шудааст ва ба муҳаққиқон, мумайизон, муаррихон ва ба доираи васеъи хонандагони соҳа пешниҳод карда мешавад.

НАЗАД