НАЦИОНАЛЬНАЯ АКАДЕМИЯ НАУК ТАДЖИКИСТАНА

ИНСТИТУТ ИЗУЧЕНИЯ ПРОБЛЕМ СТРАН АЗИИ И ЕВРОПЫ

Ҷаласаи дувоздаҳуми Комиссияи муштараки Тоҷикистон ва Туркманистон дар ш. Душанбе

Автор: Давлиёрова Сафаргул

Расм

Санаи 27-28-уми ноябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи дувоздаҳуми Комиссияи муштараки ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва илмиву техникии Тоҷикистон ва Туркманистон бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдори ду ҷониб баргузор гардид.

Дар комиссияи муштарак аз ҷониби Тоҷикистон муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода ва аз ҷониби Туркманистон муовини Раиси Девони вазирони Туркманистон Тангригули Атахаллиев иштирок доштанд.

Таъкид гардид, ки давоми солҳои истиқлолият байни Тоҷикистон ва Туркманистон заминаи боэътимоди ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсат, тиҷорат, иқтисод, фарҳангӣ-гуманитарӣ ба вуҷуд омадааст, ки дар асоси ин дастовардҳо ҳамкории давлатҳо ба сатҳи шарикии стратегӣ бароварда шуд.

Дар ҷараёни кори Комиссия ду ҷониб оид ба иҷрои қарорҳои ҷаласаи ёздаҳум, ки 9-10 ноябри соли 2022 дар шаҳри Ашқобод доир гардида буд, табодули назар намуданд.

Ҳамзамон дар ҷараёни кори Комиссия тарафҳо роҳҳои густариши ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ, техникӣ, илмӣ ва фарҳангиро дарёфт ва масъалаҳои зерин, чун пешравӣ дар татбиқи Харитаи роҳ оид ба афзоиши гардиши мол байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон давоми солҳои 2022-2023, ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика ва захираҳои об, аз ҷумла оид ба воридоти маҳсулоти нафтӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Туркманистон, беҳтаргардонии вазъи экологӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ дар ҳавзаи Баҳри Арал, ҳамкорӣ дар бахши нақлиёт, саноат, маориф, варзиш ва ҷавонон, тандурустӣ ва амнияти озуқавориро баррасӣ намуданд.[1]

Санаи 28-уми ноябри соли 2023 дар доираи баргузории ҷаласаи дувоздаҳуми Комиссияи муштараки ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва илмиву техникии Тоҷикистон ва Туркманистон протоколи ҷаласаи 12-уми Комиссия ба имзо расид. 

Бояд қайд намуд, ки давоми соли сипаригардида ҳаҷми гардиши савдои хориҷии мутақобила бо Туркманистон 52,9 млн доллари ИМА-ро ташкил дода, дар муқоиса бо соли 2021 ба андозаи 30,7 млн доллар ё 2,4 маротиба афзоиш ёфтааст. Ҳиссаи гардиши мол бо Туркманистон дар ҳаҷми умумии гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон 0,7 фоизро ташкил дода, дар сохтори гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷои 16-ум қарор дорад. Содироти мол ба Туркманистон аз Тоҷикистон дар ин давра 0,8 миллион доллар ва воридот аз Туркманистон 52,1 миллион долларро ташкил дод. Давоми моҳҳои январ - октябри соли 2023 ҳаҷми гардиши мутақобилаи савдои хориҷӣ бо Туркманистон 36,9 миллион доллари ИМА-ро ташкил дод.[2]

Қобили зикр аст, ки ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркманистон дар заминаи густариши ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ, нақлиёт, саноат, техникӣ, илмӣ, фарҳангӣ, маориф, варзиш ва ҷавонон, тандурустӣ ва амнияти озуқаворӣ пояи амиқи рушди устувор барои ҳар ду кишвар мегузорад. 

Сарчашма:

  1. https://khovar.tj/2023/11/dar-dushanbe-alasai-duvozda-umi-komissiyai-mushtaraki-to-ikiston-va-turkmaniston-o-oz-gardid/. Санаи муроҷиат: 27.11.2023с.
  2. https://khovar.tj/2023/11/dar-dushanbe-protokoli-alasai-duvozda-umi-komissiyai-mushtaraki-to-ikiston-va-turkmaniston-ba-imzo-rasid/. Санаи муроҷиат: 28.11.2023с.

 

Давлиёрова Сафаргул,

ходими пешбари илмии

шуъбаи Осиёи Марказӣ

 

НАЗАД