Далелҳои зиёд гувоҳ бар онанд, ки дар Осиёи Марказӣ миёни Чин ва Федератсияи Россия на фақат ҳамкорӣ, балки рақобати солими иқтисодӣ низ вуҷуд дорад. Ҳар ду кишвар саъй доранд нуфузи худро тақвият бахшанд ва ҳузури иқтисодии худро дар минтақа густариш диҳанд. Чин ба шарофати ибтикори «Як камарбанд, як роҳ» ба инфрасохтор, энержӣ ва дигар бахшҳо сармоягузории зиёд мекунад. Россия, дар навбати худ, ба таври анъанавӣ бо минтақа, бахусус тавассути ИДМ, Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ва СААД равобити наздики иқтисодӣ дорад. Маскав низ талош дорад бо пешниҳоди тарҳҳои алтернативӣ ва сармоягузорӣ нуфузи худро дар шакли муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба тақвият диҳад.
Сармоягузории Чин дар Осиёи Марказӣ ба шарофати пешбурди ташаббуси “Камарбанд ва роҳ”, ки сохтмони роҳҳои мошингард, роҳи оҳан, қубурҳо ва иншооти энергетикиро дар бар мегирад, ба таври қобили мулоҳиза афзоиш меёбад. Россия низ, дар навбати худ, сармоягузориро дар минтақа идома медиҳад, вале дар миқёси хурдтар, бо тамаркуз ба ҳамкориҳои энержӣ ва низомиву фаннӣ.
Ҳар ду давлат ба дастрасӣ ба манобеи табиии Осиёи Марказӣ ва захираҳои энергетикии он, рушди долонҳои нақлиётӣ ва густариши нуфузи сиёсӣ ва фарҳангӣ манфиатдор мебошанд. Чин саъй дорад фаъолникии энержии худро диверсификатсия кунад, дар ҳоле ки Россия ҳам мехоҳад мавқеи бартарии худро дар минтақа дар ин бахш нигоҳ дорад.
Россия ва Чин шарикони асосии тиҷоратии кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошанд. Россия ба таври анъанавӣ бо минтақа равобити васею фарохи тиҷоратӣ дошт, дар ҳоле, ки тиҷорат бо Чин, бахусус дар партави ибтикори “Як камарбанд, як роҳ”, дар асоси дуҷониба афзоиш меёбад.
Ҳар ду кишвар ба кишварҳои Осиёи Марказӣ кумаки молӣ мерасонанд ва қарз медиҳанд, ки ин ҳам василаи таҳкими нуфузи онҳост.
Россия ва Чин аъзои созмонҳои мухталифи минтақавӣ, аз қабили СҲШ, ҳастанд, ки дар он ҷо метавонанд манфиатҳои худро татбиқ намоянд ва рӯзномаи минтақавиро таҳия кунанд.
Рақобати солим миёни Россия ва Чин метавонад ба рушди иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ, ҷалби сармоя ва технологияҳои нав мусоидат кунад.
Аз сӯи дигар, рақобат метавонад боиси афзоиши вобастагии кишварҳои Осиёи Марказӣ аз бозигарони беруна ва ташдиди танишҳои геополитикӣ дар минтақа шавад[1].
Тибқи маълумоте, ки Идораи кулли гумрук нашр кардааст, ҳаҷми муомилоти мол миёни Чин ва Россия дар муқоиса бо соли 2023 ба андозаи 2,1 дарсад афзоиш ёфта, дар 11 моҳи соли 2024 ба 222 миллиарду 775 миллион доллари ШМА расид. Аз ҷумла, содирот аз Чин ба Россия 104 миллиарду 196 миллион доллари ШМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2023 4 фоиз зиёд буда, воридоти Чин аз Россия 0,4 дарсад афзоиш ёфт ва 118 миллиарду 579 миллион доллари ШМА-ро ташкил дод. Тибқи омор, дар моҳи ноябри соли 2024 ҳаҷми гардиши тиҷорати хориҷии ду кишвар ба 20 миллиарду 516 миллион доллар расидааст. Аз ҷумла, содироти Чин ба Россия 10 миллиарду 380 миллион доллари ШМА ва воридоти Чин аз Россия 10 миллиарду 478 миллион доллари ШМА-ро ташкил додааст[2].
Россия ва Чин дар моҳи январ-октябри соли 2024 муомилоти молро нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5 фоиз зиёд карда, онро ҳаҷман ба 196 миллиард доллар расондиданд.
Муовини Сарвазири Россия Александр Новак дар ҳамоиши байналмилалии «Оғози пешрафтҳо: Россия ва Чин - ҳамкории мутақобилан судманд. 2024» ибрози ақида намуд, ки: "Соли ҷорӣ бо вуҷуди фишорҳои афзояндаи хориҷӣ, гардиши мол миёни кишварҳои мо рӯ ба афзоиш дорад. Дар 10 моҳи соли ҷорӣ он аз 196 миллиард доллар гузашт, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5% бештар аст. Ҳиссаи асъорҳои миллӣ дар ҳисоббаробаркуниҳои мутақобила пайваста баланд боқӣ монда, аз 90% зиёд аст. Соли гузашта гардиши мол миёни ду кишвар 240 миллиард доллари ШМА-ро ташкил дод. Натиҷаҳои бадастомада тавассути бунёди занҷирҳои нави нақлиётию логистикӣ, мутобиқгардонии созукор (механизмҳо)-и пардохт ва дарёфти шаклҳои алтернативии ҳамкорӣ имконпазир гардид”[3].
Кишварҳои Осиёи Марказӣ дар пайи нигоҳ доштани мувозинати равобити худ бо Россия ва Чин ҳастанд ва талош мекунанд, ки ба ҳар ду ҷониб нафъ бидиҳанд ва аз бартарӣ шудани як тараф ҷилавгирӣ кунанд.
Дар маҷмуъ, рақобати солими иқтисодии Чин ва Россия дар Осиёи Марказӣ як раванди печидаву мураккаб ва бисёрҷанбаест, ки ба вазъи сиёсӣ ва иқтисодии минтақа таъсири назаррас дорад.
Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Федератсияи Россия шарикони стратегӣ буда, дар доираи бисёр ташкилотҳои минтақавию байналмилалӣ дар масъалаҳои гуногун мавқею дидгоҳи ҳамсон доранд. Дар минтақаи Осиёи Марказӣ ҳар ду давлат манфиатҳои худро доранд ва кӯшиш мекунанд, ки дар Осиёи Марказӣ мавқеи геополитикии худро мустаҳкам намоянд. Дигар ин аст, ки Осиёи Марказӣ ба майдони рақобати солиму ниҳонии иқтисодӣ ва геополитикии ин ду абарқудрат табдил ёфтааст. Вале чунин сурат гирифтани вазъ ба истиқлоли сиёсӣ ва иқтисодии давлатҳои Осиёи Марказӣ ягон таҳдиду хатар надорад. Муҳим он аст, ки кишварҳои минтақа дастаҷамъона аз манфиатҳои миллию давлатии худ дифоъ намоянд, аммо бе маблағгузории Чин ва Федератсияи Россия иқтисоди ин кишварҳо пешрафти назаррас дошта наметавонанд. Ҳадаф аз гуфтаҳо ин аст, ки маблағгузориҳо, корхонаҳои муштарак, сохтмони иншоотҳои гуногун аз ҷониби ин абарқудратҳо дар Осиёи Марказӣ бар суди ҳамаи ҷонибҳо ва суботи иҷтимоӣ бошанд.