НАЦИОНАЛЬНАЯ АКАДЕМИЯ НАУК ТАДЖИКИСТАНА

ИНСТИТУТ ИЗУЧЕНИЯ ПРОБЛЕМ СТРАН АЗИИ И ЕВРОПЫ

Ҳамкориҳо тавсеа меёбанд

Автор: Дороншоева Некбахт

Расм

Вохӯрии навбатии Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ тибқи нақшаи пешбинишуда доир мегардад ва ҳадафи асосии он муайян ва мушаххас кардани ҷойгоҳи кишварҳои Осиёи Марказӣ дар раванди тағйирёбандаи муносибатҳои байналмилалии сиёсӣ ҳам дар асраи ҷаҳонӣ ва ҳам дар сатҳи минтақаҳо мебошад. Дар шаҳри Душанбе доир гардидани мулоқоти мазкур аз обрӯ ва эътибори афзояндаи Тоҷикистон ва роҳбарияти сиёсии он, махсусан Пешвои миллат равшан гувоҳӣ медиҳад. Дар ҳақиқат, Душанбе имрӯз ба маркази бонуфузи ҳалли масъалаҳои мубрами рӯз, дипломатияи амалӣ ва таконбахши равандҳои созандаи ҳамкориҳову ҳамгироӣ ва ҳамбастагии тарафайн муфид табдил ёфтааст.

Тоҷикистон ҳамчун ташаббускори иқдомҳои сатҳи ҷаҳонӣ нисбат ба истифодаи оқилонаву самараноки захираҳои об монанди пиряхҳо ва дарёҳои саршори об дар минтақаи Осиёи Марказӣ бо шумули Афғонистон, ки дар шимоли ин кишвар сохтмони канали Қӯштеппа дар авҷ аст ва дар оянда ҷиҳати тақсимоти захираҳои обии минтақа эҷод намуданаш аниқ аст, инчунин ҷонибдори барпо намудани камарбанди амниятӣ атрофи кишвари ҷангзадаи Афғонистон бо иштироки бевоситаи давлатҳои манфиатдори минтақа ва бо мақсади густариши минбаъдаи зичи ҳамкорӣ ва ҳамгироии кишварҳои Осиёи Марказӣ бо ширкати сарони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ дар ин рӯзҳои моҳи сентябр дар Душанбе мулоқоти навбатӣ барпо карда истодааст.

Илова намудан зарур аст, ки Сарвари давлати Тоҷикистон борҳо таъкид намуда буданд, воқеияти имрӯз аз кишварҳои минтақа тақозо мекунад, ки дар мубориза бар зидди терроризм, ифротгароӣ, радикализм, қочоқи маводи мухаддир, одамрабоӣ, киберҷинояткорӣ ва ҷиноятҳои муташаккил ҳамкориҳои фаврӣ ба роҳ монанд.

Нишасти машваратии сарони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ рӯзҳои 14-15 сентябр дар Душанбе баргузор шуда истодааст. Тоҷикистон ҳамчунин пешниҳод кардааст, ки дар ҳошияи ин ҳамоиш 12 чорабинии паҳлӯӣ, аз ҷумла як анҷумани иқтисодӣ, ҳамоиши олимон ва нишасти занони фаъол баргузор шавад.

Рӯзи 14 сентябр дар толори маҷлисгоҳи Раёсати АМИТ вохӯрии Президентони Академияҳои илмии Қазоқистону Ӯзбекистон ва Саркотиби илмии Академияи илмҳои Туркманистон бо иштироки васеи олимону мутахассисони АМИТ барпо карда шуд. Дар мулоқоти самимӣ олимони варзидаи ин ҷумҳуриҳо оид ба муваффақияту пешравӣ ва дастовардҳои соҳаи илмии кишварашон баромад намуда, дар соҳаҳои марбутаи илмӣ олимону мутахассисони тоҷикистониро ба ҳамкориҳои тарафайн судманд даъват карданд.

Дар нишасти машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ як бастаи аснод ба имзо хоҳад расид, ки муҳимтарини онҳо Эъломияи ниҳоии сарони кишварҳо хоҳад буд.

Тоҷикистон ҳамчунин пешниҳод кардааст, ки дар ҳошияи нишасти панҷуми машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ 12 чорабинии иловагӣ – анҷумани иқтисодӣ, анҷумани олимон, мулоқоти занони фаъол, барномаи фарҳангӣ ва анҷуман баргузор шавад. Инчунин намоиши таомҳои миллии панҷ давлати узви созмони машваратӣ манзури иштирокдорон ва меҳмонон мегардад.

Ҳамзамон дар Душанбе нишасти навбатии Шӯрои сарони кишварҳои Бунёди байналмилалии наҷоти Арал дар назар аст, ки дар пайи он бояд чанд қарор имзо шавад.

Нишасти қаблии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ рӯзи 21 июли соли 2022 дар ш. Чӯлпон-Атои Қирғизистон баргузор шуда буд, ки ин чаҳорумин мулоқоти онҳо буд.

Ташаббуси баргузории мулоқотҳои машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҷониби президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев соли 2017 пешниҳод шуда буд. Ҳамоиши аввал дар моҳи марти соли 2018 дар пойтахти Қазоқистон - шаҳри Нур-Султон, дувум - моҳи ноябри соли 2019 дар Тошканд ва сеюм - моҳи августи соли 2021 дар минтақаи сайёҳии Авазаи Туркманистон, чорумин мулоқот 21 июли соли 2022 дар шаҳри Чӯлпон-Атои Чумҳурии Қирғизистон баргузор шуд.

Илова бар ин, дар Душанбе ду созишномаи муҳим - дар соҳаи нақлиёти заминӣ ва сиёсати ҷавонон ба имзо мерасад.

Рушду тавсеи равобит бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи сиёсати дурбинона ва хирадмандонаи Пешвои миллат қарор доштааст ва он пайваста такомул меёбад. Аз назари Пешвои миллат, таъмини рушди устувор ва амнияти саросарӣ танҳо дар натиҷаи зиндагии орому осоишта ва фаъолиятҳои дастаҷамъонаи ҳамаи кишварҳои минтақа муяссар мегардад. Ба танҳоӣ амал кардан натиҷаҳои судманд ва назаррас ба бор намеоварад. Чунин бархӯрд ва сиёсати хирадмандона на фақат ба таҷрибаи ғанӣ ва таърихии мардуми тоҷик (“Ҳаққи ҳамсоя ба ҳаққи Худо баробар!”) асос ёфтааст, балки натиҷаи таҷрибаи чандинсола ва хислатҳои пешсафу раҳнамоии шахсии Пешвои миллат буда, Президент Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун яке аз барҷастатарин сиёсатмадор ва ходимони соҳибтаҷрибаи минтақаи Осиёи Марказӣ муаррифӣ кардааст.

Густариш ва рушди минбаъдаи муносибатҳои муфиди тарафайни ҶТ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳанӯз аз баромадҳои Сарвари давлат дар Иҷлосияи 16 Шӯрои Олӣ дар Хуҷанд (ноябри соли 1992) сар карда дар маркази таваҷҷуҳи Роҳбари давлат қарор дорад ва он махсусан дар Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид гардидааст. Кишварҳои Осиёи Марказӣ дар поёни даҳаи сеюми соҳибихтиёрии худ иқдомҳои ҷиддиро барои ба роҳ мондани муносибатҳои минтақавӣ, аз он ҷумла дуҷониба роҳандозӣ намуданд.

Аз соли 2016 сар карда низоми муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба дар Осиёи Марказӣ сифатан дигар шуд ва ин шароит бешубҳа пеш аз ҳама аз сиёсатҳои нави минтақавии роҳбарияти Ӯзбекистон сарчашма мегирад.

Дар муддати кӯтоҳ силсилаи омилҳои хатарзо ва таҳдидофар бартараф карда шуданд ва дар натиҷа ҳамкории наздики давлатҳо дар Осиёи Марказӣ шакл гирифт, ки маҷмӯан ба нафъи ҳамаи онҳо буда, барои амалӣ шудани манфиатҳои миллиашон низ мусоидат мекунад. Дар минтақа, дар баробари омилҳои такондиҳандаи муносибатҳои рӯ ба ҳамгироӣ инчунин омилҳои боздорандаи чунин равобит низ ба назар мерасанд. Ба шумори омилҳои боздоранда чунин масъалаҳо, аз қабили омили геополитикӣ, ихтилофи дохилиминтақавӣ ва осебпазирии суботу амният; “рақобат барои лидерӣ дар минтақа”; баҳси ҳувият ва таърих дар минтақа; тавозун байни афзалияти ҳамгироии минтақавӣ ва бунёди давлатдории миллӣ (миллатсозӣ); тавозун байни протексионизми иқтисодӣ ва ҳамгироии минтақавӣ; вазъи муосири Афғонистон ва ояндаи номуайяни он ва ғайраро метавон номбар кард.

Барои мисол муносибатҳои рӯз то рӯз беҳтар шудаистодаи байни Тоҷикистону Ӯзбекистонро мисол овардан мумкин аст. 

Маҷмуан, арзёбии масъала нишон медиҳад, ки муносибатҳои сиёсии Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро ҳачун як модели муваффақ барои кишварҳои минтақа баҳогузорӣ намудан мумкин аст. Рушди ҳамкориҳо дар соҳаи обу энергетика ва иқдоми муштарак барои ҳали мушкилоти экологӣ муҳим аст. Таҳлили масъала нишон медиҳад, ки то соли 2016 масъалаи обу энергетика дар Осиёи Марказӣ ниҳоят “сиёсӣ” шуда буд ва ҳамчун унсури рақобату зиддият баромад мекард. Зарурати тавсеаи ҳамкориҳо дар ин самт аз он иборат аст, ки Осиёи Марказӣ аз ҳисоби захираҳои дохилӣ барои таъмин намудани аҳолӣ бо оби ошомиданӣ ва полезӣ худкифо аст, вале мушкилоти асосӣ дар кӯҳна шудани низоми обёрӣ ва аз ҳад зиёд талаф шудани об буд. Таҷрибаи ҳамкории Тоҷикистону Ӯзбекистон дар соли 2020 ва Тоҷикистону Қазоқистон дар соли 2021 барои таъмини об ҳам як падидаи мусбат мебошад, чун нишон дод, ки давлатҳо барои ба назар гирифтани манфиатҳои якдигар омода ҳастанд. Муҳимтар аз ҳама Тоҷикистон собит намуд, ки иродаи сиёсии амалиро барои таъмин намудани кишварҳои ҳамсоя бо об дар давраи мушкил дорад. Дар самти таъмини Осиёи Марказӣ бо неруи барқ дар минтақа зарфияти кофӣ мавҷуд аст, вале ба таври зарурӣ ҳамкориҳо дар ин самт барои истеҳсоли якҷояи он низ дида намешуд.  Зеро, захираи энергетикии танҳо Тоҷикистон имкон медиҳад, кулли минтақа бо барқи аз нигоҳи экологӣ тоза таъмин шуда, энергияи сабз ва безарар ба муҳити зист истифода шавад. Рушди соҳаи энергетика ва истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ, иқдомҳои муштарак барои ҳифзи пиряхҳо имкон медиҳанд, ки ҳам ҳамкориҳо дар ин соҳа густариш ёбад ва ҳам қадами ҷиддӣ барои ҳалли мушкилоти экологӣ, алалхусус бартараф намудани оқибатҳои манфии хушкшавии Баҳри Арал низ таҳия гардад.  

Чи тавре дар боло зикр гардид, муносибатҳои байни Тоҷикистону Ӯзбекистонро чун намунаи барҷастаи ҳамкориҳои тарафайн муфид барои кишварҳои дигари минтақа бояд донист.

Дар ин рӯзҳо хотирррасон намудани он далел муносиб аст, ки 6 августи соли 2021 дар минтақаи сайёҳии Авазаи Туркманистон нишасти севуми машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор шуда буд. Дар ин ҳамоиш раисони ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев, Қирғизистон Садир Жапаров, Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳамедов ва Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ширкат доштанд.

Дар ҷараёни ин ҳамоиш Президенти Тоҷикистон «барои хизматҳои барҷаста дар рушди муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории байни давлатҳои Осиёи Марказӣ, барои таҳкими сулҳу амният дар минтақа, пешбурди манфиатҳо ва ташаббусҳои муштараки кишварҳои минтақа дар арсаи байналмилалӣ» бо «Нишони фахрии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ» сарфароз гардонида шуд.

Намояндагони ВАО-и минтақа ва ҷумҳурӣ қайд намуданд, ки Роҳбари давлати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи минтақа аввалин барандаи чунин ҷоиза гардид.

Эмомалӣ Раҳмон дар он ҳамоиш иброз намуда буд, Тоҷикистон омода аст ҳамкориҳоро бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар бахшҳои тиҷорат, саноат, иқтисоди рақамӣ, инноватсия ва фановариҳои нав, сайёҳӣ, амнияти ғизоӣ, нақлиёт ва энержӣ густариш диҳад.

Сарвари давлат таъкид намуда буд, воқеияти имрӯз аз кишварҳои минтақа тақозо мекунад, ки дар мубориза бар зидди терроризм, ифротгароӣ, радикализм, қочоқи маводи мухаддир, киберҷинояткорӣ ва ҷиноятҳои муташаккил ҳамкориҳои фаврӣ ба роҳ монанд.

Вай ҳамчунин таъкид кард, ки кишварҳои минтақаро зарур аст, ки барои истифодаи оқилонаи захираи обии Осиёи Марказӣ тадбирҳо андешанд, иқдомоти тарафҳоро барои вокуниш ба ҳолатҳои изтирорӣ ҳамоҳанг созанд.

Имрӯз месазад бо қаноатмандии том қайд намоем, ки Президент Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ходими барҷастаи сиёсӣ ва роҳбари хирадманд на фақат дар Тоҷикистону минтақа, балки дар арсаи ҷаҳонӣ шинохта ва эътироф шудааст. Мардумони кишварҳои Осиёи Марказӣ (ба шумули Афғонистон) ба ин марди хирадманд бо чашми умед ва эътимод нигоҳ мекунанд. Бузургтарин хидмати Пешвои миллат, албатта, истиқрори сулҳ ва таъмини амнияти миллӣ дар Тоҷикистон аст. Дар асари ба имзо расидани Созишномаи ваҳдати миллӣ мардуми парокандаи кишвар сарҷамъ шуданд, аз ғурбат ва мусофират раҳоӣ ёфтанд, ваҳдати миллӣ ва амнияти саросарии кишвар таъмин гардид. Кишвар рӯ ба инкишоф овард, инфрасохторҳо эҷод ва мавриди истифодаи васеъ қарор гирифтанд. Барои таъмини рушди устувори иқтисоди кишвар роҳҳо, нақбҳо ва пулҳои дараҷаи олии босифат сохта ба истифода дода шуданд. Минтақаҳои мухталифи кишвар дар фазои озод ва ҳамдигарфаҳмӣ роҳи тараққӣ ва таъмини сатҳи баланди зиндагии арзандаро пеш гиифтанд. Кадрҳои миллӣ, махсусан аз ҳисоби ҷавонон тарбият ёфтанд. Соҳаҳои маориф ва тандурустӣ дар маркази таваҷҷуҳи пайвастаи Ҳукумати Тоҷикистон қарор гирифтанд. Чунин тарзи муносибат ва чунин шеваи давлатдории миллӣ обрӯю эътибор ва нуфузи Тоҷикистонро бамаротиб боло бурд, ки ин ҳама на танҳо натиҷаи меҳнатҳои пурсамари мардуми тоҷик, балки натиҷаи сиёсати хирадмандона ва мавқеи пешсаф ва пешбарандаи Пешвои миллат низ мебошад. Ба ҳамин сабаб, кишварҳои ҳамсоя дар симои Тоҷикистон як кишвари сулҳҷӯ ва шарики боэтимод, дар симои Президент Эмомалӣ Раҳмон бошад, на фақат як роҳбари хирадманди сатҳи миллӣ, балки ходими барҷастаи сиёсии замони муосирро мебинанд ва эътироф менамоянд, ки маҳз дар асари донишу таҷриба ва хислатҳои бузурги инсониаш сазовори чунин боварӣ ва эҳтироми бузург гаштааст.

Сентябри соли 1998, баъди 1 сол аз имзошавии Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, Пешвои миллат аз минбари Маҷмаи Умумии Созмони Миллали Мутаҳид, бо нахустин ташаббуси байналмиллалӣ бахшида ба бунёди “камарбанди амният дар атрофи Афғонистон” баромад намуд. Тибқи ин ташаббус бояд ягон гурӯҳи террористӣ ё ифротгароӣ ба хоки Афғонистон надарояд, пешгирии интиқоли маблағ ё яроқ барои онҳо пешбинӣ гардида буд.

Агар роҳбарони кишварҳои абарқудрати ҷаҳон ин ташаббуси саривақтии роҳбари кишвари Тоҷикистон, ки аз минбари ин созмони ҷаҳонӣ садо дод, ба инобат мегирифтанд, эҳтимол рушди асри ХХ бо роҳи дигар,бо роҳи сулҳ пеш мерафт.

Акнун баъди ба Созмони Ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) шомил шудани Покистон ва Ҳиндустон (с. 2017) ва Эрон (с. 2023) ҳудуди Афғонистон ба дохили ҳавзаи ин созмони бонуфуз дохил шуд. Ҳоло замони дубора эҳё намудани нахустин ташабббуси Пешвои миллат ба миён омадааст, ки онро дар чорчӯбаи ин созмони рушд кардаистода амалӣ намудан зарур мебошад.

Ташаббусҳо ва талошҳои Пешвои миллат аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла мардумони кишварҳои ҳамсоя ҳамеша гарм ва бо камоли қаноатмандӣ истиқбол шудааст. Масалан, мавқеъгирии усулӣ ва одилонаи Пешвои миллат ҳамчун роҳбари кишваре, ки дорои захираҳои бойи обист ва дар саргаҳи ин захираҳо ҷой гирифтааст, аз сиёсати хирадмандонаи Президент Раҳмон гувоҳӣ медиҳад, ки ба фаҳмиши дурусти моҳият ва аҳамияти махсуси захираҳои об дар минтақаи Осиёи Марказӣ асос ёфтааст. Диди усулӣ ва мавқеъгирии одилона ва боинсофонаи Пешвои миллат, ки манфиатҳои тамоми мардумони муқими минтақаро ба эътибор гирифтааст, сокинони кишварҳои Осиёи Марказиро қаноатманд сохтааст, сатҳи ташаннуҷ ва имконоти низоъҳои номатлубро дар минтақа ба дараҷаи қобили мулоҳиза поён овардааст, ки дар ниҳояти кор ба муносибатҳои байни Пешвои миллат ва роҳбарони сиёсии кишварҳои минтақа низ таъсири мусбӣ гузоштааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун сиёсатмадори барҷаста ва ташаббускор дар сатҳи ҷаҳонӣ эътироф гардиданд. Тайи 32 соли даврони истиқлолият президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо чандин ташаббусҳои созанда ва манфиатбахш баромад намуданд, ки муҳимтарини онҳо чунинанд:

Ҳанӯз дар солҳои 90 дар давраи авҷи ҷанги шаҳрвандӣ дар Афғонистон Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки ҷанги бародаркуш дар ин кишвар хотима дода шуда, тарафҳои даргир ба музокира даъват карда шаванд.

Соли 1998 Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Созмони Миллали Муттаҳид пешниҳод намуданд, ки ба хотири пешгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир дар атрофи Афғонистон камарбанди амният ташкил карда шавад.

Шуруъ аз соли 2000 Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо силсила ташаббусҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ аз рӯи масъалаи об баромад намуданд, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфтанд. Ба ин ташаббусҳо дохил мешаванд:

-Эълон кардани соли 2003 соли оби тоза;

-Эълон кардани Даҳсолаи“Об барои ҳаёт” солҳои 2005-2015;

-Эълон кардани соли 2013 соли дипломатияи об;

-Эълон кардани Даҳсолаи “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028;

-Эълон карадани соли 2025 соли ҳифзи пирияхҳо.

3. Соли 2000-ум дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии гурӯҳи панҷгонаи Шанхай бо иштироки Россия, Хитой, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон баргузор гардид. Дар ин ҳамоиш Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки панҷгонаи Шанхай ба созмони байналмилалӣ табдил дода шавад, ки ин пешниҳод аз ҷониби кишварҳои аъзо дастгирӣ ёфт ва ин ташкилот номи худро ба Созмони ҳамкории Шанхай табдил дод ва то имрӯз бо чунин ном фаъолият менамояд.

4. Соли 2000 Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббускори таъсис додани созмони кишварҳои форсзабон- Афғонистон, Эрон ва Тоҷикистон буданд. Аммо ин ташаббус бо сабабҳои гуногун амалӣ нагардид.

5. Ташаббуси дигари Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон он аст, ки оби кӯли Сарези Помир ба кишварҳои дигар интиқол дода шавад. Ин ташаббус аз ҷониби ҷамеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфт.

Муносибати диломатии Тоҷикистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ аз рӯзҳои аввал дар доираи хуби ҳамкорӣ ба роҳ монда шуда, ҷиҳати тақвият бахшидани соҳаҳои гуногуни ду ҷониб мусоидат менамояд. Аз нуқтаи назари сиёсӣ ва амният Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои Осиёи Марказӣ дар як минтақаи географӣ ҷойгир буда, амнияти Тоҷикистон ба нафъи амнияти минтақа ва ҷаҳон низ мебошад ва барои пойдории амнияти кишварҳо тадбирҳои судмандро ҷонибҳо роҳандозӣ намуда истодаанд.

Ҳамкориҳои кишвар ОМ дар самти амният дар сатҳи дуҷониба ва дар чаҳорчӯби ташкилотҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ доимо мавриди баррасӣ қарор мегиранд. Ҷонибҳо оиди атрофи мавзуи тағйирёбии иқлим, масъалаҳои афзоиши таҳдиду хатарҳои терроризм, ифротгароӣ, тундгароӣ, ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ, бо шумули қочоқи маводи мухаддир ва ҷиноятҳои киберӣ, табодули андеша мекунанд.

Агар ба ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Қазоқистон таваҷҷуҳ зоҳир намоем, дар 30 сол асоси шартномавию ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаи ду кишварро зиёда аз 100 санад ташкил медиҳад. Санадҳои мазкур асосан фарогири самтҳои муҳими ҳамкориҳо, аз ҷумла, сиёсию иқтисодӣ, фарҳанг, илм, маориф, ҳарбиву техникӣ омода кардани кадрҳои ҳарбӣ ва дигар соҳаҳоро дар бар гирифта, густариши фаъолонаи муносибатҳои минбаъдаро таъмин менамоянд.

Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон бошад - 200 созишнома ва шартнома ба имзо расиданд, ки ҳар кадом дар рушди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба мусоидат намуда истодаанд. Санадҳои мазкур асосан фарогири самтҳои муҳими ҳамкориҳо, аз ҷумла, сиёсию иқтисодӣ, фарҳанг, илм, маориф, ҳарбиву техникӣ омода кардани кадрҳои ҳарбӣ ва дигар соҳаҳоро дар бар гирифта, густариши фаъолонаи муносибатҳои минбаъдаро таъмин менамоянд.

Масоили ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Туркманистон бошад, дар 30 сол асоси шартномавию ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаи ду кишварро зиёда аз 110 санад ташкил медиҳад. Санадҳои мазкур асосан фарогири самтҳои муҳими ҳамкориҳо, аз ҷумла, сиёсию иқтисодӣ, фарҳанг, илм, маориф ва дигар соҳаҳо дар бар гирифта, густариши фаъолонаи муносибатҳои минбаъдаро таъмин менамоянд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон 14 – уми январи соли 1993 бо Ҷумҳурии Қирғизистон муносибатҳои диломатиро барқарор намуда, дар асоси бештар аз 100 санадҳо ва шартномаҳои то ба имрӯз ба имзо расонида, дар фазои ҳамсоягии нек, бародарии абадӣ ва якдигарфаҳмӣ фаъолият доранд. Ҳар ду кишвар дар ҳошияи созмонҳои бонуфуз ба монанди СММ, ИДМ, СПАД ва ғайраҳо ҳамкории судманд доранд.

Муҳимтарин масъалаҳои мавриди назар дар нишасти сарони ОМ дар Душанбе: Албатта, ҳар як нишасти расмӣ дар чунин сатҳи баланд рӯзнома ва ҳадафҳои худро дорад, ки қаблан мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Аммо равшан аст, ки дар маркази таваҷҷуҳи нишасти мазкур бояд маъалаҳои марбут ба сулҳ ва амнияти саросарӣ, таъмини рушди устувор ва мубориза бар зидди падидаҳои номатлубу ғайриқонунии замони муосир, ки дар минтақаи Осиёи Марказӣ низ ба назар мерасанд, қарор дошта бошанд. Ҳамчунон мушкилоти истифодаи дуруст ва самараноки об ва муҳити солими зист, муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандон, чолишҳо ва хатарҳои мазҳабиву этникӣ, ояндаи ҷавонон ва озодиҳои аслии демократӣ аз ҷумлаи масъалаҳои мавриди назар буда метавонанд. Масъалаи дигар, албатта, мавқеъгирӣ ва ҷойгоҳи кишварҳои Осиёи Марказӣ дар низоми тағйирёбандаи муносибатҳои байналмилалии замони муосир, эҷоди архитектураи нави муносибатҳои байналмилалӣ низ буда метавонад. Ҳалли ин ва дигар масъалаҳои мавриди назар, бешубҳа, бидуни назардошти фазои амнияти кишварҳое чун Афғонистон ғайриимкон хоҳад буд. 

Ин формат, яъне дар ин шакл сурат гирифтани мулоқоти сарони кишварҳои минтақа ҳам аз нигоҳи назарӣ ва ҳам амалӣ аз аҳамияти калон бархурдор аст. Аз як тараф, чунин шакл (формат) низоми мавҷудаи муносибатҳои байналмилалӣ, махсусан дипломатияи ҷориро тақвият мебахшад, пурмуҳтаво месозад, аз тарафи дигар, ба ҳаллу фасли амалии мушкилоти мавҷуда ва роҳҳалҳои он ба таври назаррас мусоидат мекунад. Масалан, тасмимҳо дар бобати эътирофи тамомияти арзӣ ва марзҳои мавҷудаи кишварҳо, истифодаи оқилона ва одилонаи об ва амсоли он на фақат сатҳи боварии ин кашварҳоро ба ҳамдигар боло бурдааст, балки ба ҳамгироӣ ва рушди устувори онҳо низ мусоидат кардааст.

Муносиботи неку дӯстона, ҳусни тафоҳуми ҳамсоягӣ ва рушди ҳамкории судманди гуногунҷанба бо кишварҳои Осиёи Марказӣ аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон аст.

Тоҷикистон бо ҳамсояҳои наздикаш дар Осиёи Марказӣ – Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон умумиятҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва динӣ дорад, мавқеи ҷуғрофӣ, заҳираҳои табиӣ ва дигар омилҳо имкон медиҳанд, ки сатҳи муносибатҳо дар минтақа ҷавобгӯи манфиатҳои ҳамаи кишварҳо бошад.

Тоҷикистон дар замони Истиқлолияти давлатӣ ҳамкории густурдаи минтақавиро воситаи муҳимтарини ҳалли масъалаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, иҷтимоӣ, экологӣ ва таъмини амнияту субот дар Осиёи Марказӣ дониста, ҷонибдори таҳкими муносибатҳои байни ҳамдигарии мардумони минтақа бар пояи дӯстӣ ва ҳусни эътимод мебошад.

Барои боз ҳам густариш додани муносибатҳои байнидавлатӣ ва беҳтар намудани зиндагии мардум мо бояд аз имкониятҳои мавҷуда, аз ҷумла захираҳои табиӣ, ҷуғрофӣ ва инсонӣ оқилона истифода намоем. Дар ин самт мо бояд дар ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт бисёртар корхонаҳои муштарак барпо намоем, ки ин боиси ҳаматарафа рушд ёфтани иқтисодиёт ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум мегардад.

Бояд корҳои мушахасро дар соҳаи ҳамгироӣ ва ҳамоҳангии захираҳои меҳнатӣ анҷом дод. Дар ҳоли ҳозир корҳо, мутаассифона, дар ин самт дар дараҷаи паст қарор доранд. Хуб мешуд, ки ҳар як кишвар вобаста ба сатҳи тараққиёташ ба яке аз соҳаҳо махсус гардонида шуда, дар он марказҳо ташкил карда шаванд. Масъалан, Қазоқистон оид ба тараққиёти соҳаи саноати кӯҳӣ ва истеҳсол ва истифодабарии гандум, Ӯзбекистон дар истеҳсол ва самаранок истифода намудани пахта, Тоҷикистон дар истифодаи об, Туркманистон дар истеҳсол ва самаранок истифодабарии маҳсулоти нафту газ, Кирғизистон дар соҳаи энергетика ва ғайра. Дар яке аз давлатҳо (масалан, дар Қазоқистон) бояд маркази омӯзиши масъалаи амнияти озуқаворӣ ташкил карда шавад. 

Бояд таъкид намоем, ки давлатҳои Осиёи Марказӣ дар ҳама соҳаҳои иқтисодиёт имконият доранд, ки бо суръати тез рушд намоянд барои ин оқилона мебуд агар аз захираҳо самаранок истифода бурда, дар ояндаи наздик Тоҷикистону дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ба давлатҳои пешрафтаву тараққиёфта табдил дода, обрӯю нуфузи худро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баландтар бардоранд.

Ба фаъолияти Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамчунин гардиши мол миёни ду кишвар барои солҳои 2021-2023 чунин аст, танҳо дар шаш моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми он қариб ба 600 миллион доллар расидааст, Ҳаҷми гардиши мол миёни Қазоқистон ва Тоҷикистон дар моҳҳои январ-сентябри соли 2022  979 миллион долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 22% зиёдтар аст. Мубодилоти мол миёни Қазоқистон ва Тоҷикистон дар соли 2021 натиҷаҳои мусбат нишон дода, 1,2 миллиард доллари амрикоиро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 31% бештар аст. Содирот аз Қазоқистон ба Тоҷикистон дар соли 2021 15,4% афзуда, 800,3 миллион долларро ташкил дод. Воридот аз Тоҷикистон ба Қазоқистон дар соли 2021 3,7 маротиба афзуда, 362,0 миллион доллари амрикоиро ташкил дод. Ҳукуматҳои ду кишвар масъала гузоштаанд, ки ҳаҷми тиҷорати дуҷониба то ба 2 миллиард доллар расонида шавад.

Бояд қайд намуд, ки асоси ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Қазоқистонро соҳаҳои саноати сабук, металлургияи ранга, энергетика, нақлиёт, коммуникатсия ва бахши кишоварзӣ ташкил медиҳад. Тоҷикистон ба Қазоқистон электроэнергия, пахта, алюминий масолеҳи сохтимонӣ, хӯрокворӣ, анвои мухталифи маҳсулоти кишоварзиро содир намуда, аз Қазоқистон гандум ва маҳсулоти он, маҳсулоти нафту газ, мошинҳои собукрав, оҳан ва нуриҳои минералӣ ворид менамояд.

Гардиши савдо миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар моҳҳои январ ноябри соли 2022 503 млн. долл. ИМА-ро ташкил намуд, ки дар ҳамин давраи соли 2021 155,2 млн. долл. ИМА -ро ташкил дода буд. Бо вуҷуди зиёд шудани гардиши умумии савдои беруна ҳаҷми содироту воридот нобаробар, яъне бақияи савдои беруна барои Тоҷикистон манфӣ мебошад. Ҳукуматҳои ду кишвар масъала гузоштаанд, ки ҳаҷми тиҷорати дуҷониба то ба 2 миллиард доллари ИМА расонида шавад.

Бояд қайд намуд, ки асоси ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Ӯзбекистон соҳаҳои маҳсулоти тайёри бофандагӣ, гази табиӣ, нуриҳои минералӣ, пластмасса, пойафзол, маҳсулоти керамикӣ, металлҳои ранга, таҷҳизоти барқӣ ва механикӣ аз Ӯзбекистон ворид карда мешаванд. Тоҷикистон ба Ӯзбекистон ашёи хом: алюминий, нерӯи барқ, нахи пахта, маъдан, семент, пӯсти хом, пилла, абрешими хом, инчунин матоъҳои гуногун, нӯшокиҳои спиртӣ, қолинҳо ва ғайраро интиқол медиҳад.

Ҳаҷми муомилоти мол миёни Тоҷикистону Туркманистон тамоюли афзоиш ёфта, дар соли 2021 он беш аз 18,1 миллион долларро ташкил дод, ки ин рақам нисбат ба соли 2020 2,7 маротиба бештар аст Тоҷикистон аз Туркманистон кокс, маҳсулоти нафтӣ, равған ва дигар ашёро харидорӣ мекунад. Туркманистон аз Тоҷикистон молҳои истеъмолӣ, алюминий ва молҳои аз он истеҳсолшуда ва дар баъзе ҳолатҳо маҳсулоти кишоварзиро низ ворид менамояд.

Дар соли 2022 гардиши молу маҳсулот байни ду кишвар на он қадар устувор буд. Аммо ба ин нигоҳ накарда, аз Қирғизистон ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 2,4 млн доллар маҳсулот ворид гардида, ба Қирғизистон бошад, дар ҳаҷми 1,2 млн доллар молу маҳсулот содир карда шудааст. Аз ҷумлаи молу маҳсулоте, ки ба Қирғизистон содир шудааст, маҳсулот аз алюминий, қувваи барқ, маҳсулоти резинӣ ва ғайраҳо мебошад.

Дар соли 2023 дурнамои ин ҳамкориҳо дар сатҳи баланд қарор дорад, зеро нуҳ моҳи сипаришудаи он нишон дода истодааст, ки муносибатҳои ду кишвар дар самти сиёсӣ, савдо ва иқтисодиёт ба маротиб афзудааст. Дурнамои ин ҳамкориҳо дар қолаби созишҳои ду ҷониб дар соли 2023, аз ҷумла созишномаи 2-уми феврал боз ҳам мустаҳкам гардида, ба сатҳи нав баромадааст.

Аз тадқиқот бармеояд, ки Қазоқистон (тақрибан 1,3 миллиард доллар) яке аз шарикони асосии тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз Федератсияи Русия (беш аз 1,5 миллиард доллар) мебошад. Аз маълумотҳои соли 2022, Қазоқистон (22,8% аз ҳаҷми умумии содирот), Швейтсария (19,7%), Чин (16,3%) бозорҳои аслии фурӯши маҳсулоти Тоҷикистон буданд. Воридоти молҳо асосан аз Русия (30,9% аз ҳаҷми умумии воридот), Қазоқистон (18,2%), Чин (16,6%). Аз ин бармеояд, ки Ҷумҳурии Қазоқистон бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкории иқтисоди байни дигар кишварҳои ОМ дар ҷойи якум меистад.

Масъалаи об яке аз проблемаҳои актулӣ дар тамоми сайёра мебошад. Об омили асосии некӯаҳволии кишварҳои Осиёи Марказӣ буда, он захираҳои маҳдуд дорад ва аз мушкилоти актуалии минтақаи геосиёсии Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад. Масъалаи таъмини амнияти минтақаи Осиёи Марказӣ аз истифодаи оқилона ва самараноки захираҳои обӣ вобаста аст. Идораи нодурусти ин захираҳои ҳаётан муҳими Осиёи Марказӣ метавонад боиси низоъҳои иҷтимоӣ ва сиёсӣ гардад. Шумораи аҳолии Осиёи Марказӣ бо суръат меафзояд ва микдори об барои аҳолӣ ва обьёрии заминҳои нав, ки барои истеҳсоли озуқа аҳамияти калон дорад, торафт кам шуда истодааст. Шароити зиндагии мардум, рушди ояндаи минтақа бештар ба мавҷудияти оби тозаи ошомиданӣ вобастагӣ дорад. Тағйир ёфтани тавозуни захираҳои об дар натиҷаи гармшавии глобалӣ боиси кам шудани захираҳои оби минтақа гардидааст. Ин тамоюл барои вазъи геополитикии Осиёи Марказӣ аз ҳама хатарнок аст, зеро бад шудани сифат ва камшавии миқдори захираҳои об ба вазъи сиёсӣ ва иқтидори иқтисодии минтақа хатар эҷод мекунад. Об дар тамоми соҳаҳои фаъолияти ҳаёти инсон истифода бурда мешавад.

Дар назар аст, ки то соли 2050 аҳолии Осиёи Марказӣ аз 90 то ба 100 миллион мерасад, ки дар оянда танқисии об дар Осиёи Марказӣ зиёд мегардад. Агар масъалаи об ҳал нашавад аз ин масъала қувваи сеюм ба манфиати худ метавонад истифода барад. Масъалаи об яке аз мушкилоти шадид дар Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад. Дар минтақа норасоии назарраси захираҳои обӣ, ки дар натиҷаи хушксолии чандинсола ва истифодаи бесамари дарёҳо ва кӯлҳо ба вуҷуд омадааст, дида мешавад. Аз ҳама ҷанбаи вазнини ин масъала – ин танқисии оби ошомиданӣ мебошад.

Осиёи Марказӣ бо буҳрони ҷиддии об рӯбарӯ аст, ки на танҳо рушди иқтисодӣ, балки ба ҳаёти миллионҳо одамон таҳдид мекунад. Норасоии оби ошомиданӣ бар асари тағйирёбии иқлим ва идоракунии бесамари об барои кишварҳои минтақа мушкилоти ҷиддӣ эҷод мекунад. Бо фаро расидани фасли тобистон пойтахтҳо ва бисёре аз шаҳрҳои хурди Осиёи Марказӣ бо мушкилоти шадиди дастрасӣ ба оби ошомиданӣ рӯбарӯ шудаанд.

Масъалаи дигар ин аз ҷиҳати ҳуқуқӣ амал накардани баъзе созишномаҳое, ки дар кишварҳои Осиёӣ Марказӣ қабул карда шудаанд, лекин дар амал иҷро намегарданд. Масалан Созишнома оид ба истифодаи захираҳои обию энергетикии Сирдарё бапуррагӣ амалӣ нашуда истодааст. Дар асоси ин созишнома Ӯзбекистон ва Қазоқистон бояд дар мавсими зимистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон қувваи барқ диҳанд ва дар мавсими тобистон бошад Тоҷикистон бояд якуним баробар зиёдтар қувваи барқро ҷуброн намояд. Лекин, мутаассифона механизмҳои созишнома комилан кор намекунанд ва мушкилот бидуни ҳалли худ сол то сол афзоиш меёбад.

Яке аз хатару таҳдидҳои иқтисодию иҷтимоӣ ба оромию устувории минтақаи Осиёи Марказӣ – ин сохтмони канали Қӯштеппа аз ҷониби ҳаракати “Толибон” дар шимоли Афғонистон барои объёрии зиёда аз 550 ҳазор гектар замини бекорхобида мебошад, ки обро аз маҷрои дарёи Ому хоҳанд гирифт, ки ба вазъи обтаъминкунии кишварҳои поёноб – Ӯзбекистону Туркманистон зарари бевосита мерасонад.

Қайд кардан бамаврид аст, ки дар ин рӯзҳои 14-15 сентябри соли 2023 таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Вохӯрии панҷуми ҷашнии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал баргузор шуда истодааст. 

Об ва захираҳои обӣ дар ҳар як давлат, аз ҷумла Тоҷикистони соҳибистиқлол аз омилҳои асосии рушду такомули ҳаёти иқтисодиву тиҷоратӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ маҳсуб меёбанд. Бесабаб нест, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пиромуни мавқеъ ва аҳамияти беқиёси оби ошомиданӣ ҷиддан таъкид намудааст: «Ҳамагон бояд бидонанд, ки арзиши об баҳри рушди ояндаи устувори мамлакат ва минтақа аз нафт, газ, ангишт ва сарватҳои дигари табиӣ камтар нест». Ин суханони пурмуҳтавои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари баланди СММ ҳанӯз даҳ сол қабл мутантан садо дода буд.

Маълум аст, ки имрӯз дар ҷаҳон тақрибан 750 миллион одам ба оби тозаи нӯшиданӣ ва 2,5 миллиард ба шароити беҳтари санитарӣ дастрасӣ надоранд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронӣ дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон қайд карданд, ки «ҳар сол танҳо бо сабаби норасоии оби тозаи ошомиданӣ як миллиону 400 ҳазор кӯдак азият кашида, ҳар дақиқа як кӯдаки навзод аз бемориҳои сирояти вобаста ба норасоии оби тоза ва муҳити пок ба ҳалокат мерасад. Шумораи умумии аҳолии сайёра бо сабаби норасоии об 3 миллиону 400 ҳазор нафар вафот кард, 31 фоизи муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷаҳон ба оби тоза дастрасӣ надоранд.

Ба замми ин зиёда аз 30 давлати ҷаҳон имрӯз вобаста ба масъалаи марбут ба об ва захираҳои обӣ муноқишаҳои сиёсӣ доранд, ки боиси нигаронии башарият гардидааст. 

Пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Об барои рушди устувор» -2008-2028» аз минбари СММ бамаврид буд ва аз ҷониби аксарият давлатҳои дунё мавриди дастгирӣ қарор гирифта, бори дигар обрӯю нуфузи миллат ва давлати тоҷиконро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардошт.

Бояд қайд кард, ки ташаббуси аввалини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон моҳи октябри соли 1999 дар Иҷлосияи 54-уми Маҷмаи умумии СММ доир ба эълон намудани Соли 2003- «Соли байналмилалии оби тоза» пешниҳод ва дар Иҷлосияи 55-уми СММ қабул гардид. 

Моҳи августи соли 2003 дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии «Оби тоза» баргузор гардид, ки барои боз ҳам ҷиддитар намудани иқдомҳо дар ҳалли масъалаҳои марбут ба об, бахусус эълон намудани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об - барои ҳаёт, солҳои 2005-2015» заминаи мусоид фароҳам овард. Аз 30-ми май то 1-уми июни соли 2005 зери унвони «Ҳамкории минтақавӣ дар ҳавзаи дарёҳои фаромарзӣ» баргузор гардид, ки дар ташкилу баргузории он Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо ниҳодҳои СММ саҳми муносиб гузошт. Қайд кардан зарур аст, ки пешниҳоди дигаре, ки дар Ҳамоиши 5-уми байналмилалии об дар шаҳри Истанбул масъалаи ­эълон намудани «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» низ аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ва бо Қатъномаи СММ таҳти рақами A/RES/65/154, аз 20 декабри соли 2010 оид ба эълон намудани соли 2013 «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» қабул карда шуд.

Моҳи марти соли 2018 татбиқи иқдоми нави Президенти мамлакат - Даҳсолаи байналмилалии амал «Об- барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» оғоз ёфт. 

Ҳамин тавр, масъалаи об барои рушди устувор ва беҳбудии зиндагии мардумони олам имрӯз ба яке аз проблемаҳои сатҳи байналмилалӣ табдил ёфта, диққати муҳаққиқону олимонро низ ба худ ҷалб карда истодааст. Махсусан ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт бори дигар такони ҷиддие ба ҳушёрии сиёсии мардумони олам расонид, ки муваффақияти ҷиддие дар рушди инсоният ба шумор меравад.

Об ин ҳаёт, зиндагӣ, бойигарӣ ва ҳастии инсон ва тамоми набототу ҳайвоноти кураи замин аст, ки имрӯз мо бояд тамоми кӯшишу ғайрати хешро барои тозаву шаффоф нигоҳ доштани он сафарбар намуда, онро ҳамчун арзиши аслӣ нигоҳдорӣ ва ҳимоя намуда тавонем. Масъалаи об барои рушди устувор дар айни ҳол характери иқтисодию сиёсӣ гирифта, таъсири худро ба дигар самтҳои ҳаёт расонида метавонад.

Аз ин рӯ, муносибати оқилона ба оби ошомиданӣ ин муносибат ба ҳаёт ва беҳбудии инсон аст, ки ҳамеша боиси эҳтиром бояд бошад.

Аз ин рӯ, барои кишварҳои минтақа зарур аст, ба таври фаврӣ дар самти таҷдиди стратегияи истифодаи об, истифодаи технологияҳои нави мелиоративӣ, ки ба сарфаи захираҳои об нигаронида шудаанд, кор кунанд.

 

Дороншоева Некбахт Шоқосумовна

н.и.с., мудири шуъбаи Осиёи Марказии

ИОМДОА АМИТ 

 

Камолов Камолиддин Ҷураевич

ходими илмии шуъбаи Осиёи Марказии

ИОМДОА АМИТ 

 

 

 

 

 

 

НАЗАД