НАЦИОНАЛЬНАЯ АКАДЕМИЯ НАУК ТАДЖИКИСТАНА

ИНСТИТУТ ИЗУЧЕНИЯ ПРОБЛЕМ СТРАН АЗИИ И ЕВРОПЫ

ҶАВОНОН НЕРӮИ СОЗАНДАИ ДАВЛАТ ВА ОЯНДАИ МИЛЛАТ

Автор: Кудратов Комрон

Расм

ҶАВОНОН НЕРӮИ СОЗАНДАИ ДАВЛАТ ВА ОЯНДАИ МИЛЛАТ

“Аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсолон, нерӯи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса имрӯзу ояндаи миллат ва давлат мебошанд.

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамеша дар баромадҳои худ қайд менамоянд, ки “Ҷавонон ояндасози давлату миллат” мебошанд. Воқеан дуруст аст, зеро ояндаи давлату миллат дар дасти ҷавонон аст. Имрӯз Тоҷикистон аз назари демографӣ дар ҳоли рушд қарор дорад, яъне қувваи асосии пешбарандаи онро ҷавонон ташкил медиҳанд.

Табиист, ки ҷавонон нерӯи бузурги рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангии давлат ҳастанд ва бе ҷавонон тасаввур кардани рушди давлат имкон надорад. Тоҷикистонро кишвари ҷавонон низ мегӯянд, зеро шумораи бештари аҳолии мамлакатро ҷавонон ташкил медиҳанд. Имрӯзҳо бо дастгириҳои Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахти кишвари азизамон, шаҳри Душанбе, барои насли наврас ва ҷавонон ҷиҳати омӯхтани касбу ҳунар, ва тақвияти дониш тамоми шароит муҳайё мебошад. Агар ҳар яки мо ҷавонон ояндаи худ ва кишвари азизамонро дурахшони дидан хоҳем, роҳи илму дониш ва омӯзиши технологияи муосирро бояд интихоб кунем.  

Ҷавонон гавҳари асосии давлат ва миллат буда, аз ин рӯ, бояд бо тамоми ҳастӣ касбу ҳунар ва илму маърифат бояд омӯзанд. Ҷавонони Тоҷикистон бо маданияти баланди тоҷикона ва тарбияи олӣ муаррифгари миллату давлати тоҷикон мебошанд. Дар ҷомеъаи муосир ҷавонон мавқеи калидӣ доранд. Махсусан ҷалби васеи ҷавонон дар истеҳсолот, ки Ҳукумати мамлакат дар ин самт диққати махсус медиҳад ва ҷиҳати афзоиши имкониятҳои бо кор таъмин намудани ҷавонон чораҳои зарурӣ андешида мешавад.

Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастгирии ҷавонон ва таъмини онҳо бо шароити хуби замонавӣ, бо ҷойҳои нави корӣ, дар истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, дар донистани забонҳои хориҷӣ диққати махсус дода, андеша, фикронӣ ва пешниҳодҳои ҷавононро баҳри инкишофи Ватани азизамон хамеша дастгирӣ менамоянд. Чунки ҷавонон дар шароити сиёсӣ ва иқтисодию иҷтимоии ҷаҳони муосир зудтар мутобиқ гардида, беҳтар инкишоф ёфта, ба пеш мераванд.

Ҷавонон бояд ба тамоми ҳастӣ дарк намоянд, ки барои мустаҳакам намудани пояҳои истиқлолияти миллӣ ва бунёди давлатӣ пуриқтидори демократӣ, сулҳу субот, амнияту оромиши кишвар ва ҳифзи арзишҳои тамаддуни бузурги ниёгонамон масъулияти калон ба дӯш доранд.

Бо дастгирии Пешвои миллат саҳифаи тозае дар таърихи навин боз шудааст, ки он 23-юми май “ Рӯзи ҷавонон” мебошад. Таҷлили рӯзи ҷавонон дар Тоҷикистон на танҳо рӯзи шодию хурсандӣ ва сулҳу фараҳмандӣ аст, балки натиҷагирии кору пайкори ҷавонони кишвар дар ҷодаи бунёдкориҳо ва ободонии Ватан мебошад. Ба ин маънӣ кишвари азизи соҳибистиқлоли мо, ки дар раванди сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодию фарҳангӣ қарор дорад, ба донишу нерӯи созандаи ҷавонон умед бастааст. Бо истифода аз ин ҷавонони кишварро зарур аст, ки Ватани худ, Тоҷикистони сулҳпарварро ҳифз ва ҳимоя намуда, бар зидди ҳамагуна зуҳуроти бегонапарастӣ мубориза баранд.

Асосогузори сулҳу ваҳдат Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017 – ро дар Тоҷикистон “Соли Ҷавонон” эълон дошта буданд. Тарбияи ҷавонони пурқуввату солим, меҳнатдӯст ва содиқ ба Модар – Ватан дар меҳвари сиёсати Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад ва ҳимояи марзу буми Ватан, ҳифзи бехатарии давлату миллат бевосита қарзи ҳар яки мо, бахусус ҷавонони бонангу номуси кишвар мебошад.

Тавре Сарвари давлат, Пешвои муаззами кишвар зикр намуданд, “Мо бо ҷавонони созандаи худ ифтихор мекунем, чунки ҷавонони даврони соҳибистиқлолии Ватанамон имрӯз бо нангу номуси миллӣ, ташаббусҳои шоиста ва эҳсоси баланди ватандорӣ дар рушди Тоҷикистони азиз ҳиссаи арзишманд мегузоранд ва ба Модар-Ватани худ содиқона хизмат мекунанд”.

Имрӯзҳо Тоҷикистони азизамон дар симои ҷавонони далеру шӯҷоъи худ фарзандони парчамбардори миллатро мебинад, ки баҳри пешрафту саодати он ҳамеша тайёранд ва дар пастиву баландии зиндагӣ аз худ ҷасорат нишон дода метавонанд ва Ҳукумати мамлакат ҳама чизро барои рушду пешрафти ҷавонон муҳайё кардааст. Ҷавононро мебояд амнияти давлат ва шарафу номуси ватани худ, Тоҷикистони азизро ҳимоя намоянд.

Вобаста ба ин, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин зикр намудаанд: “Итминони комил дорам, ки ҷавонони ватандӯсти мо минбаъд низ бо ҳисси баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ, зиракии сиёсӣ, ҷаҳонбинии васеъ, маърифати ҳуқуқӣ ва саъю талоши созандаву бунёдкорона барои ободии кишвар ва боз ҳам баланд бардоштани нуфузу обрӯи Тоҷикистони азизамон дар арсаи байналмилалӣ талош намуда, дар таҳкими сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва тақвияти пояҳои давлатдории миллии тоҷикон саҳми арзанда мегузоранд”.

Дар умум, қайд кардан ба маврид аст, ки сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҷавонон беназир буда, чораҳои пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалӣ кардани сиёсати давлатии ҷавонон арзанда арзёбӣ мегардад.

Дар фарҷоми матлаби мазкур тамоми ҷавонони кишварро ба ифтихори Рӯзи ҷавонон табрик гуфта, ба ҳар яки онҳо тансиҳатӣ, иқболи баланд, саодати рӯзгор ва дар кору пайкори садоқатмандонаашон ба хотири ободии Ватани азизамон – Тоҷикистон комёбиҳои нав ба нав орзу менамоям. Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон муборак бошад!

Қудратов К.А.,

н.и.т, дотсент, мудири шуъбаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

НАЗАД