НАЦИОНАЛЬНАЯ АКАДЕМИЯ НАУК ТАДЖИКИСТАНА

ИНСТИТУТ ИЗУЧЕНИЯ ПРОБЛЕМ СТРАН АЗИИ И ЕВРОПЫ

Аз сиёсати дохилӣ ва хориҷии Пешвои миллат дарки воқеӣ дошта бошем

Автор: Хайдарзода Рустам

Расм

Аз сиёсати дохилӣ ва хориҷии Пешвои миллат дарки воқеӣ дошта бошем

Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар аз рӯйдодҳои муҳими сол буда, намояндагони касбу кори гуногун доир ба он таассурот ва андешаҳояшонро баён намуда истодаанд.

Дар суҳбат бо директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо, доктори илмҳои фалсафа Рустам Ҳайдарзода кӯшиш ба харҷ дода шуд, то моҳият ва рамзу ҳикмати мулоқоти мавриди назар бозгӯӣ гардад.

- Ба андешаи Шумо сабабу омилҳои баргузории ин мулоқот кадомҳо буданд?

Баргузории мулоқоти мазкур, пеш аз ҳама, ба ҳаводиси ҷаҳони муосир вобаста аст. Шоҳид ҳастем, ки тафаккури ифротӣ, гурӯҳҳои ифротгарои динӣ ва созмонҳои террористӣ ҳамчун хатари бузурги минтақавӣ ва ҷаҳонӣ имрӯз амният ва мавҷудияти аксар кишварҳои мусулмоннишинро зери таҳдиди ҷиддӣ қарор додаанд. Таҳдиди ин зуҳуроти харобиовар аз сатҳи миллӣ ва минтақавӣ фаротар рафта, хусусияти умумиҷаҳонӣ касб намудааст.

 Дар ин робита ҳадафи мулоқоти мавриди назар, ҳамон тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, баррасӣ намудани масъалаҳои вобаста ба ҳаёти иҷтимоӣ, аз ҷумла маънавиёту маърифати мардуми мамлакат ва муайян намудани вазифаҳо барои бартараф намудани баъзе мушкилоту камбудиҳое, ки дар ин самт ҷой доранд, маҳсуб мешавад.

 Муҳимтар аз ҳама, Роҳбари хирадсолори давлатамон доир ба равандҳое, ки дар ҷаҳони муосир идома доранд, аз ҷумла бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо, тафриқаву низоъҳои диниву мазҳабӣ, густариши бесобиқаи терроризму экстремизми динӣ, «сиёсати дугона» нисбат ба гурӯҳҳои ифротгарои динӣ ва монанди инҳо, ки василаи истифодаи қувваҳои гуногуни манфиатхоҳ гардидаанд, инчунин, таъсири онҳо ба ҷомеа ва давлати мо, бо истинод ба далелу рақамҳои муътамад андешаҳояшонро баён намуда, дастуру ҳидоятҳои раҳнамунсоз доданд.

Ҳаводиси охир собит намуданд, ки пайомади тафриқаву низоъҳои диниву мазҳабӣ, густариши бесобиқаи терроризму экстремизми динӣ, ки василаи истифодаи қувваҳои гуногуни манфиатхоҳ гардидаанд, фоҷиабор аст. Ба назари Шумо, ки вобаста ба масъалаҳои сиёсӣ таълифоти зиёд доред, кадом тадбирандешӣ қодир аст моро аз ин раванд эмин нигоҳ дорад?

 - Пеш аз ҳама, бояд ба тарбияи кӯдакону наврасон, расму оини ниёгон, меросу ахлоқи гузаштагон бештар таваҷҷуҳ зоҳир намоем. Хусусан, баргузории маҷлисҳои падару модарон дар муассисаҳои таълимӣ, тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» бояд самаровар бошанд.

Мубориза бар зидди ин зуҳуроти номатлуб дар шароити кунунии ҷомеа вазифаи ҳар як шахс буда, зарур аст, ки дар ҷомеа корҳои фаҳмондадиҳӣ ва таблиғу ташвиқ густурдатару муассир роҳандозӣ гарданд. Танҳо дар сурати бетараф набудан, пурзӯр намудани кӯшишҳои зиёиён, намояндагони созмонҳои касбӣ ва ҷамъиятӣ, бо иштироки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар, васеъ намудани чорабиниҳои иттилоотӣ -тарғиботӣ ва дар ниҳоди шаҳрвандон бедор намудани ҳисси оштинопазир ба тамоюли экстремизм ва терроризм метавон қотеъона мубориза бурду комёб шуд.

Дар кишвари мо қонунгузорӣ тоату ибодатро манъ накардааст. Вале ибодат набояд ба худнамоӣ табдил ёбад, бо хурофот омезиш ёбаду дар ин замина идеяҳои ифротгароӣ афзалият пайдо намоянд. Ҳаводиси солҳои охири дар кишварҳои Ироқ, Сурия ва Яман бавуқӯъомада нишон дод, ки баъзе ҷавонон фирефтаи гурӯҳҳои террористию экстремистӣ шуда, бо умеди «шаҳид» шудан ва ба «биҳишт» рафтан, ҷонашонро аз даст доданд, ҳамсаронашонро дигар террористон ба занӣ гирифта, фарзандонашон ятим монданд. Маҳз раъиятпарвариву дурандешии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки тавассути робитаҳои дипломатӣ, занону фарзандони бепарастормондаи онҳо аз минтақаҳои ҷангзада ба Ватан баргардонида, ба ҳаёти осоишта ва таълиму тарбия фаро гирифта шуданд.

Аз он нигаронам, ки тоифае бидуни хатми мактабу мадраса ё таълимгоҳи расмӣ ва эътирофгаштаи динӣ эътиқоди мазҳабии баъзе шаҳрвандонро суиистифода карда истодаанд. Чунин ба ном муллоҳо, ки дар асл саводи комили динӣ надоранд ва аз фарҳанги ислом фарсахҳо дуранд, бо амалҳои номатлуб ба обрӯи дини мубини ислом латма мезананд. Масъалаи дигари боиси нигаронӣ, ин ба тиҷорат табдил додани дин маҳсуб мешавад, ки ба ҳеҷ ваҷҳ қобили қабул нест.

 Оид ба мубориза бо ин вабо ­Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (22 декабри соли 2017), барҳақ, фармудаанд: «Мубориза ба муқобили терроризм ва экстремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои якдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунё­ро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо мекунад».

Мо меросдори аҷдоди бофарҳанге ҳастем, ки барои рушди илму фарҳанг ва тамаддуни башарӣ, инчунин, ҳифзи асолати дини мубини ислом хизмати басо арзишманд карда, дар олами ислом ҷойгоҳи сазоворро соҳиб гардидаанд. Бо вуҷуди ин, чӣ боис гардидааст, ки хурофот реша давонад?

 - Мушкили асосии як идда ҷавонони ноогоҳи кишварҳои мусулмоннишин он аст, ки онҳо дар бобати идеологияи аслии ифротгароёни динӣ иттилои комил надоранд. Мувофиқи тафаккур ва таълимоти гурӯҳҳои ифротии динӣ ягон давлати мусулмоннишин бояд ҳамчун давлати мустақил вуҷуд надошта бошад. Тибқи назари онҳо, бояд ҳамаи ин давлатҳо маҷбуран ишғол ва ба таркиби «хилофати ягонаи исломӣ» дохил карда шуда, ҳамчун як ноҳияи «хилофат» бе чуну чаро ба халифаи ягонаи онҳо итоат кунанд. Ҳамин тавр, ифротгароён ҳеҷ гуна давлати мустақил ва истиқлолияти давлатҳои мусулмоннишинро эътироф намекунанд, балки онҳоро дар тобеияти «хилофат» дидан мехоҳанд.

Хусусиятҳои дигари ифротгароии динӣ он аст, ки ба миллатгароии ифротӣ тавъам намояндаи он буданро имтиёз ва ифтихор ҳисоб мекунад. Дар замони муосир низ ин баҳс дар сатҳи гуногун идома дошта, зери шиорҳои миллӣ, мазҳабӣ ва баъзан сиёсию геополитикӣ сурат мегирад. Барои мисол, омӯзиши муҳит ва рӯҳияи ифротгароёни динӣ дар Ховари Миёна собит кардааст, ки ин тоифа нисбат ба мардуми ориёӣ ва ориётабор назари нек надошта, ҳатто забони онҳоро «забони аҳли дӯзах» меноманд.

«Махсусият»-и дигар он аст, ки ­аъзои гурӯҳҳои навпайдои ифротии динӣ ба фарҳангу маърифат назари комилан манфӣ доранд. Ин аст, ки пешвоён ва назариясозони чунин равияҳо адабиёту осори ирфониро маҳкум намуда, «бидъат» меноманд.

Мутаассифона, баъзе ҷавонони мо дарк накардаанд, ки зиддият бо мардуми ориёинажод ва нафрат ба фарҳангу тамаддуни тоҷикӣ-форсӣ «рисолат» — и гурӯҳҳои ифротии динӣ буда, дар баробари мағзшӯӣ, чун неруи аҳриманӣ осори фарҳангию ҳунарию таърихиро нобуд карда истодаанд.

 - Тавре Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтанд, «ҳолатҳои ифротишавии баъзе шаҳрвандони мо ва гароиши онҳо ба созмону ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ дар баъзе шаҳру ноҳияҳо ба назар мерасанд». Сабабҳои асосӣ кадомҳоанд?

 - Ба андешаи ман омилҳои асосии густариши ин зуҳуроти номатлуб инҳоянд:

- баланд гардидани сатҳи диндории бо хурофот омезишёфтаи ҷомеа, афзоиши таълимоти ғайриқонунии ибтидоии динӣ дар синни хурдсолӣ, ки мафкураи ҷавононро ба дингароӣ моил месозанд;

- бетафовутиву фориғболии ниҳоду сохторҳои салоҳиятдор дар иҷрои ваколату салоҳият, паст рафтани сатҳу сифати чорабиниҳои фаҳмондадиҳиву тарбиявӣ, бетарафӣ ихтиёр намудани қисме аз аҳли зиё, ки дар натиҷа, дар мафкураи ҷавонон холигоҳи ғоявиро ба вуҷуд оварда, ба пур кардани он бо идеологияи динии ифротӣ мусоидат мекунад;

- бо назардошти истифодаи васеи шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ аз ҷониби насли ҷавон, паҳнкунандагони идеологияи диниву ифротӣ ин имконияти мусоидро ба манфиатҳои худ суиистифода менамоянд;

- муҳоҷирати меҳнатӣ дар баробари доштани паҳлуҳои мусбат боиси он мегардад, ки муҳоҷирон дар муҳити бегона зери таъсири гурӯҳу шабакаҳои ифротӣ қарор гирифта, ба созмонҳои террористӣ ҷалб шаванд;

- новобаста аз татбиқ намудани чорабиниҳои мушаххас, ҳоло ҳам теъдоди муайяни ҷавонон дар кишварҳои исломӣ бо таҳсили ғайрирасмии динӣ фаро гирифта шудаанд, ки барои таблиғгарони созмонҳои террористӣ заминаи муносиб фароҳам месозад;

- ба таври зарурӣ иҷро нагардидани уҳдадориҳои падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд;

- аз тарафи шахсони мансабдор ва шаҳрвандон таъмин нагардидани талаботи моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм», ки тибқи муқаррароти он шахсони мансабдор ва шаҳрвандон уҳдадоранд ба мақомоти амнияти давлатӣ ва ё мақомоти корҳои дохилӣ доир ба ҳодисаҳое, ки дар онҳо хусусиятҳои омодагӣ ба терроризм мушоҳида мешаванд ё аллакай содир гардиданд, фавран хабар диҳанд.

- Омили дигаре, ки боиси нигаронии Роҳбари мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон гардид, аз ҷониби баъзе шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷи кишвар содир шудани амалҳои мудҳиши террористӣ мебошад. Барои пешгирии чунин ҳолат чӣ пешниҳод доред?

 - Шояд, баъзеҳо ин масъаларо ҷузъӣ пиндоранд, вале содир гардидани амалҳои террористӣ аз ҷониби ҳамватанонамон дар 10 кишвари дунё аз ҳар яки мо андешидани тадбирҳои бетаъхирро тақозо менамояд. Пеш аз ҳама, бояд ҷиддӣ андешем, ки кадом омилҳо замина барои зуҳури терроризми «тоҷикӣ» шуданд?

Посухи ин саволро аз суханронии ­Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо ­фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар дарёфтем: «Ин амалҳо аз ҷониби гурӯҳҳои манфиатҷӯй ва хадамоти махсуси баъзе кишварҳо тарҳрезӣ мешаванд ва онҳо аз бемаърифативу бетаҷрибагӣ ва ноогоҳии баъзе ҷавонони мо истифода мекунанд. Мо аз ҳадафҳои ғаразноки душманони миллати тоҷик огоҳ ҳастем ва ҷиҳати пешгирии онҳо тамоми чораҳои заруриро андешида истодаем».

Дар ҷаҳони муосир ҷавҳари тамаддуни иттилоотиро рушди васоити интернетӣ ва гус­тариши алоқаи моҳвораӣ, коркарду пахши ахбору иттилоот ва зуҳуру инкишофи дипломатияи рақамӣ ташкил медиҳанд. Ба касе пӯшида нест, ки дар ҷаҳони муосир фазои иттилоотӣ ба саҳнаи бархӯрди манфиатҳои сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангии марказҳои қудрати дунёи муосир ва василаи муассири фароҳам овардани афкори омма ва самт додани он ба нафъи доираҳои муайян табдил ёфтааст. Дар вусъати фазои иттилоотии ҷаҳонӣ дар баробари тамоюл­ҳои мусбати созанда, ки огоҳиро таъмин мекунанд, ҳамчунин, равандҳои манфии хатарзо барои амнияти иттилоотии кишварҳо, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон, нуҳуфтаанд.

 Аз ин лиҳоз, фаъолият бояд дар ин самт тавсеа ва тақвият бахшида шавад. Дастури Президенти мамлакат дар бобати таъсиси ситод оид ба баррасии муроҷиатҳои шахсони барои содир намудани амалҳои экстремистиву террористӣ дар кофтуков қарордошта дар назди Прокуратураи генералӣ муҳиму саривақтӣ аст.

Илова бар ин, тавассути баргузории чорабиниҳои гуногун аз тариқи воситаҳои ахбори омма шарҳу тавзеҳ дода шавад, ки бо иқдоми Роҳбари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба қонунгузории ҷиноятӣ тағйиру иловаҳо ворид шуда, муқаррар гардид, ки дар сурати ихтиёран даст кашидани шаҳрвандон аз иштирок дар фаъолияти гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ, инчунин, қатъ кардани иштироки минбаъда дар задухӯрдҳои мусаллаҳона дар ҳудуди дигар кишварҳо онҳо аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешаванд.

 Тавре дар суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар зикр шуд: «Бо истифода аз ин имконият дар даҳ соли охир 1640 нафар ба Ватан баргаштанд ва парвандаҳои ҷиноятӣ нисбат ба онҳо қатъ карда шуданд. Танҳо соли 2023-юм 328 ва дар ду моҳи соли ҷорӣ 140 нафар шаҳрвандон аз ин имконият истифода кардаанд». Сохторҳои дахлдорро мебояд тавассути ин ашхос ба шаҳрвандон муроҷиат намоянд, ки фирефтаи ҳар гуна дасисаҳо нагардида, ба номи падару модар, фарзандон, обрӯи давлат ва миллат иснод наоранд.

 Дар маҷмӯъ, дарки воқеӣ ва дақиқи сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муаррифӣ ва тарғиби дастовардҳо, мусоидат ба эҷоди воситаҳои самараноки таъсири иттилоотӣ ба афкори ҷамъиятӣ дар дохил ва хориҷ баҳри шинохти мусбати Тоҷикистон бояд сармашқи кори ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ бошад.

Мусоҳиб Далер АБДУЛЛО,

“Садои мардум”

Бознашр:

https://sadoimardum.tj/sijosat-va-huquq/az-siyosati-dohil-va-hori-ii-peshvoi-millat-darki-vo-e-doshta-boshem/

НАЗАД