НАЦИОНАЛЬНАЯ АКАДЕМИЯ НАУК ТАДЖИКИСТАНА

ИНСТИТУТ ИЗУЧЕНИЯ ПРОБЛЕМ СТРАН АЗИИ И ЕВРОПЫ

ДАРКИ ДИНИИ ҲАРАКАТИ ТОЛИБОН

Автор: Кудратов Комрон

Расм

Дар пайи тағйиротҳои бунёдие, ки дар ҷомеа ба вуҷуд меоянд, мушоҳида мешавад, ки дин низ ба баъзе тағйирот (ислоҳот) дучор гардида, дар фаъолияти худ дигаргуниҳое ворид мекунад. Дар адабиёти исломӣ падидаи тағйирёбии дин бо истилоҳоти гуногун баён шудааст. Тағйири мусбат бо истилоҳоти эҳё, ислоҳот, таҷаддуд ва таҳаввулот ва тағйири манфӣ бо истилоҳҳои тағайюр, сохтакорӣ, инҳироф, ифсод ва табодул ифода ёфтаанд. Аз ин бармеояд, ки дин то андозае аз тағйирёбандаҳои ҷуғрофӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ вобаста аст.

Таҳлилу баррасии адёни гуногун далолат бар ин мекунанд, ки тағйирот дар дин аз давраи ибтидои таърихи башар то имрӯз вуҷуд дошт ва ба назар мерасад, ки минбаъд низ идома хоҳад ёфт, зеро дин ҳам ҳамчун рухдоди фардӣ ва ҳам ҳамчун падидаи иҷтимоӣ воқеиятест марбут ба одамони зинда. Дин ҳанӯз аз оғози фарҳанги башарӣ на як марҳалаи таърихи шуури инсон, балки унсури сохтори шуур ба шумор омадааст ва пажӯҳишгарон онро яке аз унсурҳои сохтории ҳаёт донистаанд. Ҳар як ҷомеа аз рӯи сохтори худ дар бораи дин, фарҳанг, низом ва усули тарбияти одамон арзишҳои хосе доранд. Дар ин замина ҷомеаҳо ва динҳо дар арсаҳои гуногуни фарҳангӣ бо ҳам дар иртиботи доимӣ қарор доранд. Дар натиҷаи ин ҳамкории мутақобил дар ҷомеаҳо таҳаввулоту тағйироти гуногун ба вуҷуд омадаанд. Ба иборати дигар, на танҳо дин ҷомеаҳоро ба таври якҷониба ташаккул медиҳад, балки ҷомеаҳо низ метавонанд динро мувофиқи сохтор ва шароити худ дарк ва тафсир намоянд [8].

Дар Афғонистон низ дин омили муайянкунандаи ҷомеа ва рафтори мардум аст. Он ҳамчун унсуре ба ҳисоб меравад, ки ҷаҳонбинӣ ва ҳатто тарзи зиндагиро ташкил, роҳнамоӣ, муайян ва танзим намуда, ҷаҳони маънавии одамонро шакл медиҳад. Гузашта аз ин, дини Ислом дар таъмини ваҳдату ягонагии ҷомеа ва сохтори он нақши муҳим дорад [4].  Ҳамчунин, пешвоёни дин, рӯҳониён ва сайидҳо, ки дар ҳаёти мазҳабии Афғонистон нақши бориз доранд ва таъсири муайяне ба мардуми Афғонистон мерасонанд.

Бо таваҷҷуҳ ба ҷаҳони исломи имрӯза, бахусус Афғонистон, изҳороти зерини Ҷорҷ Малек муҳим менамояд: “То замоне, ки мушкилоти марбут ба масоили динӣ ба хусус дар Ховари Миёна ва дар маҷмуъ дар дигар сарзаминҳои исломӣ ҳал нашаванд, имкони ба даст овардани суботи сиёсӣ ғайриимкон аст” [5]. Маълум аст, ки дар Афғонистон низоъҳо ва ихтилофҳои хислати динидошта аз солҳои 90-ум идома доранд. Яке аз омилҳои барҷастаи ин низоъҳову ихтилофҳо дин ё фаҳмишҳои гуногуни мазҳабист.

Дар Афғонистон дар баробари таъсири дин ба ҷомеа дар ташаккули тафаккури мардум афроди динӣ низ саҳми бузург доранд. Бинобар ин, дин на танҳо хусусияти субъективӣ, инчунин хусусияти объективӣ низ дорад, ки ин дар ташкили гурӯҳҳо ё ҷамоатҳо дар ҷомеа ошкор мегардад. Яке аз сабабҳои ба гурӯҳҳо, ҳаракатҳо ва ҷамъиятҳои динӣ рӯ овардани афроди алоҳида дар ҳамин аст. Инсон кӯшиш мекунад, ки ҳам ниёзҳои динӣ ва ҳам иҷтимоии худро тавассути ин гурӯҳҳо қонеъ созад. Дар ин маврид шахс бо муносибатҳо ва намунаҳои рафтори нав рӯ ба рӯ мешавад. Аз ин рӯ, дарки муносибатҳои ҷамъиятии дорои хусусияти динӣ масъалаи ҷиддист. Зеро шабакаи равобити динию иҷтимоӣ бисёрҷанба ва печида мебошад. Дар ин замина дарки ҷараёнҳо ва гурӯҳҳои мазҳабӣ, ки тасаввурот ва фаҳмишҳои мухталифи динро дар ҷомеа аз дидгоҳи ҷомеашиносӣ ошкор мекунанд, муҳим аст. Дар ин замина ҷараёнҳои мазҳабӣ дар Афғонистон кӯшиш кардаанд, ки ҷомеаи Афғонистонро бо истинод ба шариати исломӣ, ки дар меҳвари анъанаҳои қабилавӣ таҳия шудааст, тарҳрезӣ кунанд.

Онҳое, ки исломи сиёсиро қабул кардаанд, мегуфтанд, ки ихтиёри мутлақ аз они Худост ва ҳама чиз, ҳатто заррае ҳам дар ҷаҳон бе фармони Ӯ амал намекунад. Аз ин нигоҳ ҳам ҳукумат (давлат) ва ҳам ҳукмронӣ дар як ҷанба илоҳӣ ва дар дигар ҷанба инсонӣ будааст. Аз ин рӯ, мардум метавонанд бо назардошти паёмҳои илоҳӣ ҳукмронии Худоро дар ҷомеа истеҳком бахшанд. Шумораи онҳое, ки ҷонибдори ин ақида, ки ҷомеаи идеалии дар Қуръон зикршуда танҳо ба ин васила ба даст оварда мешавад, дар ҷаҳони ислом ҳеҷ гоҳ кам набудааст [22].

Дини Ислом метавонад ҳамчун манбаи илҳоми мусулмонон барои таҳияи дидгоҳҳои исломи сиёсӣ хидмат кунад. Аммо он ҳамчун эътиқод муҳим аст ва аз тафсири сиёсӣ ҷудо ва мустақил боқӣ мемонад. Аз ин рӯ, новобаста аз он ки исломи сиёсӣ барои мусалмонон ҷолиб аст, набояд фаромӯш кард, ки Ислом асосан ва пеш аз ҳама, дин аст, на сиёсат. Дар ин замина изҳороти Шайх Рашид ал-Ганнушӣ муҳим ба назар мерасад: “Ба даст овардани ҳукуматро набояд бузургтарин дастовард ҳисоб кард. Муваффақияти бузургтар он аст, ки мардум Ислом ва пешвоёни онро дӯст доранд, аммо хатарноктарин чиз барои исломгароён ин аст, ки пешвоён пеш аз ба қудрат расидан дӯстдошта ва баъдан нафратовар мебошанд” [6]. Дар ин замина, онҳо ҳамчун ҷунбишҳои исломӣ дар олами ислом ба вуҷуд омада, ба ҷуз сиёсиву иҷтимоӣ ва бар пояҳои фарҳангӣ ва эътиқоди мардум ташкилёфта, чизе дигаре нестанд. Дар ин замина Ислом дар бораи сохти сиёсиву иҷтимоӣ нигоҳи дигар дорад. Ин аст, ки исломи сиёсӣ дар давраҳои гуногуни таърих пайдо мешавад, вале ҳеҷ гоҳ комилан аз байн намеравад, ҳамчун як ҷараён боқӣ мемонад [6].

Пайдо шудани ҷараёнҳои дорои ангезаи динӣ дар Афғонистон бо оғози муборизаи мусаллаҳона алайҳи Иттиҳоди Шӯравӣ рост меояд [17]. Сарварони ҷараёнҳои динии Афғонистон дар байни худ ихтилофоти амиқ доштанд. Аз ин рӯ, баъди ба даст овардани маъмурият дар Кобул рақобатҳои сиёсиро густариш дода, кишварро ба ҷанги шаҳрвандӣ кашиданд. Усули муборизаи ҷараёнҳои мазҳабӣ дар Афғонистон аз дигар кишварҳои исломӣ фарқ мекард. Умуман, ҷараёнҳои исломии сиёсӣ дар хатти радикалӣ-анъанавӣ амал карда, хушунатро ба унвони як усул қабул кардаанд. Ҳаракатҳои мазҳабӣ дар Афғонистон аз ҳассосиятҳои этникӣ ва ҳамчунин гуфтугӯҳои мазҳабӣ истифода мебаранд. Гуфтугӯҳои ҷараёнҳои дорои ангезаи мазҳабӣ дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ қисман мазҳабӣ ва қисман этникӣ буданд. Метавон гуфт, ки ҷараёнҳои динӣ вақтҳои охир асосан аз ин ду омил истифода карданд.

Дида мешавад, ки ҷараёнҳои мазҳабӣ дар Афғонистон бо номи бунёдҳо ва иттиҳодияҳои мухталиф дар донишгоҳҳо, муассисаҳои таълимӣ, васоити ахбори омма ташкил шуда, фаъолияти худро ба таври муназзам идома медиҳанд. Гуфтан мумкин аст, ки онҳо бахусус дар корҳое мисли додани стипендия ва бо хобгоҳҳо таъмин кардани онҳо машғул буданд.

Дар сохтори иҷтимоии ҷомеаҳои суннатӣ, ки дар он дин бартарӣ дорад, қонунияти сиёсӣ ба дин асос ёфтааст, табақаи ашроф фаъоланд ва сохтори иқтисодиашон феодалист. Дар чунин ҷомеаҳо ҷангҳо, зиддиятҳо ва низоъҳои байниҷамоавӣ бештар ба дин асос ёфтаанд. Баъзан ҳатто кӯшиш мешавад ба низоъҳо ва зиддиятҳои иҷтимоии ғайримазҳабӣ тобиши мазҳабӣ дода шавад.

Шахсони алоҳида меъёрҳои ҷамъиятиро мухокима намекунанд ва ба дурустии меъёрҳои иҷтимоӣ шубҳа надоранд. Дар чунин ҷомеаҳо рафтори шахсро урфу одатҳои ҷамъиятӣ танзим мекунанд. Аз ин рӯ, дар ҷомеаҳои суннатӣ «байни шахсияти фардӣ ва иҷтимоӣ фарқияти ҷиддие вуҷуд надорад». Дар чунин ҷомеаҳо кӯшиш мекунанд, ки мушкилоти иҷтимоӣ ба тариқи анъанавӣ ҳал карда шавад. Дар ҷомеаҳои шарқӣ ва махсусан дар Афғонистон, фаҳмиши ҷомеаи анъанавӣ ҳоло ҳам идома дорад. Дар ин замина, азбаски ниҳодҳои иҷтимоӣ дар ҷомеаҳои суннатӣ бар пояи дин асос ёфтаанд, дар ҷомеаҳои суннатӣ ё ҷомеаҳое, ки осори суннатӣ доранд, бештар аз дин накӯҳиш мешаванд [12]. Зеро ба гуфтаи рӯшанфикрон, дин рамзи ақибмондагии маданӣ дар чунин ҷомеаҳост. Дар ҷомеаҳое, ки тартиби анъанавиро қабул мекунанд, одатан ҳокимияти авторитарӣ ба ҷои аввал меояд. Аз нуқтаи назари Вебер, он ба «муқаддас будани анъанаҳои қадим ва эътиқод асос ёфтааст ва онҳое, ки аз рӯи анъана барои амалӣ кардани ҳокимият даъват шудаанд, қонунӣ ҳисоб мешаванд. Дар низоми анъанавӣ роҳбароне, ки аз рӯи анъана таъин карда мешаванд, ба қонунҳо итоат намекунанд, балки меъёри қонунӣ будани фармонҳои аз ҷониби раҳбарони таъиншуда дар он аст, ки онҳо хилофи урфу одатҳо нестанд. Аз ин ҷост, ки баъзан суннатҳои қабилавӣ, гарчи хилофи аҳкоми дини Исломанд, бартарият доранд [9].

Дар Афғонистон тамоюлҳое, ки аз фаҳмиши суннатии ислом ҳимоят мекунанд, ба қудрат расидаанд. Далели равшани ин гурӯҳҳои муҷоҳидин аст, ки дар кишвар қудрати сиёсиро дар даст доштанд ва то ҳол нуфузи қобили мулоҳизае доранд. Муҷоҳидин аз ин тамоюл, ки сиёсат ва динро муттаҳид мекунад, дифоъ карда, барои бо қонунҳои исломӣ идора кардани кишвар мубориза мебурданд. Намунаи радикалитарини ин раванд ҳукмронии пешина ва ҳозираи Толибон аст. Гуфтан мумкин нест, ки тарафдорони тафаккури модернистӣ дар Афғонистон хеле муваффақ буданд, аммо онҳое, ки аз фаҳмиши анъанавӣ дифоъ мекунанд, ба як қудрати сиёсӣ табдил ёфтаанд. Онҳое, ки аз афкори суннатӣ дар Афғонистон дифоъ мекунанд, касоне ҳастанд, ки ҳамзамон ба майдони сиёсӣ интиқол ёфтани исломро қабул доранд.

1. Зуҳури Толибон ҳамчун ҳаракати динӣ-мазҳабӣ

Бо ҳамлаи Иттиҳоди Шӯравӣ ба Афғонистон дар соли 1979 садҳо афғонистонӣ ба Покистону Эрон муҳоҷират карданд. Аксари онҳое, ки дар Покистон паноҳ бурданд, аслан паштун буданд ва дар урдугоҳҳо, ки бо кӯмаки кишварҳои арабӣ ва ғарбӣ дар вилоятҳои Балуҷистон ва Серҳати Покистон, ки дар он ҷо паштунҳои покистонӣ ба сар мебаранд, ҷой гирифтанд. Бо мурури замон урдугоҳҳои гурезаҳо зери таъсири ҳизбҳои мучоҳидин қарор гирифтанд ва баъдтар ба марказҳои таълими ҷанговарони гурӯҳҳои муҷоҳидин табдил ёфтанд. Ва дар ҳоле ки насли аввали афғонҳо алайҳи русҳо меҷангиданд, насли дувуми паноҳандагон дар ин урдугоҳҳо ба дунё омаданд, ки Афғонистонро дар зиндагии худ надида буданд. Оилаҳои гуреза фарзандони худро ба мадрасаҳои дар урдугоҳҳо таъсисёфта, ки таълими динӣ доштанд, мефиристоданд. Дар мадрасаҳои динӣ таҳсил кардани фарзандони паноҳҷӯёни афғон сабабҳои идеологӣ ва иҷтимоӣ дошт. Бо сабаби он ки дар мактабҳои давлатии Афгонистон ақидаи чапгароён ҳукмрон буд, аксари мардум фарзандони худро ба ин мактабҳо нафиристоданд. Зеро он замон давлате, ки аз афкор ва мафкураи чапгароён дифоъ мекард, низ зиддидинӣ дониста мешуд. Дар ҷаҳони равонии ин оилаҳо таълиму тарбия дар мактабҳои муосир маънои онро дошт, ки фарзандонашон аз дин дур мешаванд ва дар сафи пеши ҷиҳод будани уламо ҷавононро ба таҳсил дар мадрасаҳои динӣ ташвиқ мекарданд [21].

Дар ҷанги зидди Иттиҳоди Шӯравӣ мафҳумҳои ҷиҳод, мадрасаҳои динӣ ва рӯҳониён аҳаммияти бештар пайдо карданд. Дар давраи ҷиҳод нуфуз ва қудрати рӯҳониён рӯз то рӯз зиёд мегардид. Аксари сарварони ҳизбҳо, ки бар зидди русҳо меҷангиданд, одамоне буданд, ки дар мадрасаҳои динӣ таълим гирифта буданд. Мардуми афғон бо фатвоҳои раҳбарони ҳизбҳо ба ҷиҳод ҳамроҳ шуданд. Ҳамин тавр, дар канори ҷанбаи иҷтимоӣ ҷанбаи сиёсии рӯҳониён низ ошкор шуд. Дар натиҷаи обруи иҷтимоӣ ва сиёсии худ рӯҳониён имтиёзҳои калони иқтисодӣ касб карданд. Ин эътибори рӯҳониён як омили муҳимми фарзандонро ба мадрасаҳои мазҳабӣ фиристодани хонаводаҳои паноҳандаи афғон гардид. Ҳамин тариқ, дар байни гурӯҳҳои муҷоҳидини афғон Ҳизби Ҷунбиши Исломии Инқилобӣ таҳти сарварии Мавлавӣ Муҳаммад Набӣ Муҳаммадӣ ва Ҳизби Исломӣ бо раҳбарии Мавлавӣ Юнус Холис мадрасаҳои бештар доштанд. Донишҷӯёни ҷавоне, ки дар ин мадрасаҳо таҳсил мекарданд, барои гурӯҳҳои муҷоҳидин хеле муҳим буданд. Ба ин далел, ин аҳзоби муҷоҳидин як бахше бо номи “Донишҷӯёни танзимӣ” таъсис додаанд, ки умури донишҷӯёнро танзим мекард. Дар натиҷаи пайваста омадани сели гурезаҳо аз Афғонистон ба Покистон мактабҳои мавҷудаи бошишгоҳҳо номувофиқ шуданд. Дар Покистон созмонҳои паштунгароёна аз қабили “Ҷамияти уламо”, “Ҷамоати Исломӣ” ва “Ҷамъияти аҳли Ҳадис” тавонистанд, ки ин вазъро ба нафъи худ истифода баранд. Ин созмонҳо ба фарзандони паноҳҷӯёни афғон имкон доданд, ки дар мадрасаҳои динии худашон таҳсил кунанд. Ҷамияти уламо дар шаҳрҳои мухталифи Покистон барои ҷавонони афғон мадрасаҳо боз карданд. Дар ин мадрасаҳо ҷавонони афғон дарси ройгон мегирифтанд. Аз ин рӯ, ҳазорон нафар ҷавонони афғон чунин мадрасаҳои диниро хатм кардаанд. Аввалин таълимоти динӣ, ки сохтори Толибонро ташкил медод, дар ин мадрасаҳои дар Покистон таъсисёфта шакл гирифт [15, c. 99; 21].

Аксари ҷангҷӯёне, ки дар ҳаракати Толибон ширкат доштанд, аз ҷавононе иборат буданд, ки дар ин мадрасаҳо таҳсил мекарданд. Ин ҷавонон дар урдугоҳҳои паноҳандагон дар Покистон ба дунё омадаанд ва таҳсили рӯякии динии худро дар мадрасаҳои мазҳабӣ, ки Покистон иҷозат додааст, анҷом додаанд. Ин ҷавонон дар баробари омӯзиши динӣ истифода аз силоҳро низ омӯхтаанд. Аммо ҳеҷ кадоме аз онҳо воқеан ҷангро надидаанд ва дар ҷанг иштирок накардаанд. Донишҷӯёни ҷавони ин мадрасаҳои мазҳабӣ аз устодоне, ки дониши кам доштанд ва дини исломро ба маънии хушку зоҳириаш дарк мекарданд, дарси Қуръон, ҳадис ва шариати исломро омӯхтаанд. Аз ин рӯ, ин донишҷӯёни ҷавон аз таърих, фарҳанг ва сиёсати Афғонистон маълумоти кам доштанд ё тамоман надоштанд. Дар баробари ин аз падаронашон, ки бар зидди русҳо дар Афғонистон меҷангиданд, дар муҳити дигари иҷтимоӣ-фарҳангӣ ва сиёсӣ ба воя расидаанд. Ба ин маънӣ, ки ин донишҷӯёни ҷавон насле буданд, ки аз ноамнии воқеӣ, шуғл, офатҳои бехонавударӣ ва муҳити ҷангӣ бехабар буданд. Ин донишҷӯёни ҷавон тасаввуроте надоранд, ки ҳамсоя ё қабилаашон дар Афғонистон кист ва дар бораи ояндаи кишвар низ андешае надоранд. Қавитарин эътиқоди онҳо ин аст, ки Ислом бартар ва комилтар аз дигар динҳост. Ин донишҷӯёни ҷавон ба ҷуз дарси динӣ ягон касбу ҳунаре надоранд, ки рӯзгори худро пеш баранд [18, с. 50].

Нерӯҳои ҷангии Толибон аз ҳамин донишҷӯёни ҷавон иборат буданд. Онҳое, ки дар раҳбарии ҳаракати Толибон буданд, дар давраи ҷиҳод бо дигар гурӯҳҳои муҷоҳидин бар зидди русҳо ҷангидаанд. Ин мадрасаҳо, ки бо кӯмаки молии кишварҳои арабии Халиҷи Форс, пеш аз ҳама Арабистони Саудӣ ва созмонҳо ва гурӯҳҳои муҷоҳидини паштунтабори Покистон таъсис ёфтаанд, аз ҳар ҷиҳат насли дигарро тарбия кардаанд. Сабаби пуштибонии гурӯҳҳои муҷоҳидин аз ин гуна мадрасаҳо паҳн кардани ақидаҳои ҳизбии худ ва ба даст овардани қудрати ҷангӣ буд. Дар давраи баъдӣ, ҳаракати Толибон тавонист ҷавононеро, ки дар ин мадрасаҳо ба воя расидаанд, ҳамчун ҷангҷӯ истифода баранд [23, с. 73; 17]. Ин донишҷӯёни ҷавон бовар доштанд, ки дар роҳи Худо ҳастанд. Аз ин рӯ, ин донишҷӯён ҳар як вазъиятро ғалаба медонистанд. Ва ҳамеша чунин эътиқод доштанд, ки агар дар ҷанг ҳалок шаванд, шаҳид ва агар захмӣ шаванд, ҷонбоз (ғозӣ) мешавад. Маҳз ҳамин андеша буд, ки онҳо дар солҳои аввали ҳаракати Толибон шаҳрҳои гуногуни кишварро забт карданд.

Ба гуфтаи Толибон, гурӯҳҳои муҷоҳиддин кишварро ба бунбаст кашида, ҷиҳоди покизаи мардуми Афғонистонро доғдор кардаанд. Пас аз он ки ҳаракати Толибон шаҳри Ҳиротро ишғол кард, дар сармастии пирӯзӣ, бо баҳонаҳои гуногун қавмҳои ғайрипашту ва ғайринизомиёнро ба қатл расониданд.

Толибон дар баробари пирӯзиҳо талафоти калон низ медоданд ва ба хотири таҳкими қудрати ҷангии худ дар вақтҳои намоз фарзандони хонаводаҳои камбизоатро аз ҷамоатҳо ҷамъ мекарданд. Аз сӯйи дигар, Толибон ҷангиёни хориҷии паштуни муқими Покистонро ба ҷанги Афғонистон истифода намуданд. Азбаски ҷангиёни покистонӣ бо Афғонистон ҳеҷ иртиботи маънавӣ ва эҳсосӣ надоранд, онҳо ба молу ҷони мардум ва ҳатто ба номуси онҳо тамаъ мекарданд. Дар куштори Мазори Шариф дар соли 1998 ҳазорон сокини осоишта кушта, ҳазорон духтари ҷавон таҷовуз ва ҳазорон манзилҳои мардуми осоишта ғорат гардиданд.

Таҳлил нишон медиҳад, ки ба пайдоиши ҳаракати динии Толибон пеш аз ҳама омилҳои беруна мусоидат кардаанд. Ҳаракати Толибон дар натиҷаи фаъолияти бозигарони геополитикӣ ба мисли ИМА, Покистон ва Арабистони Саудӣ ташкил ёфтааст, ки пеш аз ҳама бо мақсади шикаст додани Иттиҳоди Шуравӣ, ба даст овардани ҳукмронии комил дар Афғонистон, густариш додани нуфузи худ дар Осиёи Марказӣ ва паст кардани нуфузи Россия пас аз пошхурии Иттиҳоди Шуравӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ амал кардаанд. Новобаста аз он ки имрӯзҳо CIA (Central Intelligence Agency)-и ИМА ва ISI (Inter-Services Intelligence)-и Покистон даст доштани худро дар зуҳури ҳаракати динии Толибон инкор мекунанд, ҳаракати Толибон самараи фаъолияти онҳост.

2. Фаҳмиши динӣ ва мазҳабии Толибон

Мутафаккирони ғарбӣ аз қабили Бернард Люис ва Самуэл Ҳантингтон аз ин ақида дифоъ кардаанд, ки вуҷуди амалҳои хушунат дар ҷаҳони ислом аз дин сарчашма мегирад. Ба эътиқоди онҳо, масъалаи ҷиҳод яке аз масъалаҳои умдаи тамоми мусалмонон аст. "Рӯҳониён, фақеҳон ва суннатшиносон бар ин назаранд, ки ҷиҳод вазифаи ногузири дин аст." [3; 11]. Аз ин рӯ, ба гуфтаи онҳо, масъалаи ҷиҳод дар Ислом ҳар мусалмонро ба хушунат водор кардааст.

Бо назардошти дарки динии Толибон, дида мешавад, ки онҳо ба сабаби дониши сатҳӣ аз шариати исломӣ ва иҷрои аҳкоми динӣ муҳофизакор ва сахтгиранд. Тасвири хушунат дар татбиқи аҳкоми шариат ва ҳукми Толибон аз рӯи бозтоби он ба мардум, шаҳодат медиҳад, ки рамзҳои зеҳнии Толибон аз аҳкоми қабилавӣ берун нарафтааст. Аз ин рӯ, метавон гуфт, ки сохторе, ки дарки динии Толибонро ташкил медиҳад, аз се сарчашмаи муҳим ғизо мегирад:

1. Фаҳмиши дин дар атрофи ақидаи ваҳҳобият ташаккул ёфтааст;

2. Фаҳмиши дин дар атрофи урфу одат ва эътиқоди қабилаҳои паштун ташаккул ёфтааст;

3. Фаҳмиши дин дар атрофи эътиқод ва таълимоти диние, ки мадрасаи Деобанд пешбинӣ кардааст, ташаккул ёфтааст.

Наздик будани Толибон ба уламо ва сипоҳиёни динӣ ин ақидаро водор сохтааст, ки аҳли суннат кӯшиши паҳн кардани ақидаи ваҳҳобиро бо номи мазҳаби ҳанафӣ кардаанд, ки ин ақида (толибонизм) бештар паҳн гаштааст. Бархӯрди тунди Толибон бо занон ва фатвоҳои такфирии онҳо алайҳи гурӯҳҳои ғайрисуннатӣ ваҳҳобиятро тақвият бахшидааст. Мадрасаи Исломии Файзулулум, ки ба “Ҷамоати уламо”-и Файзободи Покистон тааллуқ дорад, маркази асосиест, ки дар он Толибон таълим гирифтаанд. Ин марказ бо паҳн кардани ваҳҳобият машҳур аст [16].

Ҳамин тавр, дида мешавад, ки Толибон ба ҷуз фаҳмиши қабилавӣ, ба далели дарки сатҳӣ дар бораи таълимоти динӣ ва қазоват бар пояи маъниҳои зоҳирӣ ва хушки шариати исломӣ зери таъсири мазҳаби ваҳҳобӣ қарор доранд. Аз тарафи дигар, Толибон ба сабаби иртиботи маҳдуд бо ҷаҳони беруна, бо ворид шудан ба мадрасаҳои “Ҷамъияти уламо” аз муллоҳои мактаби Деобанд, ки дар бораи дин фаҳмиши сатҳӣ доштанд, таълим гирифта, бо кирдорашон ба ақидаи динии Афғонистон ва ҷаҳони ислом зарари ҷиддӣ расонидаанд [13].

Толибон аз тариқи мадрасаҳои Деобанд кӯшиш мекунанд, ки тасаввуроти динии худро дар Афғонистон паҳн кунанд. Барои дарки ин масъала лозим аст, фаҳмиши динии мадрасаҳои Деобандиро мавриди таҳлил қарор диҳем.

Пас аз Шоҳ Валиуллоҳ ҳаракати исломии Ҳинд таҳти рохбарии Сайид Аҳмад бо кӯмаки писараш Абдулазиз ва наберааш Шоҳ Исмоил идома ёфт. Муборизаи мусулмонони Ҳиндустон бар зидди англисҳо дар замони хукмронии Сайид Аҳмад ба авҷи худ расид. Афғонистон яке аз муҳимтарин марказҳои муборизаи мусулмонони Ҳинд алайҳи Бритониё будааст [20, c. 103].

Имрӯзҳо дар ҷаҳон, асосан дар Ҳиндустон, Покистон, Бангладеш, Афғонистон ва Малайзия то 8000 мадрасаҳои Деобандӣ мавҷуданд ва онҳо вобаста ба таълимоти динӣ ва даркӣ он, бо назардошти мавқеъи ҷуғрофӣ ба 3 намуд тақсим мешавад:

Аввалин мадрасаҳои деобанд ба нишони эътироз бар зидди режими мустамликадории Англия дар Хиндустон ташкил шуда буд, ки принсип ва пояҳои амалии шохаи суннии ислом — ҳанафиро дарбар мегирад.

Дуюмин, мадрасаҳои деобанди Покистон аст, ки таҳти роҳбарии паштунтабор Мавлавӣ Фазлурраҳмон раҳбари “Ҷамоати уламо” заминаи даҳҳо созмонҳои хурди исломӣ гардидааст. Мавлавӣ Фазлурраҳмон илхомбахши идеологии на танҳо ҳаракати Толибон дар Покистон, балки дар минтақаҳои ҷанубии Афгонистон низ мебошад.

Сеюмин, мадрасаҳои деобанди Афғонистон аст, ки Толибон парвардаи он аст ва онҳо на танҳо нисбат ба намояндагони хориҷӣ, балки нисбат ба шаҳрвандони худ, ки аз тафсири радикалии ин ҷараёнро пуштибонӣ намекунанд дар ҷанг ва хушунат аст [16, с.110].

Давраи истилои Британия аксари сарони Ҷунбиши мусулмонони Ҳинд дар Афғонистон истиқомат доштанд ва дар он ҷо ҳаракатро роҳбарӣ мекарданд ва идомаи ҳаракатро таъмин менамуданд. Дар роҳбарии Ҷунбиши мусулмонони Ҳинд ҳузури омӯзгорон ва донишҷӯёни мадрасаи Деобанд аксариятро ташкил медод. Муаллимон ва донишҷӯёни мадрасаи Деобанд бо рӯҳониёни Афғонистон низ мубодилаи афкор мекарданд. Дар ин давра дар Афғонистон мадрасаҳои мазҳабӣ таъсис дода мешаванд, ки дар онҳо ҳам омӯзгорони афғон, ки дар Деобанд таҳсил кардаанд ва ҳам устодони мадрасаи Деобанд, ки дар Афғонистон зиндагӣ мекарданд ба тадрис мепардозанд. Аз ин рӯ, дар мадрасаҳои Деобанд Мавлавӣ Холис, Мавлавӣ Муҳаммад Набӣ Муҳаммадӣ ва Сибғатуллоҳ Муҷаддадӣ барин муҷоҳидони афғон таҳсил кардаанд [13].

Таърифи дарки Толибон дар бораи дин хеле душвор ба назар мерасад, зеро, аз як тараф, онҳо зери таъсири мактабҳои Деобанд қарор гирифтаанд, аз тарафи дигар, дар якҷоягӣ амал кардани фаҳмиши ваҳҳобӣ ва фаҳмиши қабилавии қабилаҳои паштун дар мадди аввал буда, бо набудани як фаҳмиши динии мушаххас дарки номуайяни диниро ба вуҷуд овардаанд. Ҳаракати Толибон динро ҳамчун василаи тарсондан ва зулм алайҳи мардум истифода мебаранд. Толибон аз дину фарҳанги Ислом ба нафъи худ истифода намуда, ба мардуми Афғонистон ва ҷаҳон симои даҳшатнок ва зишти онро офаридаанд. Зеро дар фаҳмиши динии Толибон амалҳои хатарноки шовинизми миллӣ, радикализм, экстремизм, вандализм, иртиҷоҷӯӣ, мутаассибӣ, нақзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва маҳдудиятҳои иҷтимоӣ ҷой дорад.

Дар умум ҳаракати Толибон, ки як ҷунбиши мазҳабӣ ва сиёсӣ буда, талош дорад суннатҳои исломӣ ва шариатро дар саросари Афғонистон ва эҳтимолан берун аз он бо зӯр паҳн кунад. Ҷаҳонбинии мазҳабии Толибон радикалӣ буда, дар сатҳи давлатӣ сиёсати динии асримиёнагиро пеш гирифтаанд. Асоси фаҳмиши динии Толибонро ақидаҳои мазҳабии «неосалафизм» ташкил медиҳанд, ки дар натиҷаи синтези тасаввуф, ваҳҳобият, таълимоти динии мадрасаҳои деобандӣ ва эътиқоди қабилавӣ ба вуҷуд омадааст.

3. Эҳёи хилофат ва инкори аҳкоми ҷиҳод дар фаҳмиши Толибон

Вуруди ғарбиён ба ҷаҳони ислом ва фурӯпошии Императории Усмонӣ ба ҷомеаҳои исломӣ таъсири амиқ гузоштааст. Дар империяи Усмонӣ мақоми халифа, ки пешвои рӯҳонии тамоми мусулмонони суннимазҳаб ба ҳисоб мерафт, вуҷуд дошт. Пас аз фурӯпошии Императории Усмонӣ масъалаи бунёди хилофат тақрибан як аср зеҳни мусулмонони суннимазҳабро банд кардааст. Дар ин замина аз ҷониби мутафаккирони мусулмон китобҳо таълиф шуда ва дар ҷаҳони ислом гурӯҳҳо ва ҳизбҳои мухталифи сиёсӣ ташкил шудаанд. Ин мутафаккирони мусулмон муътақиданд, ки мусулмонон бояд ба “салаф” баргарданд, то аз ин вазъ халос шаванд. Ҷунбиши бозгашт ба “Салафи Солеҳ” бори аввал дар Миср аз ҷониби мутафаккирон аз қабили Сайид Ҷамолиддини Афғонӣ, Муҳаммад Абду, Абдурраҳмон Кавкабӣ ва Рашид Ризо оғоз шуда буд.

Мадрасаҳои Ҳоққонӣ пайравони мадрасаҳои Деобанди Ҳиндустон мебошанд. Аз ин рӯ, Толибон фаҳмиши хилофатро ҳамон гунае, ки мактабҳои Деобанди Ҳинд ба миён гузоштаанд, қабул доранд. Идеяи бозгашт ба ниҳоди хилофат дар афкори сиёсии мактабҳои Деобанд, гурӯҳҳои бунёдгарои исломӣ ва Толибон реша давондаанд. Масъалаи бозгашт ба хилофат дар андешаи мактабҳои Деобанд заминаи муҳимми боқӣ мондани арзишҳои исломӣ дар ҷомеа аст ва роҳи татбиқи амалии он ҷиҳод дониста мешавад [13].

Амали ҷиҳод, ки мусалмонон ба он эътиқод доранд, бо мафҳумҳои “фанатизм”, “ваҳшоният” ва “таҳаммулнопазирӣ” баробар шудааст. Аммо маънои аслии мафҳуми ҷиҳод ба ҷанг рабте надорад. Дар забони арабӣ истилоҳҳое аз қабили ҳарб, кифа ва мукатала маънои ҷангро медиҳанд. Аз ин рӯ, ҳар саъю кӯшиш ва фидокорӣ, ки барои дар роҳи Худо будан ва пайравӣ ба ин роҳ карда мешавад, ба мафҳуми ҷиҳод дохил мешавад. Аммо вақте ки кишварҳои мусалмонӣ зери истило буданд, ақидаи фарз будани ҷиҳод ҳукмфармо шуд. Ин навъи ҷиҳодро метавон ҷиҳоди дифоӣ номид [1].

Имрӯз мафҳуми ҷиҳод ба идеологияи бунёдгароии исломӣ табдил ёфтааст, ки дар сархатти ҳаракатҳои салафию ваҳобӣ қарор дорад. Ҳаракатҳое мисли Толибон, ки амалҳои хушунатро қонунӣ меҳисобанд, ҳамчун "Салафиҳои такфирӣ" ё "Салафиҳои ҷиҳодӣ" тавсиф карда мешаванд [10]. Пас аз солҳои 1990-ум худкушӣ ва инфиҷор (терроризм) барои ҷараёнҳои фундаментализми динӣ қонунӣ дониста шудаанд.

Дар охири садаи ХХ истилоҳи ҷиҳодро гурӯҳҳои исломӣ дар Афғонистон, ҷунбишҳои ҷудоиталаб ва созмонҳои мазҳабӣ, аз қабили Ал-Қоида ва Толибон, истифода мекарданд. Метавон гуфт, ки ин гурӯҳҳо барои машруъ намудор кардани аъмоли худ аз мафҳуми ҷиҳод истифода мекунанд ва бо ташвиқи ин пайравони худро пайдо менамоянд. Ҳатто солҳои охир ин гуна ҷунбишҳоро бархе аз мусалмонон ҷунбишҳои ҷиҳодӣ унвон кардаанд. Созмонҳое чун Толибон ва Ал-Қоида гуфтаанд, ки ҷиҳод вазифаи тамоми мусалмонон аст. Дар фаҳмиши онҳо ҷиҳод ба маънои муборизаи мусаллаҳона фаҳмида мешавад [19, с. 19; 20]. Ҷиҳод дар фаҳмиши Толибон бо куштор баробар аст. Ҳарчанд дар Афғонистон ҳама мусалмонанд, ҷангидан ва куштани Толибон ҷиҳод маҳсуб мешавад, ки бо меъёрҳои ислом рост намеояд.

Ҳарчанд хатари паҳн гардидани идеологияи бунёдгароии исломӣ, ё дурусттараш "ҷиҳодӣ" аз ҷониби Толибон вуҷуд дорад, дар Афғонистон дар баробари ҳаракати Толибон дигар созмонҳои ифротӣ-динӣ ва гурӯҳҳои террористӣ дар шароити мусоид рушд доранд, ки ҳадафи асосии ин созмонҳо тарғиби ғояҳои бунёди давлати исломӣ («хилофат»), ҷиҳод бар зидди кофирон, сарнагун кардани сохти конститутсионӣ ва ба даст овардани ҳокимияти давлатӣ мебошад.

4. Такфир[1] ва инфиҷор дар Толибон

Ба ақидаи салафиҳо дар иҷтиҳоди динӣ ба унсурҳое монанди ақл ва мантиқ ниёз нест. Салафиён ба ҳама гуна ҷараёнҳои «оқилонаи теологӣ», ки дар ислом ба вуҷуд омадаанд, муқобил ҳастанд. Онҳо бар ин боваранд, ки маъноҳои зоҳирии Қуръон ва ҳадис маъноҳои воқеӣ мебошанд. Ба эътиқоди салафиҳо, дар ҳар шакле аз эътиқоди исломӣ, ки аз саҳобаҳо ва тобеиён ба мо расидааст, дурусттарин эътиқод аст [14, с. 18]. Бо такфир кардани рақибони худ худро муҷтаҳид шуморида, аз Усома бин Лодин ва Шайх Абу Мусаб Заркавӣ пайравӣ кардаанд. Фатвоҳои онҳо барои созмонҳои террористӣ ба мисли Толибон, ки дар ҷаҳони ислом вуҷуд доранд, эътибор пайдо кардааст. Толибон мусулмононро кофир ва муртад нахонда бо фатво бар зидди онҳо ҷангида, дар шаҳрҳои Мазори Шариф, Бомиён, Маймана ва Қундуз ҳазорон мусулмонро куштаанд, гурӯҳҳои ғайримусулмонро ба далели мусалмон набуданашон ба қатл маҳкум карданд [2].

Ба гуфтаи Толибон, ҳамлаи инфиҷорӣ-худкушӣ ба хотири арзишҳои ислом аст. Барои бомуваффақият иҷро намудани инфиҷор фидокорӣ зарур аст, яъне ҳадафи аслии ин амал шаҳид шудан дар ҳамлаи маргталабона аст. Ба ин маънӣ, ҳамлаи худкушӣ ё ҷиноят ба мафҳуми “Шаҳиди хушбахт” таъриф шудааст [7]. Дар фаҳмиши Толибон инфиҷор ё худкушӣ равост ва онҳо иҷрокунандагони аслии шариат ҳастанд. Муқовимат бо Толибон маънои мухолифат бо Исломро дорад. Ба гуфтаи Толибон, ҳамаи онҳое, ки дар ин роҳи интихоб намудаи онҳо ҷони худро аз даст додаанд, шаҳид маҳсуб мешаванд ва онҳое, ки алайҳи Толибон меҷанганд, берун аз доираи ислом ҳастанд.  

Амалиётҳои ҷангӣ ва хушунатҳои бесобиқаи ҳаракати Толибон алайҳи мардуми осоишта ва мухолифини онҳо равона гардидааст. Усулҳои асосие, ки Толибон барои барқарор кардани қудрати худ истифода мебаранд, қатл, шиканҷа ва инфиҷор аст. Онҳо дар ҷангҳои худ аз усулҳои асримиёнагии шиканҷа барои мардон ва занон истифода мекунанд ва ин тадбирҳо хислати намоишӣ дошта, афкори ҷамъиятии мамлакатро ба даҳшат афканда, ба урфу одатҳои классикии исломӣ зид ҳастанд. Вазъи душвори дохилӣ, ҷангҳои шаҳрвандии тӯлонӣ ва мудохилаи хориҷиён ба Афғонистон замина барои исломгароёни тундрав, ки Толибон намунаи он ҳастанд, гардидааст ва имрӯзҳо ин буҳрон дар вазъи мураккаби этникӣ ва конфессионалии Афғонистон идома дорад.

Хулоса. Ҳамин тавр, ҳаракати Толибон, ки дар доираи қабиладории паштунҳо гирд омада буданд, фаҳмиши динии худро дар атрофи тафсири зоҳирӣ ва хушки Қуръон ва ҳадисҳо ба вуҷуд оварда, ташаккул додаанд. Дарк ва тафаккури исломие, ки Толибон тарғиб мекунанд, дар кодексҳои иҷтимоӣ-фарҳангии қабилаҳои паштун мавҷуд аст. Дар Афғонистон сохторе, ки аз арзишҳои зеҳнии Толибон дифоъ мекунад, вобаста ба вазъи сиёсӣ, ё мухолифи қудрати сиёсӣ буд ва ё ҷонибдори он. Имрӯз дар Афғонистон афроде, ки аз ҳаракати Толибон ҳамчун як сохтори қонунӣ дифоъ мекунанд, кам нестанд.

Дар фаҳмиши Толибон қабилагароӣ нақши фаъол дорад. Фикру амалҳои қабилагароӣ дар ҷомеаи паштунҳои Афғонистон ба таври фаъол идома доранд. Аз ин рӯ, ғояи қабилагароӣ дар Афғонистон гоҳе дар атрофи ҷунбишҳои мазҳабӣ, аз қабили миллатгароии паштун ва гоҳе Толибон идома дорад. Ба ин далел ноустувории сиёсӣ дар Афғонистон солҳои тӯлонӣ побарҷост.

Ҳарчанд меъёрҳои дарки динии ҳаракати Толибон рӯшан нест, аммо метавон гуфт, ки он аз афкори ваҳҳобӣ, таълимоти мактабҳои деобандӣ ва фаҳмиши қабиладорӣ ғизо мегирад. Таълимот ва андешаҳои ваҳҳобӣ, ки идеологияи расмии Арабистони Саудист, дар давраи ҷиҳод ба гурӯҳҳои исломии Афғонистон таъсир гузоштааст.

Таълим ва дарки ислом дар шакли тасаввуфӣ дар мактабҳои Деобанд ба замонҳои қаблӣ рост меояд. Маълум аст, ки пеш аз ба вуҷуд омадани давлати Покистон онҳо бо номи “Ҷамоати исломӣ”, ки аз ҳуқуқҳои мусулмонони Ҳинд ҳимоя мекард, муттаҳид ва мубориза мебурданд. Роҳбарони ҳаракати номбурда маркази фаъолияти худро ба Афғонистон кӯчонда, дар шаҳрҳои калоне, ки қабилаҳои паштун зиндагӣ мекарданд, мадрасаҳо кушоданд ва мувофиқи ақидаҳои худ толиб тарбия карданд. Аз ин рӯ, фаҳмиши деобандии ислом дар атрофи қабиладории паштун тавассути ин толибон шакли дигар гирифтааст ва имрӯз дар ҳаракати Толибон маъно пайдо кардааст.

Ҳарчанд ба зеҳни динии ҳаракати Толибон ҷараёнҳои мухталифи диние, ки дар ҷаҳони ислом ба вуҷуд омадаанд таъсир гузоштаанд, аммо он аз кодекси пуштунвали, ки қонуни қабилаҳои паштун аст, таъсири зиёд гирифтааст. Барои Толибон қонуни пуштунвали муқаддамтар аз шариати исломист. Ба ибораи дигар, ҳаракати Толибон кӯшиш мекунад, ки шариати исломиро дар асоси пуштунвали танзим намояд. Зеро барои Толибон намуди зоҳирӣ, гузоштани риш ва гузоштани лунгӣ (салла) барои мардон, ниқоб ва чодар (бурқа) барои занон ва тарзи либоспӯшӣ муҳим аст ва онҳо бо мардум аз рӯи ҳамин меъёрҳо муносибат мекунанд ва ба гуфтаи Толибон, ин нишонаҳо нишонаи мусалмонист.

Ҳамин тариқ, андешаи динии Толибон аз ду хусусият, яке хусусияти арзишҳои печидаи мазҳабӣ, ки дар аксари мавридҳо мухолифи ақидаи аҳли суннат ва ҷамоат, ки мусулмонони Афғонистон пайрави онанд ва аз тарафи дигар, хусусияти қавмгароии паштунӣ, ки аз арзишҳои исломӣ болотар гузошта мешаванд, иборат аст. Аммо сохтори ҷомеаи Афғонистон ба гурӯҳҳои гуногуни этникӣ асос ёфтааст ва ин гурӯҳҳои этникӣ омили муҳимми муайянкунандаи субот дар Афғонистон мебошанд ва онҳо аҳли мазҳаби суннат ва ҷамоат буда, ақидаҳои динии Толибонро қабул надоранд. Аз ин ҷост, ки бо гузашти бештар аз ду сол ҳеҷ беҳбуде дар вазъи сиёсиву иҷтимоии Афғонистон ба назар намерасад ва Толибон, ба таъбири Шайх Рашид ал-Ганнушӣ, ки болотар зикр шуд, баъди ба даст овардани ҳокимият барои аксари мардуми Афғонистон манфуртар шудаанд.

 

АДАБИЁТ

  1. Abdulhakim Allahdad. Perception and Interpretation Problems of Contemporary Approaches of the Concept of Jihad // JOURNAL OF EDUCATION IN MUSLIM SOCIETIES AND COMMUNITIES. 2019. P. 7-30. https://dergipark.org.tr/tr/download/article-file/993140  (санаи муроҷиат 08.08.2023) 
  2. Afganistan: The massacre in Mazar-i Sharif, 2015. https://www.hrw.org/legacy/reports98/afghan/Afrepor0.htm (санаи муроҷиат 08.08.2023)
  3. Bernard Lewis, Buntzie Ellis Churchill. Islam: the religion and the people. https://ru.scribd.com/document/523686160/Bernard-Lewis-Buntzie-Ellis-Churchill-Islam-The-Religion-and-the-People-2009-Pearson-Education# (санаи муроҷиат 08.08.2023)
  4. Dr. Hassan. Unity of Muslim Ummah, It's Need, Importance and Suggestions (June 30, 2015). International Multilingual Journal of Contemporary Research, June 2015, Vol. 3, No. 1, pp. 26-32, American Research Institute for Policy Development USA. https://ssrn.com/abstract=2800517 (санаи муроҷиат 08.08.2023)
  5. George Malek  Politico‐religious issues relating to the survival of Christianity in the middle east https://www.tandfonline.com/doi/abs/10.1080/02666958808716077?journalCode=cjmm19 (санаи муроҷиат 08.08.2023)
  6. Graham Fuller. The Future of Political Islam. https://link.springer.com/chapter/10.1057/9781403978608_10 (санаи муроҷиат 08.08.2023)
  7. Murat Yahşi, “Suicide Bomber Personality and Efficiency in Terrorist Organizations”, Turkish Military Academy Defense Sciences Institute, Department of Security Sciences, (Unpublished master's thesis) Ankara 2015, p. 41.
  8. Ron McGivern.  INTRODUCTION TO SOCIOLOGY – 1ST CANADIAN EDITION  https://opentextbc.ca/introductiontosociology/chapter/chapter-15-religion/ (санаи муроҷиат 08.08.2023)
  9. Ron Synovitz. Taliban 'Tribal Version': Shari'a Is Not The Same Everywhere  https://www.rferl.org/a/taliban-sharia-law-afghanistan/31488108.html (санаи муроҷиат 08.08.2023)
  10. Salafism in Afghanistan and the Emergence of ISKP: A Brief History // US Institute of Peace is collaborating with JSTOR to digitize, preserve and extend access to this content. https://www.jstor.org/stable/pdf/resrep24928.5.pdf  (санаи муроҷиат 08.08.2023) 
  11. Samuel Huntington. The Clash of Civilizations? // Foreign Affairs Vol. 72, No. 3 (Summer, 1993), pp. 22-49 (28 pages) https://www.jstor.org/stable/20045621  (санаи муроҷиат 08.08.2023)
  12. Tom Gjelten. Why Religion Is More Durable Than Commonly Thought In Modern Society   https://www.npr.org/2017/04/28/525895389/why-religion-is-more-durable-than-we-thought-in-modern-society (санаи муроҷиат 08.08.2023) 
  13. Ахмед Рашид. Талибан. Ислам, нефть и новая Большая игра в Центральной Азии. 2003.175 с.
  14. Довуд Оқоӣ, Муҳаммад Ризо Дамирӣ. Баррасии нақши бунёдгарои исломӣ  дар Осиёи марказӣ // Фаслномаи таҳқиқоти сиёсӣ. Эрон 1393. №6, С. 18.
  15. Додихудоев Х.А. Теоретический анализ проблемҷ экстремизма // Международной отношения и безопасность. – 2022. – № 1 (1). – С.96-102;
  16. Дурандеш М. Толибон ва ахлоқи сиёсӣ. Кобул, 2017.
  17. Князев А. Афганская политика стран Центральной Азии: ретроспектива и современные парадигмы // Аналитический центр МГУ. 09.11.2022. https://ia-centr.ru/experts/aleksandr-knyazev/afganskaya-politika-stran-tsentralnoy-azii-retrospektiva-i-sovremennye-paradigmy/ (санаи муроҷиат 08.08.2023)
  18. Кудратов К.А. Влияние афганского конфликта на национальную безопасность Республики Таджикистан:1991–2014 гг.: дис. ... канд. ист. наук: Душанбе, 2015. 2016 с.
  19. Маҳди Аббосзода. Бунёдгарои исломӣ ва хушунад аз нигоҳи Ал-Қоида // Фаслномаи сиёсат. Теҳрон, 1388. С. 19.
  20. Мужда В. Афғонистон ва панҷ соли султаи толибон. Кобул, 2014.
  21. Муҳаммад акрам Орифӣ Мабнои мазҳабӣ ва қавми толибон // Улуми сиёсӣ. Эрон, Қум 1397, С. 192-195.
  22. Муҳаммад Алӣ Паём. Нақши истеъмории Ғарб ва Шарқ дар Афғонистон. Машҳад. 1364.
  23. Питер Марсден (Peter Marsden) Толибон, ҷанг, мазҳаб ва назми навин дар Афғонистон. Аз забони англисӣ тарҷумаи Қозим Фирӯзманд. Теҳрон 1379. С. 73.

 

ҚУДРАТЗОДА КОМРОН АБДУНАБӢ

н.и.т., дотсент, мудири шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

 

 


[1] Такфир - ба бединӣ нисбат додан, кофир хондан, бедин ҳисоб кардан

НАЗАД