НАЦИОНАЛЬНАЯ АКАДЕМИЯ НАУК ТАДЖИКИСТАНА

ИНСТИТУТ ИЗУЧЕНИЯ ПРОБЛЕМ СТРАН АЗИИ И ЕВРОПЫ

ФАРОМИНТАҚАВИЯТ - ПАДИДАИ НАВ ДАР СИЁСАТИ ҶАҲОНӢ

Автор: Кудратов Комрон

Расм

Дар илми муносибатҳои байналхалқӣ хамкориҳои минтақавӣ ва ҷаҳониро ба таври анъанавӣ бо таваҷҷуҳ ба муносибатҳои байнидавлатӣ баррасӣ мекунанд. Дар навбати худ, дар доираи сиёсати ҷаҳонӣ тадқиқотҳо дар сатҳи маҳаллӣ, ғайридавлатӣ ва бозингарони “гибридӣ” гузаронида мешаванд, ки табиати давлатӣ ва ғайридавлатиро доранд. Сатҳи фароминтақавӣ нисбатан нав пайдо шудааст. Густариши робитаҳои фароминтақавӣ муҳаққиқони байналмилалиро водор мекунад, ки ба омӯзиши падидаи макзур, акторҳои ба он дохилшуда, дараҷаи ниҳодинакунонии иттиҳодияҳои фароминтақавӣ, хусусиятҳои сохторӣ ва таъсири фароминтақавият ба таҳаввулоти низоми ҷаҳонии муосир машғул шаванд.

Ҳамин тариқ, омӯзиши падидаи фароминтақавӣ ба як самти воқеии таҳқиқоти сиёсӣ табдил ёфтааст. Дар солҳои охир корҳои илмӣ оид ба падидаҳои фароминтақавӣ анҷом шудаанд, вале то ҳол саволҳои фароминтақавият чист, он ба кадом шаклҳо ва намудҳо зоҳир мегардад, кадом омилҳо боиси инкишофи фароминтақавият мегарданд, оқибатҳои эҳтимолии фароминтақавият чӣ хоҳад буд, ҷавоби худро наёфтаанд.

Инкишофи муносибатҳои фароминтақавият на танҳо ба шарофати пешрафти илму техника, ташаккули иқтисодӣ ҷаҳонӣ ва тақсимоти умумиҷаҳонии меҳнат, инчунин ба туфайли тараққиёти якҷояи се падидаи ҷаҳони муоссир – ҷаҳонишавӣ, ҳамгироӣ ва демократикунонӣ сурат гирифта аст.

Дар раванди ҷаҳонишавӣ омили ҷуғрофӣ хусусияти муайянкунандаи худро аз даст дод ва рушди тиҷорати ҷаҳонӣ, технология ва логистика ҳамкории давлатҳо ва минтақаҳои аз ҳамдигар дурро осон гардонид. Раванди ҷаҳонишавӣ шароити инкишофи муносибатҳои байниминтақавӣ ва фароминтақавиро фароҳам овард, ки шиддати он аз иттиҳодияҳои минтақавӣ кам нест.

Дар мафҳуми фароминтақавият омили ҷуғрофӣ ҳузур надорад ва ин ҳамчун «интиҳои ҷуғрофӣ» ба мушоҳида мерасад. Вале бояд қайд намуд, ки «интиҳои ҷуғрофӣ» на ҳамаи падидаҳои сиёсати ҷаҳониро фаро мегирад (ҳамин тавр, вилоятҳо ва шаҳрҳои дохилиминтақавӣ ҳангоми ворид шудан ба арсаи байналхалқӣ кӯшиш мекунанд, ки қаламрави худро дақиқ муайян намоянд) [9, с. 9].

Аз ҷониби иттиҳодияҳои ҳамгирои минтақавӣ (ба монанди ЕС, АСЕАН, ЕАЭС ва ғайра) ба роҳ мондани сиёсати кушоди ҳамгироӣ бо дигар мамлакатҳо ва минтақаҳо омили таъсирбахш ва боиси густариши таҷрибаи ҳамкории фароминтақавӣ гардид.

Ниҳоят, фароминтақавият дар давраи демократикунонии сиёсати ҷаҳонӣ, пайдоиши полисентризм ва дифференсиатсияи идомадори фазоии ҷаҳонӣ имконпазир гардид.

Густариши раванди ҷаҳонишавӣ ҳамкории пуршиддати байни давлатҳо ва субъектҳои ғайридавлатиро таъмин намуда, дар минтақаҳо ва қитъаҳои гуногун боиси ташкилиёбии муҳити мураккаби шабакавии робитаҳои фаромиллӣ ва савдои байналхалқӣ гардид, ҳамзамон ба ташаккули иқтисоди ҷаҳонӣ, бунёди низомҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, такмили инфрасохтори логистикӣ ва инкишофи минбаъдаи техникӣ мусоидат намудааст. Ҳамаи ин барои ташкили иттиҳодияҳои фароминтақавӣ заминаи мусоид фароҳам овард. Илова бар ин, рушди таҷрибаҳои ҳамгироӣ дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон ва самаранокии моделҳои копаративии ҳамкориҳо ба ниҳодишавии ҳамкориҳо (institutionalization) роҳ кушод.

Барои давлатҳои узви иттиҳодияҳои минтақавӣ, ки марҳалаи ҳамгироиро аз сар гузаронидаанд, фароминтақавият имкониятҳои нави иштирок дар сиёсати ҷаҳонӣ фароҳам овард. Барои инкишофи ин гуна муносибатҳо шароити мусоиди байналмилалӣ зери таъсири тамоили демократикунонӣ ташаккул ёфта буд, ки дар натиҷаи он на танҳо ба саҳнаи минтақавӣ дохил шудани иштирокдорони ғайриминтқавӣ, инчунин ташаккули робитаҳои фароминтақавии гуногун имконпазир гардид.

Корҳои илмие, ки дар онҳо падидаи фароминтақавият мавриди омӯзиш қарор гирифтааст, ба он таърифҳои гуногун додаанд. Агар ба маънои маҳдуд ишора кунем, зери мафҳуми фароминтақавият муносибатҳои расмии байни иттиҳодияҳои минтақавӣ ва ё гурӯҳи давлатҳое аз як ё якчанд минтақаро мефаҳманд, ба маънои васеъ бошад, ҳама намуди муносибатҳои сатҳи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ фаҳмида мешавад.

Умунан, фароминтақавиятро метавон ҳамчун марҳилаи нави ҷаҳонишавӣ фаҳмид, ки аз ташаккули кластерҳои бузурги функсионалии байналмилалӣ, ки дар натиҷаи таҳкими робитаҳои фаромиллӣ, байниминтақавӣ ва вобастагии мутақобила, инчунин сиёсати мақсадноки давлатҳо ва иттиҳодияҳои ҳамгироии минтақавӣ барои ташкили фазои умумии иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ иборат аст [8, с. 24]. Фароминтақавият ин раванди ниҳодинакунонии ҳамкориҳои байни иттиҳодияҳои минтақавӣ ва давлатҳои минтақаҳои гуногуни ҷаҳон мебошад.

Дар айни замон бо назардошти иштирокчиён ва навъҳои ҳамкориҳои мутақобилаи дар раванди мазкур дохилшаванда, метавон дар бораи ташаккули якчанд навъи ассосии муносибатҳои фароминтақавӣ, ки бе шубҳа имконияти истифодаи имкониятҳои пурраи фароминтақавиятро надоранд сухан ронд.

Шакли якумро метавон фароминтақавият, ё тавре ки онро дар адабиёти илмӣ тавсиф мекунанд, байниминтақавӣ номид, ки муносибати байни ду иттиҳодияи ҳамгиро ё ташаккули ҳамгироӣ бо давлатҳои алоҳидаро дар бар мегирад. Дар шакли аввал мо метавонем дар бораи ҳамкориҳои «байниминтақавии ҳақиқӣ» ва дар шакли дуюм дар бораи ҳамкориҳои "гибридӣ" сухан ронем.

Шакли беҳтарини муносибатҳои фароминтақавиро дар мисоли Иттиҳоди Аврупо нишон додан мумкин аст, ки аллакай дар атрофи худ муносибатҳои байниминтақавиро дар натиҷаи дарҷ намудани меъёрҳои хуқуқии худ дар шартномаи Лисабон ташаккул дода, кӯшиши ташкили сиёсати ягонаи хориҷӣ ва амниятиро дорад.

Мисоли аз ҳама равшани муносибатҳои ИА бо дигар иттиҳодияҳои ҳамгиро ин муносибатҳои ИА бо АСЕАН шуда метавонанд. Мувофиқи стратегияи соли 2015 «ИА ва АСЕАН: шарикии стратегӣ» инкишофи муносибатҳои дутарафаи байни блокҳои ҳамгиро дар доираи васеъи соҳаҳо аз қабили: мусоидат ба ҳамгироии минтақавӣ дар Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, тиҷорат, муколама оид ба ҳуқуқи инсон ва ҳамкорӣ барои тараққиёти устувор дар соҳаҳои илм, маориф, мубодилаи фарҳангӣ, масъалаҳои амният ва ғайра амалӣ карда мешавад [4]. Бояд қайд намоем, ки ҳамкории ИА бо АСЕАН асоси ташкили Форуми Осиё ва Аврупо гардидааст, ки ба он бештар аз 50 кишвари Авруосиё дохил мешаванд. Вале бо як қатор сабабҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ муносибатҳои ИА ва АСЕАН аз доираи муколама берун нарафта ва ба ҷонибҳо ташкили минтақаи озоди тиҷоратӣ муяссар нагардидааст. Вале ин робитаҳо гувоҳи онанд, ки иттиҳодияҳои ҳамгирои минтақавӣ кӯшиши дарёфти манбаъҳои афзоиш аз берунро дороянд, инчунин мустаҳкам намудани робитаҳои, ба истилоҳ, сегонаи иқтисоди ҷаҳонӣ - Амрикои Шимолӣ, Аврупо ва Осиёи Шарқӣ, ки дар доираи он ИА мехоҳад нақши пайвандкунандаро дошта бошад. Ҳамкории ИА бо бозори умумии Амрикои Ҷанубӣ (MERCOSUR) фаъолона, гарчанде камтар муваффақ бошад ҳам, идома дорад.

ИА бо давлатҳои алоҳидаи минтақаҳои ҷаҳон низ муносибатҳои худро ба роҳ мондааст. Соли 2017 байни Иттиҳоди Аврупо ва Канада созишнома дар бораи шарикии ҳамаҷонибаи иқтисодӣ ва тиҷоратӣ (CETA) ба имзо расид. Музокирот бо Иёлоти Муттаҳида дар бораи таъсиси шарикии тиҷоратӣ ва сармоягузории фароатлантикӣ, ки бо мақсади амиқтар намудани муносибатҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва сиёсӣ дар Атлантикаи Шимолӣ пешбинӣ карда шудааст. (TTIP) душвортар ҷараён дорад.

Бо Президенти ИМА таъйин шудани Доналд Трамп лоиҳа муваққатан боздошта шуд, аммо ин маънои тарки пурраи онро надорад. Гуфтушунидҳо дар бораи ташкили иттиҳоди иқтисодии байни ИМА ва ИА, ки пеш аз лоиҳаи TTIP низ гузаронида буданд, метавонад лоиҳаи Минтақаи озоди тиҷоратии фароатлантикиро (TAFTA) ба хотир оварад. Бо бунёди як шабакаи мураккаби робитаҳои фароминтақавӣ Иттиҳоди Аврупо на танҳо сарчашмаҳои нави рушдро пайдо мекунад, балки ҳувияти минтақавии худро низ таҳким медиҳад, зеро он дар доираи гуфтушунидҳо ҳамчун блоки ягона баромад карда, муттаҳидиро дар масъалаҳои фаъолияти берунӣ талаб мекунад.

Ин гуна муносибатҳо на танҳо дар доираи ИА ва дигар созмонҳо фаъолона инкишоф меёбанд, дар мисоли ИДМ ва МЕРКОСУР, АСЕАН+6, АСЕАН ва Русия, ИА ва Миср ва ғайра. Чунин формат дараҷаи муайяни муттаҳидиро дар доираи иттиҳодияҳои ҳамгироии минтақавӣ талаб мекунад ва ҳамзамон ҳамчун омиле ба таҳкими иттиҳодияи минтақавӣ мусоидат ва баромад менамояд.

Шакли дуюми муносибатҳои байниминтақавӣ муносибатҳои байни давлатҳои алоҳида аз кластерҳои гуногуни минтақавии ҷаҳон ва ё роҳбарони минтақа мебошад.

Шартан, ин намуди муносибатҳои фароминтақавиро форумҳои фароминтақавӣ низ номидан мумкин аст, зеро аксаран дар онҳо санади таъсис, котиби доимӣ ва дигар нишонаҳои ташкилотҳои байналмилалӣ ба назар намерасад. Одатан қарорҳои дар доираи чунин ташкилотҳо қабулгардида характери эъломиявӣ дошта, раванди ниҳодинакунонии онҳо хусусияти дуру дароз ва тадриҷиро дорост. Мисоли равшани ин намуди муносибатҳо БРИКС (Бразилия, Русия, Ҳиндустон, Чин, Африқои Ҷанубӣ) ва MIKTA (Мексика, Индонезия, Ҷумҳурии Корея, Туркия ва Австралия) шуда метавонанд.

БРИКС дар солҳои 2000-ум дар заминаи буҳрон ва болоравии абарқудратони нав дар ҷаҳони рӯ ба инкишоф ташаккул ёфта, аз ҳамон аввал ба мавқеи умумии панҷгона ва самти тараққиёти системаи ҷаҳон: волоияти ҳуқуқи байналмилалӣ ва СММ, ислоҳот ва таъсиси ниҳодҳои нави молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ, фароминтақавӣ ва минтақавӣ, таъмини рушди устувор ва мусоидат намудан ба рушд ва дигар соҳаҳо аз амният то илму маориф такя менамуд.

БРИКС бо сабаби иттиҳоди махсуси иқтисодӣ буданаш муддати тӯлонӣ ҳамчун иттифоқи давлатҳои «ревизионистӣ» ба ҳисоб мерафт, вале бо вуҷуди ин форум вай табиати комплексӣ даштанашро тасдиқ намуд ва яке аз акторҳои муҳими сиёсати ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад.

Ба иттиҳоди МИКТА давлатҳое дохил шудаанд, ки худро давлатҳои миёна меҳисобанд, яъне давлатҳое, ки дорои як ё якчанд маҷмӯи манбаъи таъсиррасонанд, ки ба онҳо имконияти роҳбарӣ дар фазои алоҳидаи зерминтақавӣ ё дар минтақаи муайянеро медиҳад. [15, с. 130].

Ба момнанди БРИКС ҳамкориҳо дар чаҳорчӯбаи МИКТА ба доираи васеъи масъалаҳо – аз тиҷорат ва мубориза бо терроризм то масъалаҳои гуманитарӣ нигаронида шудааст. Хусусияти муҳимми навъи дуюми робитаҳои фароминтақавӣ ин ҷалби акторҳои ғайри ҳукуматӣ, гибридӣ – иттиҳодияҳои фаромиллӣ, ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ, донишгоҳҳо, метрополисҳо ва ғ. мебошад.

Умумият ва гуногунсатҳ будани форумҳои фароминтақавӣ устувории онҳоро таъмин намуда, ба ниҳодинакунонии минбаъдаи онҳо мусоидат менамояд. Бесабаб нест, ки дар доираи БРИКС Бонки нави рушд, форуми академии БРИКС, донишгоҳи шабакавии БРИКС, бизнес форум, форум бахшида ба масъалаҳои урбанизатсия, форуми ҷавонон, форуми бародаршаҳрҳо ва ғ. ташкил карда шудааст [2].

Шакли сеюми муносибатҳои фароминтақавӣ дорои шабака ва сохтори мураккаб буда, давлатҳои алоҳида, иттиҳодияҳои ҳамгиро ва гурӯҳҳои давлатҳои марбут ба минтақаҳои гуногуни ҷаҳонро ба мадори муносибатҳои мутақобила ҷалб менамояд. Мисоли равшани ин намуди ҳамкориҳо Форуми Ҳамкории Осиёи Шарқӣ ва Амрикои Лотинӣ (WAZLAF), ташаббуси Чин - “як камарбанд - як роҳ” ва Шарикии Фароуқёнуси Ором (TТP ё ТТП) шуда метавонанд.

Лоиҳаи ТТП мисли ТТIP дар шароити бунбасти даври музокироти Доҳагии СУС (WTO), дар ҳоле, ки ИМА ва як қатор шариконаш барои худ, кӯшиши дарёфти модели тиҷоративу иқтисоди умумии сиёсиро доштанд, ба вуҷуд омадаанд.

Раванди гуфтушунидҳо барои имзои шартномаи таъсиси ТТП, ки хеле тӯл кашид ва хислати пӯшида дошт, на танҳо қоидаҳои савдо, инчунин қонунҳои СУС (WTO)-ро амиқтар барррасӣ намуда, соҳаҳоро ба таври анъанавӣ дар доираи минтақаи озоди тиҷоратӣ, моликияти зеҳнӣ, коидаҳои тандурустӣ, ҳуқуқи меҳнатӣ ва ғайра ба танзим медаровард [13, с. 7].

Сарфи назар аз он ки Иёлоти Муттаҳида аз иштирок дар лоиҳаи мазкур худдорӣ намуда буд (ин қарорро метавон конъюнктураи сиёсӣ ҳисобид, зеро танҳо ИМА бо мақсади амалӣ гардонидани сиёсати хориҷии худ қабули ин ташшабус худдорӣ намуда буд) лоиҳа дар доираи “ТТП+1” (яъне 11 давлате, ки ба лоиҳа дар айни замон дохил мешаванд) идома дорад, ки дар онҷо Ҷопон бинобар мавқеи иқтисодӣ доштанаш нақши калидиро мебозад.

Дар заминаи имзои шартномаи ТТП Чин ташаббуси худро дар натиҷаи муттаҳид шудани ду лоиҳа “Камарбанди иқтисодии роҳи абрешим” ва “Як камарбанд - як роҳ” пешниҳод намуд. Чин модели тараққиёти макроминтақавии худро дар асоси нақлиёт ва логистика, ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва иқтисодӣ дар минтақаи васеи Авруосиё бо ҷалби акторҳои давалатҳои алоҳида ва иттиҳодияҳои минтақавӣ - АСЕАН, Иттиҳоди Аврупо, лоиҳаи алоқамандкунӣ бо ЕАЭС пешниҳод намудааст. Ин ташаббуси ҳамгироии нарм (пеш аз ҳама дар Ғарб) лоиҳаи алтерглобалистӣ ҳисобида мешавад [3].

Ҳамин тариқ, бинобар душвориҳои мувофиқ намудани меъёрҳои ҳамгироӣ ва татбиқи амалии онҳо ҳарду лоиҳа – ТТП ва “Як камарбанд - як роҳ” то ҳол дар марҳалаи коркард қарор доранд. Ҷолиби диққат аст, ки пас аз хуруҷ аз созишномаи ТТП маъмурияти Доналд Трамп ба густариши ҳамкориҳо дар фазои уқёнуси Ҳинд, ки контури берунӣ, соҳили Авруосиё аст ва метавонад асоси ҷоҳоркунҷаи демократии Ҳинд ва Минтақаи уқёнуси Ором - ИМА, Ҷопон ва Австралия гардад, таваҷҷуҳ зоҳир намуд [7].

Ҳамин тариқ, се навъ иттиҳодияи фароминтақавиро мушоҳида намудан мумкин аст, (нигаред ба ҷадвал), ки аз рӯи аъзоёнашон ва форматҳояшон аз якдигар фарқ мекунанд.

 

Фароминтақавият

Фароминтақавӣ

Форумҳои фароминтақавӣ

Фароминтақавии

шабакавӣ

Иттиҳодияи минтақавӣ + Иттиҳодияи минтақавӣ /ва ё/

Иттиҳодияи минтақавӣ + давлати алоҳида

Давлатҳое, ки минтақаҳои гуногуни ҷаҳонро намояндагӣ мекунанд (аксаран давлатҳои пешсафи минтақа)

Гурӯҳҳои ҳамгирои минтақавӣ + гурӯҳҳои алоҳидаи давлатҳо аз минтақаҳои гуногуни ҷаҳон + давлатҳои алоҳида.

ЕС+АСЕАН, ЕС+МЕРКОСУР, АСЕАН+МЕРКОСУР, АСЕАН+СААРК,

СЕТА (ЕС+Канада), ТТИП (ЕС+США) ва ғ.

ИБСА,

БРИКС,

МИКТА ва ғ.

ТТИП, ТТП, CETA, АСЕМ, ВАЗЛАФ, “Большая Евразия”

“Як камарбанд-як роҳ” ва ғ.

 

Масъалаи таносуби байни фароминтақавият ва ҳамгироӣ то ҳол кушода боқӣ мемонад. Ҳамгироӣ ба таври анъанавӣ дар ҷоҳорчӯби минтақа, яъне як кисмати муайяни ҷуғрофӣ дида мешавад. Дар ҳоле, ки фароминтақавият шаклҳои гуногуни худро дорад ва онро метавон ҳамгироӣ-минтақагароӣ унвон кард.

Фароминтақавият ва ҳамгироӣ табиати мураккаб дорад, вале якхела нестанд. Аз як ҷиҳат фароминтақавият як шакли ҳамгироист, вале аз ҷиҳати дигар баъзе элементҳое, ки ба иттиҳодияҳои ҳамгироӣ хос аст, дар иттиҳодияҳои фароминтақавӣ мушоҳида намешаванд. Чунон ки маълум аст, ҳамгироӣ ба ниҳодинакунонии ҳамкориҳо, имзои шартномаҳо ва ташкили ниҳодҳои фаромиллӣ ё байнидавлатӣ такя менамояд. Агар БРИКС-ро гирем, дар баробари амиқтар гардидани ҳамкориҳо, институтҳои худро ташкил намуда ташаббус намудааст, ки котиботи вертуалиро ташкил намоянд.

Ҳамин тариқ, ниҳодинакунонӣ ва ташаккули заминаи меъёрҳои ҳамкорӣ метавонад масъалаи вақт бошад. Эҳтимолан, дар баъзе масъалаҳо дарёфти ризоият (консенсус) миёни иштирокчиён, ки бар хилофи ташкилотҳои минтақавӣ аксаран умумияти таърихӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ надоранд, душвортар мегардад. Лоиҳаи “Як камарбанд - як роҳ”-и Чин, ки созишномаи ягонаро дар назар надошта, ба низоми мураккаби уҳдадориҳои дутарафа ва бисёртарафа, алоқамандгардони лоиҳаҳои алоҳида асос ёфтааст, ба фароминтақавият мутобиқат мекунад,.

Бояд қайд намуд, ки дар баъзе мавридҳо иттиҳодияҳои фароминтақавӣ, баръакс, имзои созишномаҳои катъӣ ва аз ҷиҳати ҳуқуқӣ дорои фишанги маҷбуркуниро дар назар дорад, дар мисоли лоиҳаҳои ТТП, ТТИП ва СЕТА.

Гуногунрангии падидаи фароминтақавият дар доираи сиёсати ҷаҳонӣ чунин аст:

  1. фароминтақавият ба ниҳодинакунонии ҳамкориҳо, ташаккули иттиҳодияҳои бузурги нав, амиқтар намудани ҳамгироии иқтисодӣ бо шартҳои СУС + ва СУС бо илова (ба монанди ТТП ва ТТИП) ва ё дигар шаклҳои васеътари ҳамкорҳо, ки ба ташаккули инфрасохтор ва ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ равона карда шудааст, мусоидат менамояд;
  2. иттиҳодияҳои ҳамгиро вазифаи мувозинатиро ба маънои васеъ, иҷро намуда, давлатҳо ва иттиҳодияҳои онро бо шароити ташкили сохтор таъмин менамоянд ва имконияти таъмини мавқеи аз ҳама муфид дар дохили системаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла тавассути ҷамъоварии захираҳои гуногунро доранд;
  3. иштирок дар иттиҳодияҳои ҳамгиро барои муттаҳид кардани манфиатҳои давлатҳо, иттиҳодияҳо ва истифодаи якҷояи заҳираҳо имконият фароҳам меорад. Барои давлатҳои хурд ва миёна ҳамроҳ шудан ба блокҳое, ки дорои аъзоёни бонуфузанд ва дарёфти манбаъҳои нави афзоиш ва тараққӣ ҳастанд, хуб аст. Барои давлатҳои пешсафи минтақа ин фурсати бартараф намудани монеаҳои минтақавии рушд буда, имкониятҳоро барои амалӣ намудани ҳадаф ва манфиатҳои глобалии онҳо фароҳам меорад. Барои блокҳои ҳамгироии минтақавӣ ин фурсати тақвияти ҳувияти дохилиминтақавӣ бо назардошти муттаҳид намудани фаъолияти умумии берунӣ аст.
  4. фароминтақавият имконияти гуфтушунидҳои байналхалқиро дар зинаи нав - байни минтақавӣ (бо сарҳадҳои ҷуғрофӣ) ва глобалӣ (бо мураккабии дарёфти консенсус) зиёд менамояд. Ҳамкорӣ бо субъектҳои ғайридавлатӣ дар равандҳои фароминтақавият демократикунонии минбаъдаи системаи ҷаҳониро таъмин менамояд, ки ба рушди шаклҳои ҳамкории муштарак нигаронида шудааст [5]. Ниҳоят, рақобат байни моделҳои тавонои рушди минбаъда дар доираи ташаббусҳои фароминтақавият пайдо гардида, сабаби ҷустуҷӯи модели самарабахши идоракунии умумиҷахонӣ мегардад, ки хавфи ба иттиҳодҳои рақобаткунандаи фароминтақавӣ «пароканда шудани» ҷахонро ба амал меоварад ва метавонад ба ҷаҳонишавӣ таъсири «пора шудан»-ро расонад.

Инкишофи фароминтақавият низ зери таъсири равандҳои ҷаҳонишавӣ аст, яъне дохил шудани бозингарони нав ба арсаи байналхалқӣ, ки иттиҳодияҳои фароминтақавӣ яке аз он равандҳост.

Дар натиҷа дохилшавии бозингарони нав дар равандҳои сиёсии ҷаҳон ба ибораи дигар бисёрҳокимиятӣ (полиархия) мушоҳида мегардад [5]. Мисоли равшани ин фаолияти МИКТА мебошад. Дар ибтидои солҳои 2000 G20 ҳамчун як форуми бонуфуз дар системаи идоракунии ҷаҳонӣ ташаккул ёфта буд, дар ҳоле ки дар дохили он ду гурӯҳи манфиатҳо – G7 ва БРИКС, ки ба воситаи мулоқотҳои намояндагони худ, чи дар рафти саммити сарони «G-20» ва чи берун аз он, метавонанд мавқеи умумиро оид ба масъалаҳои асосии тараккиёти чаҳон ҷамъоварӣ намуда, баъд бо он дар доираи G20 баромад намоянд. Аз ҷумла, кишварҳои БРИКС, ки тавонистанд ислоҳоти бурсиявии Хазинаи байналмилалии Асъорро пеш баранд. Давлатҳое, ки дар ин ду форум намояндагии худро надоранд, гурӯҳи МИКТА-ро таъсис доданд ва ин ба онҳо имкон дод, ки мавқеи худро муайян намоянд, дар ин ё он масъала ташаббусҳои бевоситаи худро нишон диҳанд ва ташаббусҳои гурӯҳи давлатҳои мутараққии ғарб (ҳафтгонаи бузург) ё давлатҳои БРИКС -ро напазиранд [15, с. 129].  

Узвият ба иттиҳодияҳои фароминтақавӣ метавонад омили дигаргуниҳои сиёсии дохилӣ гардад, масалан барои Ветнам, ки одатан ҳалқаи заифтарини ТТП ба ҳисоб мерафт, дохил шудан ба раванди шарикии муколамавӣ зарурати ислоҳоти нави дохилиро дар назар дошт [14].

Бо назардошти мураккаб будани сохтори фароминтақавият ва мухолифати ташаккули он дар сиёсати нави ҷаҳонӣ метавон се сенарияи асосии ташакули онро баррасӣ намуд.

Сенарияи якумро шартан метавон фароминтақавияти бе назм номид, ки дар натиҷаи рақобати лоиҳаҳои фароминтақавӣ ба амал меояд. Махсусан ин сенария дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором мушоҳида мегардад, ки дар онҷо айни замон се лоиҳаи фароминтақавӣ, аз қабили Шарикии Фароуқёнуси Ором, “Як камарбанд - як роҳ” ва консепсияи Ҳинду Уқёнуси Ором, ки ҳанӯз ягон таҷассуми воқеии сиёсиро наёфтааст, ташаккул ёфта истодааст. Бо назардошти он, ки лоиҳаҳои мазкур модели қобили қабули ҳамкориро барои фазои васеъмиқёси Авруосиё, Осиё ва Уқёнуси Ором пешниҳод карда наметавонанд, рақобат байни лоиҳаҳо боз ҳам шадидтар мегардад, на ҳамаи давлатҳои минтақа лоиҳаи Чин - “Ҷаъмияти сарнавишти муштараки инсоният”-ро, ки боиси ҳароси афзоиши нуфузи Чин дар минтақа мегардад, қабул менамоянд. ТТП алакай дар иттиҳодияи анъанавии минтақавӣ падидаи “ҷудошавӣ”-ро бавуҷуд оварда истодааст, барои мисол на ҳама аъзои АСЕАН (аз даҳ чаҳор нафар) лоиҳаи Шарикиро дастгирӣ намудаанд, бисёри давлатҳо омода нестанд, ки уҳдадориҳои сахти иттифоқиро, ки аз ҷониби кишварҳои иштирокчии лоиҳаи Ҳинду Уқёнуси Ором пешниҳод гардидааст [7], қабул намоянд.

Ҳамаи ин боиси тақсимшавии манфиатҳои давлатҳои минтақа гардида, таваҷуҳи давлатҳои абарқударати ҷаҳон, аз қабили ИМА, Чин, Русия, Ҳиндустон ва Иттиҳоди Аврупоро ҷалб намуда, манфиатҳои онҳоро дар минтақа халалдор менамояд. Аз ин рӯ, ҳамзистии блокҳои фароминтақавии рақобаткунанда «мувофиқи манфиатҳо» як сенарияи комилан амалӣ ба назар мерасад. Агар сенарияи мазкур амалӣ гардад, фароминтақавияти шабакавӣ инкишоф меёбад, зеро хусусияти рақобатнпазирии баланд дорад.

Сенарияи дуюми фароминтақавият ва ҷаҳонишавиро на танҳо равандҳои ба ҳам монанди яктарафа ҳисобидан мумкин аст, балки фароминтақавиятро як марҳалаи ҷаҳонишавӣ меҳисобанд. Миёни мутахасисони соҳа то ҳол баҳс дар бораи яктарафа ё мутақобил будани равандҳои ҷаҳонишавӣ ва минтақагароӣ идома дорад [12]. Бо вуҷуди ҳамаи ин даст кашидан аз сиёсати минтақагароии пӯшида ва татбиқи сиёсати минтақагароии ошкоро аз ҷониби иттиҳодияҳои ҳамгирои минтақавӣ, ки дар ҷустуҷӯи манбаъҳои нави афзоиш ва бунёди равобити хориҷианд, метавон далели равона кардани минтақагароӣ тавасути фароминтақавият ба ҷаҳонишавӣ ҳисобид, ки ҷаҳонишавӣ марҳала ва ё ҳосили охирини он аст. Дар ин ҳолат фароминтақавият метавонад як ҳалқаи занҷири ҷаҳонишавӣ гардад, ки инкишофи муътадили он ба ташаккули сохтори ягонаи ҷаҳонишавӣ оварда мерасонад. Ин сенария пеш аз ҳама бо рушди босуръати муносибатҳои байниминтақавӣ ва форумҳои фароминтақавӣ, яъне ҳамкории сохторҳои минтақавӣ ва кишварони пешсафи дунё алоқаманд аст.

Сенарияи сеюм бо рушди фароминтақавият эҳтимоли амалӣ гардиданаш бештар ба назар мерасад, зеро он рушди ҳамагуна муносибатҳои фароминтақавиро дар оянда дар бар мегирад ва ин боиси мараккаб гардидани меъмори фароминтақавияти ҷаҳон мегардад. Аз ин бармеояд, ки инкишофи фароминтақавият (кадом сенарияш набошад) муназзам намегузарад [10]. Давраи инкишофи пуршиддати фароминтақавият бо беназмии ҳамкориҳои фароминтақавӣ, ки дар он давра парокандашавии сохторҳои мавҷуда ба назар мерасанд, гузаштанаш имконпазир аст.

Падидаи фароминтақавият дар натиҷаи ташкили сохтори нави ҷаҳонӣ, ки аз се сатҳ - сатҳи миллӣ, сатҳи низоми муносибатҳои байналхалқӣ ва сатҳи низоми Весфалӣ иборат буд, ба вуҷуд омад. Фаъолшавии субъектҳои ғайридавлатӣ ва зиёдшавии таъсири онҳо (тасодуфӣ нест, ки пешбурди ТТП то андозае ба манфиатҳои корпоратсияҳои фаромиллӣ алоқаманд аст), афзоиши шаффофияти сарҳадҳо дар натиҷаи шиддат гирифтани равандҳои фаромиллӣ – омилҳое ҳастанд, ки боиси тағйири системаи Весфали гардиданд ва барои ба роҳ мондани муносибатҳои фароминтақавӣ шароит фароҳам оварданд [11, с. 5]. Вазъи буҳронии як қатор ниҳодҳои куҳна ва шаклҳои ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби низоми сиёсии ҷаҳонӣ, ки ба сӯи бисёрмарказӣ таҳаввул мекунанд, ҷустуҷӯи ангезаҳои нави рушд, ҳам аз ҷониби давлатҳои миллӣ ва ҳам иттиҳодияҳои минтақавӣ, низ сабаби ба миён гузоштани ташаббусҳои фароминтақавиятӣ гардидааст.  

 

АДАБИЁТ

  1. Aggarwal V., Fogarty E. 2004. Between Regionalism and Globalism: European Union Transregional and Interregional Trade Strategies. – European Union Trade Strategies: Between Globalism and Regionalism. London: Palgrave. 68 p. URL: http://basc.berkeley.edu/pdf/articles/Between%20Regionalism%20and%20Globalism%20European%20Union%20Trade%20Strategies.pdf  (санаи муроҷиат 06.07.2023)
  2. BRICS Academic Forum (7th). 2015. Ed. by Georgy Toloraya. Moscow: NCR BRICS. https://www.nkibrics.ru/system/asset_publications/data/5708/0dd6/6272/6943/9e02/0000/original/VII_BRICS_Academic_forum.pdf?1460145622 (санаи муроҷиат 06.07.2023)
  3. China’s Belt and Road: a Game Changer? 2017. Ed. by Alessia Amighini. ISPI. https://www.ispionline.it/sites/default/files/pubblicazioni/china_belt_road_game_changer.pdf  (санаи муроҷиат 06.07.2023)
  4. Joint Communication to the European Parliament and the Council the EU and ASEAN: a Partnership with a Strategic Purpose 2015. European Commission. URL: https://eur-lex.europa.eu/legal-content/EN/TXT/PDF/?uri=JOIN:2015:22:FIN&from=EN  (санаи муроҷиат 06.07.2023)
  5. Robert Alan Dahl. Polyarchy: Participation and Opposition https://handoutset.com/wp-content/uploads/2022/06/Polyarchy-Participation-and-Opposition-Robert-A.-Dahl.pdf
  6. Söderbaum F., van Langenhove L. Introduction: The EU as a Global Actor and the Role of Interregionalism // Journal of European Integration. Volume 27, 2005 - Issue 3. URL: https://www.tandfonline.com/doi/abs/10.1080/07036330500190073  (санаи муроҷиат 06.07.2023)
  7. Кортунов А. Индо-Пацифика, или Сообществ о единой судьбы. ‒ Российский совет по международным делам. 28.05.2018. URL: http://russiancouncil.ru/analytics-and-comments/analytics/indo-patsifika-ilisoobshchestvo- edinoy-sudby/  (санаи муроҷиат 06.07.2023)
  8. Кузнецов Д.А. Феномен трансрегионализма: проблемы терминологии и концептуализации. – М., 2016.  Сравнительная политика. № 7. С. 14-24.
  9. Лебедева М. Трансформация роли городов и внутригосударственных регионов в мировой политике. – М., 2019. Ойкумена. Регионоведческие исследования. № 1. С. 7-16.
  10. Лебедева М. Современные тренды мирового развития: новое качество мира. – Метаморфозы мировой политики. Под ред. М.М. Лебедевой. М., 2012. МГИМО. С. 9-32.
  11. Логинов Е.Л., Логинова Мегатренды в мировой политике. Под ред. М.М. Лебедевой. М., 2019. Аспект Пресс.
  12. Мировое комплексное регионоведение. Под ред. А.Д. Воскресенского. М., 2014. Магистр: ИНФРА-М.
  13. Стапран Н.В., Кадочников П.А. Транстихоокеанское партнерство: последствия и риски для России. 2015. – Вестник АТЭС. № 2. С. 6-15.
  14. Цветков А. Без Китая и с реформами: зачем Вьетнаму Транстихоокеанское партнерство. ‒ Московский Центр Карнеги. 14.10.2015. URL: https://carnegie.ru/commentary/61587  (санаи муроҷиат 06.07.2023)
  15. Шлыков П.В. 2017. Поиск трансрегиональных альтернатив в Евразии: феномен МИКТА. – Сравнительная политика. № 8 (4). С. 127-144. https://doi.org/10.18611/2221-3279-2017-8-4-127-144  (санаи муроҷиат 06.07.2023)

 

ҚУДРАТЗОДА КОМРОН АБДУНАБӢ

мудири шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

 

ҲАМИДОВА САРВИНОЗ ФАРРУХОВНА

ходими хурди илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

 

НАЗАД