НАЦИОНАЛЬНАЯ АКАДЕМИЯ НАУК ТАДЖИКИСТАНА

ИНСТИТУТ ИЗУЧЕНИЯ ПРОБЛЕМ СТРАН АЗИИ И ЕВРОПЫ

Форуми академии олимони ҷавони кишварҳои Авруосиёи Бузург таҳти унвони «Қитъаи илм»

Автор: Дороншоева Некбахт

Расм

Рӯзҳои 1-4 ноябри соли 2023 дар Академияи илмҳои Россия дар ҳамкорӣ бо Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Ассотсиатсияи байналмилалии академияҳои илмҳо Форуми академии олимони ҷавони кишварҳои Авруосиёи Бузург таҳти унвони «Қитъаи илм» баргузор гардид. Форуми мазкур бахшида ба 300-солагии Академияи илмҳои Русия доир гардида, ҳадафи он фароҳам овардани платформаи муоширати ҷавонони боистеъдод дар фазои мушорикати бузурги Авруосиё, муҳокимаи мушкилоти муосири илмӣ, барқарор намудани равобиту тамосҳои нави касбӣ, табодули таҷриба ва омӯзиши имконоти гузаронидани таҳқиқоти муштарак арзёбӣ мегардад. Дар ин Форум намояндагони зиёда аз 20 давлат, аз ҷумла олимони ҷавон аз Тоҷикистон, Россия, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Арманистон, Озарбойҷон, Чин, Ҳиндустон, Эрон, Муғулистон, Ветнам, Индонезия, Покистон, Сербия, Венгрия, Эфиопия, Миср ва Сурия фаъолона иштирок ва суханронӣ намуданд.

Сессияҳои илмии Форум аз шаш самти зерин иборат буданд:

• Зеҳни сунъӣ (математика, технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ);

• Физика (нанотехнология, технологияи квантӣ);

• Химия ва маводшиносӣ;

• Насли солим (технологияҳои биологӣ ва тиббӣ, иқлим ва экология);

• Амнияти озуқаворӣ (илмҳои кишоварзӣ);

• Ҳифзи мерос (илмҳои гуманитарӣ, иҷтимоӣ).

Аз Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ин Форум 18 нафар иштирок намуданд ва дар бахшҳои гуногун маърӯзаҳои илмӣ карданд.

Боиси ифтихор аст, ки ман дар ин Форум дар бахши «Ҳифзи мерос» иштирок намуда, сазовори ҷойи 3-юм ва диплом гардидам. Дар баробари ин, ман аз он хушҳолам, ки бо олимони ҷавони дигар давлатҳо аз наздик шинос шудам. Умедворам, ки чунин чорабиниҳои муфид дар оянда ҳам бештар доир мегарданд ва олимони ҷавони Тоҷикистон низ метавонанд аз ин имконоти хуб самаранок истифода намуда, илми муосири кишварро дар арсаи ҷаҳонӣ ба таври восеъ муаррифӣ намоянд.

 

Дороншоева Н.Ш.

Мудири шуъбаи Осиёи Марказии

Институти Омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

НАЗАД