НАЦИОНАЛЬНАЯ АКАДЕМИЯ НАУК ТАДЖИКИСТАНА

ИНСТИТУТ ИЗУЧЕНИЯ ПРОБЛЕМ СТРАН АЗИИ И ЕВРОПЫ

ИҚТИДОР ВА ИМКОНОТИ ДЕМОГРАФӢ, ИЛМӢ-ТЕХНОЛОГӢ, ТАБИӢ-ҶУҒРОФӢ ВА МОЛӢ-ИҚТИСОДИИ РУСИЯ

Автор: Кудратов Комрон

Расм

ИҚТИДОР ВА ИМКОНОТИ ДЕМОГРАФӢ, ИЛМӢ-ТЕХНОЛОГӢ, ТАБИӢ-ҶУҒРОФӢ ВА МОЛӢ-ИҚТИСОДИИ РУСИЯ

Агарчи қудрат ва ҷойгоҳи Федератсияи Русия дар низоми байналамилалӣ пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ коҳиш ёфт, вале тамоми нозирони байналмилалӣ аз рӯзҳои аввали ба ҳайси бозингари нав, ҳамчун вориси аслии Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сотсиалистӣ, баромад кардани Русия мунтазир буданд то дарёбанд, ки сиёсатҳои стратегии ин кишвар дар арсаи байналмилалӣ чӣ гуна танзим хоҳад шуд. Аҳаммияти ин нукта ин аст, ки узвияти доимии Иттиҳоди Шӯравӣ дар Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид ва аксари тавонмандиҳои ҳастаӣ ва кайҳонии он кишвар дар ихтиёри Федератсияи Русия қарор гирифта, ба василаи он идора мешаванд. Муҳимтар ин ки тавонмандиҳои азими низомӣ ва силоҳҳои ҳастаии Русия ҳанӯз дорои мавқеияти муайянкунанда дар мувозинати стратегияи низомии ҷаҳон мебошанд.

Русия, номи расмиаш Федератсияи Русия (ФР) буда, бо 17075400 километри мураббаъ масоҳат паҳновартарин кишвари ҷаҳон аст, ки дар шимоли АвруОсиё қарор дорад. Ин кишвар дар Осиёи Шимолӣ ва Аврупои Шарқӣ воқеъ аст ва бо уқёнуси Ором ва уқёнуси Яхбастаи Шимолӣ, ҳамчунин бо баҳри Каспӣ, баҳри Сиёҳ ва баҳри Балтика марзи обӣ ва бо 14 кишвари осиёӣ ва аврупоӣ марзи заминӣ ва бо кишварҳои атрофи баҳри Беринг, баҳри Япония, баҳри Каспӣ, баҳри Сиёҳ ва баҳри Балтика иртиботи баҳрӣ дорад [3].

Ин кишвар бо 2,215 трилион доллар маҷмуи маҳсулоти дохилӣ соли 2022 ҳаштумин иқтисоди бузурги ҷаҳон будааст, ки пас аз фурӯпошии Шӯравӣ ба иқтисоди бозор рӯй оварда, ба манбаъҳои табиии азими худ такя мекунад. Даромади салонаи Федератсияи Русия дар соли 2022 беш аз 35 ҳазор доллар бар асоси қудрати баробари харид буд, ки ин кишварро дар ҷойгоҳи панҷоҳу нӯҳуми дунё қарор медод[4]. Русия яке аз панҷ узви доимии Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид, Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ, узви созмонҳои минтақавию байналмиллалии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, БРИКС, Ҳамкориҳои иқтисодии Осиё ва уқёнуси Ором - АТЭС, Форуми кишварҳои содиркунандаи газ - ФСЭГ, Созмони ҳамкории Шанхай - СҲШ, Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ - СААД ва Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё мебошад.

Нуфузи аҳолӣ ва захираҳои инсонӣ (демографӣ)

Аҳолии Русия дар соли 1991, қабл аз фурӯпошии Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ, тақрибан 149 миллион нафар буд. Саҳти пойини таваллуд ва саҳти ғайритабиӣ ва баланди маргу мир дар ин кишвар сабаб шудааст, ки аз миёнаҳои соли 1990 то миёнаҳои 2000 аҳолии ин кишвар солиёна ба ҳисоби миёна тақрибан 0,5 дарсад (750 то 800 ҳазор нафар) коҳиш ёбад. Дар соли 2005 Созмони Милал ба Русия ҳушдор додааст, ки агар ин раванд тағйир накунад, аҳолии 143-миллионнафарии ин кишвар то соли 2050 метавонад сеяк кам шавад[6].

Дар соли 2009 аҳолии Русия аввалин бор дар 15 соли гузашта рушд намуда, 23300 нафар зиёд мегардад. Сабаби ин рушд беҳбуди хадамоти беҳдошт, дармон, тағйири намунаи бордорӣ дар бонувони ҷавон ва муҳоҷирати афроде аз кишварҳои собиқ Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ будааст. Тибқи омор, дар соли 2015 аҳолии Русия 144 миллион нафарро ташкил медод, ки аз соли 2008 то соли 2015 рушди суст дошт.

Тибқи маълумотҳои барӯйхатгирии аҳолӣ дар 1 январи соли 2022 аҳолии Русия 145,6 миллион нафарро ташкил медод. Ин рақам дар он шуба рӯз нисбат ба соли 2015 беш аз 1,5 миллион нафар афзуда буд. Ба ин нигоҳ накарда, аз рӯи натиҷаҳои соли 2021 коҳиши табиӣ 945 ҳазор нафарро ташкил додааст. Ин нишондод дар соли 2022 камтар аст, коҳиши табиӣ 543,4 ҳазор нафарро ташкил додааст. Сатҳи фавти солона дар моҳҳои январ-ноябри соли 2022 ба 22% ва таваллуд 6% кам шудааст[11].

Қобилиятҳои илмӣ ва технологӣ

Дар асрҳои XIX ва XX кишвари Русия шумораи зиёди донишмандонро дар соҳаҳои физика, астраномия, математика, муҳосибот, химия, зистшиносӣ, заминшиносӣ ва ҷуғрофия тарбият кардааст. Ихтироъкорон ва муҳаққиқони Русия дар соҳаҳое, монанди муҳандиси барқ, киштисозӣ, аэрокайҳон, истеҳсоли аслиҳа, коммуникатсия, технологияи иттиллоотӣ, технологияи ҳастаӣ ва технологияи кайҳонӣ пешсаф будаанд. Буҳрони солҳои 1990 (фурӯпошии Шӯравӣ) сабаби коҳиши шадиди ҳимояти давлат дар соҳаҳои илм ва технология мегардад ва бисёре аз донишмандони рус ва фориғуттаҳсилони донишгоҳҳои Русия ба Аврупо ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико муҳоҷират намуданд. Аз соли 2000 бо рушди иқтисод вазъият беҳбуд ёфт ва давлати Русия тадбирҳоеро бо ҳадафи навоварӣ ва модернсозӣ анҷом дод. Дастовардҳои Русия дар рушди технология иборат аз самаранокии энергетикӣ, технологияи иттиллоотӣ, энергияи атомӣ, технологияҳои кайҳонӣ, низомӣ ва дорусозӣ мебошад. Масалан, саноати кайҳонӣ ва саноати низомӣ аз бахшҳои муҳим ва стратегӣ дар иқтисодиёти муосири Русия ба ҳисоб мераванд, ки дорои бештари кормандони соҳибкасб мебошанд. Маҳсулоти ҳавопаймоӣ беш аз ними содироти аслиҳаи ин кишварро ташкил медиҳанд. Ҳамчунин, дар соли 2022 Русия пас аз ИМА, дувумин содиркунандаи силоҳҳои ҷангӣ буд[8].

Дар гузориши Пажӯҳишгоҳи байналмилалии таҳқиқоти сулҳи Стокҳолм (SIPRI) дар бораи вазъи тиҷорати ҷаҳонии силоҳ барои солҳои 2018-2022 гуфта мешавад, ки содиркунандагони асосии силоҳ ИМА ва Русия боқӣ мондаанд. Дар солҳои 2018-2022, дар муқоиса бо солҳои 2013-2017, фурӯши силоҳҳои ИМА 14% афзуда, фурӯши силоҳҳои Русия, дар ҳамин давра 31% кам шуда, ҳиссаи он дар ҳаҷми ҷаҳонӣ аз 22% то 16% коҳиш ёфтааст[7].

Албатта, аз нигоҳи нишондодҳои байналмилалии марбут ба илму технология ФР нисбат ба кишварҳои рушдёфта, монанди Амрико, Япония ва ғайра, вазъияти заифтар дорад.

Русия дар раддабандии кишварҳои пешқадами ҷаҳон аз рӯи хароҷоти дохилӣ ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, ки аз рӯи бартарияти қобилияти харидории асъорҳои миллӣ арзёбӣ мешавад, ҷои даҳумро ишғол мекунад. Ҳаҷми хароҷотҳои Русия оид ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар соли 2016 39,9 миллиард доллар буд. Дар ин самт ба панҷгонаи беҳтарин кишварҳои ИМА (511,1 миллиард доллар), Чин (451,2 доллар), Ҷопон (168,6 доллар), Олмон (118,5 доллар) ва Ҷумҳурии Корея (79,4 миллиард доллар) шомиланд[14].

Имконоти сарватҳои табиӣ

Русия яке аз сарватмандтарин кишварҳои ҷаҳон аз ҷиҳати маводи аввалия ва як таъминкунандаи муҳимми энергия аст. Агарчи маркази энергияи ҷаҳонӣ дар Халиҷи Форс қарор дорад, маркази суботи энергия дар Русия аст. Тибқи тахминҳо 30 дарсади мабаъҳои энергетикии табиии ҷаҳон дар ин кишвар воқеъ аст, аз ҷумла аз ҷиҳати захираҳои ангиштсанг дар ҷои дувум ва аз ҷиҳати захираҳои нафтӣ дар дар ҷои дуюм қарор дорад. Ҳамчунин, бузургтарин содиркунандаи гази табиии ҷаҳон, дувумин содиркунандаи бузурги нафт ва севумин истеъмолкунандаи энергия дар ҷаҳон низ мебошад. Бонки ҷаҳонӣ арзиши кулли манбаъҳои табиии Русияро тақрибан 75 трилион доллар муайян кардааст[9]. Пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ дар солҳои 1990 энергия яке аз воситаҳои беҳбуди иқтисоди Русия буд. Русия тақрибан дар тамоми маводи аввалияи саноатӣ худкифо буда, дорои захираҳои ғании маъдани оҳан, манганий, хром, никел, платин, титан, мис, қалъагӣ, сурб, алмос, фосфат ва тилло мебошад. Ҳамчунин, панҷяки чӯби ҷаҳон дар ҷангалҳои Русия, дар Сибир, воқеъ аст[3].

Русия нақши қобили таваҷҷуҳе дар бозорҳои энергияи суннатии нафт, гази табиӣ ва ангиштсанг дорад. Нархи баланди энергия ба пойдории иқтисоди дохилии Русия кумак намудааст, аммо дар солҳои охир равиши ин кишвар нишон медиҳад, ки дар оянда Русия танҳо ба манбаъҳои энергетикӣ маҳдуд намешавад. Президенти Русия В.В. Путин дар талош аст, то бо сармоягузорӣ дар кишоварзӣ, чӯб, тилло, алмос ва ғайра Русияро ба кишвари истеҳсолотӣ табдил диҳад[13].

Бар хилофи аксари кишварҳои дунё тағйироти иқлим метавонад Русияро дар охирҳои даҳаи 2040 дастболо кунад. Ба шарофати иқлиме, ки ҳоло муътадил шудаасту дар бисёр қисматҳои кишвар яхҳоро об мекунад, он чӣ имрӯз ҳамчун тундраҳои густурда ва бисёр сард шинохта мешавад, рӯзе ба бузургтарин густараи заминҳои кишти ҷаҳон табдил хоҳад шуд. Ҳоли ҳозир Русия аз ғанитарин манбаъҳои оби ширини ҷаҳон истифода мекунад ва дар охирҳои даҳаи 2040 бо тағйироти иқлим аз боришҳои бисёр бештар аз он чӣ то кунун сабт шудааст, баҳраманд хоҳад шуд. Дар замоне, ки дар аксари кишварҳо камобӣ монеи рушди кишоварзӣ мешавад, Русия қодир аст, бо доштани захираҳои бузурги об аз ҳосили маводи ғизоӣ сарвати зиёде ба даст орад. Дар охирҳои даҳаи 2040 ин иттифоқ барои Русия бисёр судовар хоҳад буд. Ин кишвар бо сабаби кам будани шумораи кишварҳои содиркунандаи маводи ғизоӣ қудрати инҳисорӣ ва таъсиргузорӣ ба бозорҳои байналмилалии маводи ғизоиро пайдо хоҳад кард. Пас аз он Русия аз сарвате, ки аз содироти маводи ғизоӣ ба даст меорад, ҷиҳати навсозии босуръати нируи низомӣ ва инфрасохторҳои худ истифода хоҳад кард, то кафили вафодории пайравони Шӯравии собиқ бошад[10].

Ҷуғрофияи сиёсӣ

Русия паҳновартарин кишвари ҷаҳон буда, дар шимоли АвроОсиё қарор дорад. Ин кишвар дар Осиёи Шимолӣ ва Аврупои Шарқӣ воқеъ аст ва бо уқёнуси Ором ва уқёнус Яхбастаи Шимолӣ ва бо баҳри Каспӣ, баҳри Сиёҳ ва баҳри Балтика низ марзи обӣ дорад. Русия бо 14 кишвари осиёӣ ва аврупоӣ марзи заминӣ дорад ва бо кишварҳои атрофи баҳри Беринг, баҳри Япония, баҳри Каспӣ, баҳри Сиёҳ ва баҳри Балтика низ иртиботи баҳрӣ дорад. Русия бо 17075400 километри мураббаъ масоҳат паҳновартарин кишвари ҷаҳон аст. Ин кишвар дар арзҳои баланди ҷуғрофӣ ҷойгир аст ва аксари минтақаҳои он сарду серборишанд. Ба ҳамин сабаб, бештари минтақаҳои ин кишвар, бавижа сарзамини бузурги Сибир холӣ аз сокинон аст ва дар ин минтақаҳо кишоварзӣ ба таври фарох имкон надорад[3]. Русия бо доштани ҳудудҳои фуғрофии бисёр зиёд, технология ва имкониятҳои фаровон барои кашфу истихроҷи нафту газ, доштани бузургтарин ва густурдатарин шабакаи содиротӣ ва интиқолу тиранзити энергия ба Аврупо ва Осиё ба бузургтарин кишвари дунё табдил ёфтааст. Ин кишвар барои содироти нафту гази худ ба тамоми ҷаҳон имкониятҳои зиёд дорад, аз қабили хатҳои лӯлаӣ, киштиҳои нафткаш ва роҳи оҳан. Ин бартарӣ ба шарофати доштани имконоти хуби ҷуғрофӣ, ҳамсоягӣ ва иртибот бо кишварҳои аврупоӣ, осиёӣ ва амрикоӣ ба даст оварда шудааст. Беш аз 28%-и гази кишварҳои аврупоӣ аз ин кишвар таъмин карда мешавад[5]. Шабакаҳои энергияи Русия аз соли 2000 то соли 2030 дар санади стратегияи Русия ҳамчун омили муҳими рушд ба ҳисоб гирифта шудааст[15].

Шароити ҷуғрофӣ ва геосиёсии Русия тавоноии хубе барои бозигарии ин кишвар дар низоми байналмилалӣ эҷод кардааст. Барои мисол, вусъати географии Русия дар робитаҳои ҷаҳонӣ, бавижа миёни Осиё ва Аврупо, омили назораткунандаи муҳим мебошад. Ҳарчанд дар солҳои охир кӯшиш шудааст, ки долонҳои берун аз назорати Русия барои кишварҳои муштаракуламнофеъ тарроҳӣ гардад, воқеият ин аст, ки нуфузи Русия дар ин соҳа барқарор шуда аст ва Русия ҳамчунин қудрати истифода кардан аз абзорҳои худро дорад.

Албатта, мувофиқи андешаи коршиносон Федератсияи Русия, ки барои нақшофаринии худ дар минтақаҳои мухталифи ҷаҳон, ки дар назар гирифта шудааст, пешрафтҳои дипломатии ин кишвар аён аст ва онро метавон дар се ҳавза ё минтақа мушоҳида кард, аз он ҷумла:

Ҳавзаи Осиё: вобаста ба ин, ки минтақаи Осиё вориди марҳалаи ҷаҳиши иқтисодӣ шудааст ва пешбинӣ мешавад, ки дар ояндаи наздик ба яке аз меҳварҳои асосии сармоягузорӣ ва рушди ҷаҳон табдил ёбад ва бино бар ин, ки қисмати зиёде аз хоки Русия дар ин қитъа қарор дорад, Маскав дар солҳои охир ба ин ҳавза диққати хос медиҳад. Русия дар назар дорад, ки илова бар ҷалби сармояҳои хориҷӣ технологияҳои худро, ба монанди аслиҳа ва энергияи атомӣ, дар ихтиёри ин кишварҳо қарор диҳад. Дар ҳоли ҳозир Чин ва Ҳиндустон ду меҳвари асосии самти сиёсати осиёии Русия мебошанд. Дар соҳаи энергетика Русия лоиҳаҳои густурдае барои содироти нафту газ ба ин минтақа дорад, ки сохтани хатҳои интиқол ба Чин ва Ҷопон аз ҷумлаи онҳо мебошад.

Дар ҳоли ҳозир яке аз роҳҳои ҳалли мушкилоти энергетикии Русия воридшавии он ба бозори васеъи Осиё мебошад. Бо вуҷуди ин, бозори Осиё барои Русия хатарҳо низ дорад. Масалан, ҳузури афзояндаи Арабистони Саудӣ дар бозорҳои энергетикии Аврупо ва Чин баъзе ширкатҳои нафтии Русияро ҷиддӣ таҳдид мекунад. Ҳамин тариқ, истеҳсолкунандагони Русия бояд ба тағирот дар сиёсат ба таври муайян чораҷӯӣ намоянд.

Ҳавзаи Аврупо: Русия кишваре мебошад, ки ҳам дар Аврупо ва ҳам дар Осиё қарор дорад ва кишварҳои аврупоӣ шарики аввалии Русия ба ҳисоб мераванд. Равобити ин ду бар асоси ҳамкорӣ ва ҳамгароӣ дар ҳавзаҳои муштарак ва рақобат дар ҳавзаҳое, ки бо якдигар ихтиллоф доранд, дар ҷараён аст. Яке аз шохисаҳои ҳамкории тарафайн баҳси энергетикӣ аст, ки кишварҳои аврупоӣ то ҳадди зиёде ба воридоти энергия аз Русия муттакӣ ҳастанд.

Соли 2000 дар нишасти Русия ва Иттиҳоди Аврупо дар Париж дар асоси Созишномаи асосии ҳамкорӣ ва шарикӣ, ки аз соли 1997 амал мекунад, Созишномаи муколамаи энергетикӣ байни Русия ва Иттиҳоди Аврупо ба имзо расонида шуд. Соли 2003 Русия ва Иттиҳоди Аврупо дар бораи идеяи ба истилоҳ "чаҳор фазои умумӣ" - "харитаи роҳ", ки самтҳои асосии ҳамкориҳои Русия ва Иттиҳоди Аврупоро фаро мегиранд, ба мувофиқа расиданд. Дар чаҳорчӯби, ба истилоҳ, “фазои иқтисодӣ” ба фаъолгардонии ҳамкорӣ дар бахши энергетика таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуд. Бо назардошти нақши назарраси Русия ҳамчун таъминкунандаи захираҳои энергетикӣ ба Аврупо, рушди муколамаи энергетикӣ яке аз самтҳои асосии ҳамкории Русия ва Иттиҳоди Аврупо гардид[2].

Энергетика дар равобити Русия ва Иттиҳоди Аврупо муҳимтарин поя ва асоси шаклгирии ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни Русия ва Иттиҳоди Аврупо ба ҳисоб меравад. Русия ҳамчун бузургтарин истеҳсоликунандаи газ ва дар айни ҳол, аз назари географӣ наздиктарин истеҳсолкунанда ба Аврупо бахши зиёди гази мавриди ниёзи Аврупоро таъмин мекунад. Дар бахши энергетика пайвандҳо миёни Русия ва Иттиҳоди Аврупо аз дигар соҳаҳо бештар аст ва Русия беш аз ними истеҳсоли нафту гази худро ба Аврупо содир мекунад. Вобастагии мутақобили иқтисодӣ ва тиҷорӣ ба ин ду тараф ва хусусан вобастаги энергии Аврупо ба Русия равобити миёни онҳоро амиқтар мекунад. Ба иборати дигар, Иттиҳоди Аврупо вобастаги шадиде ба воридоти гази табиӣ аз Русия дорад. Дар муқобил Русия низ дорои вобастагии иқтисодӣ, бавижа дар бахши технология ба Иттиҳоди Аврупо дорад. Русия барои муваффақияти барномаҳои рушди иқтисодӣ ва расидан ба ҳадафҳои давлатӣ барои ду баробар кардани истеҳсоли иқтисодӣ ва рушди истеҳсоли колоҳо ва хадамот бо арзиши боло ба иқтисоди донишмеҳвари Иттиҳоди Аврупо ниёзиманд аст.

Муколамаи энергетикӣ байни Русия ва Иттиҳоди Аврупо на танҳо як нуқтаи муҳимми муносибатҳои Русия ва Иттиҳоди Аврупо, балки як системаи мураккаби бисёрсатҳест, ки ба рушди он омилҳои зиёд таъсир мерасонанд. Яке аз ин омилҳо омили, ба истилоҳ, “кишвари сеюм” аст.

Имрӯз вазъи мураккаби геополитикии ҷаҳон, ки бинобар ихтилофоти мавҷуда бо Русия ба вуҷуд омадааст, албатта, ба рушди фаъоли муносибатҳои Федератсияи Русия ва дигар кишварҳо, бахусус кишварҳои аврупоӣ мусоидат намекунад. Дар соҳаи энергетика ҳам мушкилот вуҷуд дорад.

Ҳавзаи Амрико: муносиботи Русия ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико вориди фазои даврони ҷанг сарди шудааст. Дидгоҳи таҳлилгирони русӣ бар он аст, ки Амрико ҳадди ақал то муддате абарқудрат мебошад ва агарчи талош барои низоми чандқутбӣ вуҷуд дорад, вале ҳоло барои назми ҷаҳонӣ нируи Амрико лозим аст ва дар воқеъ муддате лозим аст, то ҷойгузини он ба майдон ояд. Русия аз даргир шудани Амрико дар Шарқи Миёна хушҳол буда ва аз ҳар ҷиҳат кӯшиш мекунад, ки тавоноии Амрикоро коҳиш диҳад ва нақши ин кишварро заиф кунад ва фурсатро барои бозёбии қудрат ба даст гирад[1].

Сиёсати энергетикии ИМА-ро нисбат ба Русия наметавон дӯстона номид. Амрико сиёсати энергетикии Русияро ҳамчун ричаги энергетикӣ медонад. Бо дарназардошти вазъи кунунӣ, Иёлоти Муттаҳида хатти сиёсии худро, ки таъсири рӯзафзун ба сиёсати энергетикии Иттиҳоди Аврупост, идома медиҳад, аммо ҳамкориҳои иқтисодии Русия ва Иттиҳоди Аврупо дар соҳаи энергетика аз сабаби вазъияти ба амал омада дар Аврупои Шарқӣ дар сатҳи ночиз боқи мондаанд.

Бо вуҷуди ин, бояд гуфт, ки бо назардошти вазъ дар аврупо  содироти гази табии моеъкардашуда (LNG - СПГ) дар ИМА афзоиш кардааст ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико кӯшиш ба харҷ дода истодааст, ки ҷойгузини русия дар Аврупо бошад. Аммо, дар баробари ин, нархи гази моеъ дар Аврупо боло рафтааст, дар бозори аврупоӣ ширкатҳои амрикоӣ назар ба ширкатҳои осиёии Русия, онро бо нархи гарон мефурӯшанд, ки ба зарари иқтисодиёти ин кишварҳост.

Дар умум дурнамои рушди дарозмуддати иқтисодии Русия қатъан мухталиф мебошад. Дар самти мусбат, суботи иқтисодӣ ва сиёсии бисёр беҳтаре нисбат ба солҳои охир хоҳад дошт, аммо муҳити тиҷорат ва иқтисодиёт бедушвориҳо нахоҳад буд. Афзоиши нақши давлат дар иқтисод, ба эҳтимоли зиёд, ба ақибмонии эҷоди ҷойҳои корӣ нисбат ба рушд мешавад. Вобастаги иқтисод ба энергия низ тазминкунандаи рушди устувори дарозмуддат нахоҳад буд. Нархи баланди нафт ба давлат кумаки молӣ карда ва рушди кӯтоҳмуддатеро ба амал хоҳад овард, аммо нодида гирифтани бахши ғайринафтӣ сабаби ташвиқи фасод ва заъфи зарурати шаклгирии ислоҳот мешавад. Дар ним асри гузашта ҳеҷ як кишвари дар ҳоли рушде, ки вобаста ба манбаъҳои табиист, муддати тӯлонӣ рушди босуръат ва устувор надошта аст. Пешбинии дарозмуддат барои рушди солонаи Русия, ҳатто дар сурати шароити нисбатан мусоиди сиёсӣ, ба ҳисоби миёна солона 3,5 дарсад мебошад[12].

Аз рӯйи тахминҳои таҳлилгарони иқтисодӣ, суръати рушди иқтисоди Русия дар оянда аз суръати миёнаи рушди иқтисоди ҷаҳонӣ камтар хоҳад буд. Ба ақидаи таҳлилгарон сабаби коҳиши суръати афзоиши иқтисодӣ дар нотавон будани Русия дар беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ ва додани озодии бештар ба бахши хусусӣ мебошад.

Иқтисодиёти Русия дар ояндаи назидик вобаста ба даромадҳои нафтӣ боқӣ хоҳад монд. Имрӯзҳо низ аз се ду ҳиссаи даромади Русия аз ҳисоби содироти нафту газ аст ва 45 дарсади буҷаи миллиро даромадҳои нафтӣ ташкил медиҳад. Ин вобастагӣ ба даромадҳои нафту газ идома хоҳад дошт. Албатта, мақомоти Русия барои коҳиши ин вобастагӣ то соли 2030 барномаҳое доранд. Русия аз афзоиши истеъмоли ҷаҳонии газ, бавижа афзоиши истеъмоли бозорҳои Чин ва Ҳиндустон баҳра хоҳад бурд.

АДАБИЁТ

  1. Borshchevskaya A. How the Middle East Became an Arena for Putin’s Power Struggle with the US. URL: https://www.washingtoninstitute.org/policy-analysis/how-middle-east-became-arena-putins-power-struggle-us (санаи муроҷиат 10.05.2024).
  2. EU/Russia: The four “common spaces”. MEMO/04/268. Brussels, 23 November 2004. URL:  http://europa.eu/rapid/press-release_MEMO-04-268_en.pdf (санаи муроҷиат 10.05.2024).
  3. Glenn E. Curtis, ed. Russia: A Country Study. Washington: GPO for the Library of Congress, 1996. URL: https://countrystudies.us/russia/ (санаи муроҷиат 10.05.2024).
  4. IMF — Report for Selected Countries and Subjects. URL: https://www.worldeconomics.com/country-reviews/russia/ (санаи муроҷиат 10.05.2024).
  5. Reducing European Dependence on Russian Gas: distinguishing natural gas security from geopolitics URL: https://www.oxfordenergy.org/wpcms/wp-content/uploads/2014/10/NG-92.pdf (санаи муроҷиат 10.05.2024).
  6. Russian policies ignite unprecedented birth rate in 2007. URL:  https://economictimes.indiatimes.com/news/international/russian-policies-ignite-unprecedented-birth-rate-in-2007/articleshow/2750305.cms?from=mdr (санаи муроҷиат 10.05.2024).
  7. В SIPRI назвали США и Россию лидерами по экспорту оружия. URL:  https://tass.ru/mezhdunarodnaya-panorama/17246637 (санаи муроҷиат 10.05.2024).
  8. Вашингтон бросает вызов России и Китаю: экспорт оружия из США вырос на 50% в 2023 году. URL:  https://zn.ua/usa/vashinhton-brosaet-vyzov-rossii-i-kitaju-eksport-oruzhija-iz-ssha-vyros-na-50-v-2023-hodu.html (санаи муроҷиат 10.05.2024).
  9. Всемирный банк в России “Доклад об экономике России”. URL:  https://documents1.worldbank.org/curated/ar/990021468336535113/pdf/516990NWP0RUSS00Box342044B00PUBLIC0.pdf (санаи муроҷиат 10.05.2024).
  10. Красильщиков В.А., Зиборов Г.М., Рябов А.В. Шанс на обновление России. (зарубежный опыт модернизации и российские перспективы). URL:  https://cyberleninka.ru/article/n/shans-na-obnovlenie-rossii-zarubezhnyy-opyt-modernizatsii-i-rossiyskie-perspektivy (санаи муроҷиат 10.05.2024).
  11. Население России за год сократилось на 555 тыс. человек. URL:  https://www.rbc.ru/economics/01/02/2023/63da428b9a7947e741363c53 (санаи муроҷиат 10.05.2024).
  12. Прогноз долгосрочного социально – экономического развития Российской Федерации на период до 2030 года. URL:  http://static.government.ru/media/files/41d457592e04b76338b7.pdf (санаи муроҷиат 10.05.2024).
  13. Путин заявил, что Россия гордится своим развитием в АПК. URL:   https://tass.ru/ekonomika/19241243 (санаи муроҷиат 10.05.2024).
  14. Рейтинг ведущих стран мира по затратам на науку. URL:   https://issek.hse.ru/news/221864403.html (санаи муроҷиат 10.05.2024).
  15. Энергетическая стратегия Российской Федерации на период до 2035 года. URL:  http://static.government.ru/media/files/w4sigFOiDjGVDYT4IgsApssm6mZRb7wx.pdf (санаи муроҷиат 10.05.2024).

Қудратов К.А. - н.и.т, дотсент, мудири шуъбаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон,

Эшонқулов Э.С. - ходими илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.

НАЗАД