НАЦИОНАЛЬНАЯ АКАДЕМИЯ НАУК ТАДЖИКИСТАНА

ИНСТИТУТ ИЗУЧЕНИЯ ПРОБЛЕМ СТРАН АЗИИ И ЕВРОПЫ

ИНТИХОБИ ҲАЙДАРЗОДА РУСТАМ ҶӮРА БА ҲАЙСИ РАИСИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБӢ “ДИПЛОМАТ”

Автор: ИИПСАЕ

Расм

ИНТИХОБИ ҲАЙДАРЗОДА РУСТАМ ҶӮРА БА ҲАЙСИ РАИСИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБӢ ДИПЛОМАТ

Имрӯз 4 – уми апрели соли равон дар толори Маркази “Пажуҳиши афкори илмӣ ва сиёсии Пешвои миллат” – и Раёсати АМИТ бо ташаббуси Кумитаи иҷроиявии ибтидоии “Хирадмандон” – и ҲХДТ дар АМИТ ҷаласаи корӣ доир гардид.

Дар кори ҷаласа доктори илмҳои таърих Ширин Қурбонова, муовини раиси Кумитаи иҷроиявии ибтидоии “Хирадмандон” – и ҲХДТ дар АМИТ, Ҳайдарзода Рустам Ҷӯра, директори Институт ва дигар аъзои ҳизб иштирок доштанд.

Муовини раиси Кумитаи иҷроиявии ибтидоии “Хирадмандон” ҷаласаро ҳусни ифтитоҳ бахшида, дар бораи ҳадафҳои дурандешонаву созандаи Сарвари Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуд.

Қайд гардид, ки фаъолияти созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон имрӯз бори дигар собит месозад, ки дар барномаи кории он таваҷҷуҳи бештар ба рушди соҳаи маориф дода шуда, дар ин самт як қатор корҳо ба сомон расонида шудаанд.

Инчунин таъкид шуд, ки мо бояд баҳри пиёда гардонидани сиёсати созандаи давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ ва хусусан, тадбиқи бомароми ҳадафҳои оинномавию барномавии ҲХДТ пайваста миёни мардум талош варзида, дар ин замина сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо масъулияти баланд ва бо дарки амиқи худшиносиву худогоҳӣ амалӣ гардонем.

Дар идомаи кори ҷаласа бо пешниҳоди аъзои ҳизб директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ ба вазифаи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Дипломат” – и назди Раёсати АМИТ ба тариқи овоздиҳӣ таъин гардид.

Бо қабул гардидани қарорҳои дахлдор ҷаласа кори худро ба анҷом расонид.

НАЗАД