НАЦИОНАЛЬНАЯ АКАДЕМИЯ НАУК ТАДЖИКИСТАНА

ИНСТИТУТ ИЗУЧЕНИЯ ПРОБЛЕМ СТРАН АЗИИ И ЕВРОПЫ

Конференсияи байналмилалӣ таҳти унвони «Муколамаи сиёсӣ дар маркази таҳаввулоти ҷаҳонӣ

Автор: Дороншоева Некбахт

Расм

Рӯзи 31-уми октябри соли ҷорӣ бо даъвати Маркази байналмилалии пешгӯии геополитикии Шарқ-Ғарб дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон ва Фонди Горчаков Конференсияи байналмилалӣ таҳти унвони «Муколамаи сиёсӣ дар маркази таҳаввулоти ҷаҳонӣ: чолишҳои амниятӣ ва дурнамои шарикӣ барои кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ва Осиёи Марказӣ» доир гардид. 

Конференсия ба таҳлил ва баррасии коршиносонаи масъалаҳои таҳкими амнияти минтақавӣ, ташаббусҳои сиёсати хориҷӣ ва дохилии Қазоқистон дар ин самт, пешбурди ташаббусҳои ҳамгироии Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, инчунин таҳлили таҳдидҳои эҳтимолӣ ба шарикии кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар шароити нооромиҳои геополитикии ҷаҳонӣ бахшида шудааст.

Дар конференсияи мазкур коршиносони варзидаи хориҷӣ профессор Халилов Э., Президенти Созмони умумиҷаҳонии ҳамкории илмии «Илм бидуни сарҳад», роҳбари барномаи ZEOMAG Донишгоҳи Венчжоу (Венчжоу, Чин), профессор Мархулия Г.Р., доктори илмҳои таърих, (Тбилиси, Гурҷистон), профессор Гаман-Голутвина О.В., доктори илмҳои сиёсӣ, узви вобастаи Академияи илмҳои Россия (Москва, Федератсияи Россия), Шамсе А. (Деҳлӣ, Ҳиндустон), Парамонов В.В., номзади илмҳои сиёсӣ. (Тошкент, Ҷумҳурии Узбекистон), Бабаев Р.И., (Боку, Ҷумҳурии Озарбойҷон), Тавадян А., номзади илмҳои иқтисод. (Ереван, Арманистон), Петровский П. (Минск, Ҷумҳурии Беларус), Выползов А.А. (Калининград, Федератсияи Русия), инчунин дипломатҳо, намояндагони Вазорати илм ва маълумоти олӣ, фарҳанг ва иттилооти Ҷумҳурии Қазоқистон, ташкилотҳои илмӣ ва таълимӣ - Институти таърих ва давлати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Қазоқистон, Маркази Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон, Академияи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи назди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Қазоқистон, Донишгоҳи миллии Мудофиа, Донишгоҳи миллии Авруосиё ба номи Л.Н. Гумилев, созмонҳои ҷамъиятӣ, ВАО ва ғайра иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимни муҳокима ба нақш ва аҳамияти Осиёи Марказӣ дар масъалаи таъмини амнияти геополитикии минтақавӣ, интихоб ва татбиқи стратегияҳои сиёсати хориҷии кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, минтақаи Осиёи Марказӣ, Гурҷистон, Озарбойҷон ва дурнамои рушди ташаккули дунёи бисёрқутба аҳамияти хоса дода шуд.

Коршиносон ҳамчунон ба ташаббуси “Як камарбанд, як роҳ” дар заминаи таҳкими ҳамкориҳои Чину Авруосиё, роҳҳои ҳалли мушкилоти об дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҷанбаҳои башардӯстонаи ҳамкориҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд.

Самти алоҳидаи таҳлил масъалаҳои марбут ба таҳия ва татбиқи зеҳни сунъӣ дар чаҳорчӯби ҳамкориҳои байнидавлатӣ, таъмини амнияти рақамии иқтисодиёти муосир ва усулҳои ҳифзи соҳибихтиёрии иттилоот буд.

Дар маҷмуъ, коршиносон бар он ақидаанд, ки дар шароити таҳаввулоти ҷаҳонӣ танҳо муколамаи созанда ва ҳамкориҳои шарикӣ, ки дар асоси баррасӣ ва эҳтироми манфиатҳои ҳар як кишвар, ҳамкории бисёрҷонибаи байнидавлатӣ асос ёфтааст, асоси таъмини суботи минтақавӣ буда метавонад.

 

Дороншоева Н.Ш.

Мудири шуъбаи Осиёи Марказии

Институти омӯзиши масалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ                                                                

 

НАЗАД