Коррупсия яке аз монеаҳои ҷиддии рушди босуботи давлат

Автор: Давлиёрова Сафаргул

Расм

      “Чунин як падидаи манфӣ ҳамчун коррупсия дар пешрафти ҷомеаи мо яке аз монеаҳои хеле ҷиддӣ мебошад. Мо бояд тамоми омилҳо ва сабабҳои зуҳури коррупсияро ҳамаҷониба омӯхта, таҳлил намоем ва тамоми қувваҳои солими ҷомеаро барои пешгирии ин зуҳур ва поён овардани шиддати он сафарбар намоем”.

                            Эмомалӣ Раҳмон

Дар ҳошияи татбиқи “Стратегияи давлатии муқовимат

ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030"

Коррупсия яке аз хатарҳои асосии ҷомеа буда, ба пешрафти соҳаҳои мухталифи ҳаёти давлату ҷамъият халали ҷиддӣ ворид месозад. Дар Тоҷикистон ҷиҳати мубориза бо ин падидаи номатлуб тамоми заминаҳои ҳуқуқиву ташкилӣ фароҳам оварда шудаанд. Вале татбиқи онҳо ҳанӯз ҳам қаноатбахш нест. Бо ин мақсад, пеш аз ҳама, ҷиҳати таъмини риояи қатъии қонун ва паст кардани шиддати коррупсия дар фаъолияти мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдори онҳо тадбирҳои иловагӣ андешида, дар ҷомеа фазои оштинопазири зиддикоррупсионӣ ба вуҷуд оварда шавад[2].

         Бояд тазаккур дод, ки коррупсия яке  аз монеаҳои ҷиддии рушди босуботи кишвар буда, метавонад боиси коҳиш ёфтани эътибору обрӯи давлат дар арсаи байналмилалӣ ва норизоии шаҳрвандон аз фаъолияти сохтору мақомоти давлатӣ гардад. Дар кишвари мо ҷиҳати пешгирӣ ва аз байн бурдани омилҳои коррупсионӣ ва тавсеаи ҳамкориҳои давлат бо ҷомеаи шаҳрвандӣ заминаҳори дахлдори ҳуқуқиву сохторӣ фароҳам оварда шудаанд. Бо вуҷуди ин, таҳлили муроҷиатҳои шаҳрвандон нишон медиҳад, ки фаъолияти баъзе мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдори онҳо дар ин сами ҳанӯз ҳам ба талабот ҷавобгӯй нест[3].

         Дар воқеъ, сатҳи коррупсия дар фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқу судҳо, соҳаҳои заминсозиву тандурустӣ, оид ба корҳои дин, танзиму анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва комиссариатҳои ҳарбӣ баланд мебошад. Фаромӯш набояд кард, ки мубориза ба муқобили коррупсия фақат вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест. Дар  ин мубориза тамоми аҳли ҷомеа, ҳар як шаҳрванд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ низ бояд бетараф набошад. Танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем сатҳи коррупсияро дар мамлакат коҳиш диҳем[1].

         Пӯшида нест, ки коррупсия сӯистифода аз салоҳиятҳои мансабӣ буда, ҳадаф аз он гирифтани фоидаи шахсӣ мебошад, порагирӣ бошад, танҳо як навъи шаклҳои гуногуни коррупсия аст. Мафҳуми “коррупсия” танҳо порагириро ифода намекунад, зеро сӯистифода аз салоҳиятҳо метавонад усулҳои сершумори зоҳиршавӣ дошта бошад. Масалан, он дар истифодаи аз ҳад зиёди ҳокимият, истифода ё ғайриқонунӣ додани афзалият ҳангоми тақсимоти неъматҳои моддӣ, аз худ кардан ё тороҷ сохтани амволи боваркардашуда,сохтакории хидматӣ, ба таври сунъӣ ба вуҷуд овардани монеаҳо ба шахсони воқеию юридикӣ бобати амалисозии ҳуқуқҳо ва манфиатҳои онҳо, ошнобозӣ, протексионизм, ҷӯрабозӣ, хешутаборчигӣ, дахолат ба фаъолияти мақомоти давлатӣ ва субъектҳои хоҷагӣ, маҳдудсозии рақобат ва ғайра зоҳир мегардад.

        Бинобар ин тарғибу ташвиқи зиддикоррупсионӣ чораҳои мақсадноки фаҳмондадиҳии муқовимат ба коррупсия буда, тавассути воситаҳои ахбори омма, шабакаи интернет, суҳбату вохӯриҳо бо аҳолӣ ва роҳҳои дигари дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардида амалӣ карда мешаванд.      Тарғибу ташвиқи зиддикоррупсионӣ аз тарафи субъектҳои муқовимат ба коррупсия мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд. Таълиму тарбияи зиддикоррупсионӣ бо роҳи ҷорӣ намудани барномаи таълимӣ бо мақсади аз худ кардани дониш, маҳорат ва масъулият оид ба огоҳ, пешгирӣ ва ошкор намудани ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд, дар ҷомеа ба вуҷуд овардани муносибати оштинопазир бо ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд, баланд бардоштани савияи дониш ва фарҳанги ҳуқуқӣ амалӣ карда мешаванд. Ҳамзамон таълиму тарбияи зиддикоррупсионӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд[4].

         Коррупсия дорои таърихи қадима буда, яке аз умдатарин масъалаҳо ва мушкилоти иҷтимоӣ маҳсуб мегардад. Аз рӯзгори ҷомеа маълум аст, ки аз байн бурдани коррупсия ва решакан кардани он як хаёли амалинашавандаест, вале муносибати бошуурона ба ин масъала ҳам дар Шарқ ва ҳам дар Ғарб таҳаммулнопазирии одамонро нисбат ба ин падида ва оқибатҳои он, инчунин баҳо додан ба он бештар месозад.Чораи зарурие, ки метавонад ба ин падида муқобилат намояд, ин таҳияву амалӣ гардонидани сиёсати зиддикоррупсионии давлатӣ дар заминаи иттиҳоди аксари нирӯҳои сиёсӣ, ҳамкории самаранок ва мутақобила бо сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад, ки ин кор тайи солҳои охир аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ амалӣ мегардад[5].

         Мусаллам аст, ки бо мақсади ба даст овардани даромади шахсӣ сӯистифода аз мансаб, ки дар он арзишҳои шахсӣ аз арзишҳои давлат боло аст, коррупсия мебошад. Коррупсия ба иқтисодиёти кишвар ва обрӯйи байналмилалии он зарар мерасонад ва рушди онро бозмедорад. Мубориза ба коррупсия обрӯ ва эътибори давлатро баланд бардошта, давлатро бо ҷомеа наздик менамояд. Ҳар як роҳбарони давлат мубориза ба коррупсияро яке аз мушкили асосӣ дар сиёсати дохилию хориҷии худ эълон намудаанд, ки дар муборизаи он нақши назаррасро доранд. Ҳар як давлат дар навбати худ барои мубориза ба коррупсия равишу стратегияи муборизаи худро дорад ва шароити ҳар як кишвар аз дигараш фарқ мекунад. Сарфи назар аз ин, таҷрибаи мусбати баъзе аз онҳоро метавон ба шароити Тоҷикистон мутобиқ ва дар амалия истифода кард[6].

  Метавон хулоса намуд, коррупсия дар баробари тундгароӣ, терроризм, экстремизми динӣ-сиёсӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ба тадриҷ барои мавҷудияти давлат хатар эҷод намуда, пояҳои онро заиф месозад. Хатаре, ки коррупсия ба таҳкими истиқлолият ва ваҳдати миллӣ эҷод менамояд, на камтар аз дигар таҳдиду хатарҳое аст, ки монеаи пешрафти ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлати миллӣ мегардад. «Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» аз 3-уми августи соли 2021, № 222 барои муборизаи оштинопазир ва коҳиш додани сатҳи амалҳои номатлуби коррупсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи мусоид фароҳам хоҳад овард.

Давлиёрова  Сафаргул Тешаевна,

ходими пешбари илмии Шуъбаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

номзади илмҳои фалсафа, дотсент

НАЗАД