НАЦИОНАЛЬНАЯ АКАДЕМИЯ НАУК ТАДЖИКИСТАНА

ИНСТИТУТ ИЗУЧЕНИЯ ПРОБЛЕМ СТРАН АЗИИ И ЕВРОПЫ

Либоси миллӣ-арзиши миллист

Автор: Юсуфи Фарзона

Расм

Либоси миллӣ-арзиши миллист

Имрӯзҳо бонувони тоҷикро мебояд, ки барои пос доштани либоси миллӣ ва ба насли оянда мерос гузоштани он саҳмгузор бошанд ва нагузоранд, ки либоси ягон миллати бегона ба фарҳанги миллии мо тоҷикон ворид шавад.

Лозим ба ёдоварист, ки занону духтарони тоҷикро мебояд ба воситаи либоси миллии тоҷикона ва фарҳанги бою ғаниамон дар саросари кишвар ва ҷаҳон муаррифӣ кунанд. Албатта, либоси миллӣ ин як ҷузъи фарҳангӣ миллии мост, аз ин рӯ таърихи куҳани худро дора буда бо гузашти солҳо, либосҳои миллии тоҷикон сарҳаднопазир гардидааст. Зеро, он ёдгор аз аҷдодони соҳибхирад ва таърихофаринамон буда, дар тӯли қариҳои зебоии худро гум накардааст.

Бояд, қайд намуд, ки дар ҷаласаи 13-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО дар шаҳри Порт-Луиси Ҷумҳурии Маврикий номинатсияи “Чакан, ҳунари гулдӯзӣ” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ин Созмон расман ба рӯйхати Мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардид, ки ин ифтихори мардуми тоҷик гардидааст. Вақте сухан бобати либоси миллӣ меравад, албатта симои зан-модари тоҷик бо сару либоси миллии тоҷикона - атласу адрас, чакану зардузӣ пеши назар меояд, чун либоси миллӣ ин рамзӣ зебоист ва ифтихорӣ миллист!

Ташвишовар аст, ки солҳои охир занону духтарони мо бо ба бар намудани либосҳои ба мо бегона рӯ оварда ба устувории рукнҳои фарҳанги миллии мо таъсири манфӣ мерасонад. Ин аз он гувоҳи медиҳад, ки то ҳол даст ба мо хуруфотпарастию бегонапарастӣ зада, либоси милли хешро фаромӯш намуда аз фарҳанги худ гуё бехабарем. Рӯзҳои охир масъалаи либоспушии занону духтарон саросари кишварро фаро гирифтаст, чун бисёри ҷавонон либоси бегонаро бабар менамоянд, ки ин хеле ғамангез аст. Мутаассифона, бештари мардуми мо одати пайравӣ ба мўди бегона доранд. Боиси ёдоварист, ки эҳтироми либоси миллӣ қарзи ҳар як шаҳрванд аст. Ҳар як тоҷики асил бояд ифтихор аз он намояд, ки имрӯз Тоҷикистон нишонаҳои волои фарқкунандаимиллиро дорост. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони аҳли ҷомеа ва ходимони дин таъкид намуданд, ки “моро зарур аст, ки ба зуҳуроти нангини бегонапарастӣ ҳар чи зудтар хотима бахшида, сару либосҳои миллии духтарону бонувонро бештар тарғиб намоем”. Дар робита ба ин, аз ҷониби Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдоми, тарғиби либосҳои миллиро дар кишвар ба роҳ монда шуда аксияи “Тоҷикона мепӯшем” ҷараён дорад. Чунин иқдом ҳамасола дар саросари ҷумҳурӣ амалӣ шуда истода, ҳадафи он ин муаррифии либоси миллӣ мебошад.

Ҳамин тавр, мо бояд дар ёд дошта бошем, ки нигаҳдории либоси миллӣ аз насл ба насл мерос мемонад ва нигоҳдории он вазифаи муқаддаси ҳар яки мост, зеро мо ҷавонон ояндаи миллату давлат ва муаррифкунанди он ҳастем. Инчунин, моро зарур аст, ки аз ҳарвақта дида, бештар ба тарғибу ташвиқи фарҳангу таърихамон, хусусан, либоси миллӣ бештар кӯшиш намоем.

Юсуфӣ Фарзона,

ходими хурди илмии шуъбаи Аврупои

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

НАЗАД