НАЦИОНАЛЬНАЯ АКАДЕМИЯ НАУК ТАДЖИКИСТАНА

ИНСТИТУТ ИЗУЧЕНИЯ ПРОБЛЕМ СТРАН АЗИИ И ЕВРОПЫ

МАКТУБИ ИТТИЛООТӢ

Автор: ИИПСАЕ

Расм

МАКТУБИ ИТТИЛООТӢ

 

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба маълумоти Шумо мерасонад, ки 28 июни соли 2024 дар шаҳри Душанбе Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ таҳти унвони “Ҳамкории макроминтақаи Аврупо бо Тоҷикистони муосир: мушкилот ва дурнамо” баргузор менамояд.

Дар конференсия масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор мегиранд:

  • Равандҳои муосири байналмилалӣ дар Аврупо: назария ва амалия;
  • Самтҳои асосии сиёсати хориҷии макроминтақаи Аврупо нисбат ба Осиёи Марказӣ: манфиатҳо, афзалиятҳо, самтҳо ва шаклҳои татбиқ;
  • Баррасии масъалаҳои тоҷикшиносӣ ва ховаршиносӣ дар Аврупо;
  • Робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ миёни Тоҷикистон ва кишварҳои Аврупо: ҳолат ва  дурнамои рушд;
  • Геополитика ва рақобатҳои геополитикии кишварҳои Ғарб дар Осиёи Марказӣ;  
  • Ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои Аврупо дар соҳаи илму маориф: дастовард ва мушкилот;
  • Ҳамкориҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои Аврупо;

Дар кори конференсия иштироки олимон, коршиносон, намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ватанӣ ва хориҷӣ дар назар дошта шудааст.

Забони кории конференсия: тоҷикӣ, русӣ, англисӣ.

Риояи меъёрҳои навиштани мақолаи илмӣ ҳатмист. Ҳаҷми мақола набояд аз 8- саҳифа (фармати- А4) зиёд бошад. Мақола бо шрифти Тimes New Roman TJ, андозаи ҳарф -14 ва фосилаи байни сатрҳо 1,5 ҳуруфчинӣ гардад.

Маводи конференсия чоп мешавад.

Муҳлати қабули мақолаҳо то 20 майи соли 2024.

Нишонӣ барои ирсоли мақолаҳо: Шуъбаи Аврупои Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ.

Телефонҳо барои тамос: 221-03-28, 935008732 989820202

Почтаи электронӣ:

sanajanvohidova@gmail.com

sohibbahrulo@gmail.com

НАЗАД