НАЦИОНАЛЬНАЯ АКАДЕМИЯ НАУК ТАДЖИКИСТАНА

ИНСТИТУТ ИЗУЧЕНИЯ ПРОБЛЕМ СТРАН АЗИИ И ЕВРОПЫ

МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ - КАФИЛИ ҲИФЗИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

Автор: Хайдарзода Рустам

Расм

МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ - КАФИЛИ ҲИФЗИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

Андешаҳои доктори илмҳои фалсафа Рустам Ҳайдаров дар ин мавзуъ

ДУШАНБЕ, 11.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Таъмини ваҳдати миллӣ шарти муҳими бунёди давлати демократӣ, дунявӣ, ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ мебошад. Афзоиши иқтисодӣ, пешрафти иҷтимоӣ ва демократии мамлакат танҳо дар сурати мустаҳкам намудан ва маҳфуз доштани ягонагӣ ва иттиҳоди ҷомеа имконпазир аст. Барои ҳалли ин мушкилот Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол, соҳибихтиёр ва дар сатҳи байналмилалӣ эътирофшуда иродаи сиёсӣ ва тамоми захираҳои иқтисодию иҷтимоии заруриро дорад. Ҳифзи истиқлолият ва таҳкими давлатдорӣ, баробарии имконият ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, бунёди миллати зеҳнгаро ва рушди руҳияи миллӣ бояд таҳкурсии асосии ваҳдати миллӣ ва принсипҳои зиндагии ҳар яки мо гардад. Ҳамаи ин барои тараққиёти пуравҷ ва пайдарпайи мамлакат дар дурнамои наздик замина ба вуҷуд меоварад.

Барои иттиҳоди ҷомеа ва давлат таҳкими ватандӯстии созандаву рушди маърифати ҳуқуқӣ зарур аст. Ҷавҳари маърифати ҳуқуқии миллатро, бешубҳа, Конститутсия ташаккул медиҳад, ки он дар навбати худ ба амалишавии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд кафолат медиҳад. Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон шудани соли 2024, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 28 декабри соли 2023 садо дод, албатта, иқдоми бамаврид ва илман асоснокшуда маҳсуб мешавад. Зеро ҳаёти инсон доим дар ҳолати такмил ёфтан қарор дорад ва вобаста ба ин талаботу ниёзи мардум ҳам пайваста тағйир меёбад.

Ҷаҳони имрӯза, ки бо рақобати ниҳоят шадиди абарқудратҳо, набарди корпоратсияҳои бузурги иқтисодӣ ва тиҷоратӣ барои дастрасӣ ба бозорҳои бузурги ашёи хом ва истисмори қувваи кории арзон дар сар то сари олам идома дорад, омодабошии ҳар давлати соҳибистиқлол барои ҳифзи худ тақозо менамояд. Дар ҳар давру замон танҳо он миллатҳо қодир ба ҳимояти худ буданд, ки аз ҷиҳати зеҳнӣ ва технологӣ пешрафту дастовардҳо доштанд. Яъне онҳо пеш аз ҳама, ба таҳқими зарфияти зеҳнӣ ва технологиашон камар бастанд. Абзори асосии мустаҳкамнамудаи зарфияти зеҳнӣ бо сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар дилхоҳ мамлакати пешрафтаи дунё иртибот дошт ва дорад. Таърихи инсоният собит менамояд, ки маърифати ҳуқуқӣ фаъолияти мақсаднок ва мунтазами давлат ва ҷомеа оид ба ташаккул ва баланд бардоштани шуури ҳуқуқӣ ва фарҳанги ҳуқуқӣ мебошад.

Агар мо ба таърихи рушди давлатҳои пешқадами дунё рӯй оварем, пас маълум мешавад, ки бунёди рушди ин давлатҳо аз баланд шудани сатҳи маърифати ҳуқуқии онҳо иборат мебошад. Надонистан ё худ ноогоҳӣ аз ҳуқуқҳо ва вазифаҳои худ мувофиқи Конститутсия ба ақибмонии иқтисодӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ дар дилхоҳ мамлакат сабаб мешавад.

Президенти ҷумҳурӣ таъкид менамоянд, ки «Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки заминаи эъмори давлати мустақили миллӣ ва пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардуми ҷумҳуриро фароҳам овардааст, яке аз дастовардҳои муҳимтарини мо мебошад.

Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии мамлакатамонро таъмин намоем, барои ҳар шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем».

Дар ҳар давру замон масъалаҳои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, ташаккули фарҳанги олии ҳуқуқӣ, мубориза бар зидди инкоркунии ҳуқуқ, рушди ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва таҳкими принсипҳои волоияти қонун дар дилхоҳ давлати олам ҳамеша аҳамияти бузург доштанд. Имрӯз ба шарофати суръати азими дигаргунсозии иҷтимоӣ, печидатар шудани муносибатҳои геоиқтисодӣ, равандҳои афзояндаи иттилоотикунонӣ ва рақамикунонӣ масоили маърифати ҳуқуқӣ ва тарбия ҳуқуқӣ на танҳо муҳим боқӣ мондаанд, балки мазмуни нав касб менамояд. Самти умедбахши рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол дар ин масир ташаккул ва рушди низоми пешрафтаи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ мебошад, ки ба ҳалли масоили мубрами ҷомеи муосир мусоидат менамояд.

Барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии миллати тоҷик имрӯз Тоҷикистон ба сиёсати давлатӣ дар соҳаи рушди маърифати ҳуқуқӣ ва шуури ҳуқуқии шаҳрвандон ниёз дорад, ки он принсипҳо, ҳадафҳо, самтҳои асосӣ ва мундариҷаи сиёсати давлатиро дар соҳаи маърифатии ҳуқуқӣ муайян мекунад. Асосҳои сиёсати давлатӣ дар соҳаи рушди маърифати ҳуқуқӣ ва шуури ҳуқуқии шаҳрвандон ба ташаккули эҳтироми устувор дар ҷомеа нисбат ба қонунгузорӣ ва рафъи падидаи инкор намудани ҳуқуқ, баланд бардоштани сатҳи фарҳанги ҳуқуқии шаҳрвандон, аз ҷумла сатҳи огоҳӣ ва саводнокии ҳуқуқӣ, таъсиси низоми ҳавасмандгардонии раванди риояи қонун ҳамчун модели асосии рафтори иҷтимоӣ, дар шуури ҷомеа ҷорӣ намудани идеяи иҷрои софдилонаи вазифа ва риояи меъёрҳои ҳуқуқӣ бояд нигаронида шаванд. Дар ҳолати коркард ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ рушди мудаввоми фарҳанги олии ҳуқуқии ҷомеа ба амал меояд. Аз ҷониби дигар, татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи рушди маърифати ҳуқуқӣ имкон фароҳам меоварад, ки дархости ҷомеа барои ташаккули фарҳанги пешрафтаи ҳуқуқӣ сари вақт ва босифат ба амал бароварда шавад. Дар давлати иҷтимоии ҳуқуқӣ, ки Тоҷикистон ба инкишофи он кӯшиш менамояд, фарҳанги ҳуқуқӣ бояд ҳамчун муҳити табиии рушди инсон ва муҳимтарин соҳаҳои ҳаёти ӯ амал намояд.

Дараҷаи муносиби шуури ҳуқуқӣ, фарҳанги рушднамудаи ҳуқуқӣ ва иҷтимоисозии кофии ҳуқуқии ҳар фарди ҷомеа, аз як тараф, замина ва шарти асосии дарки дараҷаи олии масъулияти шахсии ҳар шаҳрванд барои некӯаҳволии худ дар ҳама соҳаҳо маҳсуб шуда, аз тарафи дигар, уҳдадории ӯро дар раванди ҳамеша дар назар нигоҳ доштани манфиатҳои дилхоҳ узви ҷомеа, ки аз ҷиҳати ҳуқуқ ва уҳдадориҳои инсонӣ бо вай баробар аст, тақозо менамояд. Аз ин рӯ, яке аз вазифаҳои асосии маърифати ҳуқуқӣ баланд бардоштани ҳиссаи раванди мақсадноки ташаккули шуури ҳуқуқӣ ва ба ин васила таъмин намудани сатҳу сифати зарурии иҷтимоии ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад.

Маърифати ҳуқуқӣ мутаҳаррики асосии фаъолияти созандаи инсон дар ҷомеаи муосир маҳсуб мешавад. Фаъолияти ҳуқуқӣ зуҳуроти олии рафтори ҳуқуқии шахс буда, ба шуури ҳуқуқӣ асос меёбад ва ба он вобаста буда, ҳаракати бошууронаи шахсро ба сӯи қонун пешбинӣ менамояд. Рафтори фаъолонаи ҳуқуқӣ- ин падидаи амиқу бошуурона, мақсаднок, ташаббускор буда, ба татбиқи меъёрҳои ҳуқуқӣ, ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ, қонуният, ҳифзи манфиатҳои давлат, ҷомеа ва дигар шаҳрвандон нигаронида шудааст. Дар ин қарина меъёрҳои ҳуқуқро шахс ҳамчун падидаи воқеӣ ва зарурӣ ҳадафмандона қабул менамояд, ки нуқтаи назар, ниёзҳо ва орзуҳои фардро дар худ таҷассум намудааст. Дар ин замина иртиботи қавии ҳуқуқро ҳамчун ниҳоди иҷтимоӣ бо падидаи дигари иҷтимоӣ – ахлоқ гуфтан зарур аст.

Қонун ва ахлоқ дар доираи фарҳанги ахлоқию ҳуқуқӣ бо ҳам иртибот дошта, ба соҳаи озодӣ, ки асоси рушди маънавии шахс ва тамоми ҷомеа мебошад, таъсири танзимкунанда мерасонанд. Ҳадафи маърифати ҳуқуқӣ аз он иборат аст, ки иҷтимоишавии пурраи хуқуқии шахсро таъмин намояд. Қонун ва ахлоқ барои иҷтимоишавии фард заминаҳои заруриро барои идомаи ҳаёти пурсаодат ба вуҷуд меоранд. Ба фикри мо, маҳз иҷтимоишавии комили ҳуқуқӣ шарти зарурӣ ва муайянкунандаи рафтори фаъолонаи ҳуқуқии шаҳрвандон дар ҷомеа мебошад.

Мувофиқи асосҳои ҷомеашиносӣ, сохтори иҷтимоишавиро ҳамчун раванди ягонагии таълим, тарбия ва худомӯзии шахс дарк намудан лозим аст. Дарвоқеъ, иҷтимоишавии фард раванди дуҷониба аст, ки дар он ҳам ҷомеа ва ҳам худи фард бояд баробар шомил шаванд. Иҷтимоишавӣ, аз як тараф, таъсири мақсадноки муҳити иҷтимоӣ, ниҳодҳои гуногуни иҷтимоиро ба шахс дар бар мегирад, то ӯро бо низоми мафҳумҳо, арзишҳо, идеяҳо, меъёрҳои иҷтимоӣ ва дигар арзишҳои фарҳангии дар ҷомеа қабулшуда шинос намояд ва аз тарафи дигар, он аз фаъолияти ҷамъиятии худи фард дар раванди иҷтимоишавӣ ва ташаккули шахсият иборат мебошад. Аз ин рӯ иҷтимоишавии ҳуқуқӣ на танҳо ҳадаф, балки натиҷаи интизории таъсири маърифати ҳуқуқӣ мебошад. Тарбия ва маърифати ҳуқуқӣ ҳам шакл ва ҳам воситаи таъсиррасонӣ буда, ба раванди худтарбиякунии шахсият ҳавасмандӣ мебахшанд ва замина мегузоранд, ки ба иҷтимоишавии пурраи ӯ шароит фароҳам оварда шавад ва муттасилии ин раванд таъмин гардад.

Маърифати ҳуқуқӣ воситаи ягонаи ташаккули фарҳанги ҳуқуқӣ тавассути таъсиррасонӣ ба шуури ҳуқуқӣ маҳсуб мешавад, ки он дар навбати худ рафтори ҳуқуқии дилхоҳ фардро муайян менамояд. Дар ин росто таъкид кардан ҷоиз аст, ки фарҳанги ҳуқуқии ҳар миллат таърихан дар заминаи сатҳи рушди иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маънавии ҷомеа ба вуҷуд омада, як навъи фарҳанги миллӣ маҳсуб меёбад ва он дар эҷод, интиқол, ҳифзи арзишҳои ҳуқуқӣ инъикос мегардад. Татбиқи фарҳанги ҳуқуқӣ аз ҷониби ҷомеа амалишавии принсипҳои қонуният ва тартиботи ҳуқуқиро дар давлат таъмин менамояд.

Сатҳи шуури ҳуқуқӣ ва фарҳанги ҳуқуқӣ, ки мақсадҳои ҳадафманди маърифати ҳуқуқӣ мебошанд, бешубҳа, мавҷудияти маорифи ҳуқуқӣ ва низоми эътиқодҳоеро тақозо менамоянд, ки эътирофи ҳуқуқ, дарки ҳуқуқҳо, риояи талаботи он, доштани таҷрибаву малакаи татбиқи қонунгузориро пешбинӣ менамояд. Донише, ки дар раванди маърифати ҳуқуқӣ ба даст меояд, бояд ба эътиқоди шахсӣ, ба муносибати масъулиятшиносона ба риояи қатъии меъёрҳои ҳуқуқӣ ва баъдан ба талаботи ботинӣ ва одати ҳамарӯзаи ҳар фард нисбат ба риоя намудани қонун, нишон додани фаъолияти ҳуқуқию сиёсӣ мубаддал гардад.

Тоҷикистон имрӯз рӯ ба рушди бемайлони иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва технологӣ овардааст. Сиёсати муваффақи дохилӣ ва хориҷии Ҳукумати Тоҷикистон ба давлати мо имкон дод, то Тоҷикистонро ҳамчун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ эътироф намоянд.

Тоҷикистон бо маром ва устоворона ба пеш меравад. Аммо дигар давлатҳои ҷомеи башарӣ низ ба пеш ҳаракат доранд, яъне бо ин роҳ онҳо кӯшиш доранд, ки чӣ дар арсаи геополитикӣ ва чӣ фазои геоиқтисодӣ рақобатпазир бошанд. Аз ин рӯ дилхоҳ давлати муосир кӯшиш менамояд ба маърифати сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва ҳуқуқиаш ҳар чӣ бештар аҳамият диҳад. Чунки танҳо дар асоси баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ истиқлоли давлатии дилхоҳ кишвари дунё таҳким меёбад. Аз ин рӯ шаҳрвандони ватандӯст, хусусан олимони ҷомеашиноси Тоҷикистон дар Соли маърифати ҳуқуқӣ, яъне соли 2024 дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии қишрҳои гуногуни иҷтимоӣ дар ҷомеа бояд саҳми арзанда гузоранд.

Рустам ҲАЙДАРОВ,
мудири шуъбаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Бознашр аз:https://khovar.tj/2024/02/marifati-u-u-kafili-ifzi-isti-loli-davlat-andesha-oi-doktori-ilm-oi-falsafa-rustam-ajdarov-dar-in-mavzu/

 

НАЗАД