МАВҚЕИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ ДАР МУНОСИБАТҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Автор: Рахмонзода Азимджон Шерали

Расм

(бахшида ба иштирок ва суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Тянҷин дар ҷаласаи “Созмони ҳамкории Шанхай-плюс” дар мавзуи “Татбиқи бисёрҷониба, таъмини амнияти минтақавӣ ва мусоидат ба рушди устувор”)

        Яке аз омилҳои асосии инкишофи ҷаҳони муосир ҳамкорӣ ва ҳамгироӣ мебошад. Таҳлили таҷрибаи таърихӣ шаҳодат медиҳад, ки ҳиссиёти табии ҷомеаи ҷаҳониро ба оромӣ, ризоият ва ҳамкориҳои мутаќобилан судманд водор месозад. Дар ин самт, дар таъмин намудани ҳамкориву ҳамгироии кишварҳо наќш ва мавќеи созмону ташкилотҳои байналмилалӣ ва минтаќавӣ бузург аст. Аз ин рӯ, созмонҳои байналмилалӣ имкон фароҳам меоранд, ки давлатҳо манфиатҳои миллии худро дар доираи як низоми муайян пайгирӣ намоянд. Бояд қайд намуд, ки дар марҳалаи муосир даҳҳо созмонҳои байналмилалӣ вуҷуд дошта, доираи гуногуни давлатҳоро фаро гирифтааст. Инчуин, ҷиҳати ҳалли масъалаҳои гуногун нақши созандаи худро мегузоранд.

        Созмони Ҳамкории Шанхай (минбаъд СҲШ) яке аз созмонҳои бонуфузи байналмилалии минтақавие мебошад, ки дар сиёсатгузориҳои олами муосир нақш ва таъсири махсус дорад. СҲШ аз замони ташаккули худ дар доираи давлатҳои гуногуни ҳамҷавор ва аз нуқтаи назари фаъолият шакли нави ҳамкориҳое мебошад, ки кишварҳои минтақаи Осиёро муттаҳид намудааст. Мавриди тазаккур аст, ки баъд аз барҳам хурдани Иттиҳоди Шуравӣ дар қаламрави Осиё давлатҳои мустақиле ба миён омаданд, ки ҳар яке аз онҳо манфиатҳои миллии худро доштанд.

        Маврид ба зикр аст, ки СҲШ пеш аз ҳама фаъолияти “Панҷгонаи Шанхай”, ки дар асоси Созишномаҳо байни Ҷумҳурии Халқии Хитой, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Федератсияи Русия ва дар бораи таҳкими чораҳои боварӣ дар соҳаи ҳарбӣ дар минтақаи сарҳад аз соли 1996 ва дар бораи ихтисори муштараки қувваҳои мусаллаҳ дар минтақаи сарҳад аз соли 1997 ташкил шуда буд, замина гузоштааст.

Инчунин, мутобиқи Оинномаи СҲШ, ки 7 июни соли 2002 дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия аз ҷониби давлатҳои аъзо қабул шудааст, ки аз вазифаҳои асосии зерин иборат мебошад:

  • мусоидат барои рушди муносибатҳои тарафайни дустона байни кишварҳои узв;

  • густариши ҳамкориҳои гуногунҷанба бо мақсади дастгирии сулҳ ва амният дар минтақа;

  • муборизаи якҷоя алайҳи ҳама гуна зуҳуроти номатлуб аз қабили терроризм, ҷудоихоҳӣ ва эксиремизм;

  • муборизаи дастаҷамъона алайҳи ќочоќи маводи мухаддир ва яроқ, дигар навъҳои фаъолияти фаромиллӣ, инчунин муҳоҷирати ғайриқонунӣ;

  • ҳавасмандгардонии ҳамкориҳои минтақавии босамари сиёсӣ, иқтисодӣ, мудофиавӣ, фарҳангӣ, илмӣ-техникӣ, энергетикӣ, наклиётӣ, карзӣ-молиявӣ ва дигар соҳаҳо;

  • мусоидат ба рушди иқтисоди ҳаматарафа, инкишофи минтақа тавассути фаъолияти якҷоя дар асоси шарикии баробарҳуқуқ бо мақсади баланд бардоштани сатҳ ва шароити зисти мардумони давлатҳои аъзо;

  • мавзунгардонии муносибатҳо дар рафти ҳамгироӣ ба иқтисодиёти ҷаҳонӣ;

  • мусоидат ба таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои инсон мувофиқи уҳдадориҳои қонунгузории миллии давлат-аъзоён;

  • дастгирӣ ва густариши робитаҳо бо дигар созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои хориҷӣ;

  • ҳамкориҳо дар пешгирии низоъҳои минтақавию байналмилалӣ ва ҳалли масъалаҳои ҷойдошта;

  • ҷустуҷӯи муштараки роҳҳои ҳалли масъалаҳое, ки дар асри XXI пайдо мешаванд.

        Ташаккул ва татбиқи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки меҳвари онро сиёсати “дарҳои кушода” ташкил медиҳад, аз дастовардҳои бузурги замони Истиқлоли сиёсӣ ба шумор меравад. Инчунин, таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои минтақа аз як тараф дар заминаи умумиятҳои таърихӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ ва иқтисодӣ сурат гирад, аз ҷониби дигар, дар заминаи муносибати дӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сарварони кишварҳои узви СҲШ тақвият меёбад. Чунин сиёсат дар доираи созмони минтақавию байналмилалӣ сурат гирифта, ҳадафи рифоҳи умумӣ ва таъмини амнияти минтақавиро пайгирӣ менамоянд.

        Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъмини иштироки васеъ ва муассири кишвар дар созмонҳои марбутаи байналмилалӣ ва минтақавӣ нигаронида шудааст. Бо роҳи татбиқи чунин сиёсат, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини амният ва сулҳ, ҳамкориҳои созандаи байналмилалӣ ва муколамаи созанда саҳми арзандаи худро гузошта, имкониятҳои созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавиро ба нафъи таъмини рушди устувори кишвар ва таҳкими мавқеи он дар арсаи байналмилалӣ истифода мебарад.

        Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки яке аз давлатҳои таъсисдиҳанда ва иштирокчии фаъоли СҲШ мебошад, дар Шурои сарони давлатҳо (дар солҳои 2008 ва 2014, 2021) ва Шурои сарони ҳукуматҳои давлатҳои аъзои СҲШ (солҳои 2006, 2010, 2018,) раёсатро ба уҳда дошт.

        Бояд гуфт, ки Созмони ҳамкории Шанхай аз ҷумлаҳои созмонҳои минтақавию ҷаҳонист, ки маҳз барои ҳамкориву ҳамгароӣ ва ҳалли қазияҳои меҳварии давлатҳои ҷануби Осиё, Осиёи Марказӣ ва дигар минтақаҳо таъсис ёфтааст.

Яке аз муҳимтарин заминаи ташаккули СҲШ ин танзими муносибатҳои сарҳадӣ ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои самаранок дар самти таъмини амнияти миллӣ ва тамомиияти арзии кишварҳои аъзо ташкил медод. Дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ СҲШ дар заминаи пайгирии манфиатҳои умумии давлатҳои аъзо шароит ва имкониятҳоеро бавуҷуд овардааст, ки давлатҳо дар фазои дӯстӣ ва суботу ҳамдигарфаҳмӣ масъалаҳои дохилӣ ва байнидавлатиро танзим ва ҳал намоянд.

        Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дипломатияи бисёрҷониба ба рушди робитаҳои самаранок дар доираи СҲШ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Бесабаб нест, ки дар Консепсияи амалкунандаи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин зикр шудааст: “Ҳадафи иштироки фаъоли Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СҲШ таҳкими муносиботи неки ҳамсоягӣ, робитаҳои боэътимод ва дӯстона байни давлатҳои аъзо ва нозирон дар СҲШ, инчунин таъмини амнияту субот ва рушди устувори иқтисодӣ дар минтақа мебошад”.

        Бинобар ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои афзалиятноки фаъолияти худро дар доираи СҲШ на танҳо дар соҳаи амният ва ҳамкории иқтисодӣ, балки дар рушду таҳкими ҳамкориҳои бисёрҷониба дар соҳаи фарҳангиву гуманитарӣ низ мебинад.

Ҳамин тариқ, мавқеи СҲШ – ро дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор дода, ба чунин хулоса расидан мумкин аст:

  • СҲШ ҳамчун созмони бонуфузи минтақавию фаромиллӣ фаъолияти худро дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ боз ҳам вусъат мебахшад;

  • тавсеаи ҳамкориҳоро ҷиҳати табодули иттилоот, ҳамоҳангии чорабиниҳо ва таҳияи созишномаҳо оид ба муқовимат бо терроризм, сепаратизм ва экстремизм саҳми беандоза мегузорад;

  • муносибатҳои бисёрҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо СҲШ дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ рӯ ба густариш арзёбӣ мегардад.

  • ташаккул додани ҷаҳони бисёрқутбӣ дар асоси рақобати созанда ҳадафи стратегии СҲШ мебошад.

  • кишварҳои узви СҲШ бояд на танҳо анъанаҳои ҳусни ҳамҷавориро ҳифз кунанд, балки роҳҳои нави муносиби ҳаллу фасли мушкилоти мавҷуда ва ё ба миёнояндаи дорои хусусияти иҷтимоӣ ва иқтисодиро пайдо кунанд.

 

РАҲМОНЗОДА Азимҷон

ходими пешбари илмии

шуъбаи Осиё Ҷанубӣ ва Шарқии

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ,

номзади илмҳои таърих

НАЗАД