НАЦИОНАЛЬНАЯ АКАДЕМИЯ НАУК ТАДЖИКИСТАНА

ИНСТИТУТ ИЗУЧЕНИЯ ПРОБЛЕМ СТРАН АЗИИ И ЕВРОПЫ

Моҳияти ҷашнгирии Иди Ғалаба дар замони муосир

Автор: Давлиёрова Сафаргул

Расм

     Моҳияти ҷашнгирии Иди Ғалаба дар замони муосир

         9 - май рӯзи ғалаба яке аз муҳимтарин идҳои таърихӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Ин санаи мубораку фархунда ба корнамоии ҷанговарони советӣ, ки аз моҳи июни соли 1941 то майи соли 1945 дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба муқобили истилогарони фашистӣ ҷангида буданд, бахшида шудааст. Дар кишвари мо дар Тоҷикистони соҳибистиқлол хотираи сарбозони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватаниро гиромӣ медоранд ва қадр мекунанд.

         Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар хоки ИҶШС субҳи 22 - юми июни соли 1941 баъди хуҷуми ногаҳонии қушунҳои фашистӣ аз сарҳади кишварҳои Иттиҳоди Шуравӣ cap шуд. Миллионҳо нафар шаҳрвандони шӯравии синну соли гуногун ихтиёран ба фронт рафтанд ва дар он ҷо ҳаёти худро дар зери хавфу хатар гузошта, ҳуҷуми душманро зада гардонданд.

         Ин ҷанги хонумонсӯз қариб чор сол давом кард. Моҳи январи соли 1945 армияи ИҶШС ба Берлин ҳуҷум кард.

        Дар натиҷаи амалиёти ҷангӣ 9 май дар соати 00:43 ба вақти Маскав сарфармондеҳон санад дар бораи таслими бечунучарои Олмонро имзо карданд, ки дар он Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ ва Ҷанги Бузурги Ватанӣ хотима ёфт.

         Субҳи 9 майи соли 1945 дар тамоми Иттиҳоди Шӯравӣ дар бораи ғалабаи қушунҳои советӣ ва муқаррар намудани иди Ғалаба бо фармони   Раёсати Иттиҳоди Олии ИҶШС эълон карда шуд. Дар Аврупо Рӯзи Ғалаба ба далели тафовути вақт рӯзи 8 май таҷлил мешавад.

   Худи ҳамон рӯз бегоҳӣ оташбаси ботантана барпо гардид ва 24 июни соли 1945 паради идона барпо гардид. Дар ҳамаи шаҳрҳои қаҳрамон парадҳои ботантана ва фейерверкҳо барпо мегардид, ветеранҳои Ҷанги Дуюми Ҷаҳон хотираҳои худро ба мактаббачагон ва коркунони корхонаҳо нақл мекарданд.

         Яке аз анъанаҳои асосӣ дар Рӯзи Ғалаба намоиши парчами сурхест, ки монанд ба он байрақест, ки соли 1945 аз ҷониби сарбозони шӯравӣ дар болои Рейхстаг гузошта шуда буд. Имрӯз парчами аслии он дар Осорхонаи Қувваҳои Мусаллаҳи Федератсияи Русия маҳфуз аст.

         Ҳамасола дар Маскав Паради Ғалаба дар Майдони Сурх бо ширкати беш аз 10 ҳазор нафар низомиён ва ҳудуди 100 воҳиди таҷҳизоти ҷангии заминӣ ва ҳавопаймоӣ баргузор мешавад.

         Дар воқеъ, Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945), ҷанги одилонаю озодихоҳонаи халқи собиқ Шӯравӣ барои озодӣ ва ҳимояи Ватан алайҳи фашизм буд. Мақсади истилогарон дар муддати кӯтоҳ несту нобуд кардани Артиши Сурх ва шикаст додани Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ (ИҶШС) буд.

         Новобаста аз омодагии амиқ ва бартарӣ аз ҳисоби дороии техникаи ҷангӣ ба мардуми шарафманд ва бо нангу номуси Иттиҳоди Шӯравӣ муяссар шуд, ки зафар ёбад. Халқи Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҳама самтҳои асосии амалиёти ҷангӣ: Ленинград, Москва, Сталинград, Курск, Днепр ва ғайра бо қурбонии зиёд муқобили душман истодагарӣ намуда, қушунҳои фашистиро маҳв месохт.

     Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) 27 миллион мардуми шӯравӣ ҳалок шудааст, зиёда аз 1700 шаҳрҳо вайрон карда шуданд, миллионҳо бе хонаву хоҷагидорӣ монданд.

         Ҳазорон нафар ҷанговарон фиристодагони Тоҷикистон дар муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва озод кардани халқҳои Аврупо аз фашистон диловарона иштирок варзида, аз худ қаҳрамониҳои бемислу монанд нишон додаанд. Умуман дар муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ беш аз 260 ҳазор нафар фиристодагони Тоҷикистон иштирок намудаанд.

         Фиристодагони Тоҷикистон барои дифои Ватан ва шарафу номуси мардуми худ дар сангарҳо муборизаи шуҷоатнок ва корнамоиҳои бузург нишон дода, зиёда аз 92 ҳазор нафарашон дар майдонҳои набард ҳалок шуданд. Ба нишони қадрдонии далерию қаҳрамонӣ 54 нафар ҳамватанони мо бо унвони олии ифтихории Ватан - Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ, 21 нафар бо ҳар се дараҷаи ордени «Шараф» ва зиёда аз 60 ҳазор нафар бо ордену медалҳо сарфароз шуданд.

         Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ шумораи умумии фиристодагони Тоҷикистон қариб 300 ҳазор нафарро ташкил медод. Аз ин ҳисоб 49ҳ.973 нафари онҳо ба баталёнҳои коргарӣ сафарбар шуданд. Дар муҳорибаҳои шадид тоҷикистониён ҷасорату шуҷоати беҳамто нишон доданд. Дар байни онҳо - Қаҳрамонони Иттифоқи Шӯравӣ Неъмат Қаробоев, Ҳодӣ Кенҷаев, Тӯйчӣ Эрҷигитов, Сафар Амиршоев, Ҳайдар Қосимов, Исмоил Ҳамзаалиев, Эргаш Шарипов ва чандин ҷанговарони тоҷикистониро номбар кардан мумкин аст, ки баҳри дифои Ватан дар муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ қаҳрамонӣ нишон додаанд.

   Дар давраи ҷанг халқи тоҷик барои фронт 151 вагон, 532 ҳазору 500 адад либоси гарм, 123 ҳазору 800 килограм пашм, бештар аз 25000 метр газвор ва дигар лавозимот фиристониданд. Ба захираи мудофиавии Ватан 30 миллиону 500 ҳазор сӯм пули нақд ва 40750 пуд ғалладона ҷамъоварӣ карда супурданд.          Барои сохтмони танки «Колхозчии Тоҷикистон» зиёда аз 84 миллион сӯм ва барои сохтмони эскадрилияи «Тоҷикистони Советӣ» 35,2 миллион сӯм ҷамъоварӣ намуданд.

         Шоиру нависандагони тоҷик Ҳабиб Юсуфӣ, Ҳаким Карим, Лутфулло Бузургзода, Абдушукур Пирмуҳамадзода, ҳам бо силоҳ ва ҳам бо қалам зидди душман мубориза бурдаанд.

         Устод Садриддин Айнӣ бо мақолаҳои публитсистии худ нақшҳои зишти фашизмро ошкор сохта, дар мисоли қаҳрамонони халқи тоҷик эҳсоси ватандӯстӣ ва озодихоҳии мардумро бедор мекард.

         Нависандаи ҷанговар Фотеҳ Ниёзӣ буд, ки маҷмӯи ҳикояҳои ҷангиашро бо номи «Интиқоми тоҷикон» навишта буд. Асарҳои баъдиҷангии Фотеҳ Ниёзӣ: «Одамони ҷовид», романи «Ҳар беша гумон мабар, ки холист», «Шӯриши Восеъ» саршори ғояҳои ватандӯстӣ буда, имрӯз ва дар оянда ҳам онҳо намунаи иборатомӯзи наслҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд.

         Имрӯз дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳ доштани ин хотира муҳиму зарур аст, зеро вақте ки дахшатҳои ҷанг фаромӯш мешаванд, фашизм дубора эҳё мешавад. Насли навраси замони соҳибистиқлоли Ватан бояд аз гузаштагони худ, ки дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ наҷот ёфта, ғолиб омадаанд, онҳоро ба ёд оранд ва ифтихор кунанд.

         Ҳамзамон, яке аз рамзҳои Рӯзи Ғалаба лентаи Георгий - нишони далерӣ, шуҷоат ва қаҳрамонӣ мебошад. Дар аввали моҳи май ихтиёриён атрибутҳои ройгонро ба сокинони шаҳр тақсим мекунанд, шаҳрвандон лентаро ҳамчун унсури либос истифода мебаранд.

      Дар ҳамин замина зикр намудан ба мақсад мувофиқ аст, ки ҳадафи асосии Рӯзи Ғалаба фароғату ҷашнвора набуда, балки тамоми ин чорабиниҳову тантанаҳо ба хотири гиромидошти руҳи поки ҷанговарони Ҷанги Бузурги Ватанӣ мебошад.

         Пеш аз ҳама моҳияти тантанаю ҷашнгирии Иди Ғалаба дар замони муосир ин пеш аз ҳама дар он аст, ки насли муосиру наврас он фидокориҳое, ки ҷанговарони Ҷанги Бузурги Ватанӣ барои озодӣ ва осмони софу беғубор ҷонбозҳо кардаанд, фаромӯш накардан аст.

    Ҳамин тариқ, метавон дар замири насли ояндасози миллати тоҷик парваридани меҳру муҳаббат ба Ватан, ба сарзамини биҳиштосою нотакрори кишвар, хизмат ба Ватан, гиромидошти арзишҳои миллӣ, муқаддасоти миллӣ, хотираи таърихӣ, худшиносии миллӣ, ҳувияти миллиро ҷон бахшид. аст. Насли наврасу ҷавон бояд донанд, ки ин ҷанг чӣ қадар ғаму андӯҳ ва азобу уқубатро бо худ овард. Дар ин ҷанг чӣ қадар ҷанговарон ҷон бохтанд, чӣ қадар фарзандон бе падар ва шояд ҳатто бе модар монданд. Ин ҷанг давраи тифлии ҳазорон кӯдаконро гирифт, онҳоро аз оғӯши гарми волидайн маҳрум кард. Мутаасифона мо қаҳрамонҳои Ҷанги Бузурги Ватаниро танҳо рӯзи 9 май ба ёд меорем.   

         Ба ҳамин хотир фикр мекунем, ки хотира ва каҳрамониҳои онҳоро ҳарчи бештар ёдовар шавем, арзандатарин кор аст, зеро сол то сол шумораи ветеранҳо кам гардида истодааст. Бе муҳобот метавонем, бигӯем, ки мову шумо охирин наслҳое мебошем, шояд ин ветеранҳоро зинда мебинем. 

      Ҳамду сано ба каҳрамонони мо, ки барои ояндаи осоишта ва дурахшони мо ҷони худро нисор кардаанд. Мо ба ҳамаи фавтидагон ва албатта ба онҳое, ки зинда мондаанд, барои корнамоиҳояшон сари таъзим фуруд меорем ва миннатдорем.

         Ин осмони софу беғуборе, ки имрӯз дар фазои он фарзандони мову шумо ҳамчун булбулакони боғи дониш болу пар мезананд, туҳфаи ҷанговарони Иттиҳоди Шуравӣ ба мардум мебошад.

Хотираи абадӣ ба онҳое, ки дар солҳои ҷанг ҳалок шудаанд!

Руҳашон шоду хотирашон ҷамъ бошад.  

Давлиёрова С.Т. - ходими пешбари илмии

шуъбаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили

ИОМДОА АМИТ

НАЗАД