НАЦИОНАЛЬНАЯ АКАДЕМИЯ НАУК ТАДЖИКИСТАНА

ИНСТИТУТ ИЗУЧЕНИЯ ПРОБЛЕМ СТРАН АЗИИ И ЕВРОПЫ

Мулоқоту машварати мушфиқона, аммо муҳиму мубраму созанда

Автор: Рахмонов Мирсаид

Расм

Мулоқоту машварати мушфиқона, аммо муҳиму мубраму созанда

Паёму мулоқоту машваратҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шомили нуктаҳои муҳимми давлатдорӣ ва таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ва якпорчагии кишвар буда, дарки масоили мубрам, шинохти шахсиятҳо, макону маросимҳои муҳиму таърихиро бо назардошти манофеи иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва маънавии аҳолии мамлакат бештар мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифта, тадриҷан амалӣ мегарданд.

Ҳамин тариқ, чунин мулоқотҳо мавриди таваҷҷуҳи бештари олимону ходимони давлату миллат қарор гирифта, ба соҳаҳои афзалиятнок маҳсуб мешавад. Дар ин зимн, бузургони мо беҳуда нагуфтаанд, ки

Ақлҳоро ақлҳо ёрӣ диҳад,

Машварат идроку ҳушёрӣ диҳад.

Давлату давлатдорӣ ва низоми сиёсӣ аз маъониву мафҳумҳое мебошанд, ки  ишора ба мудирияти “ҳукумат” ва ё “идоракунии низом” мекунанд. Ба истилоҳи дигар муназзаму мураттабу мунсифона идора намудани ҳокимияти иҷроия ё қавму миллат барои эҷоди ҷомеаи солиму созанда созгор мебошад. Ин кор хубтару беҳтар тавассути роҳбари ҷасуру ҷоннисор ҷонфидо сурат гирифта, натиҷа хоҳад дод. Намунаи барҷастаи он талошу ҷоннисориҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки бо роҳбарии ин абармарди сиёсат кишвар тадриҷан ба давлати рӯ ба инкишоф табдил ёфта, бо машварату роҳнамоиҳои созандаву саривақтӣ зиндагии озоду орому осоишта насиби мардуми он гардид.

Бо эҷоди мактаби сулҳу созандагӣ мақом ва манзалати Тоҷикистони муосир бо шарофати ташаббусҳои мубраму муҳими ҷаҳониву башардӯстона боло рафта, яке аз амнтарин кишвар табдил ёфт. Истиқлоли давлатӣ ба миллати тамаддунсози тоҷик имкон фароҳам овард, ки асарҳои бузургони худро, аз ҷумла китоби “Тоҷикон”- и Бобоҷон Ғафуровро бознашр намуда ба мардуми кишвар дастрас намояд.

Эмомалӣ, ки пайи ҷашни мавлиди Нуъмон,

Талош кард хирадманду поквиҷдон аст.

Барои ваҳдати миллат талош месозад,

Гирифта дарс зи таърихи Оли Сомон аст.

(Мирзоюсуфи Фозилзода)

Ҳамин тавр, дар партави ин мактаби сулҳу созандагии Тоҷикистон муҳаққиқони Институти Осиё ва Аврупо дар бораи шахсияти Президент ва нақши ӯ ҳифзи кишвар ва муносибатҳои Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ мақолаҳои илмиву оммавӣ навишта, пайваста арҷгузорӣ мекунанд. Бозгашти фирориён, қатъи ҷанги таҳмилӣ, суботи сиёсӣ, таҷлил аз бузургон, таъмиру таъмини макотибу дабистонҳо ва муаррифии сиёсати дохиливу хориҷии кишвар аз муҳимтарин нақшу корнамоиҳои Президент арзёбӣ мегардад.

Дар ин зимн, аз ҷониби нашриёти “Дониш”-и АМИТ китоби “Муносибатҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳалаи муосир” дар ҳаҷми 168 саҳифа нашр гардид. Дар муқаддимаи китоб муаллиф Азимҷон Раҳмонзода чанд нуктаи муҳим оид ба низоми муносибатҳои байналмилалии Тоҷикистон дар даврони Истиқлолияти кишвар ва дурнамои он ишорат карда, мавзуъро хело кашшофона таҳқиқу баррасӣ намуда, бо далелу аснодҳо аз дипломатия ва сиёсати хориҷӣ нақл кардааст.

Ҳамин тариқ, санаи 09-уми марти соли 2024 Президенти миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бо намояндагони аҳли ҷомеа ва ходимони дин  мулоқоти рӯ ба рӯ намуда, масоили муҳиму мубрами ҷомеаро мавриди баррасӣ қарор дод. Мулоқоти мазкур дар моҳи Март сурат гирифт, ки вуруди он бо Баҳори дилафрӯз, дуои Модару нигоҳҳои пур аз меҳри занону бонувон, вуруди моҳи мубораки Рамазон ва Наврӯзи оламафрӯз тавъам мебошад. 

Ҳамин тавр, Президенти кишвар бо дуои Модарон ва латофату меҳри занону бонувон мулоқоташро оғоз намуда, таъкид кард, ки “Мо – мардон, ки зодаву парваридаи модар ҳастем, вазифадорем, ки эҳтироми Зан – Модарро нафақат дар рӯзҳои ҷашн, балки ҳар лаҳзаву ҳар соат, ҳамеша ва тамоми умр ба ҷо оварем, ба онҳо ғамхориву меҳрубонӣ ва хизмат кунем ва кӯшиш намоем, ки ба ризоият ва дуои неки онҳо сазовор шавем. Мардуми мо беҳуда нагуфтаанд, ки «Модар розӣ – Худо розӣ». Аз диди мову шумо модарону бонувон чароғи равшан ва гармии хонадон мебошанд.

Дар ин зимн, роҳбари давлат ба ҳамаи сокинони кишвар, аз ҷумла намояндагону фаъолони ҷомеа ва ходимони динро ба муносибати фаро расидани моҳи шарифи Рамазон табрик намуда, ишора карданд, ки ин моҳи парҳезгориву эҳсонкорӣ, хайру садақот, бахшиши гуноҳҳо ва поксозии зоҳиру ботин буда, фазилатҳои пурарзиши он аз ҷумла риояи анъанаҳои накуи аҷдодӣ, анҷоми тадбирҳои созандагию бунёдкорӣ, дуруст ташкил ва ба роҳ мондани маросими адои ҳаҷ ва умра иҷрои корҳои хайру савоб, дар арафаи идҳо дароз кардани дасти сахо ба эҳтиёҷмандон, ятимону камбизоатон, ғамхорӣ нисбат ба падару модар ва хоҳару бародарони хеш бештару хубтар таваҷҷуҳ бояд дод.  

Дар ин раванд роҳбари кишвар таъкид карданд, ки мардуми мо расму ойинҳои худ ва маросиму идҳо аз ҷумла Иди Рамазону Қурбон, ҷашнҳои Наврӯзу Меҳргону Тиргон чун ҷузъи фарҳанги миллӣ дар даврони Истиқлол беҳтару хубтар эҳё карда, муаррифӣ намуда пайваста арҷгузорӣ мекунанд.

Дар идомаи мулоқот иброз доштанд, ки мо набояд ба корҳои нолозиму носозгору номуносиб аз ҷумла хурофоту худнамоӣ даст занем. Зеро ин ҳама хатарҳоест, ки ба худи мо ва ояндаи Тоҷикистон зарари ҷиддӣ доранд. Президенти кишвар таъкид намуда гуфтанд, ки бо вуҷуди муносибати неки давлат нисбат ба ҳамаи дину мазҳабҳо, бахусус, нисбат ба дини мубини ислом, солҳои охир зуҳуроти нороҳатсозандаву нигаронкунандаи таассубу хурофот, тафриқаандозиву ифротгароӣ ва дар ин замина риоя нагардидани меъёрҳои Конститутсия ва қонунҳои амалкунанда афзоиш ёфтааст, ки бо роҳнамоӣ ва пешниҳодҳои хуби донишмандону олимони соҳа саривақт ҷилавгарӣ бояд намуд. 

Дар ин зимн, таъкид гардид, ки таҷрибаи беш аз сивудусолаи ҳамкорӣ бо давлатҳои ҷаҳон аз ҷумла олами ислом, бахусус, кишварҳои арабӣ нишон медиҳад, ки рӯй овардан ба илм, омӯзиш ва рушди илмҳои риёзиву табиӣ ва техникӣ, истифодаи дастовардҳои пешқадами илмӣ ва татбиқи технологияҳои муосир онҳоро ба тараққиёти бесобиқа расонида, боиси аз байн рафтани фаҳмишҳои шахшуда ва куҳна ё хурофотӣ гардидааст. Ин дар ҳолест, ки тибқи андешаву назари донишмандони маъруф хурофоту таассуб ва ифротгароии динӣ бо таълимоти инсонпарваронаи дини ислом робитае надорад. Ҳамин тариқ, тибқи таҳлилҳои коршиносон, дур рафтан аз аслу моҳияти дин, дарк накардани арзишҳои инсонпарваронаи он асоси зиёдаравӣ ва баъзан ба хурофоту ифрот дода шудани шаҳрвандон мегардад.

Бо ҷилавгирӣ ва раҳоӣ аз чунин хатару хуруфот кишварҳои мусулмоннишин дар мисоли Арабистони Саудӣ, Амороти Муттаҳидаи Араб, Қатар, Кувайт, Баҳрайн, Малайзия, Индонезия, Покистон ва ғайра бо рушди дурусти саноату технологияи муосир рушд карда, пешрафтҳо ҳосил намуданд. Зеро ин кишварҳо хуб дарк кардаанд, ки омили наҷотбахши инсоният танҳо илм ва рӯ ба илмомӯзӣ овардани насли ҷавон буда, заминаҳоро дар худшиносӣ, ҷодаи маърифату машварат дар партави мактаби сулҳу созандагии навин фароҳам оварда, ба нафъи аҳли ҷомеа ва сиёсатмадорону ҷавонони ояндасоз хоҳад буд. Дарвоқеъ, таҷрибаи сулҳофаринии тоҷикон метавонад барои ҳалли низоъҳо имрӯз ҳам дар бештари нукоти ҷаҳон истифода шавад, ки беназир ва натиҷадиҳанда мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҷеъ ба баракати ваҳдат ва оромию субот чунин изҳори андеша намуда таъкид карданд, ки “Бо гузашти солҳо мо аҳамияти таърихии ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз, қимати сулҳу субот ва Ваҳдати миллиро бештар дарк ва қадр менамоем. Зеро маҳз аз баракати муттаҳид сохтани неруҳои сиёсӣ ва таъмини ризоияти ҷомеа мо, пеш аз ҳама, тавонистем Истиқлолияти давлатӣ ва тамомияти арзии Ватани азизамонро ҳифз намоем ва мардуми худро аз парокандагӣ эмин нигоҳ дорем”.

Дар воқеъ вазифаи ҷонии ҳар сокини бо нангу номуси миллат мебошад, ки дар партави ҳамин мактаби сулҳу созандагӣ Ватану миллатро ҳифз намуда, мунодии сулҳу ваҳдат буда, арзишҳои бузурги миллиро қадр намуда, сарзамини зебову хурраму пурфайз аз обҳои равону чашмаҳои мусаффоро фаромӯш накарда, ба ҷаҳониён хубтару беҳтар бо забонҳои гуногун муаррифӣ карда, ташвиқу таблиғ бояд намуд.

Набояд фаромӯш кард, ки имрӯз дар ҷаҳон ҳамчун кишвари дар ҳалли мушкилоти глобалӣ ташаббускору пешсаф эътироф гардидааст. Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати соҳибистиқлолу демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва муҳимтар аз ҳама, ба ҳайси кишвари ташаббускору созанда ва муаллифи панҷ ташаббусҳои сатҳи байналмилалӣ мешиносанд.

Хулоса роҳбарияти кишвар бо чунин мулоқоту машваратҳо бо олимон ва ходимони Ватану миллат дар рушду нумуи маънавиёти ҷомеа нақши муҳиму созанда бозида, пайваста талош менамоянд, то мактаби сулҳофаринии Тоҷикистонро ҳифз намуда, аҳолиро аз хатарҳо, аз ҷумла ифротгароиву ифротишавии ҷавонон, ҷаҳолату хурофотзадагӣ, дар шароити ниҳоят мураккабу буҳронии имрӯза чун қарзи имонӣ ва рисолати шаҳрвандӣ пеш барад.

Ҳамин тавр, бо таъкидҳои пайвастаи роҳбари кишвар мову шумо бояд шукрона кунем, ки чунин Ватани озоду орому обод дошта, аз боду ҳавои он нафас мекашему бо нону намаку оби ҳамин диёри бостонӣ ба камол расидем. Лиҳозо шукр бояд кард, ки Худованд барои ин миллат чунин роҳбари солимақлу солимфикру сулҳофарин ато кард ва ё ба қавли Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ:

Худо он миллатеро сарварӣ дод,

Ки тақдираш ба дасти хеш бинвишт.

Ба он миллат сару коре надорад,

Ки деҳқонаш барои дигарон кишт.

(Муҳаммади Иқболи Лоҳурӣ )

Ҳамин тариқ, мову шумо бояд ба қадри ин Ватан, сарзамини биҳиштосои аҷдодӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва нону намаки он расида, ба хотири ободии боз ҳам бештари Тоҷикистони азиз ва пешрафти давлати соҳибистиқлол муттаҳиду сарҷамъона ва софдилонаву содиқона заҳмат кашид ва ҳаргиз нагузошт, ки фарзандони он василаи дасти дигарон ва боиси бадномии миллати тамаддунсози тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ гарданд.

Дар ин зимн, мову шумо ин Ватанро дӯст дошта, онро чун амонат ҳифзу ҳимоя карда, ифтихор кард, ки гузаштагони мо дар рушди фарҳангу тамаддуни башарият саҳми бузург гузошта, роҳи ҷаҳониёнро ба сӯйи ҳамзистиву ҳамбастагӣ мунаввар сохта, асарҳои илмии мондагор офариданд, ки то ба имрӯз мавриди истифодаи аҳли ҷаҳон мегарданд.

Бо чунин фарзонагону хирадмандон мову шумо пайваста дар зиндагӣ зираку ҳушёру худогоҳ буда, фирефтаи ҳадафҳои ғаразноки гурӯҳҳои манфиатҷӯ набояд шуд ва барои эҷоду эҳёи зиндагии беҳтару босаодатар дар партави мактаби сулҳу созандагӣ ва формулаи СУЛҲ-и камина зери мафҳуми Созандагиву саодатмандӣ; Устувориву умедбахшӣ; Лоиҳасозиву лолазоркунӣ; Ҳамзистиву ҳамкорӣ ҳамеша талош варзида, Ватану аҳолии онро бо шиори “Тоҷикистон ба пеш” саҳми сазовор гузорем.

Мирсаид Раҳмонов,

ходими калони илмии

Шуъабаи Осиёи Ҷанубу Шарқии

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои

Осиё ва Аврупои АМИТ

НАЗАД