НАЦИОНАЛЬНАЯ АКАДЕМИЯ НАУК ТАДЖИКИСТАНА

ИНСТИТУТ ИЗУЧЕНИЯ ПРОБЛЕМ СТРАН АЗИИ И ЕВРОПЫ

Нақши аввалин рӯзномаи форсӣ-тоҷикӣ дар Ҳиндустон (ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик 11 марти 1912)

Автор: Рахмонов Мирсаид

Расм

Ҳамасола, санаи 11-март чун Рӯзи матбуоти тоҷик дар саросари кишвар аҳли қаламу сухан ин рӯзро истиқбол менамоянд. Ин ҷашн ба ифтихори нашри нахустрӯзномаи тоҷикии “Бухорои шариф” пазируфта шудааст. Ба ин муносибат инҷо хостем, мақолаи зеро оиди кишвари Ҳиндустон ва нақши адабиву фарҳангии он бо кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҷумла Тоҷикистон барои хонанда пешкаш намоем.

  Бояд қайд кард, ки бо вуҷуди он ки Ҳиндустон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва хусусан Тоҷикистон ҳамсарҳад нест, вале солиёни зиёд мешавад, ки мардумони ин ду сарзамин аз давраҳои гузашта бо ҳам равобит ва пайвастагии қавӣ доштанд, ки дар ин саҳми шоирон, адибону нависандагони кишвар назаррас мебошад. Метавон муносибатҳоро ба ду давра тақсим намуд, ки яке даврони пеш аз истиқлолият ва дигаре баъд аз истиқлолият. Бояд зикр кард, ки ҳамаи муносибатҳо дар заминаи тамаддун, забон, фарҳанг ва тиҷорат сурат, мегирифт, ки то ҳол осори он ин пайвандҳоро нигоҳ доштааст.

  Муаррихон бо сарчашмаҳои таърихияшон гувоҳи онанд, ки дар даврони ҳукмрони сулолаи муғулҳо дар Ҳиндустон тамаддун, забон ва адабу матбуот хело рушд ёфта буд ва бештари мушовирону намояндагони давлатӣ донишманду хирадманд буданд, ки бо шеваи ноби тоҷикӣ-форсӣ мукотиба ва мусоҳиба мекарданд. Ин буд, ки бештари соҳибдилони мо ба ин сарзамини афсонавӣ сафар карда, забону адабиёти тоҷику-форсро бо нашри девону осори пурарзишашон ҳифз карданд. Имрӯз ин сарзамин саршор пур аз донишмандон аст, ки осорашон то ҳол дар китобхонаву марказҳои илмии он ҷо маҳфузанд. Шаҳрҳо ва маҳаллаҳои Деҳлӣ, Агра, Тӯғлақобод, Муршидобод ва Калкутта аз ҷойҳое мебошанд, ки ёди ёрони меҳрубон ба мисли Мирзо Абдулқодири Бедил, Амир Хусрави Деҳлавӣ, Низомиддин Авлиё, Саид Шоҳ Фатҳи Алии Вайсӣ (1816-1886) ва нақшу офаринишҳо ва ҳунармандии дастони моҳири устоҳои чирадасти Хуҷанду Истаравшан буданд, ки Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ шефтаи онҳо шуда, дар васфашон чунин сурудааст:

Буд меъморе зи иқлими Хуҷанд,

Дар фани таъмир номи ӯ буланд....

  Ин ҳама аз осору эҷодиёти ин донишмандони тоҷиктабор мебошад, ки қораи Ҳиндро то замони мо ба як манбаи таърихӣ ва афсонавии дунё бо тамаддуну дину фарҳангҳои рангоранг табдил додааст, ки ҳанӯз чун муъҷиза боқӣ мондаанд. Ҳамаи ин донишмандон аз касоне буданд, ки барои роҳбарону сарварони даврони худ чун мушовири умури иҷтимоӣ,сиёсӣ ва иқтисодӣ кор ва хидмат кардаанд, ки дар натиҷаи хадамоти илмии онон корҳои давлатдорӣ хело хуб анҷом меёфт. Ҳамин буд, ки Президенти кишвари Тоҷикистон аз чунин фарзандони донишманд ҳамеша арҷгузорӣ намуда, зимни сафари худ дар соли 2006 аз марқади шоири ширинзабони тоҷик Мирзо Абдулқодири Бедил дар шаҳри Деҳлӣ дидан ба амал овард.

  Тибқи сарчашмаҳо дар сарзаминҳои Осиёи Ҷанубӣ беш аз 600 сол ё дақиқтар аз соли 1203 то соли 1837 забони форсӣ-тоҷикӣ чун забони давлатӣ маҳсуб мешуд. Дар ин даврони тӯлонӣ китобу дастхатҳои зиёде нивишта шуд ва садҳо шоирону орифон шеъру ғазалҳои худро эҷод карданд, ки то имрӯз дар баъзе китобхонаву марказҳои манотиқи Осиёи Ҷанубӣ ва Бенгал нигоҳдорӣ мешаванд. Дар шаҳри Колкаттаи Ҳиндустон 5 то 6 рӯзномаҳои форсӣ-тоҷикӣ бо шумули "Султон-ул-ахбор" ва "Дурбин" дар миёнаҳои асрҳои 18 ва охирҳои асрҳои 19 мураттаб нашр мешуданд, ки арзишу шуҳрати забони тоҷикӣ-форсиро дар минтақа нишон медиҳад. Тибқи маҷаллаи Анҷумани дӯстдорони адабу забони тоҷикӣ-форсӣ, ки бо ташаббус ва дастгирии устоди забон ва адабиёти форсӣ-тоҷикӣ Доктор Муҳаммад Исҳоқ (1898-1969) анҷумани мазкур барои рушду нумӯи адаб дар соли 1944 таъсис додааст, аввалин маротиба рӯзномаи "Мирот-ул-ахбор" дар шаҳри Калкутта дар санаи 1822-23 зери роҳнамоии Раҷа Рам Моҳан Рой ба чоп расид. Ҳафтаномаҳои форсӣ-тоҷикии «Ҳиндустон» (1810), «Мирот-ул-ахбор» (1822), чун намунаи беҳтарин метавон ҳисоб намуд.

  Бояд зикр кард, ки Доктор Муҳаммад Исҳоқ аз мушфиқон ва тарғибгарони забони тоҷикӣ-форсӣ буда, замони таҳсил дар Англия эҷоди чунин марказро ба нақша гирифт ва дар бозгашт бо машварати дӯстонаш Анҷумани мазкурро аввалин маротиба санаи 27-уми августи соли 1944 санги бунёд гузошт.

  Аз ҳамон сол то имрӯз Анҷумани мазкур чун яке аз машҳуртарин маркази озодандешманди адабии Ҳиндустон ҳаст, ки аъзоёни он аз ҳама қишрҳои ҷомеа буда, барои рушд ва нумӯи адабёт,забон,фарҳанг ва илм бо гузаронидани семинару маҳфилҳои дохилӣ ва байналмилалӣ фаъолият мекунад. Бояд зикр кард, ки он дорои утоқи коллексияи шахсии Доктор Муҳаммад Исҳоқ, толори китобхонӣ ва маҳфилу семинарҳои илмӣ ва китобхонаи арзишмандест, ки саршор аз китобу дастхатҳои нодир, қадима ва муосир ва маҷаллаи илмӣ ду забона (англисӣ ва форсӣ-тоҷикӣ) зери унвони "Индо-ироника" мебошад, ки муҳаққиқон метавонанд аз он истифода намоянд. Анҷумани мазкур ба даври доим семинару чорабиниҳои илмӣ бо забонҳои англисӣ, ҳиндӣ, урду ва форсӣ-тоҷикӣ мегузаронад, ки аз дастовардҳои пажӯҳишии он маҳсуб меёбанд.

  Дастовард ва тарҷумаи китоби "Амртакунда" дар мавзӯи “ Ёога” аз санскритӣ ба форсӣ-тоҷикӣ аз тарафи Қозӣ Рукнуддин Абу Ҳомид Муҳаммад ибни Муҳаммад-ал-Амидии Самарқандӣ, ки аз ҷумлаи фақиҳон ва суфиёни машҳури мазҳаби ҳанафӣ буд, ки баррасиҳояш аз нахустин корҳои илмӣ дар Бангол шуморида мешавад.

  Илова аз он фарзанди калони султон Ғиёсиддин Балбон императори Деҳлӣ (1281-1291) ва ҳумрони Лахнаватӣ, Насируддин Маҳмуд Богар Хон (аз соли 1283 то 1291) баъд аз вафоти падараш роҳбар таъйин шуд, ки вай яке аз ҳимоятгарони адабиёту ҳунар буд, ки ҷамъовариҳои илмиаш барои адибону шоирон чун манбаъи арзишманд ва хуб ҳисобида мешуд. Бисёре аз нависандагон ба мисли Шамсиддин Дабир ва Қозӣ Атир аз Деҳлӣ ба сарзамини Банголи Ҳиндустон бо машварат ва кӯмаки ӯ омаданд, ки дар рушди забону адаби форсӣ-тоҷикӣ дар минтақа саҳми арзанда гузоштааст.

  Дар даврони пеш аз истиқлол бо ташаббуси шоир ва қаҳрамони миллат устод Мирзо Турсунзода адибони маъруфи Ҳиндустону Покистон, эҳтироми Рӯдакии бузург ва ворисони ӯро ба ҷо оварда, ба Тоҷикистон ташриф меоварданд. Ин донишмандон бо Мирзо Турсунзода, Сотим Улуғзода ва Мирсаид Миршакар адибони барҷастаи Тоҷикистон робитаи адабӣ ва дӯстӣ доштанд. Ташрифу мукотибаи онҳо ба кишвари Тоҷикистон рӯйдоди муҳими фарҳангӣ, аҳли илму адаб ва умуман ҳар як фарди ҷумҳурии моро шод мегардонд.

  Аҳли қалам аз эҷодиёти устод Турсунзода аз ҷумла «Қиссаи Ҳиндустон», достони «Аз Ганг то Кремл», «Садои Осиё» ва дӯстии Мирзо Турсунзодаро бо шоирони муборизи меҳанпарасти Ҳиндустон рамзи тамоми халқҳои ҳарду кишварро маънидод мекунад. Овардан ва зикр кардани ҳаракатҳои озодихоҳи халқҳои Осиё ва Африкои устод Мирзо Турсунзода дар силсилаи асарҳояш эҳтиром на танҳо ба адибони он кишвар тааллуқ дошта, балки ба тамоми мардуми ҷаҳон рабт дорад. Боиси ифтихори Тоҷикистони навин аст, устод Турсунзода фарзанди фарзонаи миллати мо солиёни дароз роҳбари Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо буданд ва баррандаи Ҷоизаи байналамилалии ба номи Неҳруро дарёфт карданд.

  Шоёни зикр аст, ки тибқи сарчашмаҳои вазорати хориҷаи Тоҷикистон Ҷумҳурии Ҳиндустон 28 августи соли 1992 муносибатҳои дипломатӣ барқарор карда, соли 1993 аввалин Сафири он кишвар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқими Теҳрон таъйин гардид.

  Дар таҳкими муносибатҳои Тоҷикистону Ҳиндустон саҳми Академияи илмҳо ва зерсохторҳои он ба монанди Китобхонаи Индира Гандӣ ва Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо бо Сафорати Ҳиндустон робитаҳои илмию адабӣ дошта, якҷоя семинару барномаҳо мегузаронанд, ки дар он коршиносону мутахассисон иштирок намуда, масоили гуногунро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд. Барои бозҳам нигоҳ доштани ин пайвандҳои илмиву адабӣ роҳбарони ҳар ду кишварро зарур аст, то рафту омадро байни марказҳои илмӣ таҳким бахшида, барои ҳифзи он шаҳрҳои Душанбеву Хуҷанду Кулобу Хорӯғро бо Деҳливу Калкуттаву Муршидобод, Ҳайдарободу Агра бародаршаҳр эълон намуда, курсҳои омӯзишии мавсимӣ моделҳову саноатҳои пешрафтаи худро мубодила намоянд ва хатсайрро ҳар чи зудтар байни ҳам оғоз бахшанд, то мардумони ҳар ду кишвари дӯст тиҷорату сайёҳатро баҳри беҳтар намудани некуаҳволӣ ва осоиштагӣ бо осонӣ роҳандозӣ кунанд.

  Хулоса бояд қайд кард, ки Ҳиндустон аз бузуртарин кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ буда, дар фурӯғу равнақи забону адаб ва ҳунару меъмории мардуми тоҷик нақши таърихӣ ва илмӣ дошта, ташриф овардани одимон, коршиносон ва роҳбарону намояндагони он ба Тоҷикистон нишонгари дӯстӣ ва ҳамгироии ҳар ду кишварро таҷассум карда, заминаи хуб ва муносиб дар таҳкими муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Ҳиндустон арзёбӣ мегардад ва саҳифаи тозаеро идомаи ҳамкориҳои ҷонибҳо бозкушоӣ менамояд. Ба мо донишмандону коршиносони соҳа зарур аст, то аз ин забони ширину форам ва соҳибони он, ки аз сарвати бебаҳои миллати моанд, посдорӣ намуда, дар рушду нумӯи он саҳми илмӣ ва миллӣ дошта бошем.

Мирсаид Раҳмонов

ходими калони илмии

шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ

 

                                                      Адабиёт:

  1. Ҳабибулло Раҷабов.Адабиёт ҳиндӣ дар давраи нав.Душанбе “Эр-граф”. 2017, саҳ.14-15

  2. Diwane-Waisi published by Dr.Sk.Ahmad Ali, Phd Research guide, Kolkatta, West Bengal, India, (Девони Вайсӣ шоир тоҷикзабони Банголи Ҳинд)

  3. Qand-e-parsi, the quarterly journal of Persian culture, language and literature New Delhi India 2012- 2013

  4. AKM Morshed ed,Shahidullah Rachanabali (3rd Part) Bangla Academy Dhaka 1995

НАЗАД