НАЦИОНАЛЬНАЯ АКАДЕМИЯ НАУК ТАДЖИКИСТАНА

ИНСТИТУТ ИЗУЧЕНИЯ ПРОБЛЕМ СТРАН АЗИИ И ЕВРОПЫ

НАҚШИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ТАШАККУЛИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН

Автор: Хайдарзода Рустам

Расм

НАҚШИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ТАШАККУЛИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба илми муносибатҳои байналмилалӣ мафҳуми навро ба мисли «дипломатияи об»-ро ворид намудаанд, ки дар он тамоми ташаббус ва ғояҳои минбаъда оид ба истифодаи захираҳои об дар ҷаҳон гирд оварда шудааст. Кулли ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон, аз қабили Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт, 2005-2015», Соли байналмилалии оби тоза (2003), Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об (2013) ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” дар рушди соҳаи муносибатҳои байналмилалӣ саҳми арзанда гузоштааст.

«Ҳамаи ин ташаббусҳо танҳо ба як ҳадаф, яъне ба таъсиси минбари универсалӣ барои муҳокима ва дарёфти роҳҳои оқилонаи мушкилоти марбут ба захираҳои об, равона гардида буданд. Муаллифи ин ҳама ташаббусҳои ҷаҳонии об Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, ки бо андешаҳои созандаи худ дар соҳаи истифодаи байналмилалии об на танҳо обрӯи байналмилалии Тоҷикистон, балки тамоми Осиёи Марказиро боло бурдаанд. Тавре муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд кардааст: «Об дар рушди башарият нақши муҳим дорад. Мардум аз кадимулайём дар назди манбаҳои об, ки ҳаёту ободӣ мебахшанд, маскан мегирифтанд. Воқеан, об сарчашмаи ҳаёт аст ва инсоният ҳамеша онро ҳамчун сарвати муқаддас ситоиш ва истиқбол кардааст. Дар шароити кунунии афзоиши босуръати аҳолӣ, рушди иқтисодӣ ва таъсири дигар чолишҳо, ки фишори изофӣ ба захираҳои табииро ба вуҷуд меоранд, арзиши об ба маротиб афзоиш хоҳад ёфт”. Аз ин рӯ, ташаккули муколамаи созандаи об ва рушди дипломатияи об метавонад барои шарикии дарозмуддати байни кишварҳо дар соҳаи истифодаи об шароит фароҳам оварад ва аз низоъҳои оянда барои об пешгирӣ кунад» [1].

Тоҷикистон бо сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳнамоии сиёсӣ ва ҳамзамон масъулияти худро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ устуворона нишон дода, барои муттаҳидсозии минбаъдаи саъю кӯшиши тамоми ҷонибҳои манфиатдор, бахусус сарварони сиёсии ҷаҳонӣ дар қабул ва татбиқи тадбирҳо ҷиҳати таъмини идоракунӣ ва истифодаи самарноки захираҳои об дар сайёра шароити мусоид фароҳам меоварад. Гурӯҳи байналмилалии дӯстони об, ки бо ибтикори Тоҷикистон таъсис ёфтааст, имрӯз ҳудуди 50 кишвари узвро муттаҳид намуда, дар баррасии мушкилоти об ва қабули қарорҳои дахлдор дар доираи СММ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ саҳми мусбат мегузорад. Ба шарофати хидматҳои хоси муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон имрӯз худро ҳамчун як нақшофари муҳими ҷаҳонӣ дар ҳалли мушкилоти об дар сатҳи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ муаррифӣ мекунад.

Дар солҳои истиқлолият Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои тақсими одилона ва бародаронаи захираҳои об ба тамоми ҳамсоягони худ саҳм гузоштааст, зеро дар ҳаҷми зиёда аз 60%-и захираҳои оби Осиёи Марказӣ дар ҳудуди кишвари мо ҷамъоварӣ шудааст. Тоҷикистон масъулияти глобалии худро барои сарнавишти минтақаи Осиёи Марказӣ ҳис карда, ҳамзамон Хазинаи Байналмилалии наҷоти Арал ва ду комиссияи он –КБҲО ва КБРУро таъсис дод, ки барои баррасии муҳимтарин масъалаҳои оби фаромарзӣ дар минтақа замина фароҳам меоварад.

Бар асоси ақидаҳои болозикр бо масъулияти баланд изҳор менамоем, ки ташаббусҳои пешниҳодкардаи Сарвари давлатамон оид ба об ва дастгирии онҳо дар сатҳи байналмилалӣ ҳам обрӯи Пешвои миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ва ҳам Тоҷикистонро низ дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ боло бурд. Ин иқдомҳо ба ҳамкориҳои минбаъда ва татбиқи дипломатияи об дар ҷаҳон таъсири мусбат хоҳанд дошт.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз як Сарвари сиёсии аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътирофшуда ва бонуфузи глобалӣ буда, на танҳо дар муайян кардани рӯзномаи сиёсати байналмилалӣ, балки барои ҳалли масъалаҳои доғи глобалӣ қодир аст. Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш, ки соли 2017 ба кишвари мо сафар кард, аз иқтидори обии Тоҷикистон ба ваҷд омада буд, низ ҳамин гуна ақида дорад. Ӯ ба ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳои баланд додааст. Дар иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ба муносибати оғози Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ташаббускори асосии қабули Даҳсолаи нави байналмилалӣ аввалин шуда даҳсолаи нави обро расман ифтитоҳ намуд. Яъне ӯ ба татбиқи як ташаббуси дигари Тоҷикистон дар кулли сайёра шурӯъ кард. Мавриди зикр аст, ки рӯзҳои 20-22 июни соли 2018 дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» баргузор гардид. Фикр мекунам, ки ба шарофати ташаббусҳои ҷаҳонии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ояндаи наздик лоиҳаҳои зиёди байналмилалӣ ба беҳбуди дастрасии мардум ба манбаҳои об, бахусус дар кишварҳои сераҳолии Африқо, Осиё ва Амрикои Лотинӣ амалӣ хоҳанд шуд.

Моҳи декабри соли 2022 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар иҷлосияи 77-уми худ қатъномаи «2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳоро», ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён гузоштааст, якдилона қабул кард. Иқдоми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро 153 кишвари узви ин созмон дастгирӣ карданд. Қабули чунин як қатъномаи муҳим ва муфид барои ҷомеаи муосири ҷаҳонӣ мояи ифтихори тамоми тоҷикони ҷаҳон гардид.

Бар асоси ин қатънома 21 март Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва соли 2025 - Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон шуда, ҳамчунин тасмим дар СММ дар бораи таъсиси Хазинаи байналмилалии мақсаднок барои саҳмгузорӣ дар ҳифзи пиряхҳо ва баргузории Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар соли 2025 дар шаҳри Душанбе ба тасвиб расид. Ин иқдоми бузурги Пешвои миллат воқеан ҳам барои инсоният ва сайёраи мо аҳамияти бузург дорад, зеро он ба ҳифзи табиату захираҳои об, ҳаёти инсоният дар маҷмӯъ дар сайёраи мо нигаронида шудааст.

Нақши пиряхҳо дар таҳаввулоти Замин ва инсоният хеле калон аст. Инкишофи муҳити ҷуғрофии кураи Замин бо мувозинати гармию намнокӣ муайян карда мешавад, ки он ба раванди ташаккул ва тагйирёбии пиряххо хеле вобаста аст.

Пиряхҳо ҳангоми паст шудани ҳарорати ҳаво ва зиёд шудани боришот ба иқлими Замин таъсир мерасонанд. Бинобар ин зарур аст, ки инсоният ба обшавии пиряххо роҳ надиҳад. Агар пиряхҳо об шаванд, ҳарорати миёнаи солонаи Замин метавонад баланд шавад ва ба ҳаёти инсон таъсири манфӣ расонад. Гузашта аз ин, пиряхҳо манбаи асосии оби ошомиданӣ буда, ягона захираи оби тозаро дар сайёра ташкил медиҳанд. Ин воқеият на танҳо барои аҳолии Замин, балки барои ҳайвонот ва наботот низ ниҳоят муҳим аст. Пиряхҳо дарёҳои нав ба вуҷуд меоваранд, ки бидуни онҳо зироаткориро тараққӣ додан ва инсониятро бо озуқа таъмин кардан ғайримкон аст.

Дар даҳсолаҳои охир дар ҷаҳон афзоиши тавозуни миёнаи ҳарорат мушоҳида мешавад. Ин рӯйдод ба “падидаи гармхонаӣ” марбут аст, ки бо ифлосшавии ҳаво алоқаманд аст. Дар натиҷаи ҳамаи ин падидаҳо обшавии пиряхҳо ва хеле кам шудани масоҳати онҳо ба амал меояд.

Имрӯз пиряхҳо дар саросари ҷаҳон босуръат коҳиш меёбанд. Таъкид мешавад, ки то соли 2100 нисфи пиряхҳои кӯҳии ҷаҳон аз байн хоҳанд рафт. Тақрибан 1,5-2 миллиард нафар сокинони кишварҳои мухталифи Осиё, Аврупо ва Амрико бо камбуди об дучори мушкилот мешаванд ва дарёҳое, ки аз пиряхҳо меоянд, хушк мегарданд. Дар баробари ҳамин сатҳи баҳрҳо ва уқёнусҳо баланд шуда, заминҳои назди соҳилҳо зери об мемонанд. Ин падидаи фалокатбор ба рушди зироат ва зиндагии мардум таъсири манфӣ хоҳад расонид. Яъне обшавии пиряхҳо башариятро бо афзоиши мушкилоти экологии ҷаҳонӣ рӯбарӯ мекунад.

Дар ибтидои асри 21 таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳалли проблемаҳои ҷаҳонии экологӣ хеле афзуд. Ин падида аз он сабаб ба миён меояд, ки инсоният мушкилоти кам шудани захираи ҳавои тоза ва обро дарк мекунад. Ин воқеиятро созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ тасдиқ мекунанд. Дар ин радиф таҳқиқоти олимон низ манзараи ташвишовари вазъияти сарватҳои табиӣ ва дурнамои онҳоро нишон медиҳад.

Яке аз таҳдидҳои глобалӣ ба ҳаёти инсонҳо ин коҳиш ёфтани захираҳои об мебошад. Мушкилоти истифодаи об дар ҷаҳон омили муҳими таъсиргузор ба иқтисодиёт ва иҷтимоёт, инчунин таъмини амнияти минтақавӣ ва миллӣ мегардад. Пас аз афзоиши шумораи аҳолӣ дар сайёраи Замин ҳаҷми истеъмоли об низ афзоиш ёфтааст. Аммо захираҳои об торафт кам мешавад.

«Истеъмоли об дар ҷаҳон, аз ҷумла дар саноат, дар тӯли беш аз 100 соли охир бо суръат афзоиш ёфтааст. Тибқи маълумоти Созмони Милали Муттаҳид, тақрибан 700 миллион нафар дар 43 кишвари ҷаҳон дар шароити норасоии оби тоза ба сар мебаранд.

Ба ақидаи олимон, то соли 2025 то 3 миллиард нафар, дар сурати наандешидани чораҳои изтирорӣ, бидуни оби ошомиданӣ ва маишӣ хоҳанд монд. Тақрибан дар давраи аз соли 2035 то соли 2045 ҳаҷми оби тозаи истеъмолшаванда ба захираи он баробар хоҳад шуд. Тибқи ҳуҷҷатҳо, танҳо 2,5% оби мавҷуд дар рӯи замин тоза ва ошомиданист.

Набудани оби тоза метавонад боиси мушкилоти ҷиддии иҷтимоии марбут ба саломатии инсон гардад. Тибқи маълумоти Бонки ҷаҳонӣ, 88 дарсади бемориҳо дар ҷаҳон ба сифати пасти оби ошомиданӣ ва нарасидани оби маишӣ алоқаманд аст.

Таърихи инсоният далели он аст, ки нарасидани об боиси муноқишаҳои мусаллаҳонаи байни давлатҳо мегардад. Тайи даҳ соли ахир дар 46 кишвари дорои 2 миллиарду 700 миллион аҳолӣ низ чунин низоъҳо рух дода, дар 56 кишвари дорои 1 миллиарду 200 миллион аҳолӣ хатари ҷиддии бесуботии сиёсӣ вуҷуд дорад. Хусусан дар баробари бад шудани вазъияти муҳити зист ихтилофи байни давлатҳо дар Шарқи Наздик ва Миёна, Осиёи Миёна ва Африқои Шимолӣ тезу тунд мешавад»[2].

Захираҳои маҳдуди об дар ҳавзаҳои дарё рақобатро байни кишварҳо боз ҳам шадидтар мекунанд. Эҳтимолияти ба вуҷуд омадани ихтилофот дар асоси манфиатҳои иқтисодӣ байни давлатҳои ҳамсоя, ки дар сарчашмаҳо ва оғози дарёҳо ҷойгиранд, хеле меафзояд. Дар ин шароит зиддияте, ки бо нарасидани об алоқаманд аст, байналхалқӣ мегардад ва оқибатҳои эҳтимолии муборизаи байни давлатҳоро пешгӯӣ кардан хеле душвор хоҳад шуд.

Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ ба сиёсати муосири об ва роҳу усулҳои аз ҷиҳати илмӣ асоснок шудаи ҳалли мушкилоти он ниёз дорад. Дар ин замина сиёсати об бояд яке аз самтҳои асосии сиёсати давлат дониста шавад. Он бояд воситаи асосии таъмини рушди иҷтимоию иқтисодии давлат ва расидан ба ҳадафҳои миллӣ бошад.

Имрӯз омӯзиши амиқи масъалаҳои ҳалли мушкилоти об, сиёсати одилонаи марбут ба минтақаи Осиёи Марказӣ, дарки нақш ва таъсири он ба равандҳои муосири геополитикии минтақа хеле мубрам ва муҳим аст.

Ҳадаф аз ибрози ин нуктаҳо, пеш аз ҳама аз равшанӣ андохтан ба мазмуну моҳияти ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба масъалаҳои об ва истифодаи самаранок ва оқилонаи он мебошад, ки бо назари мо, ба ҳалли яке аз мушкилоти асосии башарият, яъне раҳо шудан аз буҳрони об нигаронида шудааст.

Дар замони ҷаҳонишавӣ олами муосир буҳронҳои шадиди сиёсӣ, молиявӣ, иқтисодӣ, маънавию фарҳангиро паси сар карда, нуқтаи гардиши марбут ба оби тоза яке аз муҳимтарин ва мураккаби онҳост.

Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар маросими ифтитоҳи Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» моҳи июни соли 2022 дар шаҳри Душанбе қайд намуданд: “Ҷумҳурии Тоҷикистон аз гармшавии глобалӣ садҳо миллион доллари ШМА зарар дидааст”. Ба ақидаи Сарвари давлати тоҷикон, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои он ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ зарари калон мерасонад, зеро Тоҷикистон кишвари кӯҳистон буда, пиряхҳои зиёд дорад.

Дар натиҷаи ин раванд афзоиши бесобиқаи обхезӣ, фурӯпошии пиряхҳо, хушксолӣ ва дигар офатҳои табиӣ ба амал омадааст. Дар давоми чанд даҳсолаи охир дар Тоҷикистон беш аз ҳазор пирях об шуда, пиряхи калонтарин дар рӯи замин Федченко, ки дар кишвари мо воқеъ аст, 16 километри мукааб ва масоҳаташ 45 километри мураббаъ коҳиш ёфтааст. Дар ин робита ҳукумати Тоҷикистон Барномаи давлатии омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳоро барои давраи то соли 2030 қабул кард. Барои назорати ин равандҳо ва андешидани чораҳои мутобиқсозии онҳо ҳукумати Тоҷикистон дар Маркази омӯзиши пиряхҳоро дар назди Академияи миллии илмҳо таъсис дод. Қобили зикр аст, ки майдони пиряхҳо ҳашт фоизи қаламрави кишварро ташкил медиҳад.

Аз ин рӯ, иқдоми навбатии байналмилалии Пешвои миллат оид ба ҳифзи пиряхҳо дар ҷаҳон идомаи мантиқии ташаббусҳои марбут ба ҳифзи захираҳои об дар ҷаҳон мебошад. Боз як бори дигар таъкид намудан ҷоиз аст, ки бо ташаббуси муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид соли 2003-ро Соли байналмилалии оби ширин, солҳои 2005-2015 Даҳсолаи байналмилалии «Об барои ҳаёт», 2013-ро Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2018-2028 Даҳсолаи байналмилалӣ «Об барои рушди устувор» эълон намуданд, ки ҳадафаш беҳбуди истифодаи об ва таъмини баробарӣ дар дастрасӣ ба оби ошомиданӣ дар саросари ҷаҳон, аз ҷумла дар Осиёи Марказӣ мебошад. Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон, ки аз ҷониби СММ ва кишварҳои ҷаҳон дастгирӣ ёфтаанд, ба ҳалли мушкилоти об ҳам дар сатҳи ҷаҳонӣ ва ҳам дар кишварҳои алоҳида мусоидат карданд.

Дар ин росто, баргузории муколамаи созанда дар мавзӯи об, рушди дипломатияи об, ташаббусҳои нави марбут ба захираҳои об, аз қабили эъломияи “2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” метавонад барои ҳамкории дарозмуддати байни кишварҳо дар соҳаи истифодаи захираҳои об шароит фароҳам оварда дар оянда низоъҳои марбут ба ин мушкилотро пешгирӣ кунанд. Дар ин қатъномаи СММ аҳамияти пиряхҳо ба дурнамои рушди инсонӣ ва таъсири ҷиддии обшавии босуръати онҳо ба иқлим, муҳити зист, саломатии инсон ва рушди устувор таъкид шудааст.

Қобили зикр аст, ки бори аввал дар соли 2009 дар нишасти ҷонибҳо оид ба тағйирёбии иқлим дар Дания, инчунин дар нишастҳои сатҳи баланд дар Фаронса, Швейтсария, Амрико ва баъдан дар моҳи марти соли2021 дар ҷаласаи аввали сарони Эътилофи обу иқлим, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки обшавии босуръати пиряхҳо дар баробари истеъмоли аз ҳад зиёди об, ки бо афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ алоқаманд аст, оқибатҳои ногувор дорад. Қайд гардид, ки паёмадҳои гармшавии глобалӣ ва коҳиши пиряхҳо, бахусус дар манотиқи кӯҳистонӣ, дар сатҳи геополитикӣ, геофарҳангӣ ва геостратегии ҷаҳони муосир боиси падидаҳои фоҷиавӣ мегардад.

Ин аст, ки ташаббуси нави созандаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи эълон намудани «Соли 2025-ро Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва 21 марти ҳар сол таҷлил намудани «Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо», инчунин таъсиси «Махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» Хазинаи ҳифзи пиряххо», ки ба наҷот додани инсоният нигаронида шудааст, бояд ҳаматарафа дастгирӣ карда шавад ва он роҳи ояндаи дурахшони Замин ва инсоният мебошад.

Ҳайдарзода Рустам Ҷӯра, - директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа

Адабиёти истифодашуда:

1. Рустам Хайдаров, политолог: «Эмомали Рахмон своими конструктивными идеями в сфере международного водопользования повысил международный имидж не только Таджикистана, но и всей Центральной Азии». Электронный ресурс // https: khovar.tj/rus/2018/03/rustam-hajdarov-politolog-emomali-rahmon-svoimi-konstruktivnymi-ideyami-v-sfere-mezhdunarodnogo-vodopolzovaniya-povysil-mezhdunarodnyj-imidzh-ne-tolko-tadzhikistana-no-i-vsej-tsentralnoj-azii/ [17.07.2024]

2. Хайдаров Р.Дж. Инициатива Президента Таджикистана по сохранению ледников. Она должна быть всесторонне поддержана и является путём к светлому будущему Земли и человечества. Электронный ресурс // https: khovar.tj/rus/2023/02/initsiativa-prezidenta-tadzhikistana-po-sohraneniyu-lednikov-ona-dolzhna-byt-vsestoronne-podderzhana-i-yavlyaetsya-putyom-k-svetlomu-budushhemu-zemli-i-chelovechestva/ [17.07.2024]

Бознашр:  https://amit.tj/tj/nakshi-prezidenti-chumkhurii-tochikiston-mukhtaram-emomali-rakhmon-dar-tashakkuli-diplomatiyai-ob

НАЗАД