НАЦИОНАЛЬНАЯ АКАДЕМИЯ НАУК ТАДЖИКИСТАНА

ИНСТИТУТ ИЗУЧЕНИЯ ПРОБЛЕМ СТРАН АЗИИ И ЕВРОПЫ

Наврӯз ойини меҳр асту муҳаббат

Автор: Давлиёрова Сафаргул

Расм

Наврӯз ойини меҳр асту муҳаббат

 

Ҷашни Наврӯз - иди истиқболи баҳор, паёмовари ризқу рӯзии инсон, иди меҳнату киштукор маҳсуб меёбад. Таҷлили иди Наврӯз дар кишварамон Тоҷикистони азиз ба таври сазовор ва бо шукӯҳу тантана баргузор мегардад. Ва бо қидмату асолаташ пайвандгари имрӯз бо рӯзгори то ба ҳазорсолаҳо дури ниёгон, замони асотиру афсона, ки дар он замон Наврӯз натанҳо иди оғози баҳор, ҳамчунин пирӯзии нур бар зулмот дониста мешуд, акнун ба ҷашни байналмилалӣ табдил гардид. Пирӯзии нур бар зулмот дар ҷаҳонбинӣ ва фалсафаи аҷдоди дури мо ҳам ба маънои ҳақиқӣ ва ҳам ба маънои маҷозӣ будааст.

Ойинҳои неку поки Наврӯз, ки хоси мардуми сарбаланду фарҳангсолори тоҷик мебошад, аз меҳру муҳаббат сарчашма гирифта, қодир аст, ки:

  • пайвангари наслҳо;
  • таҳкимбахши муносибати густурда байни қавму миллатҳои гуногун;
  • муҳофизи хотираи таърихӣ;
  • инқилоби фарҳангӣ;
  • ҳамгироӣ дар самтҳои гуногун;
  • ғолибият бар зулмот;
  • сарфаю сариштакорӣ;
  • маърифатпарварӣ;
  • шинохти асли хеш;
  • меҳру садоқат ба Ватан;
  • муҳаббат ба сарзамини дорои неъматҳои бойи моддию маънавӣ;
  • худшиносию худогоҳии миллӣ;
  • ҳувияти миллӣ;
  • эҳёи арзишҳои миллӣ;
  • эҳёгари фарҳанги ниёгон;
  • худбаҳодиҳӣ;
  • покию покманишӣ;
  •  бақои миллат;
  • тозагии зиндагӣ ва руҳу равон;
  • тарғибгари илму дониш ва касбу ҳунар гардад.

Наврӯз ҷашнест созандаву сулҳовар, муттаҳидкунандаи инсонҳо ва таблиғкунандаи дӯстию рафоқат, баробарӣ, адолату додгустарӣ ва ахлоқи ҳамидаи инсон.

Аз нигоҳи дигар ҷашни Наврӯз ин пеш аз ҳама парастиши Хуршеди ҳаётбахш ва замину обу оташ аст, ки ризқу рӯзиовар буда, ҷашни иди ободсозии рӯзгор аст.

Мавриди зикри хос аст, ки Наврӯз аз қадимтарин ҷашни аҷдодони дури мо буда, бо тобишҳои ба худ хос аз насл ба насл гузашта, ҳам тариқи хаттӣ ва ҳам шифоҳӣ ба мо мардуми шарафманду сарбаланду фарҳангсолори тоҷик ба мерос монда, имрӯз ба иди умумиҷаҳонӣ табдил ёфтааст.

Тибқи таълимоти "Авасто", ки қадимтарин манбаъ ҳисобида мешавад, дар он аз ҷашнгирии Наврӯз зикр гардида, аз ҷумла омадааст, ки мардум муваззафанд ҳар баҳор пайдоиши ҳаёт дар заминро, ки дар намуди фазо, об, замин, растанӣ, ҳайвонот ва инсон шакл гирифтааст, таҷлил намоянд.

Аз қадимулайём мардумони Осиёи Марказӣ равобити хуби таърихӣ доштанду доранд ва ҷашни иди Наврӯз дар миёни кишварҳои туркзабони минтақаи Осиёи Миёна, ба вижа ӯзбекҳо, қирғизҳо, қазоқҳo ва туркманҳо низ дар натиҷаи равобити фарҳангӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва мавқеъи ҷуғрофӣ густариш ёфтаааст.  

Наврӯзро дар ҳамаи панҷ кишвари Осиёи Марказӣ бо шукуҳу шаҳомати махсус таҷлил ва арҷгузорӣ мекунанд.

Ҷашни Наврӯз бо рангорангии баҳоронаи худ, либоспӯшии дилбарону духтарону занони дилрабои тоҷик, пӯхтани ғизоҳои анъанавии аҷдодӣ, расму ойинҳои мардумӣ ва ғайраҳо аз дигар идҳо ба куллӣ фарқ мекунад.

Мардуми тоҷик ранги сафедро ҳамчун рамзи покиву беолоишӣ, сулҳу осоиштагӣ, осмони соф ва кӯшоиши кор шумурда, дар интихоби ғизову ашё ва либосу ороиши хона ба он афзалият медиҳанд.

Хӯрокҳои анъанавии наврӯзии тоҷикон аслан ғизоҳое мебошанд, ки аз анвои ғалладона пӯхта мешаванд. Дар тамоми ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз гандум, нахуд, лӯбиё ва гиёҳҳои хуштаъм ба монанди райҳон, пудина, ҷаъфарӣ, пиёзу гашнич гандумкӯча мепазанд, ки он бо номҳои далда, кашк, боҷ, гуча ва ғайра байни мардум маъмул аст. Ин хӯрок рамзи фаровонии ҳосили кишоварзӣ, оғози соли нав ва инчунин ғизои солимро ифода мекунад. Гандумкӯчаро бо нияти сериву пурӣ, пурфайзу баракат, серҳосил омадани соли нави дар пеш истода мепазанд.

Суманак ҳамчун рамзи наврӯзӣ - навъе аз хӯриши ин ид аст, ки аз сабзаи гандум пухта мешавад ва махсусан дар Тоҷикистон ҷашни иди Наврӯз бе суманак ҷашн гирифта намешавад. Худи сабза рамзи эҳёи табиат ва зебогию осоиштагии ҳаёт ба шумор меравад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни он 21-уми март иди Наврӯз бо як шукуҳу шаҳомати хоса дар сатҳи баланди  худшиносӣ ва худоогоҳии миллӣ таҷлил мегардад.

Созмони Милали Муттаҳид 23 - юми феврали соли 2010 дар Иҷлосияи 64 - уми Ассамблеяи генералӣ қароре ба тасвиб расонд, ки тибқи он рӯзи 21-уми мартро Рӯзи байналмилалии Наврӯз эълон намуд. Мувофиқи он акнун Наврӯз ҳамасола дар тамоми ҷаҳон таҷлил мегардад. Баъди соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон Наврӯз бо тамоми шукуҳу ҷалолаш эҳё гашта, ба ҷашни асосии миллии тоҷикон табдил ёфт ва дар сартосари ҷумҳурӣ бо шуқуҳу шаҳомат таҷлил карда мешавад. Дар пойтахти Тоҷикистон барои таҷлили Наврӯз дар сатҳи баланд, фарогирии миқдори зиёди тамошогарон дар тантанаҳои наврӯзӣ “Наврӯзгоҳи пойтахт” сохта шуд. Тантанаҳои наврӯзӣ дар ноҳияҳо дар варзишгоҳҳои калон баргузор мегардад. Намоишҳои дастаҷамъии ҳунармандон, бозиҳои миллӣ-гӯштин, бузкашӣ, асппойга ва ғайраҳо баргузор мегарданд.

Дар ҳамин замина зикр намудан ба мақсад мувофиқ аст, ки дар воқеъ Наврӯз ойини меҳр асту муҳаббат, чунки дар баробари дар сатҳи байналмилалӣ бо тамоми махсусиятҳои нозуконаи аҷдодӣ ҷашн гирифтани НАВРӮЗ дар ин рӯзҳои сайид мардуми тозатабиату некандеши тоҷик ба аёдати куҳансолони деҳоти дурдаст барои дидорбинӣ мераванд, ҳатман аз манзили ахирати гузаштагони хеш дидан мекунанд. Ба калонсолону кӯдакон туҳфаҳои Наврӯзӣ иқдом мекунанд. Ҳамаи ин меҳру муҳаббат, садоқат, эҳёи анаъанаҳои аҷдодӣ аз файзи Наврӯзи дилафрӯз аст.   

Давлиёрова Сафаргул Тешаевна,

ходими пешбари илмии Шуъбаи ИДМ АМИТ

НАЗАД