НАЦИОНАЛЬНАЯ АКАДЕМИЯ НАУК ТАДЖИКИСТАНА

ИНСТИТУТ ИЗУЧЕНИЯ ПРОБЛЕМ СТРАН АЗИИ И ЕВРОПЫ

Назаре кутоҳе ба муаррифгарони Тоҷикистону Ҳиндустон

Автор: Рахмонов Мирсаид

Расм

Ба муносибати Рӯзи илми тоҷик ва 140 солагии устод Садриддин Айнӣ

   Зикр бояд кард, ки кишварҳо, шахсиятҳо, истеъдодҳо ва ихтироот васоилеанд, ки қаробатро байни инсониятҳо  ҳифз менамоянд. Ин васоил тармимгар ва таблиғгари асосии рушд ва равобит ба шумор рафта, дар таҳкими адабӣ ва фарҳангӣ масъулият хос доранд. Шинохт ва қадрдонии онҳо таваҷҷуҳи хос мехоҳад, то дар ҷомеа натиҷаи дилхоҳ ва чашмрас ба даст ояд. Ин васоилро метавон санади асосии дипломатияи мардумӣ хонд, зеро тавассути он қарордоди доимӣ барқарор мегардад.

   Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола якшанбеи сеюми моҳи апрелро ҳамчун Рӯзи илми тоҷик таҷлил мекунад. Он барои қадрдонӣ ва эҳтироми олимон ва адибону донишмандон аст, ки симои тоҷик ва Тоҷикситонро бо илму маърифат ва кашфиёту фасоҳат дар дохилу хориҷи ватан арҷгузорӣ кардаанд.

    Дар давраи истиқлолият олимони Академияи илмҳо тақрибан ҳазорҳо кори илмӣ ва китобу рисола ва маҷмӯаҳои илмӣ ба табъ расондаанд. Дар  солҳои ахир  мақола ва асарҳои илмии гуногун дар маҷаллаҳо ва нашрияҳои бонуфузи Амрико, Аврупо, Эрон, Ҳиндустон ва кишварҳои ИДМ ба нашр расидаанд, ки шаҳодати эътирофи натиҷаи тадқиқоти олимони мо дар сатҳи байналмилалист. Ҳоло ҳамкориҳои илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо марказҳои илмии бонуфузи ҷаҳон, аз ҷумла Россия, Австрия, Покистон, Ҳиндустон, Чин, Ҷопон, ИМА, Эрон ва ИДМ вусъат пайдо кардааст.

   Инҷо хостем назари кутоҳе ба ду муаррифгари Тоҷикистону Ҳиндустон дошта бошем, ки яке Тоҷикистонро дар Ҳиндустон ва дигаре Ҳиндустонро дар Тоҷикистон муаррифӣ кардаанд. Оид ба фаъолити ин ду адиб-Раҳул Санкритиян ва Ҳабибулло Раҷабов дар 7-умин силсилабарномаи фарҳангии Тоҷикистону Ҳиндустон, ки бо ибтикори сафорати Ҳиндустон дар Душанбе ва Институти омўзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо баргузор шуд, муфассал баён гашта буд.

   Раҳул Санкритиян  тарҷумон, нависанда ва адиби Ҳиндустон 9-уми апрели 1893 дар деҳаи Пандаҳа, ноҳияи Азамгҳари вилояти шарқии Утар Прадеш таваллуд шудааст.

   Ин адибро чун қаландар ё мусофир  мешиносанд, зеро вай 45 соли ҳаёташро дар сафар ва берун аз маҳали хеш гузаронидааст. Дар аввал ӯ ба ҳайси намояндаи мазҳаби Буддоӣ буд ва барои ин кор ба ҷойҳои зиёде, аз ҷумла ба Шриланка рафта, дар онҷо номи Раҳулро ба худ гирифтааст. Дертар вай ба Россия рафта дар онҷо  бо адибони рус ва собиқ Иттиҳоди шўравӣ шинос шуда, равобити адабии худро оғоз менамояд. 

   Ин адиб бо нависандагони Тоҷикистон низ шиносои барқарор карда, бо онҳо мукотиба карда, чанд асари Садриддин Айниро аз забони тоҷикӣ ба забони ҳиндӣ тарҷума мекунад. 14 апрели 1963 бо асари бемори ин дунёро падруд менамояд.

   Тоҷикистон низ дар масири таърих бо бузургону адибонаш дар арсаи миллӣ ва байналмилалӣ  ифтихор карда, доим талош мекунад, то ин ифтихориятро ҳифз намояд. Зеро ин афрод касоне мебошанд, ки бо илму маҳорат, касбу фаросат ва обруву эътибори илмӣ ва фарҳангӣ ватанро фурӯғ мебахшанд. Ва ин афрод таблиғгар ва паёмрасони Тоҷикистон дар тули масири таърих боқӣ мемонанд.

   Фаромӯш набояд кард, ки кишвари мо дар минтақаи Осиёи Миёна ҷойгир аст, ки  дар тамоми дунё маркази тамаддун ва адаб ба шумор меравад ва намунаи осори адабии онҳо дар минтақаи Осиёи Ҷанубӣ дида мешаванд. Қайд кардан ба маврид аст, ки ин осор қаробат ва  равобити муштараки адабӣ ва фарҳангии ин манотиқро исбот мекунад. 

   Ахиран хабари тозае, ки  саҳифаи адабиёт ва адибони тоҷикро бозкушоӣ намуд, ин муждаи илмӣ ва сарнавиштсоз марбут ба корнамоиҳо ва заҳматҳои шабонарӯзии фарзанди фарзонаи тоҷик профессор Ҳабибулло Раҷабов мебошад, ки  парчамии ватанро дар минтақаи Осиёи Ҷанубӣ парафшон гардонд.

   Таҷриба ва фаъолиятҳои зиёда аз 40 солаи ин марди донишманд буд, ки аз дар аввоили ин сол баррандаи ҷоиза (орден)-и “Падма Шри”-и кишвари Ҳиндустон гардид. Ин марди наҷибу накукор якумин нафар аз Тоҷикистон ва аввалинҳо аз Осиёи Миёна аст, ки ба ин ҷоиза шарафёб гардид.

  Бояд ёдовар шуд, ки ҷоиза (орден) Падма Шри яке аз чор орденҳои Ҳинд ба мисли Бҳарат Патна,Падма Вибхушан, Падма Бхушан аст, ки дар соли 1954 бо ибтикори давлати Ҳинд барои хадамоти маорифу маданият, саноату табобат, адабиёту фарњанг ва варзишу иҷтимоиёт дар “Рӯзи  ҷумҳурӣ” аз тарафи раиси ҷумҳур дода мешавад. Тибқи маълумот  аз Россия ва собиқ Иттиҳоди Шўравӣ ашхоси зерин ба монанди Г. М. Бондаревский (2000) Т. М. Елизаренкова (2004) Р. Б. Рыбаков (2007), М. Л. Салганик (2007) ва Г. М. Печников (2008) сазовори ин орден шудаанд. Ва то имрӯз 2840 нафар ба ин орден мушарраф шудаанд.

  Ҳабибулло Раҷабов зодаи Тоҷикистон буда, яке аз ҳафтод ҳиндшиносони дунё мебошанд. Эшонй зиёда аз 50 сол аст, ки дар бахши адабиёти ҳинд кор карда, профессор ва ходими пуртаҷриба ва мудири шӯъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқи Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АИ ҶТ мебошад.

   Ба муносибати Рӯзи илми тоҷик ифтихори мо тоҷикон аст, ки фарзанди баруманди Тоҷикистон парчами онро боз парафшонтар гардонд, то ҷаҳониён донишу манзалати моро бишносанд. Хушнудем, ки олимони Тоҷикистон бо эҳсоси ватанпарастона саҳми худро барои пешрафти Ватани азиз боз ҳам бештар мегузоранд.

   PS: Рӯзи илми тоҷикро барои ҳамаи аҳли илми тоҷик табрик гуфта, барояшон комёбиҳо орзу менамоем ва итминони комил дорем, ки илми тоҷик дар даврони истиқлолият барои таҳкими равобити дохиливу хориҷӣ саҳми арзанда гузошта, вазифаи пурифтихори худро дар назди халқу ватан бо сарбаландӣ иҷро хоҳанд кард.

Мирсаид Раҳмонов

ходими илмии Институти

омӯзиши масъалаҳои давлатҳои

Осиё ва Аврупо

 

НАЗАД