НАЦИОНАЛЬНАЯ АКАДЕМИЯ НАУК ТАДЖИКИСТАНА

ИНСТИТУТ ИЗУЧЕНИЯ ПРОБЛЕМ СТРАН АЗИИ И ЕВРОПЫ

Нигоҳе ба ҳамкориҳои Тоҷикистону Ҳиндустон ва интихоботи навини он аз диду назари донишмандону дипломатҳо

Автор: Рахмонов Мирсаид

Расм

Нигоҳе ба ҳамкориҳои Тоҷикистону Ҳиндустон ва интихоботи навини он аз диду назари донишмандону дипломатҳо

Минтақаи Осиё ва арзишу масоили мубрами он аз диду назари донишмандони ҷаҳон ба хусус адиби шинохта Мирзо Турсунзода бо зикри санадҳои таърихӣ ва сафарҳои илмиву адабӣ бештар Осиёи Ҷанубӣ хусусан Покистону Ҳиндустонро мавриди баррасии хос қарор дода, хело хуб баён кардааст, ки аз лиҳози ҷуғрофӣ бо Осиёи Миёна, Осиёи Шарқӣ, Ховари Миёна ва уқёнуси Ҳинд пайвандӣ дорад. Минтақа шомили Афғонистон, Бангладеш, Бутан, Ҳиндустон, Молдиф, Непал, Покистон ва Шриланка буда, 21 фоизи аҳолии дунёро ташкил медиҳад.

Кишварҳо бо доштани афкору андешҳои гуногун ва шароити иҷтимоию сиёсии хос, интихоботҳоро чун воситаи лозиму малзум дар раванди демократии ҷомеа, ислоҳоти иҷтимоӣ ва кушодани роҳҳои муносибу мусбат муҳим мешуморанд. Зеро маҳз тавассути интихобот иродаи дастаҷамъии мардум ифода меёбад ва ҳамин ифода барои ҳамбастагӣ, муттаҳидӣ ва ислоҳоти шароити иҷтимоию иқтисодии ҷомеа, ҳамчун манбаи бунёдӣ нақш мебозанд.

    Суботи минтақавии Осиёи Ҷанубӣ заминаи  рушди иқтисодӣ ва иҷтимоиро афзоиш дода, зиндагии мардумро беҳтар хоҳад гардонид. Кишварҳои мазкур узви фаъоли Созмони Милали Муттаҳид буда, дар аксари барномаҳои иқтисодӣ ва мадании он саҳми чашмрас доранд. Созмони ҳамкории минтақавии бо номи Созишномаи Ҳамкориҳои минтақавии Осиёи Ҷанубӣ (SAARC) низ аз муҳимтарин ниҳод ба назар мерасад , чун  пайвандгар бар асоси рушд ва нумуи иқтисодӣ ва иҷтимоии ин манотиқ маҳсуб меёбад. Ҳамин тариқ, интиқоли нерӯи барқ аз Осиёи Миёна ба Осиёи Ҷанубӣ ё CASA-1000 ва интиқоли лулаи газ аз Осиёи Миёна ба Осиёи Ҷанубӣ ё TАPI (Туркманистан, Афғонистон, Покистон, Ҳиндустон) низ аз созмонҳои муҳими иқтисодианд, ки дар рушд ва тиҷорати минтақавӣ кумак мерасонанд.

Минтақа аз манотиқи муҳими стратегӣ маҳсуб мешавад, ки кишварҳои бо иқтидори минтақавӣ аз ҷумла Ҳиндустону Покистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҷумла Тоҷикистон равобити хубу ҳасана дошта, дар эҷод ва рушди иқтисодӣ ва тиҷоратӣ муштаракона бо ҳам ҳамкорӣ доранд. Тибқи санадҳо робитаи Шибҳи Қораи Ҳинд бо Осиёи Марказӣ ба асри III пеш аз милод рост омада, ҳарду ба воситаи Роҳи Абрешим, ки на танҳо шоҳроҳи воситаи ҳамлу нақли мол хидмат мекард, балки ба нашру таблиғи андешаву ақидаҳои фалсафӣ, динӣ ва тафаккурро мусоидат менамуд, пайванди қадимӣ доранд. Ба андешаи донишманд ва адабиётшинос, собиқ ходими намоёни Институти Осиё ва Аврупо ва узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон шодравон  Мирзо Муллоаҳмад равобити фарҳангии халқҳои тоҷику ҳинд дорои таъриху суннатҳои бою бостонӣ буда, решаи онҳо ба давраҳои хеле қадим мерасад. Роҳи абрешим, ки аз Осиёи Миёна ва Ҳинд мегузашт, ҳам ба инкишофи муносибатҳои тиҷоратии ин ду кишвар ва ҳам ба ривоҷи робитаҳои фарҳангии байни онҳо мусоидат мекард.

Ҳамин тавр, Тоҷикистон дар тӯли 30 соли истиқлолият тавонист ҳамкориҳои худро бо минтақаи Осиёи Ҷанубӣ хуб роҳандозӣ намуда, дар самтҳои гуногун созишномаҳо дорад. Мавриди зикр аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар аввалин саммити сарварони кишварҳои “Осиёи Марказӣ – Ҳиндустон”, ки таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон муҳтарам Нарендра Моди дар шакли видеоӣ баргузор шуд, иштирок ва суханронӣ карданд. Президенти Тоҷикистон, зимни ёдоварӣ аз таҷрибаи хуби ҳамкориҳои бисёрҷонибаи созандаи кишварҳои минтақа, бахусус дар доираи СММ, СҲШ, МҲТБО, муҳим будани рушди минбаъдаи ҳамкориҳои кишварҳои минтақаро дар чорчӯби “Осиёи Марказӣ ва Ҳиндустон” муҳим шуморид.

   Дар ин зимн, олимон ва коршиносону ходимони илмии  Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ аз ҷумла, профессор Ҳабибулло Раҷабов, Турсунов Турсунмурод, Раҳмонов Мирсаид ва дигарон пайванду рушди равобити забону адаб, фарҳангу сайёҳат ва тиҷоративу иқтисодро бо  Ҳиндустону Покистон хело муҳим медонанд. Зеро ин манотиқ беш аз 500 сол пайванди забону фарҳангу таърих ва лоиҳаҳои иқтисодии муштарак доштанду то ба имрӯз онро рушд дода истодаанд.

 Ниёзӣ Ёрмаҳмад Бобо қайд менамояд, ки робитаҳои мутақобилаи халқҳои тоҷику ҳинд таърихи тӯлонӣ дошта, дар гузашта робитаҳои ин халқҳои решапайванд дар доираи давлатҳои гуногун сурат мегирифт. Ба андешаи ӯ Тоҷикистон бо Ҳиндустон дар зарфи беш аз 30 соли гузашта ҳамкорӣ ва иҷрои барномаҳои зиёди муштаракро имтиҳон ва озмоиш намуданд. Ин ҳамкориҳо, аз кумаки Ҳиндустон ба бахши омӯзишу парвариш, нигаҳдории тандурустӣ, ворид намудани фановариҳои муосир оғоз шуда, сармоягузориҳои мустақимро низ дар бар мегирад.

Собиқ сафири Тоҷикистон дар Ҳиндустон Мирзошариф Ҷалолов дар навбати худ қайд менамояд, ки тиҷорати байни ду кишвар дар солҳои сипарӣ шуда 23,8 млн доллари ИМА-ро ташкил дода, маҳсулоти асосӣ аз Ҳиндустон ба Тоҷикистон доруворӣ, матоъ ва сару либос ва аз Тоҷикистон ба Ҳиндустон хӯлаҳои алюминий ва дигар маъданҳои минералӣ мебошад. Ба иттилои ӯ сармояи умумии Ҳиндустон дар иқтисодиёти Тоҷикистон 47,4 млн долларро ташкил додааст, ки аз он 24,4 млн сармояи мустақим мебошад. Дар дигар соҳаҳо – илм, фарҳанг, мудофиа ва ғайраҳо муносибатҳо дар сатҳи хуб қарор доранд. Аз ҷумла, байни идораҳои хориҷии ду кишвар машваратҳои сиёсӣ вуҷуд дорад, ки ҳар сол гузаронида мешаванд. Гурӯҳи кории муштарак оид ба мубориза бар зидди терроризм низ байни ду кишвар фаъол мебошад.

Профессор Турсунов Турсунмурод дар мақолаи худ зери унвони “Дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ҳиндустон” қайд намудааст, ки ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишвари аграриву саноатии Ҳиндустон дорои аҳаммияти калон мебошад. Зеро Ҷумҳурии Ҳиндустон дар минтақаи Осиёи Ҷанубӣ дорои саноати пешрафта буда, ба блоки кишварҳои дорои яроқи ҳастаӣ шомил мебошад ва дар танзими вазъи минтақавӣ нақши муассир дорад.

Дар ин зимн, Доктор Анита Сангупта-директори масоили ҷаҳонии Осиё дар шаҳри Калкутта интеграсия ва ҳамкориҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Осиёи Марказиро муҳим мешуморад. Ҳамин тавр, коршиноси дигар  Панчук Стобдан аз Деҳлии нав низ ҳамкориҳои статерегии Ҳиндустон бо Осиёи Марказӣ хело муфид дониста, ҷанбаҳои гуногунии масоили муҳими равобитро миёни онҳо муҳим арёзбӣ мекунад, ки таҷрибаҳои ҳамкориҳо миёни ин кишварҳо пайваста мавриди таваҷҷуҳи хос қарор мегиранд.

   Ҳамин тариқ, доктор Мино Сингҳ Рой роҳбари маркази омӯзиши минтақаи Аврупо ва Ғарби Осиё, доктор Роман Могилевский аз Донишгоҳи Осиёи Марказӣ, доктор Татяна Белоусова ва доктор Скирам Чаулия мудири равобити хориҷии донишгоҳи Ҷиндал Глобал Юниверситӣ-и Ҳиндустон низ ҳамгироии минтақавиро дар коркарди дурусти манобеи табии кишварҳо муҳим  медонанд.

Бо чунин андешаҳои донишмандон метавон хулосабарорӣ кард, ки равобити Тоҷикистон бо кишварҳои минтақа аз ҷумла Ҳиндустон муҳим арзёбӣ шуда, аз тағйирёбии вазъи геополитикӣ ва роҳу раванди сиёсати хориҷӣ он кишварҳо таъсирпазир хоҳанд шуд.

Дар ин зимн, интихоботи нави Ҳиндустон 1-уми июн оғоз шуда, шаш ҳафта идома ёфт ва дар ниҳоят санаи 4 июни соли 2024, бо ҷамъовариву ҳисобҳои овозҳо ба поён расид.

Шумораи интихобкунандагон ва муҳимияти таъмини амнияти ин раванд далели аслии тӯл кашидани интихобот аст. Ин як хусусияти интихоботи миллии Ҳиндустон барои муддати тӯлонӣ мебошад.

Парлумони Ҳиндустон ҳамагӣ 543 курсӣ дошта, тибқи низоми порлумонии кишвар, ҳизби баранда барои ташкили ҳукумат ба 272 курсӣ ниёз дорад. Дар интихоботи соли 2019 Ҳизби Бҳаратия Ҷаната (BJP) мустақилона 303 курсиро ба даст овард, ки аксариятро ташкил медод. Дар  интихоботи имсола  эътилофи ҳизби ҳоким дар баробари шариконаш дар Эътилофи миллии демократӣ (НДА) 353 курсиро соҳиб шуд.

Дар интихобот ҳизби BJP тавонист танҳо 240 курсиро ба даст орад, ки хеле камтар аз 272 курсии барои аксариятро ташкил медиҳад. Шарикони он дар NDA низ чандон беҳтар набуданд. Сарфи назар аз баъзе овозаҳо, эътилоф хеле устувор аст. Аксари шарикони эътилоф ҳизбҳои хурд ва ночиз ҳастанд, ки ба BJP бештар аз роҳи дигар ниёз доранд. Он инчунин чанд ҳизби муҳими дигарро дар бар мегирад, аз қабили Ҳизби Телугу Десам (TDP) аз иёлати ҷанубии Ҳиндустон Андҳра Прадеш (16 курсиро ба даст овард); Ҷаната Дал (Юнайтед) аз иёлати Биҳари шимолии Ҳинд (12 курсӣ гирифт) ва Шив Сена аз штати ғарбии Ҳиндустон (ҳафт ҷой) дарёфт карданд.

Ба андешаи Доктор Раҷесвари Пилай Раҷагопалан директори Маркази Амният, Стратегия ва Технология (CSST)-и Бунёди Тадқиқоти Обсервер натиҷаҳои интихоботи Ҳиндустон то ҳадде боиси ҳайрат низ мебошанд. Маълум нест, ки оқибатҳои мушаххаси сиёсат аз ин натиҷаи ҳайратангез чӣ хоҳад буд. Кишвар дар сиёсати дохилии худ аз бими оқибатҳои манфии интихобот дар гумон мебошад, ки ташаббусҳои шадид ё душвори сиёсӣ амалӣ карда шаванд. Дар Маҳараштра, ки аз ҷиҳати интихобот яке аз бузургтарин иёлатҳои Ҳиндустон аст, ҳизби BJP ва шариконаш хеле заиф ба назар мерасиданд.

Ҳамин тавар, ба назари коршиносон гар ҳизби баранда масоили мубрами сиёсати дохилиро нодида гирад, шароити беруна ба ҳамин монанд метавонад ҳама гуна тағйироти назаррасро дар сиёсати хориҷии Ҳиндустон таъсир хоҳад расонд. Барои ба даст овардани саҳмҳои интихоботӣ тавассути тарҳрезии Моди ҳамчун як пешвои ҷаҳонии Ҳиндустон ташаббусу чорабиниҳо бузург ба монанди ҳамоиши G-20 кӯшишҳои зиёд ба харҷ дода шуданд. Новобаста аз он ки интихобкунандагони Ҳиндустон дар бораи ин кӯшишҳо чи фикру андеша доранд, ба назар мерасад, ки он ба ҳизби NDA алахусус дар ҷойҳое, ба монанди Уттар Прадеш ва Маҳараштра таъсире нарасонидааст.

Аз тарафи дигар, раванди сиёсати байналмилалии Ҳиндустон новобаста аз он дар қудрат аст, тағйироти ҷиддии сиёсатро пешниҳод намекунад. Ҳиндустон бо Чин мувозинати рақобатпазиро идома хоҳад дод. Ин маънои онро дорад, ки Ҳиндустон бояд равобити худро бо Ғарб ва Иёлоти Муттаҳида тавассути шарикӣ Quad ё Муколамаи чаҳорҷонибаи амниятӣ (QSD), ки маъмулан бо номи чаҳоргона маъруф буда, чун як муколамаи стратегии амниятӣ байни Австралия, Ҳиндустон, Ҷопон ва Иёлоти Муттаҳида мебошад, ки тавассути музокироти кишварҳои узв нигоҳ дошта мешавад, идома медиҳад. Ҳамин тавр, эҳтимол меравад, ки ҳукумати нави Моди дар раванду равиши сиёсати хориҷии худ бештар эҳтиёткор хоҳад буд.

Дар ҳоли ҳозир кишвари Ҳинд ё ба ибораи дигар Баҳорат бо натиҷаҳои интихобот як давраи дигари нави демократиро мушоҳида карда, мудирияти устувору босуботу босалоҳи кишвар муддати мадид ҷорӣ буда, барои дувумин кишвари сераҳолитарин ва ҳам барои тамоми ҷаҳон таъсир хоҳад расонд. Роҳбарони интихобшудаи кишвар дар рӯ ба рӯи чолишҳои зиёде қарор дошта, бо роҳандозии хуби ҳамкорӣ бо ҳамсоякишварҳо ва созмону форумҳои минтақавиву фаромантиқавӣ ба хусус СММ, СҲШ, СААРК, МҲТБО ва давлатҳои пешрафти ҷаҳон ба монанди ИМА, Чин, Русия, Англия, Олмон, Ҷопон, Кореа ва ғайра чун кишвари ноби демократӣ хубтар ба роҳ хоҳад монд.

Хулоса, ба назари нависандаи сатрҳо мо муҳаққиқони соҳаро лозим меояд, то масоилу мубраму ҳаводиси минтақа ва раванду низоми онҳоро хуб омӯхта, аз рушди иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии онҳо, хусусан сулҳу суботу созандагӣ бо санаду далелҳои илмӣ натиҷагирӣ кард. Зеро бо дарки дурусти масоили мубрам ва ҳамгироӣ метавон муштаракона дар рушд ва субот, стратегияи рушди инсонӣ, афзоиши тиҷорат, коҳиши ҷангу ҷаҳолат, фаросату фароғат бо истифода аз дипломатияи мардумӣ минтақаро ба як маркази пешрафтаи ҷаҳон табдил дод.

 Мирсаид РАҲМОНОВ,

ходими калони илмии  Шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои

Академияи миллии  илмҳои Тоҷикистон

Бознашр:

https://amit.tj/tj/nigokhe-ba-khamkorikhoi-tochikistonu-khinduston-va-intikhoboti-navini-onaz-didu-nazari

НАЗАД