Нигоҳи мухтасар ба 76-умин Рӯзи Ҷумҳурии Ҳиндустон (Ба пешвози Рӯзи Ҷумҳурӣ 26 январ)

Автор: Рахмонов Мирсаид

Расм

Соли равон  кишвари афсонавии  Ҳиндустон 76-умин солгарди Рӯзи  Ҷумҳуриро тантанавор таҷлил хоҳад  намуд. Мафҳили асосӣ дар Деҳлӣ бо ҳамоиши  калони ҳарбӣ таҷлил гардида, дастовардҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмию техникӣ ва дигар соҳаҳо мавриди намоишу арзёбӣ  қарор хоҳанд  гирифт.    Мавриди зикр аст, ки Ҳиндустон дар таъмини суботу амнияти байналмилалӣ, ҳалли масъалаҳои муҳими минтақавӣ ва ҷаҳонӣ дар СММ саҳми арзанда мегузорад. Минтақаи Осиё ва арзишу аҳамиятҳои он аз диду назари донишмандони ҷаҳон бо зикри санадҳои илмӣ бештар Осиёи Ҷанубӣ хусусан Ҳиндустонро мавриди баррасии хос қарор додааст.Дар ин зимн, олимон ва коршиносони ватанӣ ба хусус профессор Ҳабибулло Раҷабов ва дигарон пайванду рушди равобити забону адаб, фарҳангу сайёҳат ва тиҷоративу иқтисодро бо Ҳиндустон бо доштани беш аз 500 сол пайванди забону фарҳангу таърих ва лоиҳаҳои иқтисодии муштарак  хело муҳим медонанд. Собиқ сафири Тоҷикистон дар Ҳиндустон  Мирзошариф Ҷалолов дар навбати худ қайд менамояд, ки тиҷорати байни ду кишвар дар солҳои сипарӣ шуда 23,8 млн доллари ШМА-ро ташкил дода, маҳсулоти асосӣ аз Ҳиндустон ба Тоҷикистон доруворӣ, матоъ ва сару либос ва аз Тоҷикистон ба Ҳиндустон хӯлаҳои алюминий ва дигар маъданҳои минералӣ мебошад. Ба иттилои ӯ сармояи умумии Ҳиндустон дар иқтисодиёти Тоҷикистон 47,4 млн. доллари ШМА-ро ташкил додааст, ки аз он 24,4 млн. доллари ШМА сармояи мустақим мебошад. Дар дигар соҳаҳо – илм, фарҳанг, мудофиа ва ғайраҳо муносибатҳо дар сатҳи хуб қарор доранд. Аз ҷумла, байни идораҳои хориҷии ду кишвар машваратҳои сиёсӣ вуҷуд дорад, ки ҳар сол гузаронида мешаванд. Гурӯҳи кории муштарак оид ба мубориза бар зидди терроризм низ байни ду кишвар фаъол мебошад. Профессор Турсунов Турсунмурод дар мақолаи худ зери унвони “Дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ҳиндустон” қайд намудааст, ки ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишвари аграриву саноатии Ҳиндустон дорои аҳаммияти калон мебошад. Дар ин зимн, Ҷумҳурии Тоҷикистон  чун кишвари ташаббускори  ҷаҳон барои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманди дуҷонибаро дар тамоми соҳаҳо ба роҳ монда, бо Ҳиндустон  робитаҳои хело хубу ҳасана  дорад. Ин бешубҳа ба манфиатҳои халқҳои Ҳиндустон ва Тоҷикистон мебошад. Ҳамкориҳои дипломатии  Тоҷикистону Ҳиндустон беш аз 30 сол  мешавад, ки идома доранд. Дар даврони Истиқлол ҳамкориҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо марказҳои илмии бонуфузи ҷаҳон, аз ҷумла бо Ҳиндустону Покистон вусъат пайдо карда,  дар  Институти омӯзиши давлатҳои Осиё  ва Аврупои АМИТ  гӯшае бо номи адиби машҳури Ҳиндустон Раҳул Санкритиян таъсис дода шудааст, ки  бо нависанда ва қаҳрамони Тоҷикистон устод Садриддин Айнӣ  шиносоӣ барқарор карда, миёни ҳам мукотиба доштанд.   Дар натиҷаи он Раҳул  чанд асари устод Айниро ба забони ҳиндӣ тарҷума карда, аз аввалин  тарҷумони осори Айнӣ  дар сарзамини  Ҳинд гардид. Пайваста дар  шаҳри Душанбе ва Деҳлӣ  ҳамоишҳо ва  конфронсҳо бахшида ба  барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҳиндустон ва Тоҷикстон баргузор гардида, роҷеъ ба масъалаҳои амниятӣ, пайвастшавӣ, ҳамкориҳои минтақавӣ, тиҷорат, энергетика, фарҳанг ва тамоси байни одамон андешаронӣ ва табодули назар  менамоянд. Рӯзи Ҷумҳурии Ҳиндустон як ҷашнвораи миллии Ҳиндустон мебошад, ки ба муносибати қабули Конститутсияи Ҳиндустон дар санаи 26 январи соли 1950 рух дод. Он ҳамасола дар 26 январ таҷлил мешавад ва ҳамчун рӯзе, ки Конститутсияи Ҳиндустон эътибор пайдо кардааст, ҷашн гирифта мешавад. 29 августи соли 1947дар Ассамблеяи муассисон  дар бораи  тартиб додани Конститутсияи Ҳиндустон қарордод қабул карда шуд. Мувофиқи он комиссия  таҳти раёсати доктор Б. Амбедкар санаи  4 ноябри соли 1948 лоиҳаи ниҳоии Конститутсияро ба Анҷумани муассисон пешниҳод кард. Ҳамин тариқ, санаи 26 январи соли 1950 Рӯзи Ҷумҳурӣ пазируфта шуд  ва  ҳамасола бо  барафрохтани парчам қайд карда мешавад. Паради Рӯзи ҷумҳуриявӣ яке аз муҳимтарин рӯйдодҳои ҷашнӣ буда,  дар паҳлӯи дарвозаи Ҳиндустон дар Деҳлии Нав баргузор мешавад. Таҷлили Рӯзи ҷумҳурии Ҳиндустон соли 2025  якчанд нуктаҳои муҳимро аз ҷумла,  “Swarnim Bharat: Virasat aur Vikas”  (Ҳиндустони тиллоӣ: мерос ва рушд) мероси ғании Ҳиндустон, муаррифии рушди равобитии дӯстонаи минтақавӣ бо иштироки меҳмони фахрӣ -Президенти Индонезия Прабово Субианто  дар қаринаи дипломатияи бузурги  ҳамкории минтақавӣ таъкид мекунад. Кишвари Индонезия бузургтарин шарики тиҷоратии Ҳиндустон дар Ассотсиатсияи кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ (АСЕАН) буда, Ҳиндустон дуввумин харидори бузурги ангишт ва равғани нахли Индонезия мебошад. Таҷлили Рӯзи Ҷумҳурии Ҳиндустон ҳувият ва принсипҳои демократии Ҳиндустон маҳсуб ёфта, аҳолии гуногуни ин  кишвари афсонавиро ба ҳам мепайвандад. Ин рӯзест, ки ба ҷоннисориҳои гузашта арҷ гузошта, дастовардҳоро  арзёбӣ  шуда, ояндаи кишварро ба сӯи пешрафту шукуфоӣ мебинад.  Аз  замони нахустин таҷлили  Рӯзи ҷумҳуриявӣ беш аз 80 роҳбарони кишварҳои олам  бо шумули Фаронса,Россия, Қазоқистон, Индонезия  ва ғайра ба ҳайси меҳмони ифтихорӣ иштирок намуданд. Мавриди зикр аст, ки профессор Ҳабибулло Раҷабов барои дастовардҳои назаррас, саҳми бузург ва хизматҳои шоёнаш  дар самти ҳамкориҳои илмию фарҳангии Тоҷикистону Ҳиндустон дар бахши “Адабиёт ва маориф” соли 2018 бо Ҷоизаи “Падма Шри” (“Ордени нилуфар”)  мукофотонида шуд. Ҷоиза (орден) Падма Шри яке аз чор орденҳои Ҳинд ба мисли Бҳарат Патна,Падма Вибҳушан, Падма Бҳушан аст, ки дар соли 1954 бо ибтикори давлати Ҳинд барои хадамоти маорифу маданият, саноату табобат, адабиёту фарҳанг ва варзишу иҷтимоиёт дар “Рӯзи  ҷумҳурӣ” аз тарафи раиси ҷумҳур дода мешавад. Ҳиндустон бо роҳбарияти интихобшуда бо роҳандозии хуби ҳамкорӣ бо ҳамсоякишварҳо ва созмону форумҳои минтақавиву фаромантиқавӣ бахусус СММ, СҲШ, СААРК, МҲТБО ва давлатҳои ҷаҳон аз ҷумла  Тоҷикистон ҳамчун кишвари бузуртарини демократӣ хубтар ба роҳ монда, ҳамкориашро идома хоҳад дод. Бо чунин андешаҳои донишмандон метавон хулосабарорӣ кард, ки равобити Тоҷикистон бо кишварҳои минтақа аз ҷумла Ҳиндустон муҳим арзёбӣ шуда, аз тағйирёбии вазъи геополитикӣ ва роҳу раванди сиёсати хориҷӣ он кишварҳо таъсирпазир хоҳанд шуд. Ба назари нависандаи сатрҳо рушди иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии миёни кишварҳо, хусусан сулҳу суботу созандагӣ, стратегияи рушди инсонӣ, афзоиши тиҷорат, бо истифода аз дипломатияи мардумӣ минтақаро ба як маркази пешрафтаи ҷаҳон табдил медиҳад.

НАЗАД