НАЦИОНАЛЬНАЯ АКАДЕМИЯ НАУК ТАДЖИКИСТАНА

ИНСТИТУТ ИЗУЧЕНИЯ ПРОБЛЕМ СТРАН АЗИИ И ЕВРОПЫ

НИШАСТИ ДОҲА ОИД БА АФҒОНИСТОН

Автор: Кудратов Комрон

Расм

Дар нишасти Доҳа оид ба Афғонистон, ки дар рӯзҳои 18-ум ва 19-уми феврал баргузор шуд, дар мулоқоти дуюми Дабири кулли СММ А.Гутерриш бо намояндагони вижаи Афғонистон аз як қатор кишварҳо ва созмонҳо (Русия, Чин, Эрон, Покистон, ИМА, Британияи Кабир, Қатар, Арабистони Саудӣ, АМА, Туркия, Ҳиндустон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Индонезия, Ҷопон, Ҷумҳурии Корея, Олмон, Фаронса, Италия, Норвегия, Канада, СҲШ, ШҲТ ва ИА) амалӣ гардонида шуд. Тибқи маълумот намояндаи Толибон аз ҳузури намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Афғонистон дар ин нишаст норозӣ шуда, чун нишони эътироз дар он иштирок накарданд. Намояндагони ин гурӯҳ аз дастандаркорони нишаст хостанд, онҳоро ҳамчун намояндаи расмии Афғонистон бипазиранд ва Дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид бо онҳо мустақиман суҳбат кунад.

 

Ба гуфтаи коршиносон, ин чорабинӣ аслан ноком гардидааст. Сабаби ин дар он аст, ки ҳайати ҳукумати Толибон ба далели ихтилофи назар дар ҳайати ҷомеаи шаҳрвандии Афғонистон аз ширкат дар ин нишаст сарпечӣ карданд. Инчунин нақшаҳои қаблан эълоншудаи СММ дар бораи таъсиси мақоми фиристодаи вижаи ин созмон ва "гурӯҳи хурди созиш" барои Афғонистон тасмим гирифта нашудааст. Расидан ба тавофуқ ба шарте имконпазир аст, ки Иёлоти Муттаҳида ва НАТО масъулияти аслии вазъи кунунии Афғонистон ва эҳёи пас аз буҳронии ин кишварро бар дӯш гиранд, активҳои бонкии басташударо ба Кобул баргардонанд ва маҳдудиятҳоро дар муомилоти бонкӣ лағв кунанд.

Дар интиҳо бо иштироки Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш нишасти хабарӣ баргузор гардид.

Дар ин нишаст Дабири кулли СММ дар мулоқот бо хабарнигорон дар бораи авзоъ дар Афғонистон суҳбат намуда, чунин иброз доштааст: Мо ҳама ба сулҳ дар Афғонистон ниёз дорем. Инчунин Дабири кулли СММ Антонио Гутерриш таъкид кардааст, ки агар мақомоти воқеъии Афғонистон хоҳони сулҳу тавсеъаи дарозмуддат дар ин кишвар бошанд, бояд маҳдудиятҳоеро, ки барои занону духтарон ҷорӣ шудаанд, лағв кунанд.

Зимни суханронӣ бо хабарнигорон дар нишасти Доҳа, Гутерриш гуфт, ширкаткунандагон - фиристодагони вижаи Афғонистон дар сатҳи миллӣ ва минтақавӣ дар мавриди нақшаи амал ба тавофуқ расиданд. Бояд гуфт, ки намояндагони Толибон дар музокирот ширкат накарданд.

Ҳамзамон Дабири кулли СММ чунин хитоб менамояд: "Мо мехоҳем, ки Афғонистон дар сулҳ, осоиштагӣ дар дохили кишвар ва сулҳ бо кишварҳои ҳамсоя зиндагӣ кунад ва то он масъулиятҳои давлати соҳибихтиёрро дар баробари ҷомеаи ҷаҳонӣ, ҳамсояҳо ва ҳуқуқи мардуми худ ба дӯш гирад".

Дар нишасти Доҳа вакилони конфронс дар мавриди иқдомоти зарурӣ ба ҳамдигарфаҳмӣ расида, пешниҳодҳоеро, ки қатъномаи 2679 Шӯрои Амнияти СММ дарҷ гардидааст, баррасӣ намудаанд.

Таҳдидҳои асосӣ

Ба гуфтаи Гутерриш, вакилони конфронс баррасии ҳама самтҳои асосии мушкилотро муайян кардаанд. Аз ҷумла, онҳо тавсия додаанд, ки чораҳо андешанд, то Афғонистон ба «лонаи» фаъолиятҳои террористӣ табдил наёбад.

Илова бар ин, дар баррасӣ нақши муҳими эҳтироми ҳуқуқи инсон, бахусус занону духтарон ва ташкили давлати фарогир зикр гардидааст.

Вакилони конфронс аз тавлид ва қочоқи маводи мухаддир дар кишвар изҳори нигаронӣ карда, аммо пешрафт дар мубориза бо ин аъмоли ғайриқонуниро низ эътироф мекунанд.

Раиси Созмони Милали Муттаҳид бар зарурати расонидани кӯмакҳои башардӯстона ба аҳолии кишвар таъкид карда, ҳамчунин масъалаи рушди дарозмуддати Афғонистонро матраҳ намудааст.

Гутерриш ҳамкориҳои ҷориро, аз қабили рушди зерсохторҳо ва тиҷорат миёни Афғонистон ва кишварҳои ҳамсоя, инчунин созишномаҳои дуҷониба барои мубориза бо тиҷорати ғайриқонунии маводи мухаддирро қайд кардааст.

Дар нишасти Доҳа Дабири кулли СММ меафзояд, ки як қатор масъалаҳои калидӣ вуҷуд доранд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ дар сари онҳо дар бунбаст қарор дорад.

Дабири кулли СММ дар конфронси Доҳа оид ба Афғонистон дар суханронии худ чунин мегуяд: аз як тараф, кишвар аз он сабаб зарар мебинад, ки ҳукумати Афғонистон дар сатҳи байналмилалӣ эътироф нашудааст ва ба ниҳодҳои ҷаҳонӣ ва иқтисоди ҷаҳонӣ шомил нест. Аз сӯи дигар, ризоияти байнулмилалӣ вуҷуд дорад, ки вазъи ҳуқуқи башар, бахусус занону духтарон дар Афғонистон бадтар гардидааст.

Дар посух ба суоли рӯзноманигор дар бораи ҳузури мақомоти воқеии Афғонистон дар нишаст дар Доҳа, Дабири кулли Созмони Милал гуфтааст, Толибон чанд шарти “ғайриқобили қабул”-ро пеш гузоштанд. "Ин шартҳо, пеш аз ҳама, моро аз имкони гуфтугӯ бо дигар намояндагони ҷомеаи Афғонистон маҳрум мекунад ва қабули ин эътирофи расмии онҳо хоҳад буд". “Албатта, беҳтар мебуд, агар мо имкон медоштем, хулосаҳои худро бо мақомоти воқеии Афғонистон муҳокима мекардем. Ин дар нишасти Доҳа рух надодааст, балки дар ояндаи наздик рӯй хоҳад дод” иброз доштааст Дабири кулли СММ.

Доир ба нишасти Доҳа оид ба Афғонистон рӯзномаи "8 субҳ"-и Афғонистон бо такя ба манобеи худ чунин иттилоъ медиҳад.

Ба навиштаи рӯзномаи “8 субҳ” шартҳои Толибон пазируфта нашуд ва онҳо ҳамчун нишони эътироз дар нишасти Доҳа иштирок накарданд.

Ба навиштаи ин расона, Антониу Гутерриш, дабири кулли СММ нишасти Доҳаро муассир ва созанда хонда, афзудааст, ки дар ҳамкории ҷомеаи ҷаҳонӣ бо Толибон ҳанӯз мушкилот вуҷуд дорад.

Антониу Гуттериш дар поёни нишаст хостаҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ҳукумати Толибонро бори дигар такрор карда, гуфтааст, “бунбаст”-и кунунии ҷомеаи ҷаҳонӣ дар иртибот бо Толибон ин аст, ки бисёре аз кишварҳо дар Афғонистон як давлати фарогир мехоҳанд, ки шомили намояндагони ҳамаи ақвом бошад ва ҳамчунин пешрафт дар заминаи ҳуқуқи башар, ба хусус ҳуқуқи занон аз матолиботи аслӣ ва шароити асосии ба расмият шинохтани Толибон аст.

“Толибон бар ин назаранд, ки нигарониҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ба онҳо иртибот надорад ва онҳо мехоҳанд эътироф шаванд. Аз сӯи дигар, ҷомеаи ҷаҳонӣ бар ин назар аст, ки дар робита ба нигарониҳои онҳо ҳеҷ пешрафте ба даст наомадааст, аз ин рӯ дар мавриди ба расмият шинохтани Толибон низ пешрафте вуҷуд надорад”,- гуфтааст дабири кулли СММ.

Дар ҳамин ҳол, ба иттилои рӯзномаи “8 субҳ”, баргузории нишасти Давҳа бо мавҷи вокунишҳои густурдаи дохили Афғонистон ва байнулмилалӣ рӯбарӯ шудааст.

Бархе аз ҷараёнҳои сиёсии зидди Толибон ва созмонҳои шаҳрвандӣ бо ирсоли баёнияҳои муштарак баргузории ин нишастро ба нафъи Афғонистон намедонанд. Дар ҳамин ҳол, иддае аз коршиносон бар ин назаранд, ки ин нишаст барои Афғонистон натоиҷи мусбат дошта ва ҳамзамон боис шудааст, ки кишварҳои ғарбӣ бо теъдоде аз кишварҳои минтақа, аз ҷумла Чин ва Русия дар як саф қарор гиранд. Ба эътиқоди онҳо, қутббандии кишварҳо дар масоили Афғонистон ин кишварро ба буҳрони шадидтаре меорад.

 

Қудратов К.А.,

н.и.т., мудири шуъбаи

Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

НАЗАД