НАЦИОНАЛЬНАЯ АКАДЕМИЯ НАУК ТАДЖИКИСТАНА

ИНСТИТУТ ИЗУЧЕНИЯ ПРОБЛЕМ СТРАН АЗИИ И ЕВРОПЫ

Ҷоизаи ба номи Муҳаммад Осимӣ муборак бод!

Автор: ИИПСАЕ

Расм

Ҷоизаи ба номи Муҳаммад Осимӣ муборак бод!

Ходими пешбари илмии шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон - номзади илмҳои филология Қодиров Ғиёсиддин барандаи Ҷоизаи ба номи Муҳаммад Осимӣ гардид.

Бо камоли эҳтиром ва самимият аз номи маъмурият ва кормандони Институт устоди иззатманду фарҳехтаи мо  Қодиров Ғиёсиддинро бо сарфароз шуданаш ба Ҷоизаи ба номи академик Муҳаммад Осимӣ табрику таҳният гуфта, ба устоди гиромӣ пеш аз ҳама сиҳату саломатӣ, умри дарози саъдиёна, фатҳу нусрату пирӯзӣ ва ба корҳои илмиву эҷодиашон комёбиҳои назаррас таманно дорем.

Шоистаи тазаккур аст, ки устод Қодиров Ғиёсиддин зиёда аз 60 сол дар институтҳои таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон кору фаъолияти илмӣ намуда, дар ин самт муваффақ шуда, барои илми тоҷик хизматҳои шоиста анҷом додааст.

Асаре, ки ҷиҳати иштирок барои дарёфти ҷоиза аз ҷониби Қодиров Ғиёсиддин ба кумитаи тадорукоти ҷоизаҳо пешниҳод шудааст “Чашмандозе бар шеъри дарии Афғонистон ва таҳаввулоти он дар садаи ХХ” ном дорад. Китоби “Чашмандозе бар шеъри дарии Афғонистон ва таҳаввулоти он дар садаи ХХ” аз ду ҷилд иборат буда, сайри кӯтоҳест дар таърихи шеъри дарии Афғонистон ва таҳаввулоти он. Дар он ҷараён ташаккулу такомул, таҳаввулоту дигаргунӣ ва навовариву вижагиҳое, ки дар нимаи аввали асри ХХ дар шеъри муосири дарӣ падид омадааст, дар ин китоб мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифтааст.

Бояд гуфт, ки устод Қодиров Ғиёсиддин муаллифи чандин китобу монография ва мақолаҳои илмӣ мебошанд. Осори илмии эшон аз “Современный персидский исторический роман”, Душанбе, 1980, “Шаҳриёр (ашъори баргузидаи Муҳаммад Ҳусайни Шаҳриёр, дар ҳаммуаллифӣ), Душанбе, 1982., “Театри Афғонистон”, Душанбе, 2008, “Ҳикоятҳои ширин” (маҷмуаи ҳикояҳои ҳаҷвии нависандаи муосири Эрон Хусрави Шоҳонӣ), Душанбе, 2008, “Корвони гулҳо” (баргузидаи ашъори шасту шаш шоири муосири Эрон), Душанбе, 2009 иборат аст.

         Бори дигар ҷоизаи ба номи академик Муҳаммад Осимӣ фархунда бод, устоди гиромӣ! Пайваста саломату сарбаланд ва шодбахту накӯном бимонед! Бароятон тамоми хушиҳои зиндагиро орзумандем.  

 

НАЗАД