НАЦИОНАЛЬНАЯ АКАДЕМИЯ НАУК ТАДЖИКИСТАНА

ИНСТИТУТ ИЗУЧЕНИЯ ПРОБЛЕМ СТРАН АЗИИ И ЕВРОПЫ

Осорхонаҳо оинаи пурҷилои таърихи халқу миллатҳо (дар ҳошияи Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо)

Автор: Рахмонов Мирсаид

Расм

Ҳамасола дар нимаи охири моҳи май ё дақиқтар санаи 18-уми май ҳамчун рӯзи байналмилалии осорхонаҳо солиёни дароз аст, ки пазирфута шуда, таҷлил мегардад. Тоҷикистони муосир низ дорои тамаддуни қадима буда, нақши осорхонаҳои он хело муҳим арзёбӣ мегарданд. Инҷо хостем матлаберо дар ҳошияи мақолаи чопшудаи рӯзномаи Минбари халқ санаи 17-уми май 2023 зери унвони “Осорхона-китоби хотираи инсоният” андешаронӣ намоем. Дар мақола муаллифи он Дурахшон Бобоева корманди Осорхонаи ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии шаҳри Панҷакент оиди осорхона ва нақши бузургони мо дар таҳаффузу истифодаи он хело маълумотҳои муфид оварда шудааст. Дар ин зимн, иқтибосе аз суханони Президенти муҳтарами кишвар ба чунин матн оварда шудааст, ки аз нақш ва муҳиммияти осорхонаҳо гувоҳӣ медиҳад:

“Осорхона оинаи пурҷилоест, ки ҳаёт ва таърихи халқ, пирӯзиҳо ва нокомиҳои он, дастовардҳои илму фарҳанг ва сарнавишти фарзандони номдору ифтихорманди миллатро инъикос мекунад.”

Дар ҳақиқат осорхонаҳо чун хотираи инсоният буда, коркарду кашфиёти олимон дар онҳо маҳфуз монда, барои истифодаи башар дар рушди илму адаб кӯмак мерасонанд. Мавриди зикр аст, ки дар фарҳанги луғатшиносӣ вожаи осорхона аз калимаи  юнонии museion гирифта шудааст, ки маънои қасри музейҳо буда, чун муассисаи илмӣ ва маърифатие, ки кори гирдоварӣ, омӯзиш, нигаҳдорӣ ва ташвиқу тарғиби ёдгориҳои таърихӣ ва осори маданияти моддию маънавиро дар он ба роҳ мемонанд, омадааст. Айни замон 150 кишвари олам ва 30 000 осорхонаҳо ҳамасола ин иқдомро амалӣ менамоянд, ки Осорхонаи адабии Садриддин Айнӣ, Осорхонаи адабию ёдгории М. Турсунзода аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Барои банда ҳам мояи ифтихор аст, ки дар ҳамин рӯзҳои ҷашни осорхона бо ҳамроҳии роҳбарияти Осорхонаи адабии Садриддин Айнӣ, Осорхонаи адабию ёдгории М. Турсунзода, аз ҷумла Директори он Абдураҳимов Амирхӯҷа ва тими кориашон аз наздик ба хондани беш аз 150 китобу дастхатҳои нодири форсӣ-тоҷикӣ машғулият доштем. Ҳамаи дастхатҳои нодир бо ташаббуси фарзанди меъмори адаби тоҷик, аввалин президенти Академияи илмҳои тоҷик Садриддин Айнӣ (1878-1954), Камолиддин Айнӣ (1928-2010) мебошад, ки бо кӯмаки наберагони устод Айнӣ, аз ҷумла Эраҷ Айнӣ дастраси хонандагон гаштанд.

Ҳамаи он аз заҳматҳои фарзанди бо камоли устоди Айнӣ, Камолиддин Айнӣ буда аз 95 соли умрашон сипарӣ шудааст, вале кори хайрашон то ҳанӯз боқӣ мондааст. Оиди бузургиву донишмандии Камолиддин Айнӣ яке аз донишмандони покистонӣ, устоди забону адаби форсу тоҷик доктор Орифи Навшоҳӣ дар китобаш зери увнони “Аз Панҷоб то Панҷрӯд” андешаҳояшро хело хуб овардааст.

Доктор Ориф Навшоҳӣ дар китобаш қайд мекунад, ки феҳристи корҳои таҳқиқии Камол Айнӣ тӯлонӣ буда, эшон чанд матни форсии қадимро мураттаб намуданд, ки “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ ва масанвиёти “Гули Наврӯз” ва “Ҳумой ва Ҳумоюн”-и Ҳоҷуи Кирмонӣ аз ҷумлаи онҳост. Донишманди покистонӣ қайд кардааст, ки ӯ аввалин маротиба Камол Айниро дар конфронси байналмилалӣ оиди Фирдавсӣ моҳи декабри соли 1990 дар Эрон мулоқот кардааст. Ҳар ду бо ҳам унс гиритфа, мубодилаи афкор намуданд. Донишманди покистонӣ қайд менамояд, ки тибқи маълумоти Камол Айнӣ волидааш ё оилаи устод Садриддин Айнӣ аз авлоди Мирсаид Алии Ҳамадонӣ будаанд. Мулоқоти дувуми Ориф Навшоҳӣ бо Камол Айнӣ дар таърихи 22 моҳи июни соли 2006 дар меҳмонхонаи Бунёди эроншиносӣ дар Теҳрон сурат гирифт. Дар ин замон умри Камол Айнӣ ба ҷое расида, шунавоиаш сангин шуда буд. Ҳар ду бо ҳам оиди сафари Камол Айнӣ ба Покистон ва шиносоиаш бо доктор Аҳмад Ҳасан Донӣ ва Пир Ҳисомиддин Рошидӣ суҳбатҳо намуда, хотираҳои худро шод карданд.

Ҳамин тариқ, донишманди покистонӣ дар сафари худ ба Тоҷикистон соли 2009 бо Камол Айнӣ мулоқот намуд, ки ӯ андешаҳояшро дар бораи волиди худ (Садриддин Айнӣ) барои доктор Ориф Навшоҳӣ бо шеъре баён мекунад, ки дар ҳини сакароти марг замзама кардааст:

Тарсам, ки ман бимираму ғам бепадар шавад,

В-ин тифли нозпарвари ман дар ба дар шавад.

Тибқи овардаи Ориф Навшоҳӣ дар вақти хондани шеър Камол Айнӣ аз падараш мепурсад, кадом ғам бошад, ки падар дар ҷавоб мегӯяд: “Ғами миллат”.

Дар ҳақиқат устод Айнӣ барои миллат як гавҳари ноёбро фароҳам оварда, то охири умраш онро ҳифз намуда ва аз нобудшавии он доимо ғам мехӯрд. Дар воқеъ қаҳрамони Тоҷикистон, адиб ва олими барҷаста устод Садриддин Айнӣ барои илм, равнақи адабиёт ва худшиносии миллии мо хизмати зиёд кардааст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ин фарзанди фарзонаи халқи тоҷик барҳақ гуфтаанд: «Садриддин Айнӣ мавҷудияти халқи тоҷикро ҳамчун миллати қадимаи Осиёи Миёна исбот намуд, ҳаққу ҳуқуқҳои қонунии ин миллатро барои ташкил додани давлатдории миллии худ ба миён гузошт».

Бо чунин ёдовариҳо ва саргузаштҳои ширину хотирмон мулоқоти нодиру таърихӣ миёни доктор Ориф Навшоҳӣ ва зиндаёд Камолиддин Айнӣ бо навишти шеъре аз ҷониби ӯ дар дафтарчаи адиби покистонӣ хотима меёбад:

Дидори ёри ғоиб донӣ, чӣ завқ дорад,

Абре, ки дар биёбон бар ташнае биборад.

Хулоса, бузургонро бузургон мешисонанду таърих ному осори онҳоро гиромӣ медорад. Барои нависандаи сатрҳо мояи ифтихор аст, ки бо чунин мардони бузурги адабу забон ва таърих аз наздик мулоқот карда, суҳбатҳои хотирмон доштем.

Ҳамин тариқ, метавон зикр кард, ки осорхонаҳо ва ҳомиёни онҳо чун китоби хотирот буда, рамзи ҳамдиливу ҳамоҳангиву ҳамкорӣ мебошанд. Роҳбарияти осорхонаҳо метавонанд барои боздидагону дилбохтагон барномаҳои махсус, аз ҷумла гузаронидани чорабаниҳо, фароҳамоварии маълумотҳои тозаву нодиру хотирмон, ҳамкориҳои зич бо музейҳои ҷаҳон ва маҳфили саволу ҷавоб барои таърихшиносону таърихдӯстон ташкил намуда, хадамоти худро бештару беҳтар фароҳам созанд. Лиҳозо мо олимону ходимони илму адабро лозим меояд дар ҳифзу нигоҳдории нодири онҳо саҳм гузошта, дар рушду модернкунонии онҳо кӯмак расонем.

 

Мирсаид Раҳмонов,

ходими калон ва таҳлилгари

Институти Осиё ва Аврупои АМИТ

НАЗАД