НАЦИОНАЛЬНАЯ АКАДЕМИЯ НАУК ТАДЖИКИСТАНА

ИНСТИТУТ ИЗУЧЕНИЯ ПРОБЛЕМ СТРАН АЗИИ И ЕВРОПЫ

ҶОЙГОҲИ АСЕАН ДАР НИЗОМИ ИДОРАКУНИИ ҶАҲОНӢ

Автор: Кудратов Комрон

Расм

Низоми идоракунии ҷаҳониро одатан афзалияти давлатҳои абарқудрат, ба монанди панҷ аъзои доимии Шӯрои Амнияти СММ, кишварҳои G7, G20 ва ё БРИКС меҳисобем. Кишварҳои аъзои АСЕАН (ба истиснои Индонезия, ки аъзои G20 мебошад) ба қатори ин кишварҳо дохил намешаванд. Бо вуҷуди ин, аҳаммияти АСЕАН дар ҷаҳони муосир мунтазам меафзояд ва таъсири байналмилалии он хеле фаротар аз доираи минтақаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ қарор дорад. Ин далел аҳлилгаронро водор намуд, ки АСЕАН-ро ҳамчун довталаби асосӣ бо нақши меҳварӣ ва қудратӣ рушдёбанда, ки қодир аст дар идоракунии ҷаҳонӣ фаъолона иштирок кунад, баррасӣ намоянд. Аммо ин фарзияҳо то чӣ андоза асосноканд? Оё АСЕАН-ро ҳамчун субъекти эҳтимолии идоракунии ҷаҳонӣ баррасӣ кардан дуруст аст? Оё барои ин заминаҳо вуҷуд доранд ва агар ҳа, ин заминаҳо кадомҳоянд? Ин саволҳо, бешубҳа, на танҳо мутахасисоне, ки минтақаи Осиёи Ҷанубу Шарқиро меомӯзанд, балки сиёсатшиносони соҳаи муносибатҳои байналмилалӣ ва умуман сиёсатшиносони ҷаҳонро низ ба таҳлил водор месозад.

Ин таҳқиқот ба омӯзиши раванди субъекткунонии АСЕАН, яъне аз объекти ғайрифаъол ба субъекти мустақили сиёсати ҷаҳонӣ табдил ёфтани он бахшида шудааст. Дар бораи имконияти чунин гузариш аввалин шуда шарқшинос ва назарияпардози машҳури муносибатҳои байналхалқӣ Богатуров А. сухан рондааст. Сохтори роҳбарикунанда бо бартарии марказҳои анъанавии қудрат - давлатҳои абарқудрат, ки қобилияти ба сиёсати минтақавӣ ва ҷаҳонӣ таъсири бевосита расониданро доранд, тафсиф карда мешавад. Ба сохтори фазоӣ баръакс, дараҷаи баланди худидоракунии давлатҳои хурду миёна, ки онҳо ҳамчун «абарқудрати дастаҷамъона» амал мекунанд ва хати мувофиқро нисбат ба мамлакатҳои пурқудрат пеш мегиранд, хос аст.

Дар ин таҳқиқот омилҳо ва механизмҳое, ки ба АСЕАН имкони дар арсаи байнамлилалӣ таъсири муайян пайдо намуданро додаанд, баррасӣ мегарданд ва ин гувоҳи гузариши тадриҷии АСЕАН аз гурӯҳи «объектҳо» ба гурӯҳи «субъектҳо»-и сиёсати ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад. Аз ҷумла, дар таҳқиқот дар чӣ зоҳир гардидани таъсири байналмилалии АСЕАН ва имконияти табдилёбии ин иттиҳоди минтақавӣ ба субъекти мустақили идоракунии ҷаҳонӣ баррасӣ мешаванд.

Таҳлили бевоситаи замина, имконият ва дурнамои табдили АСЕАН ба субъекти идоракунии муносибатҳои байналмилалӣ маҳаки асосии ин таҳқиқот ба ҳисоб меравад.

Аз ҷониби муҳаққиқони соҳаи муносибатҳои байналмилалӣ истилоҳи идоракунии ҷаҳонӣ дар миёнаҳои солҳои 90-уми асри ХХ ба гардиши илмӣ ворид гардидааст, гарчанде идоракунии равандҳои ҷаҳонӣ аз ҷониби давлатҳо ва иттиҳодияҳое, ки бо ташаббуси онҳо таъсис ёфта буданд, пештар низ вуҷуд дошт [9, с. 23-24]. Муҳаққиқон доираи васеи муфҳум ва истилоҳи мазкурро, аз қабили «идоракунии равандҳои ҷаҳонӣ дар набудани ҳукумати ҷаҳонӣ» [6, с. 10], “ҳалли дастаҷамъонаи мушкилоти умумӣ дар сатҳи байналмилалӣ” [5, с. 11], “кӯшиши пешниҳоди ҷавобҳои мураттабтар ва боэътимодтар ба мушкилаҳои иҷтимоӣ-сиёсӣ, ки аз доираи имкониятҳои давлатҳои алоҳида берунанд” [13, с. 8], пешниҳод намудаанд.

Муаллифони монографияи «Идоракунии ҷаҳонӣ: имконият ва хавфҳо» ин падидаро ҳамчун “системаи ниҳодҳо, принсипҳо, меъёрҳои сиёсӣ ва ҳуқуқӣ меҳисобанд, ки танзими масъалаҳои фаромиллӣ ва ҷаҳониро дар фазои табиӣ ва иҷтимоӣ” муаяйн менамояд [14, с. 7]. Дар ин масъала се ҷанбаи муҳимро метавон таъкид намуд:

-              мавҷудияти субъектҳои идоракунии ҷаҳонӣ, яъне давлат ва созмонҳои байналмилалие, ки принсип, меъёр ва стандартҳои фаъолияти муштарак доранд;

-               хусусиятҳои объектҳои идоракунии ҷаҳонӣ, яъне мушкилаҳои табиӣ ва иҷтимоии дорои хусусиятҳои фаромиллӣ ва ҷаҳонӣ, ки давлатҳо дар танҳоӣ аз уҳдаи он баромада наметавонанд (аз қабили тағйирёбии иқлим, терроризми байналмилалӣ ва ғ.);  

-              хусусиятҳои усулҳои идоракунии ҷаҳонӣ, яъне амалҳои дастаҷамонае, ки ба ҳали мушкилаҳои дар боло зикргардида равона шудаанд.

                Маълум аст, ки на ҳама давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ субъектҳои идоракунии ҷаҳонӣ мебошанд, танҳо давлатҳое, ки имконияти дар ҳалли равандҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии ҷаҳон таъсири назаррас гузоштанро доранд, субъекти идоракунии ҷаҳонӣ ҳисобида мешаванд. Саволи табиие ба миён меояд: оё АСЕАН субъекти идоракунии ҷаҳонӣ ҳаст? Агар бале, пас кадом омилҳо онро муайян кардаанд? Агар не, оё он метавонад дар ояндаи наздик ба чунин субъект табдил ёбад?

Дар назари аввал, АСЕАН барои чунин нақш заминаҳои на онқадар зиёд дорад. Агар рӯйхатти кишварҳои аъзои иттиҳодро таҳлил намоем метавон дид, ки ягон кишвари узви АСЕАН ба гурӯҳи мамлакатҳои тараққикарда шомил намешавад, илова бар ин, се кишвари аъзои АСЕАН (Камбоҷа, Лаос ва Мянма) аз рӯи таснифи СММ ба гурӯҳи кишварҳои рӯ ба тараққӣ шомиланд. Таъсири кишварҳои АСЕАН дар ниҳодҳои байналмилалии идоракунии ҷаҳонӣ – Фонди умумиҷаҳонии асъор, Бонки Ҷаҳонӣ, Созмони умумиҷаҳонии тиҷорат то он дараҷа ночизанд, ки онҳоро амалан ба ҳисоб нагирифтан ҳам мумкин аст. Аксари сохторҳои асосии идоракунии ҷаҳонӣ аз ҷониби кишварҳои абарқудрат пеш аз таъсис ва рушди АСЕАН таъсис ёфтаанд. Дар он замон АСЕАН ҳатто хоҳиши ба кори ин сохторҳо таъсир расонданро иброз накарда буд, чи расад ба тағйир додани тартиботи деринаи муқарраршуда [10, с. 452]. Бино бар ин, дар бораи АСЕАН ҳамчун субъекти байналхалқӣ сухан рондан каме бармаҳал ба назар мерасад. Танҳо ин назарро метавон пайгирӣ намуд, ки мо наметавонем АСЕАН-ро субъекте номем, ки қудрати муайян намудани миқёс, динамика ва хусусияти равандҳои идоракунии ҷаҳониро дошта бошад. [14, с. 250]. Дар ин раванд зарур аст, ки иқтидори дар тӯли ним аср бадастовардаи АСЕАН мавриди таҳлил қарор гирад..

АСЕАН даҳ кишвари Осиёи Ҷанубу Шарқиро бо ҳудуди умумии 4,5 миллион километри мураббаъ муттаҳид менамояд. Аҳолии ин иттиҳод бештар аз 660 миллион нафар [3] ва маҷмӯи маҳсулоти дохилии он (ММД) 3,66 триллион долларро [7] ташкил медиҳад, ки тибқи омори котиботи АСЕАН аз рӯи нишондодҳои иқтисодӣ дар ҷаҳон дар ҷои шашум ва дар Осиё дар ҷои сеюм меистад. АСЕАН дар аввал ҳамчун як ташаббус барои густариши равандҳои ҳамгироӣ аз ҷониби панҷ кишвари муассис - Индонезия, Малайзия, Сингапур, Таиланд ва Филиппин пешниҳод шуда буд ва он чор марҳалаи густаришро паси сар намуд: моҳи январи соли 1984 Бруней-Даруссалом, моҳи июли соли 1995 - Ветнам, июли соли 1997 – Лаос ва Мянма ва апрели соли 1999 - Камбоҷа ба АСЕАН пазируфта шуданд. Танҳо Тимори Шарқӣ, ки моҳи майи соли 2002 аз Индонезия истиқлолият ба даст овард ба иттиҳод дохил нагардид. Эҳтимолан, бо мурури замон марҳалаи панҷуми густариши АСЕАН низ ба вуқуъ мепайвандад.

Мавриди зикр аст, ки АСЕАН мавқеъи хуби стратегӣ ва геосиёсиро ишғол менамояд, яъне АСЕАН дар чорроҳаи роҳҳои баҳрие, ки уқёнуси Ҳиндро ба уқёнуси Ором мепайвандад, қарор дорад. Маҳз бо ҳамин масир нафтро аз халиҷи Форс ба бузургтарин иқтисодҳои Осиё ва ҳавзаи уқёнуси Ором - Ҷопон, Қореяи Ҷанубӣ ва Чин интиқол медиҳад. Ҳар гуна таваққуф дар таҳвили карбогидратҳо метавонад боиси буҳрони энергетикии минтақавӣ гардад, ки барои ҷомеаи ҷаҳон оқибатҳои на он қадар хуб дорад. АСЕАН инчунин, барои табдил додани кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ба кишварҳои шукуфову осоишта ва минтақаи озод аз яроқи ядроӣ кӯшиш менамояд ва метавонад дар ин самт дар арсаи байналмилалӣ нақши бузургеро дошта бошад. Ҳамкорҳои ҳарбии давлатҳои аъзои иттиҳод бо кишварҳои абарқудрати минтақавӣ ва ғайриминтақавӣ, аз қабили ИМА, Чин, Ҳиндустон, Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ, Австралия, Зеландияи Нав ва Русия дар формати вохӯриҳои солонаи вазирони мудофиа (“СМОА плюс”) ба роҳ мондааст.

Омӯзиши таҳаввулоти АСЕАН ҳамчун як иттиҳоди минтақавӣ, ки тавонист дар тӯли ним асри мавҷудияташ дар сохтори зерсистемаи муносибатҳои байналмилалии Осиё ва уқёнуси Ором мавқеи муҳимро ишғол намояд, хеле муҳим аст. Махсусан, дида баромадани он, ки кадом омилҳо боиси таъмини субъективияти АСЕАН гардидаанд, ки тавассути он АСЕАН имкони рушди шарикии баробарҳуқуқро бо қудратҳои ғайриминтақавӣ ва дигар иттиҳодияҳои минтақавӣ пайдо намудааст.

Ба ҳайси мафҳуми асосӣ метавон консепсияи меҳварии АСЕАН -ро (ё консепсияи асеанмеҳвариро) пазируфт, ки бо назардошти ҳамоҳангсозии муносибатҳои байниминтақавӣ дар атрофи «ядро», яъне АСЕАН, роҳандозӣ гардидааст. Мафҳуми АСЕАНМЕҲВАРӢ дар миёнаҳои солҳои 1970-ум пайдо гардид. Маҳз дар ҳамин давра вазирон дар асоси конференсияҳои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Ассотсиатсия шурӯъ намуданд ба гузаронидани мулоқотҳо бо ҳамкасбони худ аз Австралия, Аврупо, ИМА, Япония ва ин мулоқотҳо баътар номи «конференсияҳои баъди вазиронро» гирифтааст. Ҳамин тавр, ба механизми имтиёзноки ҳамкориҳои АСЕАН ва кишварҳои пешрафтаи ғарбӣ, ки дар миёнаҳои солҳои 90-ум тавассути ба он ворид шудани Чин, Ҳиндустон ва Русия густариш ёфт, асос гузошта шуд [18, с. 33]. Ин механизм боиси он гардид, ки кишварҳои хурду миёнаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, ки вазифаи роҳбарро дар ташкили ҳамкориҳои бисёрҷониба бо субъектҳои берун аз минтақа, ки аз ҷиҳати қудрат ва нуфуз ба таври назаррас бартарӣ доранд, ба уҳда гирифтанд ва тадриҷан ба қувваи пешбарандаи равандҳои ҳамгироии макроминтақавӣ табдил ёфтанд.

Ба шарофати рушди муносибатҳои шарикии баробар бо кишварҳои абарқудрат дар  самтҳои сиёсат, иқтисодиёт, ҳарбӣ ва ғ. ба кишварҳои аъзои АСЕАН муяссар гардид, ки нуфузи байналмилалии худро баланд бардоранд ва ҳатто барои ҳамкориҳо дар соҳаи иқтисодиёт ва аминят дар Осиё ва Уқёнуси Ором намуна бошанд.

Ин ба сиёсатмадорон ва таҳлилгарон имкон дод, ки хусусияти АСЕАН меҳвариро ба ҷанбаҳои асосии амалкарди он нисбат диҳанд. Аз ҷумла, дар Оинномаи АСЕАН “марказият, нақш ва фаъолияти АСЕАН-ро ҳамчун қувваи пешбарандаи муносибат ва ҳамкориҳо бо шарикони беруна дар фазои кушоди минтақавӣ” яке аз ҳадафҳои аввалиндараҷа номидаанд [12].

Бо вуҷуди ин, чунон ки аксари вақт дар мавриди истилоҳҳои сиёсикуонидашуда дида мешавад, дар зири ин истилоҳи сиёсикунонидашуда то ҳол мафҳуми “меҳварӣ”-и АСЕАН-ро наметавон дарк намуд. Тан Си Сенг ҳадди аққал панҷ гузинаи муайяни истифодаи истилоҳи мазкурро шаҳр медиҳад [11, с. 721-723]:

-              ҳамчун принсипи роҳбарӣ ё нақши пешбарии АСЕАН;

-              ҳамчун нақши ташаббускор ё миёнарави равандҳои ҳамгироӣ дар Осиёи Шарқӣ;

-              ҳамчун вазифаи «нуқтаи марказӣ», ки дар атрофи он ниҳодҳои пайдошудаи ҳамкории минтақавӣ ҷамъ мешаванд;

-              ҳамчун механизме, ки пешрафти ҳамгироии минтақавиро таъмин менамояд;

-               ҳамчун абзоре, ки кишварҳои АСЕАН барои ҳифзи манфиатҳои дастаҷаъмонаи худ ва нигоҳ доштани афзалият дар равандҳо ҳамгироии Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ва пешгирӣ аз дигаргуниҳои стуруктуравии номусоид истифода мебаранд.

Ба ин руйхат боз як нуктаи дигарро илова кардан мумкин аст — фаҳмиши АСЕАНМЕҲВАРӢ ҳамчун принсипи асосии он, чунин маъно дорад, ки иттиҳод вазифаи ҷалбкунандаи манфиатҳои бозигарони ғайриминтақавиро иҷро мекунад ва онҳоро дар чаҳорчӯбаи иттиҳод ва ё тавассути сохторҳои макроминтақавии АСЕАН муттаҳид менамояд. Аз ҷумла, мувофиқи ин принсип, АСЕАН ҳуқуқи муқарар намудани рӯзномаро дар фаъолияти чунин ниҳодҳои байналмилалӣ - форумҳои ҳамкориҳои иқтисодии Осиё ва Уқёнуси Ором (APEC), Форуми Минтақавии Амнияти АСЕАН (ARF), Саммити Осиёи Шарқӣ (EAS) пайдо намуд ва ин эҳтимол вуљуд дорад, ки дар оянда ҳуқуқи муайян намудани рӯзномаро дар шарикии ҳамаҷонибаи иқтисодии минтақавӣ низ ба даст орад (RCEP) [19, с. 113].

Сарфи назар, аз он ки ҳар як кишвари узви АСЕАН нисбат ба кишварҳои шарики худ дар арсаи байналхалқӣ таваҷҷуҳи беандоза доранд, вале бо кӯшишҳои даҳгона ба онҳо муяссар мегардад, ки як мавқеи устуворро дар мушкилотҳои ба вуҷуд омада, пайгирӣ намоянд ва дар ҳалли мушкилоти ҷойдошта мавқеи онҳо ба назар гирифта шавад. Маълум аст, ки ин вазъият бо ризояти хомӯшонаи кишварҳои абарқудрати ғайриминтақавӣ, ки аз кӯшишҳои АСЕАН барои нигоҳ доштани фосилаи баробар дар муносибатҳои байни худ каноатманданд ва ин ба кишварҳои абарқудрат имкони рақобати ошкороро дар минтақа намедиҳад, ба амал омадааст. Метавон гуфт, ки "меҳварӣ"-и АСЕАН пеш аз ҳама натиҷаи сиёсати хирадмандона ва мутавозин нисбат ба шарикони ғайриминтақавии худ аст.

Ҳамин тариқ, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки барои АСЕАН-ро аз ҷумлаи фаъолони эҳтимолии идоракунии ҷаҳонӣ ҳисобидан заминаҳо вуҷуд доранд. Дар ин ҳолат суоле ба миён меояд, ки оё АСЕАН метавонад (ва ё мехоҳад) бо иқтидори доштаи худ дар якҷоягӣ бо дигар аъзоёни ҷомеаи байналмилалӣ масъулияти қабули қарорҳоро ба уҳда гирад ва давлатҳои дигар розӣ мешуда бошанд, ки ин нақши нави ҷаҳонии АСЕАН-ро дар идоракунии ҷаҳонӣ эътироф намоянд. Барои дарёфти посух ба ин суол бояд хусусиятҳои рушди муосири АСЕАН-ро мавриди омӯзиш қарор дод.

“Меҳварӣ”-и АСЕАН бо мақоми “роҳбарияти дастаҷаъмона”- и он мувофиқ буда, ба мамлакатҳои аъзо иҷозати амалӣ намудани имкониятҳои навро медиҳад, ки хеҷ кадоме аз онҳо дар алоҳидагӣ доро нестанд. Иштирок намудан дар идоракунии ҷаҳонӣ аз ҷумлаи онҳост. Тавре, ки сиёсатшиноси канадагӣ Амитав Ачария қайд намуда буд “АСЕАНМЕҲВАРӢ яке аз сиёсатҳои хеле хуб бароҳмонда буда, ҳадафи асосиаш шукуфоии минтақа мебошад”. [1, с. 274]. Дар ин замина изҳороти сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои минтақа дар эъломияи муштараки “Созишномаи Бали III” қобили таваҷҷуҳ аст. Дар он «зарурияти мустаҳкам намудани ҳамоҳангӣ ва ҳамкории АСЕАН оид ба масъалаҳои мубрами ҷаҳонӣ, ки ба манфиати умумии онҳо нигаронида шудааст, дар доираи форумҳои дахлдори бисёрҷониба ва ташкилотҳои байналмилалӣ, аз ҷумла СММ», зикр гардидааст [4]. Ҳамин тариқ, метавон дар бораи манфиатдор будани роҳбарони АСЕАН дар идоракунии ҷаҳонӣ сухан ронд.

Самаранокии татбиқи идеяи “АСЕАНМЕҲАРӢ” аз ҷониби мутахасисон зери шубҳа гузошта мешавад. Суолҳо дар бораи қобилияти ассотсиатия барои расондани таъсири назаррас ба сиёсати хориҷии шарикони муколамавии худ ба миён гузошта мешаванд, ки аввалан аз рӯи манфиатҳои стратегии худ амал мекунанд. А. Ачария чор гурӯҳи махсусро ҷудо менамояд, ки ба ин мушкилот воқеан иртибот доранд [1, с. 277-278]:

-              коҳиш ёфтани консенсус дар дохили худи АСЕАН (масалан, набудани мавқеи ягона оид ба вазъияти баҳри Чини Ҷанубӣ);

-              тадриҷан даст кашидани АСЕАН аз сиёсати бетарафии катъӣ дар муносибат бо давлатҳои абарқудрат, ки манфиатҳои геосиёсии худро дар Осиёи Ҷанубу Шарқӣ думболагирӣ менамоянд.

-              фаъолтар гардидани бозингарони ғайриминтақавӣ дар равандҳои ҳамгироии минтақавӣ (масалан, Чин бо лоиҳаи як камарбанд, як роҳ);

-              мавқеъи Вашингтон, ки равобити дуҷонибаро аз созишномаҳои бисерҷониба дар минтақа афзалтар медонад ва умуман меҳварии АСЕАН -ро нодида мегирад.

Мушкилоти асосие, ки ҳоло АСЕАН ба он дучор шудааст, гузаштан аз «меҳварӣ» ба мустақилона дар амал татбиқ намудани нуқтаҳои асосии изҳорот мебошад. Ассотсиатсия аллакай дар ин самт ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст. Яке аз далелҳои асосии муваффақияти АСЕАН дар ин самт робитаҳои доимии он бо дигар созмонҳои байналмилалӣ мебошад, ки аз солҳои 1990-ум то 2000-ум дар шакли созишномаҳои дахлдор ба имзо расонидааст. Дар байни ташаббусҳои муҳимтарини АСЕАН дар ин самт Форуми Осиё ва Аврупо (ASEM), Форуми ҳамкории Осиёи Шарқӣ ва Амрикои Лотинӣ (WAZLAF) ва Муколамаи ҳамкориҳо дар Осиё (DSA)-ро зикр намудан мумкин аст. Нақши АСЕАН дар ташкили платформаҳои муколама ва нишастҳои бисёрҷониба барои ҳамкории байниминтақавӣ, бидуни муболиға, муҳим аст. Ин шаҳодати он аст, ки иттиҳод то чӣ андоза ба мустаҳкам намудани субъективияти байналхалқии худ муваффақ шудааст. Бояд шарҳ дод, ки субъективияти байналхалқии АСЕАН чи тавр шарики эҳтимолӣ гардидани он дар идоракунии ҷаҳонӣ алоқаманд аст.

Митрофанова А.В. ва Кулматов К.Н. бар ин назаранд, ки ҳамкориҳои байниминтақавӣ ба ташаккули идоракунии бисёрсатҳаи равандҳои ҷаҳонӣ мусоидат мекунад [17]. Масалан, ташкили як шабакаи томи ташаббусҳои ҳамгироии “АСЕАНМЕҲВАРӢ” ба давлатҳои АСЕАН имкон медиҳад, ки мавқеи худро бо мавқеи дигар мамлакатҳои тараққикунандаи ҷаҳон ҳамоҳанг созанд ва таклифу пешниҳодҳои худро дар сатҳи давлатҳои тараққинамудаи ҷаҳон баррасӣ нмоянд. АСЕАН ба як ҳалқаи калидии механизми идоракунии байналхалқии инкишоф додани аксуламали дастаҷамона ба муқобили мушкилаҳои умумиҷаҳонӣ ва минтақавӣ табдил меёбад.

Дар баробари ин «меҳварӣ»-и АСЕАН-ро бо нақши он дар танзими равандҳои ҷаҳонӣ баробар гузоштан нодуруст аст. Бешубҳа, ташаббусҳои АСЕАН оид ба ҳамкориҳои ҳаматарафа дар самти Шимол-Ҷануб ва Ҷануб-Ҷануб ба ташаккули механизмҳои нави идоракунии ҷаҳонӣ мусоидат менамояд. Аммо, дар хусуси муносибатҳои АСЕАН бо ниҳодҳои байналмилалии идоракунии ҷаҳонӣ, ки тайи солҳои дароз фаолият менамоянд, дар бораи “АСЕАНМЕҲВАРӢ” сухан рондан ғайриимкон аст. Ҳатто, бо назардошти он ки шарикони асосии муколамавии АСЕАН манфиатҳои онро дар арсаи байналмилалӣ ҳимоя наменамоянд.

Мисоли маъмулӣ яке аз кишварҳои асосгузори АСЕАН - Индонезия мебошад. Ҳарчанд аз замони таъсиси G20 узви G20 буд (декабри соли 1999), дипломатҳо ва сиёсатмадорони Индонезия борҳо таъкид намуда буданд, ки кишвари онҳо дар G20 аз рӯи иқтидори инфиродии худ ҳамчун "бозори рӯ ба тараққӣ" дохил мегардад, на ҳамчун намоянда ё сухангӯи манфиатҳои дигар давлатҳои Осиёи Ҷануби Шарқӣ. Ҷолиби диққат аст, ки Индонезия барои ба саммитҳои G20 даъват намудани шахсони мансабдор аз кишварҳои аъзои АСЕАН (раис ва дабири кулл) фаъолона пофишрорӣ намуда, ин мавқеи худро чунин шарҳ медиҳад, ки вай вазифадор нест, ки кишварҳои дигари минтақаро дар ин форуми байналмилалӣ намояндагӣ намояд. [8, с. 80-81]. Баъзе коршиносон ҳатто ба ин назаранд, ки Индонезия дигар ба АСЕАН эҳтиёҷ надошта, кӯшиши бо давлатҳои абарқудрат як ба як муколама намуданро дорад, вале то ҳол чунин тавр амал нанамудааст.

Индонезия мунтазам ба шарикони худ дар доираи АСЕАН дар бораи натиҷаҳои ҷаласаҳои G20 маълумот медиҳад, то онҳо аз масъалаҳое, ки дар ҷаласаҳои G20 мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд, огоҳ бошанд. [2, с. 15]. Илова бар ин, дар 15-умин саммити Ассотсиатсия, ки моҳи октябри соли 2009 дар Чаам (Таиланд) баргузор гардид, Индонезия пешниҳод намуд, ки гурӯҳи робитаи ASEAN + G20 бо ҳайати  (1) намояндаи Индонезия ҳамчун узви ягонаи G20 аз Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, (2) Раиси АСЕАН, яъне роҳбари давлате, ки дар соли ҷорӣ дар Ассотсиатсия раисӣ мекунад ва (3) Котиби генералии АСЕАН, ки аз ҷониби роҳбарони давлатҳо ва ҳукуматҳои Ассотсиатсия ба муддати панҷ сол интихоб мегардад, таъсис дода шавад. Вазифаи гурӯҳи мазкур мутобиқ кардани мавқеъҳои мамлакатҳои аъзои АСЕАН оид ба масъалаҳои мубрами ҷаҳон ва кор карда баромадани нуқтаи назари мувофиқашуда, ки баъдан дар ҷаласаҳои G20 садо хоҳад дод, мебошанд. Индонезия инчунин гузаронидани ҷаласаҳои мунтазами вазирони молияи АСЕАН-ро пешниҳод карда буд, то АСЕАН назар ба G20 бартарӣ байдо намояд [8, с. 81]. Пас метавон гуфт, ки Ҷакарта ҳама кори дастрасашро барои ҳимояи манфиатҳои АСЕАН дар сохторҳои идоракунии ҷаҳонӣ анҷом дода истода аст.

АСЕАН дар айни замон имкони даъвои субъекти баробарҳуқуқи идоракунии ҷаҳонӣ шуданро надорад. Имкониятҳои он барои идора кардани равандҳои ҷаҳонӣ бо се механизми институтсионалӣ: (1) шарикии муколамавӣ бо кишварҳои узви G7, G20 ва БРИКС, ки метавонад инфиродӣ амал кунанд, (2) ҳамкории байниминтақавӣ дар доираи ташаббусҳои аз ҷониби АСЕАН пешниҳодшуда: ASEM, WAZLAF, DSA ва ғ. ва (3) узвияти Индонезия дар G20 маҳдуд нагардад. Ҳеҷ яке аз ин механизмҳо (шояд ба истиснои охирин) ба Ассотсиатсия имкон намедиҳад, ки ба рафти идоракунии равандҳои ҷаҳонӣ бевосита таъсир расонад. Бо вуҷуди ин, сохторҳои аз ҷониби АСЕАН таъсисгардида ба он имкон медиҳанд, ки манфиатҳои худро аз пушти парда дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ ва минтақаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ҳимоя намояд. Инчунин кишварҳои аъзои АСЕАН метавонанд, ба воситаи фаъолияти СММ дар идоракунии ҷаҳонӣ ширкат варзанд.

Дар мавриди нақши фаъолтар дар равандҳои идоракунии ҷаҳонӣ, ки АСЕАН даъво дорад, сухан рондан ҳанӯз бемаҳал аст. Бо вуҷуди ин ки Ассотсиатсия мақоми «пешвои дастаҷамъона»-и равандҳои ҳамгироии макроминтақавиро дорад, аммо ҳоло ҳам ба як абарқудрати ҷаҳон табдил наёфтааст (ба монанди Иттиҳоди Аврупо). Хуллас, Асотсиатсия аллакай қодир аст, ки ба ҳалли масъалаҳои ҷаҳонӣ дар доираи минтақаи худ таъсири муайян расонад ва аз эҳтимол дур нест, ки дар ояндаи наздик таъсири Асостсиасия аз минтақаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ берун барояд. Масалан, Ассотсиатсия як унсури ташаккулдиҳандаи сохтори Форуми минтақавии АСЕАН оид ба амният, ки соли 1994 таъсис ёфтааст, мебошад. Вазифаҳои асосии ин форум мусоидат ба муколамаи созанда ва машваратҳо оид ба масъалаҳои муҳимми сиёсӣ ва амниятӣ, инчунин муқаррар намудани тадбирҳои боварии ҳамдигарӣ ва дипломатияи пешгирикунанда дар минтақаи Осиё ва уқёнуси Ором мебошад.

Ҳамчун субъект эҳтимолӣ баромад кардани АСЕАН-ро метавон чунин шарҳ дод: аввалан, нақши махсус дар танзими равандҳои ҷаҳонӣ ва иқтисодӣ дар сатҳи минтақавӣ бо хусусиятҳои дунамудаи худи идоракунии ҷаҳонӣ алоқаманд аст: аз як тараф, иерархӣ аст ва аз тарафи дигар, он ба принсипи шабакавӣ асос ёфтааст. Мувофиқи ин назар АСЕАН дар асоси принсипи «меҳварӣ»-и худ нақши яке аз субъектҳоро вобаста ба минтақаи Осиёӣ Ҷанубу Шарқӣ мебозад.

Дуюм, таҷрибаи АСЕАН ақидаҳоро дар бораи идоракунии ҷаҳонӣ, ки аз ҷониби созмонҳои умумиҷаҳонӣ ба воситаи қисман соҳибихтиёрии давлатҳоро аз онҳо гирифта, идоракунии ҷаҳониро дар болои институтҳои миллӣ қарор медиҳанд, рад мекунад (ин роҳи пешгирифтаи Иттиҳоди Аврупо мебошад). Ба иборати дигар, идоракунии ҷаҳонӣ маҷмӯи кӯшишҳоест, ки давлатҳо дар сатҳи миллӣ ва минтақавӣ барои ҳалли мушкилоти ҷаҳоние, ки ба як давлат ва ё минтақаи мушаххас дахл дорад, анҷом медиҳанд.

Сеюм, дар ҳоли сухан рондан дар бораи маделҳои идоракунии ҷаҳонӣ бояд қайд намуд, ки ҳељ як аз онҳо вазъияти ҳақиқии кори ин соҳаро пурра инъикос намекунад. Коршиносон ҳадди аққал чаҳор модели идоракунии ҷаҳониро омӯхтаанд, ки аз рӯи дараҷаи мутобиқшавӣ бо ниҳодҳо ва бозингарони ҷаҳонӣ аз якдигар фарқ мекунанд: (1) ташаккули системаи идоракунии ҷаҳонӣ дар муқоиса бо сохторҳои миллӣ, аммо дар миқёси ҷаҳонӣ («ҳукумати ҷаҳонӣ»); (2) идоракунии ҷаҳонӣ аз ҷониби системаи ниҳодҳои байналмилалӣ амалишаванда (СММ, ХБА, Бонки Ҷаҳонӣ, G7, G20 ва ғайра); (3) консепсияи идоракунии ҷаҳонӣ, ки асосашро модели якқутбӣ ташкил медиҳад ва он қудрати иқтисодӣ ва ҳарбии давлатҳои абарқудрати системаи муносибатҳои байналмилалиро нишон медиҳад; ва (4) консепсияи системаи полисентризми идоракунии ҷаҳонӣ, ки ба омезиши ниҳодҳои байнидавлатӣ ва блокҳои минтақавӣ асос ёфтааст [15, с. 62-63]. Дар мавриди АСЕАН бошад, охирон мадели чандмеҳварии идоракунии ҷаҳонӣ наздиктар аст, вале ин мадел низ пурра бо АСЕАН мувофиқ намеояд, зеро АСЕАН-ро наметавон ҳамчун "қутб" ё "маркази қудрат"-и мустақил баррасӣ кард.

АСЕАН самаранокии худро дар робита бо идоракунии ҷаҳонӣ собит кардааст. Самаранокии АСЕАН дар “қобилияти аъзоҳои ин иттиҳод барои мувофиқ кардани уҳдадориҳои дастаҷаъмона, ки ба амалӣ намудани қарорҳои қабулшуда ва тағйиротҳои сиёсӣ равона гардидааст, зоҳир мегардад, ки барои ҳалли мушкилаҳои дастаҷаъмонаи зарурӣ равона шудааст” [16]. Хусусияти хоси модели идоракунии АСЕАН ин инкори пурраи кишварҳои аъзои он дар таъсиси ниҳодҳои фаромиллӣ мебошад, ки маънои поймол накардани ҳуқуқи соҳибихтиёрии онҳоро дорад. Ҳамаи қарорҳои даҳгонаи АСЕАН ба таври дастаҷамъона ва бо консенсус қабул карда мешаванд. Ҳар як давлат сохибихтиёрии комилро нигоҳ дошта, дар қабули қарорҳо аз ҳуқуқи вето бархӯрдор аст.

Мавриди зикр аст, ки ин методи қабули қарорҳо ҷанбаҳои манфӣ низ дорад. Масалан, борҳо дар рафти қабули қарорҳои дорои аҳаммияти умумиминтақавӣ кишварҳои аъзои АСЕАН манфиатҳои миллии худро аз манфиатҳои умумиминтақавӣ болотар мондаанд. Кишварҳои минтақа ба ҳолатҳои бархурди манфиатҳои миллӣ рӯ ба рӯ шудаанд, вале онро ба мушкилоти умумиминтақавӣ табдил намедиҳанд. Сарфи назар, аз он ки ин гуна ихтилофҳо миёни кишварҳои аъзои АСЕАН ба назар мерасанд, ин ихтилофҳо ягонагии АСЕАН-ро ҳамчун як қувваи тараққикунанда зери шубҳа намегузоранд. Чи тавре ки яке аз олимони сингапурӣ Саймон Тай қайд намудааст: “ин ки кишварҳои аъзои АСЕАН як рӯз бо як овоз сухан ронанд, як чизи ғайриимкон нест, ҳарчанд онро яку якбора ба даст овардан намешавад” [11, с. 14].

Дар мавриди шабоҳати АСЕАН ба ИА метавон гуфт, ки қудрати иқтисодӣ, сиёсӣ ва низомӣ ба Ассотсиатсия имкони дар як сатҳи баробар бо абарқудратони эътирофшудаи ҷаҳон музокира карданро намедиҳад. Яке аз омилҳои муҳими дигар муқаррар намудани меъёрҳоест, ки дар сиёсат қабул гардидаанд (дар сиёсати ҷаҳонӣ зери мафҳуми меъёр густариши арзишҳои худ дар арсаи ҷаҳон фаҳмида мешавад) [9, с. 259]. Ғояе, ки тибқи он ассотсиатсия имкони табдил ёфтан ба “қувваи меъёрие”, ки ИА ба он даъво дорад, дар зеҳни элитаҳои АСЕАН амиқ реша надавонидааст. Суол ба миён меояд, ки оё кишварҳои аъзои АСЕАН имкони пешниҳоди низоми нави арзишҳоро барои ҷомеаи ҷаҳонӣ, ки аз системаи арзишҳои амалкунанда, яъне либерализми ғарб фарқ кунад, доранд?

Бояд гуфт, ки дар ҳақиқат чунин низоми арзишҳо вуҷуд дорад ва ин арзишҳоро арзишҳои осиёӣ ном мебаранд, ки аз ҷониби зиёиён ва сиёсатмадорони пешбари кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ (Ли Куан Ю, Махатхир Муҳаммад, Го Чок Тонг, Кишор Маҳбубонӣ, Билахари Каусикан ва дигарон) пешниҳод шудаанд. Асоси идиологии ин арзишҳоро ҳамзистии осоишта ва рушди ҷамъиятҳои Осиёӣ ташкил медиҳад. Ба инҳо инчунин маҷмуи меъёрҳои равобити мутақобилаи байнидавлатӣ, ки бо номи “Роҳи АСЕАН” (The ASEAN Way) машҳур аст, шомил мешавад. Дар радифи ин меъёрҳо инчунин дахолат накардан ба корҳои дохилии якдигар, эҳтироми соҳибихтиёрии миллӣ, эътироми қарорҳои қабулгардида, муоширати нарм дар рафти гуфтушунидҳо ва ҷустуҷӯи роҳҳои аз ҳама мусоид барои расидан ба ҳадафҳои дарпешгузошта ва ғ. дохил мегарданд. АСЕАН на танҳо худаш ин меъёрҳо пайгирӣ мекунад, балки дар муносибат бо шарикони муколамавии худ ин меъёрҳоро фаъолона пеш мегузорад ва онҳоро барои ба ин пайвастан даъват менамояд.

Метавон гуфт, ки ҳарчанд ин иттиҳод имкони маркази қудрати ҷаҳонӣ ба мисли ИМА, Русия ва Чин шудан надорад, вале метавонад ҳамчун Иттиҳоди Аврупо як маркази ҷолиби таваҷҷуҳ гардад. АСЕАН имконияти ба “қувваи меъёрӣ” такя намудан ва ба як субъекти комилҳуқуқи идоракунии ҷаҳонӣ табдил ёфтанро дорад.

 

АДАБИЁТ

1.            Amitav Acharya The Myth of ASEAN centrality? – Contemporary Southeast Asia. 2017. Vol. 39. No. 2.  P. 273-280. URL: https://www.researchgate.net/publication/319479056_The_myth_of_ASEAN_centrality (санаи муроҷиат 22.08.2023).

2.            ASEAN Economic Community: progress, challenges, and prospects // A World Trade Organization for the 21st Century. Edward Elgar Publishing. Chapter 10, pages 269-315. Author Siow Yue Chia. URL:  https://ideas.repec.org/h/elg/eechap/15991_10.html (санаи муроҷиат 22.08.2023).

3.            ASEAN: Market Profile // Hong Kong Trade Development Council. URL: https://research.hktdc.com/en/article/Mzk5MzcxNjEz (санаи муроҷиат 22.08.2023).

4.            Bali Declaration on ASEAN Community in a Global Community of Nations (Bali Concord III). Bali, 17.11.2011. URL: http://www.asean.org/storage/archive/documents/19th%20summit/Bali%20Concord%20III.pdf (санаи муроҷиат 22.08.2023).

5.            Global Governance 2025: At a Critical Juncture. 2010. Paris: The EU Institute of Security Studies (EUISS) URL: https://espas.secure.europarl.europa.eu/orbis/sites/default/files/generated/document/en/Global%20Governance%202025.pdf (санаи муроҷиат 22.08.2023).

6.            Global Governance from Regional Perspectives: A Critical View. 2017. Ed. by A. Triandafyllidou. Oxford: Oxford University Press. URL: https://academic.oup.com/book/26365 (санаи муроҷиат 22.08.2023).

7.            Gross domestic product (GDP) of the ASEAN countries from 2018 to 2028 URL: https://www.statista.com/statistics/796245/gdp-of-the-asean-countries/#:~:text=In%202022%2C%20the%20estimated%20total,increase%20from%20the%20previous%20years. (санаи муроҷиат 22.08.2023).

8.            Hermawan Y.P., Sriyuliani W., Hardjowijono G.H., Tanaga S. 2011. The Role of Indonesia in the G-20: Background, Role and Objectives of Indonesia’s Membership. Jakarta: Friedrich-Ebert-Stiftung Indonesia Office.

9.            International Organization and Global Governance. T.G. Weiss, R. Wilkinson. N.Y.: Routledge. London and New York : Routledge, 2013. URL:  https://research.manchester.ac.uk/en/publications/international-organization-and-global-governance (санаи муроҷиат 22.08.2023).

10.          Stubbs R. The ASEAN Alternative? Ideas, Institutions and the Challenge to “Global” Governance. Pacific Review. 2008. Vol. 21. No. 4. P. 451-468. URL: https://www.researchgate.net/publication/233133384_The_ASEAN_alternative_Ideas_institutions_and_the_challenge_to_'global'_governance (санаи муроҷиат 22.08.2023).

11.          Tan S.S. Rethinking “Asean Centrality” in the Regional Governance of East Asia. – The Singapore Economic Review. 2017. Vol. 62. No. 3. P. 721-740. URL: https://www.worldscientific.com/doi/10.1142/S0217590818400076  (санаи муроҷиат 22.08.2023).

12.          The ASEAN Charter. 2007. Jakarta: ASEAN Secretariat. URL: https://asean.org/wp-content/uploads/images/archive/publications/ASEAN-Charter.pdf (санаи муроҷиат 22.08.2023).

13.          Whitman J. The Fundamentals of Global Governance. ISBN 10: 0230572537 ISBN 13: 9780230572539 N.Y.: Publisher: Palgrave Macmillan, 2009. 208 pp.

14.          Глобальное управление: возможности и риски. 2015. Под ред. В.Г. Барановского, Н.И. Ивановой. М.: ИМЭМО РАН.

15.          Колдунова Е.В. Роль стран БРИКС в глобальном управлении. – Сравнительная политика. 2014. Т. 5. № 1. С. 60-64. URL: https://mgimo.ru/upload/iblock/a1f/a1f789c6f953b2dddaf3486f20abf6df.pdf (санаи муроҷиат 22.08.2023).   

16.          Куклин Н. Итоги саммита АСЕАН в Индонезии // Российский совет по международным делам (РСМД) URL: https://russiancouncil.ru/analytics-and-comments/analytics/itogi-sammita-asean-v-indonezii/ (санаи муроҷиат 22.08.2023).   

17.          Кулматов К.Н., Митрофанова А.В. Интеррегионализм и глобальное управление. – Мир и политика. 2010. № 2. С. 59-69.

18.          Қудратов К.А. Ҳамгироии иқтисодӣ дар минтақаи осиёи ҷанубу шарқӣ дар доираи фаъолияти АСЕАН // Маҷаллаи илмии Осиё ва Аврупо. Душанбе, 2023. №1(13). С. 26-43.

19.          Қудратов К.А. Заминаи таърихӣ ва марҳилаҳои ташаккули АСЕАН // Маҷаллаи илмии Осиё ва Аврупо. Душанбе, 2022. №4(12). С. 102-117.

 

ҚУДРАТЗОДА КОМРОН АБДУНАБӢ

н.и.т., дотсент, мудири шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

 

ҲАМИДОВА САРВИНОЗ ФАРУХОВНА

ходими хурди илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

 

НАЗАД