НАЦИОНАЛЬНАЯ АКАДЕМИЯ НАУК ТАДЖИКИСТАНА

ИНСТИТУТ ИЗУЧЕНИЯ ПРОБЛЕМ СТРАН АЗИИ И ЕВРОПЫ

Паёму розҳои Парчами давлатии Тоҷикистони азиз

Автор: Рахмонов Мирсаид

Расм

 “Рамзу таъсирҳое, ки парчам ба он ишора мекунад, аз таҷрибаву корномаҳои мардумони бузург офарида шудааст. Ҳар рамзи он ба ҳаёти онҳо навишта шудааст. Парчам як таҷассуми эҳсосот набуда, балки як таърих аст. Он аз як порча матоъ аст, ки таҷассумгари таърихи сарзамини миллату кишварҳост. Он ба қурбониҳо ва хуну ҷасорати ҳомиёни ватан печонида шудааст. Умед ва орзуҳои касоне, ки ба ин сарзамин омаданд, дар он тасвир шудааст”.[1]

Истиқлолият неъмати бебаҳоест, ки ҳар қавму миллат барои дарёфти он аз равишу роҳҳои дурусту муносиб, муборизаву талошҳо ва бедорхобиҳову худгузариҳо ва ватандӯстиву ватансозӣ истифода карда, барои дарёфти он талошҳо меварзад. Муҳимтарин заминасозии он доштани роҳбари хирадманд аст, ки миллатро месозад. Бо чунин ормону орзуҳои хуб кишвар соҳибдавлат шуда, бо истифода аз донишу хирад ва роҳнамои фарзанди фарзонаи худ таҳти сарпарастии сиёсатмадор ва ташаббускору созанда Президенти кишвар Эмомали Раҳмон барои эҳёи арзишҳои фарҳангиву миллӣ талошу мубориза намуда, Ватану миллатро аз нестшавӣ раҳо сохта, онро дар арсаи ҷаҳон ҳамчун диёри сулҳу созандагӣ ва солимандешӣ муаррифӣ карданд ва ҳамасола аз паёму ташаббусҳои созандаи милливу байналмилалии ин фарзанди фарзонаи миллат ақвоми олам баҳравар шуда, барои амали онҳо талош меварзанд ва ё ба қавли донишманде,

Аз ин паём ҳар озода шодмон гардид,

Чи ҳиндӣ ё чи араб ё чи турку афғонаст.

Парчам ва рамзҳои тасвиршудаи он мафҳуми хос дошта, арзишу қадрдонии он барои ҳар соҳибдавлат хеле муҳим мебошад.

Он аз як порчаи матоъест, ки таҷассумгари худшнисову худогоҳиву бедорӣ ва ҳушёр буданро тасвир менамояд. Ин рамзи ватандорӣ, ҳаёт, қувват, устуворӣ ва ваҳдат мебошад.

Бо чунин шаҳомату шоистагӣ ин матоъи қиматбаҳо ба мову шумо паёмҳои муҳиме дорад, ки бояд онҳоро дарк намуду қадри онро бештар дониста, эҳтиром кард. Паём худ як иттилоотест, ки аз ирсолкунанда ба қабулкунанда фиристода мешавад. Паёмҳо одатан маъно доранд ва аз рамзҳо, аломатҳо ё имову ишора иборатанд. Он як навъи муоширати интерактивӣ номида мешавад, қабулкунандаи паём метавонад ба интихоб ва самти паёми дарёфтшуда, мутаассир гардад. Аз диди камина паёму розҳои Парчами давлатии мо иборатанд аз

Ифтихормандӣ ва шарафмандӣ

Бояд ифтихор аз он кард, ки сарзамини мо бостонӣ буда, дорои манобеи табиӣ ва манзараҳои зебоест, ки аз ҷониби муаррихон ва минтақашиносон чун минтақаи «Мовароуннаҳр» шинохта шудааст, ки мардумонаш бо фарҳангу маданият буда, дар пешрафти илму маърифат ва меъмориву шаҳрсозӣ нақш доштанду то ба имрӯз онро идома дода истодаанд. Шаҳри Душанбе чун шаҳр ҷавон бо боғҳо, дарахтҳои ёдгорӣ, биноҳои зебову замонавӣ ва чорабаниҳои минтақавиву байналмилалӣ шуҳратёб аст, ки бо шаҳрҳои ҷаҳон робита дошта, бародаршаҳр мебошад.

Ҳамеша ба парафашноии парчам нигоҳ мекунему дар маросиму чорабаниҳо онро ороста, аз ватандориву ватансозӣ эҳсоси ифтихор мекунем. Ифтихор аз он менамоем, ки ба миллате тааллуқ дорем, ки гузаштагони он хирадманду ҷасур тавоно буда, насли имрӯзаи он чунин ҷасорату фаросатро эҳё карда, ба сӯи пеш қадам мегузоранд.

 

Иттиҳоду Ваҳдату ҳамбастагӣ

Иттиҳоду ваҳдат ба миллат тавоноӣ ва қудрати таъсиррасонӣ ҳадя мекунад. Дар меҳвари он қабл аз ҳама озодӣ ва истиқлоли миллӣ қарор дошта, заминаи тамоми муваффақиятҳоро ба вуҷуд меоварад.

Он имкон медиҳад, ки дар навбати аввал истиқлоли сиёсӣ ва сипас иқтисодию фарҳангӣ ба миллат муяссар гардад. Он як иқтидори миллату давлат буда, силоҳи асосии мубориза ба муқобили тамоми қувваҳои бадхоҳу бадбину бадшинос мебошад. Имрӯз иттиҳоду ваҳдату сулҳи Тоҷикистон барои ҷомеаи ҷаҳонӣ, махсусан кишварҳое, ки ба моҷароҳои сиёсӣ ру ба ру гардидаанд аз нодиртарин намуна ва барои бартараф намудани буҳрону кашмакашиҳо мебошад.

Қурбониҳову фидокорӣ

Аз оғози таъсиси сарзамини соҳибистиқлолу соҳибҳуқуқ, миллату шаҳрвандони Тоҷикистон барои пешрафту манфиати бештари кишвар қурбониҳову фидокориҳо карданду то ба имрӯз идома дода истодаанд.

Имрӯз мову шумо вақти худро барои ҳимояву ободии Ватан қурбон мекунем ва ҷонҳои худро барои хидмат ва ҳифзи он дареғ надошта, намегузерем ба он латмае ворид шавад.

Чунин қурбониҳову фидокориҳо баҳри бехатарӣ ва пешрафти халқу миллати мо мусоидат мекунанд. Намунаи беҳтарини фидокориҳо, ҷасорату ҳиммати мову шумо ва ҳар шаҳрванди бо нангу номуси он аст, ки бақову сафои кишвар бар он устувор боқӣ мемонад.

Имконияту шароитсозӣ

Аз замони дарёфти Истиқлол то ба имрӯз Тоҷикистон ба маконе табдил шудааст, ки мардуми бо нангу номуси он барои сохтани ҳаёти осудаву осоишта қадамҳои устувор гузошта ба сӯи пеш давону равонанд. Бо қабулу эълони “сиёсати дарҳои боз” миллионҳо шаҳрвандони дохиливу хориҷӣ озодона ба кишварҳои ҷаҳон сафар карда, таҷрибаҳои якдигарро мавриди омӯзиш қарор дода, аз тавонмандиву имкониятҳои муваффақ истифода мекунанд. Имрӯз кишвари мо бо сохтани корхонаҳои хурду калон талош дорад барои аҳолии худ ҷойҳои корӣ пешниҳод намуда, имконоту шароитҳои созандаву шоистаро барои рушду пешрафту созандагӣ фароҳам оварад.

Иқтидору тавонмандӣ

Тавонмандӣ яке аз рукнҳои асосии мову шумост. Зеро он бартарии моро дар миқёси ҷаҳонӣ ҳамчун неруи созанда муаррифӣ мекунад. Ин ҳама дар якҷоягӣ бо ҳамкорӣ як ангезаи таърихии мост, ки асоси онро мо аз шаҳомати ҷасорати Фирдавсӣ ва паҳлавонии Рустам, Таҳминаву Суҳроб дарс гирифтем. Мо, агарчи кишвари хурд ҳам бошем, вале бо диди хираду бозуи рустамонаи худ тавонманду қавӣ ҳастему якҷоя ба манфиати халқу миллатӣ худ хидмат намуда, дар ҳифзи ватану сарзамини худ саҳм мегузорем.

Озодиву оромиву ободӣ

Тоҷикистони имрӯза сарзамини озоду орому обод буда, фаъолиятҳову ташаббусҳои созанда, сурудҳо ва шеърҳои бешуморе мавҷуданд, ки гуфатҳои болоро тасдиқ мекунанд. Мо ифтихор дорем, ки озоду орому осуда зиндагӣ намуда, барои пешрафти ҷомеаи худ талош менамоем.

Дар ниҳоят бояд қайд кард, ки Истиқлолият заминагузори худшиносӣ буда, рамзҳои миллӣ аз ҷумла Парчам паёмрасони хайру баракат, рушду саодат, ҳамеша моро ба сӯи созандагӣ, ободӣ, оромӣ ва амонии кишвар роҳнамоӣ менамояд ва чун як армуғон ё туҳфаи арзишманд, наслҳои ояндаро ба сӯи қуллаҳои баланд дар партави донишу хирад ва худшиносӣ роҳнамоӣ менамояд.

Хулоса мо имрӯз дар диёри хело зебонманзар ва саршор аз обҳои фаровону кӯҳҳои осмонбӯс умр ба сар мебарему барои боз ҳам хубтару беҳтар сохтани он якҷоя камари ҳиммат баста, онро ҳимоят менамоему аз доштани роҳбари сулҳхоҳу сулҳдӯсту сулҳофарин ифтихор мекунем ва барои хоку замини ҳосилхези он тухми сафову саломро кошта онро ободу орому осуда нигоҳ медорем ва ё ба қавли шоир:

Худо он миллатеро сарварӣ дод,

Ки тақдираш ба дасти хеш бинвишт.

Ба он миллат сару коре надорад,

Ки деҳқонаш барои дигарон кишт. (Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ)

Аз фурсати муносиб истифода бурда, Рӯзи Парчами давлатиро барои ҳомиёну сокинони Ватану миллат муборакбод гуфта, ба меъморону кабӯтарони сулҳовари Тоҷикистон иқболу парвози абадӣ орзумандем.

 

Мирсаид Раҳмонов,

ходими калони илмии

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои

Осиё ва Аврупои АМИТ

 

 


[1] Томас Вудро Вилсон (1856-1924) 28-умин президенти ИМА (19131921), муаррих ва сиёсатшиноси маъруф ва барандаи Ҷоизаи сулҳи Нобел дар соли 1919.

 

НАЗАД