НАЦИОНАЛЬНАЯ АКАДЕМИЯ НАУК ТАДЖИКИСТАНА

ИНСТИТУТ ИЗУЧЕНИЯ ПРОБЛЕМ СТРАН АЗИИ И ЕВРОПЫ

Саҳми бонувон дар пойдории сулҳу субот ва ҳифзи арзишҳои миллӣ

Автор: Давлиёрова Сафаргул

Расм

Занону модарони бонангу номуси мо ҳанӯз дар даврони ниҳоят мушкили оғози истиқлолият обрӯ ва шарафи мамлакатро ҳифз намуданд, ба хотири ҳифзи ҳуқуқи худ мисли гурдофаридҳо ба қиём баромаданд, дар таҳкими давлат, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ саҳми бисёр арзишманд гузоштанд.

Эмомалӣ Раҳмон

Барҳақ, саҳми муқаддаси модарону занону бонувони кишвар дар таҳким ва рушди ҷомеаи солиму ҳуқуқбунёд, бунёди оилаи хушбахт, таълиму тарбияи фарзандони солеҳ, пойдории сулҳу субот дар ҷаҳон, эҳё ва ҳифзи арзишҳои миллӣ басо арзишманду гиромӣ мебошад. Маҳз саҳми босазои зан-модар аст, ки имрӯз шаъну шарафи ҳар як хонадони тоҷик дар арсаҳои гуногуни зиндагӣ эътибори хосаро касб намуда истодааст. Табиист, ки “Модарон ҳамчун чароғи хонадон барои тарбияи фарзанд масъул мебошанд ва танҳо бо меҳру муҳаббат ва сухани нарми онҳо фарзандон дуруст ба камол расида, обрӯи оиларо дар миёни хешу табор, аҳли ҷомеа ва берун аз он баланд мебардоранд” [1].

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатии хеш “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” нақш ва саҳми муқаддасу муборизи модарону занону бонувони кишварро дар таҳким ва рушди ҷомеаи солиму ҳуқуқбунёд, бунёди оилаи солиму хушбахт, таълиму тарбияи фарзандони солеҳ, пойдории сулҳу субот дар ҷаҳон, эҳё ва ҳифзи арзишҳои миллӣ, ваҳдати миллӣ, худшиносию худогоҳии миллӣ, ҳувияти миллӣ махсус баён намуданд. Аз ҷумла афзуданд, ки “Мо дар даврони соҳибистиқлолӣ мақоми занонро дар ҷомеа марҳала ба марҳала баланд бардошта, барои онҳо шароити муносиби фаъолиятро фароҳам овардем. Имрӯз занону бонувони тоҷик ба хотири рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, аз ҷумла дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ содиқона хизмат карда истодаанд”[2].

Муҳаққиқи варзидаи тоҷик Рустам Ҳайдаров низ дар ин иртибот қайд менамояд, ки “Тоҷикзан дар ҳама давру замон соҳиби ифтихор, иффат, поквиҷдонӣ, шуҷоат ва меҳру садоқат буд. Имрӯзҳо дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳазорон Гурдофаридон дар дилхоҳ соҳаи хоҷагии халқ фаъолият доранд. Ҳамаи ин натиҷаи сиёсати дурандешонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки стереотипҳои куҳна ва ғайриинсонии диниро дар бораи занони ҷомеаи муосири тоҷик шикаст дод”[3].

Чуноне, ки аз Паёми сарвари давлат бармеояд, зан - модар - бонуи тоҷик пеш аз ҳама маҳфуздорандаи оташи хонадон, модари мушфиқу меҳрубон, бонуи хирадманду оқила, тарбиятгари насли навраси имрӯзу фардо, донишманд, ҳунарманд, олима, олиҳа, соҳибкори муваффақ, хизматчии давлатӣ, корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, афсар ва аскари Қувваҳои Мусаллаҳ мебошад. Ин далели он аст, ки нақш ва саҳми созандаи модарону занону бонувони тоҷику тоҷикистонӣ дар пойдории сулҳу субот, эҳё ва ҳифзи арзишҳои миллии ниёгонамон шоистаи таҳсин аст. “Имрӯз бонувони мо, дар баробари фаъолият дар низоми хизмати давлатӣ, корхонаҳои истеҳсоливу хизматрасонӣ таъсис дода, ҳамчун соҳибкорони муваффақ соҳиби эътибору обрӯ гардидаанд. Дар зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ шумораи зиёди занону бонувони лаёқатманду баландихтисос ба хизмати давлатӣ ва идоракунии давлатӣ ҷалб карда шудаанд ва ин раванд минбаъд низ идома дода мешавад”[2]. Метавон зикр намуд, ки дар даврони зудтағйирёбандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ модарону занону бонувони мо тавонистанд, аз уҳдаи масъулияти ба душ доштаашон сарбаландона бароянд. Мавриди зикри хос аст, ки “Нақши занону бонувон дар пойдории сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ, дар ниҳоди фарзандон тарбия намудани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, инсондӯстиву масъулиятшиносӣ, инчунин, пешгирӣ кардани омилҳои номатлуби иҷтимоӣ муассир аст. Бовар дорам, ки занон ва модарону бонувону духтарони арҷманди мо минбаъд низ дар риояи муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, ба ҳаёти мустақилона омода намудани фарзандон, рушди ҳунарҳои мардумӣ ва беҳтар гардидани зиндагии ҳар як оилаи мамлакат нақши арзишманди худро мегузоранд”[2].

Табиист, ки занро ба гул шабоҳат медиҳанд, чунки бо шунидани суханони гарму нарму меҳрубонона мисли гулҳои баҳорӣ мешукуфад, ба ҷилва меояд ва аз муносибати дағалона баръакси ҳол. Модоме ки чунин бошад, пас биёед “Мову шумо нафақат дар як Рӯзи модар, яъне 8-уми март, балки бояд ҳамеша ва доимо нисбат ба модарону хоҳарону духтарони худ ғамхору меҳрубон бошем”[2]. Аз ин хотир мавриди зикр аст, ки модарону занону бонувони тоҷик дорои қалби поку саршори меҳру муҳаббат мебошанд. Дар баробари ин дар пойдории сулҳу субот, пояндаву устувор нигоҳ доштани оила, эҳёву ҳифзи арзишҳои миллии ниёгонамон, оромиву осоиштагии ҷомеа ва ҷаҳон ҳиссагузор мебошанд.

Мирзо Турсунзода шоири сулҳпарвар, қосиди сулҳ низ мақому манзалати занро дар шеъри “Зан зан аст”, чунин ифшо намудааст:

Зан набошад зебу зинат нест дар маъвои мо,

Ҳуш дар сар, равшанӣ дар дидаи бинои мо.

Зан набошад нест дар рӯи замин нақши ҳаёт,

Дон, ки бе зан то абад дар гил бимонад пои мо.

 

Мард бошӣ байрақи болои сар кун номи зан,

Сабт дар боби зафар бо хатти зар кун номи зан.

Номи зан то осмон бардор дар болои каф,

Машъали тобанда чун шамсу қамар кун номи зан [4].

 

Ид муборак модарону занону бонувони сарбаланду шоистаи таҳсини миллату давлати тоҷик!

Сарчашма:

1.Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи модар аз 07.03.2015с. Манбаи электронӣ:https://mfa.tj/tg/main/view/747/. Санаи муроҷиат: 26.01.2024с.

2.Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар барои самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ”, 28.12.2023с. Манбаи электронӣ: president.tj/node/. Санаи муроҷиат: 30.01.2024с.

3.Ҳайдаров Р.Ҷ. Дӯст доштани Ватанро аз Модар омӯхтем. Андешаҳои доктори илмҳои фалсафа Рустам Ҳайдаров вобаста ба Рӯзи Модар. Манбаи электронӣ: //https://khovar.tj/2023/03/d-st-doshtani-vatanro-az-modar-om-htem-andesha-oi-doktori-ilm-oi-falsafa-rustam-ajdarov-vobasta-ba-r-zi-modar/.Санаи муроҷиат: 10.01.2024с.

4.Турсунзода Мирзо. Осори мунтахаб иборат аз ду ҷилд. Ҷилди 1. Нашриёти “Ирфон”, Душанбе 1981. Саҳ.232

НАЗАД